Ташкили сохтории ҳастӣ. Муносибати ҷузъ ва том: присипи низомият

Ҳастии чизҳо, ки аз рӯи сохтору таркибашон содда ва мураккаб буда метавонанд, махлут будани онҳо ба зинаҳои олитари ташкилаҳои гуногуни табиӣ ва фарҳангӣ – ин ҳама дар пеши афкори онтологӣ масъалаҳои муҳим доир ба таносуби том ва ҷузъҳо, гуногунии намуди томиятҳои мавҷудаи олам ва тимсоли ҳаминро гузошт.
Дар фалсафа ду самти ҳалли масъалаи мазкур инкишоф ёфтаанд. Аз мавқеи яке аз онҳо, ҳар кадом предмет, объект ё зуҳурот ҳамчун ҷамъи ҷузъҳои таркибиаш баррасӣ мегардад. Андешида мешуд, ки маҷмӯи ҷузъҳо сифати предмети томро ташкил медиҳад. Ҷонибдорони ҷараёни дигар бар он ақида мӯътақид буданд, ки ба ҳар як объект сифати дохила хос буда, аз ҷудо шудани ҷузъҳо барҳам намехӯрад. Дар таърихи фалсафа ин ҷараёнҳои алтернативӣ бо номҳои меризм ва холизм маълум мебошанд.
Меризм (аз юнонӣ, meros – қисм, ҷузъ) чунин далелро асос мекунад: азбаски ҷузъ пештар аз том ба вуҷуд омадааст, аз ин рӯ маҷмӯи ҷузъҳо ҳеҷ гуна чизи сифатан навро ба вуҷуд намеорад, ғайр аз анвои миқдории сифатҳо. Ҷузъҳо сабаби том мебошанд. Вобаста аз ин, маърифат кардани объект, пеш аз ҳама, ин ба ҷузъҳои хурдтар тақсим кардани объект ва дар алоҳидагӣ омӯхтани ин ҷузъҳо мебошад. Аз донишҳои дар рафти омӯхтани ин ҷузъҳо ҳосилшуда тасаввуроти умумӣ дар бораи объект пайдо мешавад. Чунин муносибат ба таҳқиқи объект дар илм элементаристӣ (соддагароӣ) ном гирифтааст, ки бо методи редуксияи (тахфифи) мураккаб ба содда асос меёбад.
Бояд қайд кард, ки чунин муносибат то дараҷае самаранок аст, агар сухан дар бораи объектҳои нисбатан содда равад, ки алоқамандии байни ҷузъҳояш начандон қавӣ аст. Маҳдудияти чунин муносибат ба пуррагӣ маълум мегардад, агар ба сифати объекти маърифат ягон низоми том ба мисли организм ё ҷамъият қарор гирад. Масалан, ҳоло ба ҳеҷ кас муяссар нашудааст, ки махсусияти инкишофи ҷамъиятиро бо роҳи ба шахсиятҳои таърихӣ (ҷузъҳои оддитарини ҷамъият) редуксия кардан комилан маънидод карда бошад.
Холизм (аз юнонӣ, holos – яклухт, том) чунин ақидаро пешбарӣ мекунад: сифати чизи том ҳамеша аз ҷамъи сифатҳои ҷузъҳои он бештар аст, яъне дар том як зиёдатие ҳаст, ки онро сифатҳои ҷузҳо дошта наметавонанд, вай шояд ҳатто то онҳо вуҷуд дошт. Ин сифати том ягонагии предметро таъмин менамояд ва ба сифати ҷузъҳои алоҳида таъсир мерасонад. Мувофиқ ба ин, маърифат ҳамчун раванди омӯхтани ҷузъҳо дар асоси донистани том сурат мегирад. Ҳарчанд, ки ин муносибат ҷаззоб аст, вале он ҳам аз камбудӣ озод нест, чунки ба он «зиёдатӣ» аҳамияти бештар дода шуда, дар низом муҳимтарин шуморида мешавад. Алҳол худи ин зиёдатӣ дар аксари вақт муайян карда намешуд ва лозим меомад, ки равандҳои воқеӣ ба таври ақлию зеҳнӣ маънидод карда шавад.
