Маънои ҳаёт ва таъиноти инсон

Маънои ҳаёт масъалаест, ки ҳамеша барои инсон пеш меояд, ҳам вақти кору амали муқаррарии ҳаррӯза, ҳам вақти маърифати талаботу манфиатҳо, ҳам вақти андешарониҳо дар хусуси зиндагии кунунӣ ва ояндаи наздику дури он… Инсон ҳамеша дар андешаи он аст, ки барои чӣ ӯ зиндагӣ мекунад, ҳол он ки ӯро дар пеш марг интизор аст, имрӯзи зиндагии ӯ аз зиндагии дирӯзааш чӣ фарқе дорад, бо кадом мазмун, ҳадду ҳудуди нав ғанӣ гардид, фардо зиндагиаш чигуна хоҳад буд. Дар назди инсон масъалаи маънои зиндагӣ низ вақте ба пеш меояд, ки ба сабабҳои гуногун зиндагии пеш аз ин аз сар гузарондаи ӯ дар гузашта мондааст ва ӯ имрӯз зиндагии худро ҳис мекунад, аз он қаноатманд аст, агар не, ба ягон беҳбудӣ, чизи хубтар мароқу манфиат зоҳир мекунад ё мисли рустанӣ вуҷуд дорад. Дар мавриди охир бештар дар бораи маънои зиндагӣ дар ҳозира, дар ҳолату вазъияти кунунии зиндагӣ андеша меронанд. Ба гузашта назар андохта, дар бораи дирӯз кӣ буд, ҳозир кӣ аст, фардо кӣ ҳоҳад шуд, дар оянда ӯро чӣ интизор аст, меандешад. Орзуву ормон, ҳавасу интизориҳо аз оянда низ паҳлӯи муҳими маънои зиндагии ӯро ташкил медиҳанд. Зиндагии ӯ доимо дар ҷунбишу ҳаракат аст, ҳар соату рӯзи ӯ бо ягон навигарӣ ва мазмуни тоза пурра карда мешавад ва ё бе таъсири тағйироти назарас мемонад, чи тавре, ки кӯҳнасолон ва барҷомондагон шикоят мекунанд, «ба ғайр аз имрӯз дигар чизро намебинам».

«Маънои ҳаёт», пеш аз ҳама, масъалаи фалсафӣ аст ва мулоҳизарониҳои фалсафиро дар бораи мақсаду таъиноти ҳаёти инсон дар бар мегирад. Дар таърихи фалсафа ду фаҳмиши мухталиф доир ба маъно ва таъиноти ҳаёти инсонӣ вуҷуд дорад. Яке аз онҳо мавҷудияту маънои ҳаёти инсонро дар ҳастии индунёии ӯ мебинад, дигаре дар муқаррароту «меъёрҳо»-и ондунёӣ — трансенденталӣ, ки гӯё комилан ва қатъиян арзишҳои ҳаёти инсониро муайян мекунанд. Таълимотҳои теологӣ-илоҳиётшиносӣ ҳаёти инсонӣ, мазмуну мӯҳтавои онро, кай дар куҷое ва чигунае, ки набошад, инъоми илоҳӣ меҳисобанд. Дар таълимотҳои ахлоқии Чини қадим арзишҳои ҳаёти инсонӣ бо идеали озодии ботинӣ муайян карда мешавад, масалан дар фалсафаи Конфутсий ва даосизм. Нуқтаи назари теологӣ дар бораи маънову таъиноти ҳаёти инсон бо номи Арасту низ алоқаманд аст. ӯ мегуфт, ки барои баъзеҳо моҳияти ҳаёт дар бахту накӯкорӣ, барои дигарон дар ақлу хирадмандӣ, барои сеюмиҳо дар дурандешӣ зоҳир мешавад. Дар таълимотҳои файласуфони дигари Юнони қадим бахт сарвати олӣ муаррифӣ мешавад, ки баҳри инсон қаноатмандӣ меоварад. Эвдемонизм (таълимот дар бораи ҳаловату хушнудӣ) бахтро мақсади олии ҳаёт ҳисоб мекунад. Бархилофи ақидаҳои номбаршуда, стоикҳо мегуфтанд, ки ҳаёти инсон фоҷиавӣ ва бадбахтӣ аст. Насибу қисмати инсон пуртоқатона мубориза бурдан бо хавфу хатари пешомада, маҳрумият ва марг аст. Стоикҳо маънои ҳаётро дар пояи (инстансияи) ғайри фардӣ ё аз сатҳи фард болоистода — табиат, қонунҳои таърихи иҷтимоӣ ва амри илоҳӣ медиданд. Нуқтаи назари теологӣ аз он иборат аст, ки инсон ҳаёти худро, ки «мақсади олии аз боло додашуда аст» бояд ба ин мақсади олӣ равона ва тобеъ кунад, чунки «мақсади олӣ»-и инсон маҳз дар ҳамин аст ва маънову таъиноти дигаре надорад.

