Фалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна. Ибни Сино
Ибни Сино (980-1037) номдортарин аллома ва барҷастатарин файласуфи машшоии тоҷик аст, ки дар соҳаи фалсафа ва ҳикмат таълифоти зиёде ба ёдгор мондааст. Муҳимтарини онҳо- «Китоб уш-шифо», «Китоб-ун-наҷот», «Ишорот ва -т-танбеҳот» ва «Донишнома» мебошанд. «Донишнома» ягона асарест, ки Ибни Сино онро ба забони тоҷикии форсӣ навиштааст, дигар асарҳояш пурра бо забони арабӣ таълиф ёфтаанд. Масъалаҳои фалсафии таносуби Худо ва табиат, шаклҳои ҳастӣ, сурату модда, нафсу тан, сабабият, маърифати олами моддӣ ва таҳқиқи масоили гуногуни мантиқ мазмун ва мӯҳтавои асосии осори ӯро ташкил медиҳад.
Масъалаи маъмуле, ки мавриди таваҷҷӯҳи ҳакимони асримиёнагӣ буд, ин масъалаи оё оламро Худо офаридааст, ё он азаливу абадӣ вуҷуд дорад?, мебошад. Назари Ибни Сино ба ин масъала ин аст, ки олам аз моҳияти илоҳӣ судур карда, дараҷаҳои гуногунро гузашта, намуди ҳозираашро гирифтааст. Вале таносуби Худо ва табиат, на чун таносуби холиқ ва махлуқ, балки чун таносуби иллат (сабаб) ва маълул (натиҷа) мебошад. Ба андешаи файласуф, Худо оламро на аз рӯи иродаи худ, балки бо амри зарурат офаридааст. Чунин натиҷагирии Ибни Сино аз таҳлили робитаи иллат ва маълул сар мезанад, зеро тибқи он алоқаи иллат ва маълул на робитаи тасодуфӣ, балки зарурист. Сабаб танҳо дар ҳолате сабаби воқеӣ шуда метавонад, ки натиҷае ба бор оварад. Агар он натиҷа надошта бошад, пас ҳамеша дар ҳукми сабаби имконӣ боқӣ хоҳад монд. Аз ин рӯ, барои он ки Худо сабаби воқеӣ шавад, ӯро воҷиб буд, ки оламро биофарад.
Вай борҳо таъкид мекард, ки «ҳарчи аз иллате ояд, ба воҷиб ояд». Ин ақидаи Ибни Сино дар назарияи судури ӯ возеҳан ифода ёфтааст.
Дар назарияи фалсафии Ибни Сино ба таҳқиқи масъалаи моҳияти ҳаракат, замон ва макон, ки шаклҳои ҳастии модда ва оламанд, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир шудааст. Ба ақидаи ӯ, ҷисм ҳамеша дар тағйирот аст. То даме, ки ҷисм пурра тағйир наёфтааст, ҳолати навро нагирифтааст, он имконӣ аст. ҳамин, ки вай пурра тағйир ёфт, воқеӣ шуда, ба ҷисми дигар табдил мешавад. Аз ин сабаб, ҳаракат тағйири ҳол ва камоли ҷисм аст. Файласуф ҳаракатро аз рӯи зуҳурот дар ҳастӣ ба ҷунбиши каммӣ (миқдорӣ), кайфӣ (сифатӣ), маконӣ ва вазъӣ тақсим кардааст.
Эътирофи робитаи модда, ҳаракат ва замон яке аз лаҳзаҳои муҳими фалсафаи ӯст. Мутафаккир замонро ба мисли моддаю ҳаракат айнӣ ва воқеӣ донистааст. Дар назари Ибни Сино, замон ба мисли модда ва ҳаракат азалию абадист ва барои исботи ин масоил далелҳои боэътимоди ақлию мантиқӣ овардааст.
Масъалаи назарияи маърифат ва мантиқ низ яке аз масъалаҳои муҳиму марказии фалсафаи Ибни Синост. Файласуф дар хусуси маърифат сухан ронда навишта буд, ки: «Ба ақидаи ман идрок иборат аст аз ин, ки идроккунанда сурати идрокшавандаро ба наҳве аз онҳо бигирад. Ва агар идрок шайъӣ бошад, ҳамин ки идроккунанда идрокшавандаро таҷрид аз модда кард, идрок ҳосил мешавад» («Донишнома».- Теҳрон, 1337ҳ., саҳ. 83-87).
Ибни Сино дар ҳалли масъалаи таносуби маърифати ҳиссию ақлӣ низ кӯшиши зиёде ба харҷ додааст. Ба ақидаи вай, дар корҳо ҳис нафси нотиқаро кӯмак мекунад. Аз ҷумлаи кӯмакҳои он яке ин аст, ки он чиро ин қувва аз ҷузъиёт ҳис кардаанд, бар он ворид мекунад.
Масъалаи бисёр муҳими назарияи маърифати файласуф масъалаи моҳияти ҳадс ( ҳодис шудани чизи нав) мебошад. Ба андешаи Ибни Сино, ҳадс он аст, ки ба як бор ва ҳар гуна таълим ва тааллум ҳадди васати қиёс дар зеҳн ояд. Дониши ҳадсӣ донишест, ки як бор пайдо мешавад, донишест, ки бефикру андеша ба вуҷуд меояд. Дониши ҳадсӣ маърифати ғайритаҷрибавӣ буда, гӯё бе таълиму тааллум (илмомӯзӣ) сурат мегирад. Файласуф бо масъалаи ҳадс, масъалаи дониши таҷрибавӣ ва ғайритаҷрибавиро алоқаманд менамояд. Ибни Сино дониши ғайритаҷрибавиро пояи тамоми дониши инсонӣ, заминаи маърифати таҷрибавӣ медонист. Ибни Сино масъалаи мантиқу масоили ба он марбутро хеле эҷодкорона дида баромадааст.