Тафовути ин муносибатҳо, пешбарии далелҳо дар онҳо ва ҳамчунин маҳдудияти онҳо маҷбур намуданд, ки доир ба алоқамандии мураккабу ногусастании байни ҷузъ ва том боз ҳам андешида шавад. Дар натиҷа фаҳмиши диалектикии масъалаи мазкур рӯи кор омад. Дар он то як дараҷа ва ҳадди муайян мавқеҳои меристӣ ва холистӣ, ки сатҳҳои гуногуни томияти объектро инъикос мекунанд, ҳамдигарро пурра мегардониданд. Дар асоси нишондоди мазкур барномаҳои тадқиқотҳои низомӣ ба тавсиб расонида шудаанд. Унсурҳои ибтидоии он дар асарҳои К.Маркс ва М.Вебер ба назар мерасанд. Лекин тадқиқотҳои низомӣ ҳамчун ҷараёни мустақил дар асри XX мукаммал гаштаанд.
Гуфтан мумкин аст, ки назари низомӣ принсипи низомияти фалсафиро, ки дар фалсафа бо намуди начандон возеҳ, вале доимо вуҷуд дошт, таҷассум менамояд. Агар назари низомӣ ҳамчун методи умумиилмӣ бо донистани низомҳои воқеият асос ёбад, пас парисипи низомият дар фалсафа масъалаи ҷузъ ва томро маҳз аз лиҳози муносибати фалсафӣ ба олам, яъне аз лиҳози масъалаҳои онтологӣ, гносеологӣ, методологӣ ва ҷаҳонбинӣ инъикос мекунад.
Мафҳуми «том» бо истифода аз мафҳуми «низом» шарҳу эзоҳ дода мешавад. Дар фаҳмиши соддатарин низом ҳамчун тартиботнок шудани унсурҳои сершумори алоқамандӣ дошта дониста мешавад. Унсур дар намуди предмети алоҳида вуҷуд дошта метавонад, вале ба сифати унсур вай фақат дар таркиби низом, вобаста ба иҷрои вазифаи муайяне, вуҷуд дорад. Ҳамин тавр, унсур ташкилаи соддатарин дар таркиби низом буда, зинаи ибтидоӣ, поёнии онро баён мекунад. Сониян, зинаи зернизом вуҷуд дорад, ки он аз маҷмӯи унсурҳо таркиб ёфтааст. Зернизом нисбати унсур ташкилаи мураккаб аст, вале нисбати низом вай начандон мураккаб мебошад.
Мафҳумҳои унсур ва низом мафҳумҳои анъанавии фалсафии ҷузъ ва томро аниқ мегардонанд. Алҳол дар низом боз як ташкилаи муҳимтаре вуҷуд дорад, ки унсурҳо ва зернизомҳоро бо низом пайванд карда, ба тамоми низом томият, устуворият ва муташаккилӣ мебахшад. Ин ташкила – сохтори низом. Сохтор тартиби муайян дошта метавонад. Ин аз устуворияташ вобаста аст, ки дар навбати худ устуворияти тамоми низомро таъмин менамояд. Азбаски робитаи устувор ва такроршаванда худ қонун аст, бинобар ин сохтори низом маҷмӯи муайяни қонунҳои муайянкунандаи робитаи унсурҳои низом мебошад.
Принсипи низомият талаб мекунад, ҳар як объект ҳамчун низом таҳқиқ карда шавад. Мувофиқ ба ин мо бояд унсурҳо ва робитаҳои байни онҳоро муайян намоем. Ҳангоми омӯхтани унсур мо, пеш аз ҳама, он хосиятҳояшро муайян намоем, ки бо фаъолияти системаи мазкур алоқамандӣ доранд. Маълум аст, ки унсур ҳамчун обекти алоҳида хосиятҳои сершумор дорад. Дар низом вай бо яке аз ҷиҳатҳояш зуҳур мегардад. Аз ин рӯ, предметҳо унсурҳои низомҳои гуногун шуда, робитаҳои гуногун дошта метавонанд.