Фалсафаи замони Эҳё маънои ҳаёти инсонро на дар муқаррароту қувваҳои трансендентӣ, балки дар ҳастии худи инсон, дар мақсадҳои аз зиндагӣ ва фаъолияти воқеию пешгузоштаи инсон медид. Дар таълимоти антропологии И.Кант маънои ҳаёт қонуни куллию барои ҳамагон ҳатмии ахлоқӣ, дар табиати оқилонаи инсон зоҳир мешавад. Дар фалсафаи Гегел ҳаёти инсон худро зуҳуроти худинкишофёбӣ ва худшиносии «рӯҳи инсон» дар меёбад, ки он азхудбегонашии «рӯҳи ҷаҳонӣ» аст. Дар таъбири файласуф-илоҳиётшиноси рус Бердяев, маънои ҳаёт аз худи ҳаёт бармеояд, вале маънои ҳаёт аз ҳаёт, яъне чи хеле ки худи ҳаёт аст, боло меистад. Мо, мегӯяд Бердяев, маҷбурем эътироф кунем, ки бархилофи ҳаёти бардурӯғ ва қалбакӣ кадом як ҳаёти ҳақиқӣ вуҷуд дорад. Ғайр аз ҳаёти биологӣ ҳаёти рӯҳӣ вуҷуд дорад ва он нафақат ҳаёти инсонӣ, балки ҳаёти илоҳиро дар бар мегирад. Ҳаёт барои мо метавонад рамзи арзишу накӯкории олӣ бошад. Худи арзишҳои ҳаёт рамзҳои ҳақиқии ҳастии ҳақиқии инсонанд, ҳастии он бошад, рамзи асрори ниҳонӣ аст. Аз ин ҷост, ки Бердяев маънои ҳаёти инсонро дар худо ва иродаи он, на дар олами воқеӣ — табиат, ки зиндагиро ба инсон додааст ва на дар фаъолияту маънавиёти худи инсон мебинад.

Ду тарзи фаҳмишу маънидодкунии ҳаёту марг вуҷуд дорад: объективигароёна (Спиноза, Голбах, Гегел) ва догматикӣ-динӣ. Маънидодкунии дуюмро тасаввурот дар бораи тартиботи азалии олам ва зиндагии одам дар он ташкил медиҳад, ки мувофиқи он зиндагии инсон, роҳу равиш ва мазмуну мундариҷаи ҳар амале, ки аз инсон бармеояд, муқаррароти пешакӣ муайяншудаи азаливу илоҳӣ аст. Барои инсон муҳим он аст, ки ин муқарраротро фаҳмад, ба он шакку шубҳа надошта бошад, ба он чун ба тақдир ва таъиноти худ тан диҳад, мутобиқи он зиндагӣ ва кору амал кунад.

Фаҳмиши дигари маънои ҳаёт ва таъиноти инсон вуҷуд дорад, ки он аз мавқеи субъективизм баррасӣ мешавад ва худфаъолиятӣ, худсозӣ ва эҷодкории инсонро дар мадди аввал мегузорад. Ба ин гуфторҳои зерин, ба монанди «Инсон андозаи ҳамаи чизҳост» (Протагор), «Инсон бунёдгари худ аст» (Мирандола), «Инсон ҳамеша аз худ пеш мегузарад» (Паскал), «Одам барои одам худо аст», «Ғайр аз худи одам худои дигаре нест» (Фейербах), «Инсон барои инсон мавҷуди олӣ аст» (Маркс), «Худо одам аст» (Энгелс) «Ҳ­ама чиз барои одам ва ба нафъи одам» (шиори замони шуравӣ) мисол шуда метавонанд.