Ҳарчанд Ибни Сино дар масъалаи ҳикмати амалӣ таълифоти мустақиле анҷом надода бошад ҳам, вале баъзан ба назар чунин мерасад, ки андешаҳои иҷтимоиаш зимни баёни масъалаҳои умумифалсафии ӯ арзёбӣ шудааст. ҳикмати амалии Ибни Сино- таҳзиби ахлоқ, тадбири манзил ва сиёсати мудунро фаро гирифтааст. Ба қавли файласуф, мурод аз таҳзиби (ислоҳ кардан) ахлоқ саодати шахс, аз тадбири манзил саодати оила ва аз сиёсати мудун (шаҳр) саодат ва танзими кишвар аст. Файласуф дар рисолааш «Тадбири манзил» ва дигар асарҳояш роҷеъ ба муҳимтарин рукнҳои ҳикмати амалӣ имтиёзу афзалияти инсон ва моҳияти он, бунёди оилаи солеҳа, роҳу тариқи тарбияи фарзанд, мақоми мураббӣ дар тарбияи фарзанд, сабабҳои истиқрори ҷомеа, таркиби иҷтимоӣ, ҳокимияти сиёсӣ, фароҳам овардани адолату амният ва ғайра сухан рондааст.
Ибни Сино сабаби асосии пайдоиши иҷтимоъро дар зарурати фароҳам овардани шароитҳо ва омилҳо барои фаъолияти ҳаётии одамон ва дар пойдориву бақои ҳастии насли инсонӣ мебинад. Ба андешаи ӯ, ин зарурияти устувору пойдор одамонро маҷбур менамояд, ки дар иттиходия гирди ҳам оянд ва бо усули иштирок, ҳамкорӣ, ёрмандии байниҳамдигарию мубодилот неъматҳои истеҳсол кардаашон шароите барои мавҷудияти афроди инсонӣ ва насли он муҳаё намоянд.
Агар файласуф яке аз шартҳои зарурии иттиҳоди иҷтимоъро дар муованати (мададгорӣ) доимиву мунтазами одамон донад, шарти дуюмини рушду ривоҷи онро дар меҳнати софдилонаи шаҳрвандони ҷомеа дидааст. ҷомеа бояд ногузир бар зидди ҳама гуна тазоҳуроти номатлуб -муфтхӯрону ришвахӯрон, дуздону фоҳишагон ва ғайра муборизаи беамон барад. Аз назари Ибни Сино, таркиби ҷомеа аз аҳли мудаббирон (тадбиркунанда-подшоҳ), аъёну ашроф, сипоҳсолорҳо), аҳли сайф (шамшер — лашкар) ва аҳли чокар (хидматгорҳо) иборат аст. Файласуф дар хусуси дороиву сарватмандӣ ва инчунин дар мақому манзалат ҳамоҳанг набудани одамонро яке аз шартҳои муҳими пойдории ҷомеа медонад ва дар ин боб гуфтааст: «…агар ҳамаи мардум подшоҳу шаҳриёр бишаванд, ҳамагӣ аз байн мераванд. Ва агар ҳамаашон ранҷбару коргар ва тобеу раият бишаванд, подшоҳу султоне дар байн набошанд, ҳамагӣ фано ва ҳалок мешаванд» (Рисолаи тадбири манзил, саҳ. 13).
Аз таҳлили андешаҳои иҷтимоию сиёсии Ибни Сино сареҳатан бармеояд, ки бақову пойдории кишвар на фақат ба василаи муованату ҳамкории шаҳрвандони он сурат мепазирад, ҳамчунин ба танзими қонунҳои одилона низ робитаи зич дорад. Вай таъйид менамояд, ки дар кишвар қонун ва меъёри адолат бояд ҷорӣ бошад. қонунгузор бояд аз болои қонун ва татбиқи мунтазами он дар ҳама сатҳи умури ҷомеа назорати доимӣ барад. Аз назари файласуф, ҳар шаҳрванде, ки ба беадолативу беинсофӣ роҳ медиҳад, ҳатман бояд ба ҷазо кашида шавад ва дар иҷрои ин амали хайр аҳли ҷомеа ҳатман бояд муштарак бошанд ва ба манфиати хайрияту рифоҳияти умум мадад расонанд. Маълум аст, ки татбиқи ҳамаи ин амалиёти хайр ва таъмини мувозинат дар кишвар бе ҳузури сарвари одилу оқил сурат намегирад. Аз ин рӯ, файласуф ба таҳқиқи масоили ҳокимияти сиёсӣ ва асоси ҳуқуқии он пардохтааст. Ҷомеаи Ибни Сино бо назариёти аҳкомиву шариатии ислом комилан созгор аст. Он ҷомеа, дар зери фармони пайғамбар қарор дорад. Аз назари ӯ, пайғамбар ду вазифаро ба ҷо меорад, яке барқароркунии низоми зиндагонии инҷаҳонӣ ва дигаре таъмини саодати ҷаҳони уқбои (охирати) одамӣ аст. Ба ҳамин ваҷҳ, пайғамбар роҳбари ҷомеаи одилона ва таъмини файзи илоҳиро дар замин ба ӯҳда дорад.
Нақши афкори фалсафӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии Абӯалӣ ибни Сино дар ташаккули таълимоти файласуфони минбаъдаи ҷаҳони исломӣ бағоят бузург аст.