Сохтор аз хосиятҳои муҳими объект ба шумор рафта, аз як тараф, унсурҳои онро дар том муттаҳид месозад, аз тарфи дигар, ин унсурҳоро маҷбур менамояд, ки мувофиқи қонуниятҳои ҳамин низом амал намоянд. Агар инсон ҳамчун унсур ба ягон низоми ҷамъиятӣ (ҳизбӣ, динӣ ва ғ.) марбут бошад, пас аз анвои хосиятҳои шахсиаш ҳамон хосияташ бештар муҳимият пайдо мекунад, ки барои амалҳои фаъолонааш дар низом мусоидат мекунад. Ба дигар хосиятҳои шахсиаш ба он дараҷае талабот пайдо мешавад, ки то кадом дараҷа онҳо ба устуворияти низом ва фаъолияти он мусоидат мекунанд. Дар акси ҳол, агар инсон ҳамчун унсури низоми ҷамъиятӣ (масалан, ҳизбӣ) фаъолияти мӯътадили онро вайрон созад, он гоҳ ӯ ё аз ин низом дур ва хориҷ карда мешавад, ё ӯ аз зоҳир кардани баъзе хосиятҳояш, ки ба фаъолияти ин низом халал мерасонанд, маҷбуран худдорӣ мекунад.
Аз ҳамин сабаб, тағйироти низоми ҷамъиятӣ бо тағйироти сохтори низоми мазкур алоқамандии зич дорад, яъне бо тағйироти маҷмӯи робитаҳои устувори байни унсурҳо, вале на ҳамту бо ивазкунии унсурҳо (масалан, бо ҷойбаҷогузории кадрҳо), ки ба моҳияти сохтор дигаргунии куллӣ дохил карда наметавонад. Дар баъзе ҳолатҳо лозим меояд, ки робитаҳои сохторӣ пурра иваз карда шаванд, яъне низом умуман тағйир дода шавад. Ин ҳама махсусан дар давраҳои дигаргунсозиҳои инқилобӣ дар ҷамъият ошкоро аён мегардад. Инсоне, ки даъвои ислоҳотхоҳӣ мекунад, бояд сохтор, ташкили низомро ҳатман «вайрон» кунад. Дар акси ҳол робитаҳои мавҷуда ҳатман маҷбур месозанд, ки ҳатто унсурҳои нави низом (масалан, агар дар ҷомеа камшумор бошанд) ба тарзи кӯҳна амал намоянд. Бинобар ин, дар марҳилаи инкишофи мӯътадили ҳар кадом низом ба тарзи қатъӣ шикастани сохтори он мувофиқи матлаб нест. Агар фаъолияти низом самаранок бошад, пас иваз кардани унсурҳои низом танҳо ба хотири таъмин ва ривоҷи ин самаранокӣ бояд амалӣ карда шавад.
Барои боз ҳам беҳтар фаҳмидани сохторнокии низом маълум кардани таносуби байни шакл ва мазмунаҳамияти муҳим дорад. Дар фалсафа «мазмун» гуфта, ҳамаи он чизҳоро мефаҳманд, ки дар низом ҷой доранд: ба он на танҳо унсурҳо, инчунин робитаҳо, муносибатҳо, равандҳо, тамоили инкишоф, қисмҳои (зернизомҳои) низом дохиланд. Мафҳуми «шакл» бо маъноҳои гуногун истифода мешавад. Дар аксар ҳолатҳо шаклро ҳамчун тарзи ифодашавии зоҳирии мазмун фаҳмида мешавад. Ғайр аз ин, шакл ташкили ботинӣ, тарзи алоқаи унсурҳои дохилии низомро ифода мекунад. Аз ин рӯ, шакл ташкили дохилӣ ва берунии низом буда метавонад.
Шакл ва мазмун алоқаманд мебошанд. Шакл мазмунӣ аст, мазмун шаклӣ аст: яке бе дигаре вуҷуд надорад. Мазмун шаклҳои гуногун дошта метавонад. Инчунин шакл, дар навбати худ, мазмунҳои гуногун дошта метавонад. Дар мазмун тамоил ба тағйирёбӣ афзалият дорад. Дар шакл (ҳамчун сохтори дохилии низом) тамоил ба устуворӣ бартарӣ дорад. Шакл ба мазмун мувофиқати ҳамешагӣ надорад ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки шакл мустақилияти нисбӣ дорад. Дар марҳилаи дигаргуншавии сохтор мувофиқати онҳо «вайрон» мешавад.
Ҳар як предмет ва обект, ки ба сифати низом аст, боз як ҷанбаи дигари сохторӣ дорад, ки он муносибати байни моҳият ва зуҳурот мебошад. Зуҳурот – ин ҷиҳати берунаи объект, ки образҳои ҳиссии онро мо инъикос мекунем. Моҳият – ин ҷиҳати ботинии объект, ки ба дарки ҳиссӣ дастнорас буда, тавассути тафаккур ошкор карда мешавад. Барои донистани зуҳурот, бояд онро муроқиба кард. Барои донистани моҳияти ин зуҳурот, онро бояд фаҳмид, яъне ақлӣ маърифат кард. Дониш дар бораи зуҳурот бо баён (тасвир) кардани он ифода карда мешавад. Дониш дар бораи моҳияти ин зуҳурот бо маънидодкунию шарҳдиҳӣ ифода карда мешавад.
Зуҳурот ва моҳият алоқамандии ногусастанӣ доранд. Онҳо аз ҳамдигар ҷудо вуҷуд дошта наметавонанд. Ҳар кадом зуҳурот аз моҳият аст ва ҳар кадом моҳият дар зуҳуроте зоҳир мегардад. Ҳарчанд, ки онҳо дар ягонагӣ вуҷуд доранд, вале бо ҳамдигар айнияти пурра надоранд. Ягонагии онҳо – ин ягонагии баҳамзидҳо.
Ҳар як зуҳуроти мушаххас алоҳида (фардӣ) вуҷуд дорад, моҳият барои якчанд зуҳурот умумӣ (кулл) буда метавонад. Зуҳуроти сершумор метавонанд аз як моҳият бошанд; моҳият гуногун зуҳур меёбад. Моҳият устувор ва доимӣ аст. Зуҳурот, баръакс, тағйирпазир ва ноустувор аст. Зуҳурот аз рӯи ченаки фазоӣ – чиз, аз рӯи ченаки вақтӣ – раванд аст; яъне зуҳурот ҳам чиз ва ҳам раванд аст.
Нуқтаи назари низомӣ имкон медиҳад, ки низомҳо аз рӯи хусусияти робитаи байни унсурҳояш гурӯҳбандӣ карда шаванд. Вобаста аз чунин меъёр намудҳои зерини низомҳоро ҷудо кардан мумкин аст: суммативӣ, низомҳои том, ғайриорганикӣ, органикӣ, функсионалӣ.
Низомҳои суммативӣ (аз лот., summa – ҳосили ҷамъ, ҷамъулҷамъ) – ин низомҳое мебошанд, ки унсурҳояшон нисбати ҳамдигар мустақил буда, робитаи байни онҳо хусусияти тасодуфӣ, муваққатӣ дорад. Агар мухтасар гӯем, дар онҳо хосияти низомият ҷой дорад, вале начандон равшан ифода ёфтааст ва ба объекти мазкур таъсири муҳим расонида наметавонад. Хосиятҳои чунин низом ба ҳосили ҷамъи хосиятҳои унсурҳояш тақрибан баробар аст. Инҳо аз қабили чунин анвои номуташаккил, масалан, тӯдаи санг ё рег, сабади себ ва ғ. мебошанд. Инчунин дар шароитҳои мусоид робитаи ин унсурҳо метавонад қавӣ гардад ва онҳо имкон пайдо мекунанд, ки ба зинаи дигари ташкили низомӣ гузаранд.
Низомҳои том чунин хусусият доранд: дар онҳо робитаҳои дохилии унсурҳо чунин сифати низомиро ба вуҷуд меоваранд, ки онро ҳеҷ кадом унсури таркибии ин низом надорад. Аслан принсипи низомият маҳз нисбати низомҳои том истифода мешавад.
Дар байни низомҳои том, мувофиқи хусусияти ҳамтаъсирии унсурҳояшон, низомҳои ғайриорганикиро(атомҳо, молекулаҳо, низоми офтобӣ ва ғ.) ҷудо кардан мумкин аст, ки дар онҳо тарзҳои гуногуни таносуби ҷузъ ва том, гуногунии ҳамтаъсирии байни унсурҳо, ки дар зери таъсири қувваи беруна сурат мегирад, вуҷуд дошта метавонанд. Унсурҳои чунин низом баъзе хосиятҳояшро дар муҳити берун аз низом гум мекунанд, дигаронаш, баръакс, мустақилона амал мекунанд. Томияти чунин низомҳо бо қонуни бақои энергия муайян мешавад. Низом устувортар ҳисобида мешавад, агар барои ба унсурҳои алоҳида «ҷудо кардан»-и он қувваи зиёдтар сарф шавад. Дар баъзе ҳолатҳо, агар нисбати низомҳои соддатар гуфта шавад, энергияи барои чунин ҷудокунӣ (пошдиҳӣ) сарфшаванда ба энергияи худи ин заррачаҳо баробарандоза буда метавонад.
Дар байни низомҳои ғайриорганикӣ, дар навбати худ, низомҳои функсионалӣ ва ғайрифунксионалиро ҷудо кардан мумкин аст.
Низомҳои функсионалӣ (аз лот., function – иҷроиш; вазифа) бо принсипи ҳаммавҷудиятии ҷузъҳои нисбатан мустақил асос ёфтаанд. Ба ин намуди низомҳо мошинҳои гуногунро шомил донистан раво аст, ки дар онҳо, аз як тараф, беҷо кардан ё шикастани ягон қисмаш сабаби аз кор баромадани система мешавад. Аз тарафи дигар, мустақилияти нисбии ҷузъҳояш имкон медиҳад, ки аз ҳисоби иваз кардани қисмҳо ва ворид кардани барномаҳои нав самаранокии кори низом таъмин карда шавад. Ин ҳолат имкон медиҳад, ки ивазкунии ҷузъҳои низом афзуда, шарти эътимодбахш ва мувофиқи матлаб шудани кори он мегардад, дар сатҳи муайян ба тағйироти сифати низом оварда мерасонад.
Дар низомҳои органикӣ том нисбат ба ҷузъҳояш фаъолтар аст. Чунин низомҳо ба худинкишофёбию худтакрористеҳсолкунӣ ва баъзеи онҳо ба мустақилона вуҷуд доштан қобил мебошанд. Олиташкилҳои онҳо чунин зернизомҳои худро таъсис карда метавонанд, ки дар табиат ба шакли тайёр вуҷуд надоранд. Ҷузъҳои чунин низомҳо фақат дар дохили том вуҷуд дошта метавонад, вале бе он амал карда наметавонанд.
Инак, принсипи низомият чунин муносибат ба таҳқиқи объектро тақозо менамояд, ки дар он объект ба сифати низоми том қабул шудааст ва он тавассути ҷудо намудани унсурҳо ва таъсири мутақобилаи онҳо омӯхта мешавад. Ҳамчунин низомҳои робитаҳои сабабӣ ва натиҷавӣ ҷудо карда мешаванд: ҳар кадом зуҳурот ҳамчун натиҷаи низоми сабабҳо дониста мешавад ва таҳқиқи унсурҳо аз мавқеи муайян кардани ҷою вазифаашон дар низом сурат мегирад.
Азбаски ҳамон як унсур хосиятҳои сершумор дошта метавонад, аз ин рӯ вай дар низомҳои гуногун амал карда метавонад. Ҳангоми мавриди пажӯҳиш қарор додани низомҳои олиташкил бояд ба инобат гирифта шавад, ки низом нисбати ҳар кадом унсури худ мазмунан бою ғанитар мебошад ва аз ин рӯ дар алоҳидагӣ шарҳдиҳии сабабӣ нокифоя аст. Масалан, дар ҷамъият присипи матлубияти низом ва муносибатҳои фарҳангӣ-инсонӣ (меъёрҳои ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, динӣ ва ғ.) ба сифати омили муҳим баромад мекунанд.
Тадқиқотҳои муосири синергетикӣ (аз юнонӣ, sinergia – дар якҷоягӣ амал кардан;) қонуниятҳои фаъолияти низом ва таҳаввулоти низомиро дақиқтар инъикос менамоянд. Моҳияти кашфиётҳои синергетикаро доир ба хосиятҳои низомҳои воқеӣ ба таври мухтасар баён мекунем.
1. Низомҳои бемувозинат дар табиат хеле зиёданд. Дар ҳамаи сатҳҳои ташкили сохтории ҳастӣ маҳз бемувозинатӣ манбаю шарти пайдоиши тартибот ва низомнокӣ мебошад. Худташкилёбии худсаронаи материя танҳо дар низомҳои бемувозинат имконпазир мебошад.
2. Ҳангоми берун шудан аз вазъи мувозинатӣ, вақте ки флуктуатсияҳо (аз лот, fluctuatio – лағжиш) дуршавии тасодуфии бузургиҳои низом аз ҳадди эътидолро ба миён меоваранд, ҳодисаҳои пайдоиши низомҳо ва сохторҳои диссипативӣ (аз лот., dissipatio – парешон шудан) ба вуқӯъ меоянд. Низомҳои диссипативӣ чунин хусусият доранд: а) умуман хосияти кушодагӣ доштан, яъне доимо бо муҳити беруна дар робитаи мубодилавӣ қарор доштан, ки ин дар навбати худ ба иваз шудани бенизомӣ (хаос) бо низомнокӣ мусоидат мекунад; б) ҷавобгӯй будан ба омилҳое, ки дар ҳолати мувозинатии низом нисбаташ холису бетараф буданд.; в) мавуҷудияти ҳамтаъсирии гурӯҳӣ (корпоративӣ) дар сатҳи поёнӣ: агар дар ҳолати мувозинати низом заррачаҳо новобаста аз заррачаҳои дигар «гӯё онҳоро нодида» рафтор мекарда бошанд, пас дар ҳолати ноомувозинатӣ заррачаҳо қобилияти «дидан»-и на танҳо ҳамсояҳои худ, балки кулли низомро низ пайдо мекунанд. Чунин тағйирёбии рафтори заррачаҳо ба сифатҳои хоси унсурҳои нисбатан бузурги низом дар фазою вақт бетаъсир намемонад.; г) барнагарданда будани равандҳои ташаккулёби низом дар вақт, ки фарқияти ҳолатҳои ҳозира, гузашта ва ояндаи низомро тақозо мекунад, яъне эътироф кардани таҳаввулёбии кулли низомҳои ҳастӣ (ҳам зинда ва ҳам ғайризинда); д) вуҷуд доштани аттрактор (аз лотинӣ, atractio – ҷазб кардан, кашидан), яъне он мақсад-ҳолати интиҳоӣ, ки таҳаввулоти низомро самтгир намуда, ҳолатҳои эътидолии низомро «кафолат» медиҳад. Он ҳолати худташкилёбии низом, ки дар он ҳанӯз аттрактор ташаккул наёфтааст, бенизомӣ (хаос) номида шуда, дар сатҳи поёнӣ қувваеро ифода мекунад, ки барои гузариши низом ба реҷаи номуназзамӣ мусоидат менамояд. Аз худи бетартибӣ, ки дар раванди ноил шудани низом ба яке аз аттракторҳо нақши созандагӣ дорад, тартибнокӣ тавлид меёбад. Худи бенизомию бетартибӣ (яъне хаос) тартиботи мураккаби ботинӣ дорад ва аз ин рӯ, онро бо низомнокию тартибот набояд мутлақан зид гузошт; е) нобаробариҳои дифференсиалии ғайрихатии низом, дар муқоиса бо нобаробариҳои дифференсиалии ростхатӣ, на як, балки якчанд роҳи ҳалшавӣ доранд.
3. Ҳангоми сахт тағйир ёфтани бузургиҳои асосии низом вай то «остонаи» устуворӣ наздик мешавад, ки аз паси он (агар низом барҳам нахӯрда бошад) чанд роҳи имконии инкишоф барояш кушода мешаванд. Ин «остона» нуқтаи бифуркатсия (аз англисӣ, fork – шоха; мавзеи ҷудошавии роҳҳо) ном дорад. Дар он хати ҳаракати инкишофи низом ба ду «шоха»-и баробаримкони ҳаракати минбаъдаи низом тақсим мешавад, ки аз онҳо танҳо якеаш татбиқшаванда аст: низом яке аз ин ду роҳҳои имконии инкишофро интихоб мекунад. Ба «интихоби шохае, ки бифуркатсия пайдо мешавад», «флуктатсияҳои сатҳи микроскопӣ» масъул мебошанд. Онҳо «он ҳодисаеро муайян мекунанд, ки ба вуқӯъ меояд». Бифуркатсия: а) манбаи навовариҳои инкишофи низом буда, ҳамин мазмунро ифода мекунад, ки «табиат дар ҳамаи зинаҳои ташкилаш бунёдкор мебошад»; б) баландтарин нуқтаи ҳасосии низом нисбат ба ҳамагуна таъсироти дохилию берунӣ: дар қарибии он рух додани ҳатто камарзиштарин флуктуатсияи ин ё он бузургӣ метавонад низомро ба самти комилан нави инкишоф равона шудан водор намояд, ки ин ҳолат аз ноустувории олами мо дарак медиҳад.
4. Гузариши бифуркатсионӣ шароити гуногунхатӣ, яъне хусусияти гуногунсамтию алтернативӣ доштани таҳаввули низомро муайян мекунад ва аз ин сабаб «оянда ба мо пешакӣ дода нашудааст», онро танҳо дар такя ба принсипҳои сабабият муайян кардан номумкин аст. Дар интихоби ояндаи инкишофаш низом ногузир бо тасодуф дучор мешавад, ки он дар синергетика мақоми бунёдиро касб намудааст. Дар ин қарина таҳаввул ҳамчун раванди гузаришҳои бифуркатсионӣ ҷилвагар мешавад, ки дар он, чун дар мӯҳрабозӣ, унсури тасодуф (аз ин рӯ, пешгӯинашавандагӣ) ҳукмрон аст.
Синергетика ба афкори фалсафӣ, ба эпистемология ва ҷаҳонбинӣ таъсири назаррасе расонидааст, чунки: а) аз онҳо ташреҳи мафҳумҳои «низомнокӣ ва бенизомӣ», «мавҷудият ва пайдоиш», «кушодагӣ», «мураккабӣ», «тасодуф» ва ғ.-ро дархост намудааст; б) ба гуногунрангӣ мақоми онтологӣ дод, ҳол он ки дар хирадгароии аврупоӣ ҳамеша онтологияи Ягона ҳукумрон буд.

309
Нет комментариев. Ваш будет первым!