Фикру мулоҳизаҳои дар боло зикршуда ба ҳамдигар айниятнок нестанд, ҳар яке аз онҳо ин ё он паҳлӯ ва ҷанбаи маънои ҳаёт ва таъиноти инсонро ё аз ҳад зиёд муболиға мекунанд, ё ба ҳадди ғайриилмӣ бурда мерасонанд, масалан чуноне, ки дар тасаввуроту таълимотҳои трансендентӣ. Дар зиндагии воқеии худ, ки бо ҳазорҳо қонуниятҳо, муносибатҳо ва тасодуфҳо печида аст, ба инсон лозим меояд, ки дар ҳамон як вақту шароит ҳам объект ва ҳам субъекти зиндагӣ ва фаъолияти худ бошад. ӯ тобеи қонунҳои объективии табиату ҷамъият ва фаъолияти худ аст ва ҳамзамон қудрат дорад, ки барои зиндагӣ ва ба нафъи худ аз онҳо истифода бурда барад.

Ҳаёти инсон ягон маънои азалӣ ва пешакӣ муайяншуда ва тағйирнаёбанда надорад, мазмуну маънои худро дар воқеияти доимо ҷорӣ ва беинтиҳо ташаккулу инкишофёбандаи худи он ҷустан ва дарёфтан мумкин аст. Маънои ҳаёти инсонро дар чигунагии воқеии ҳозира ва пешомадҳои он дарёфтан мумкин аст. Маънои зиндагиашро инсон худаш воқеӣ мегардонад. Маънои зиндагии ӯ дар ҳар лаҳзаву соати зиндагӣ, фаъолият ва муносибатҳои бо олам доштааш бунёд мегардад, ки ба ҳозира ва оянда нигаронда шудааст.

Э.Фромм ба ду модуси ҳаёти инсон – худнигоҳдорӣ, худмайлондиҳӣ ва худмайянкунӣ дар олам аҳамият медиҳад. Ҳама он чиеро, ки инсон муайян мекунад ва дар бораи он фикр ва мутобиқ ба он амал мекунад, дар шакли «будан» ва «доштан» зоҳир мешавад. Мутобиқ ба ин ду модуси (тарзи) вуҷуддориву зиндагии инсон ду муносибати аз якдигар фарқкунанда ба моҳияти ҳаёт ва дар ҳамин ду шакл воқеӣ гардонидани он сурат мегирад, мегӯяд Фромм. Касе, ки ба «ҳастӣ», «будан» нигаронда шудааст, ба воқеятдиҳии маънои нотакрори ҳаёти худ саъю кӯшиш мекунад. «Будан» дар зиндагии ӯ маънои дӯст доштан, эҷод кардан, ба дигарон хизмат ва некӣ кардан ва худро қурбон карданро дорад. Чунин шахс маънои ҳаёти худро дар хизмат ба дигарон, ба нафъи умум ва созандагиву бунёдкорӣ мебинад. Чунин шахс фақат бо ҳамин тарзу роҳҳо худашро ҳамчун шахс ташаккул медиҳад ва маънои ҳаёти худро ғанӣ мегардонад.

Шахсе, ки ба «доштан» нигаронда ва дода шудааст, баръакс, маънои зиндагии худро дар он мебинад, ки ҳарчи бештар молу сарват, давлат дошта бошад, «гирад»у «дошта» бошад.

Инсон ба зиндагии худ ҳамон вақт маънои бою пурмазмун дода метавонад, ки агар зиндагиашро бо хубиву хушбахтӣ аз сар гузаронад, кору бори худро ҳарчи хубтару беҳтар ба роҳ монад, дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагиаш ҳамчун шахси нотакрор ташаккул ёбад, субъекти мустақилу худмухтори зиндагии худ бошад. Зарурати худсозӣ, худфаъолиятӣ, худвоқеиятдиҳӣ, такмилу инкишоф додани ақлу хирад, қобилияту талабот, шахсият ва дигар қувваҳои моҳиятии худ — ин таъиноти ҳар як инсон дар зиндагӣ аст. Маънои зиндагӣ на дар он аст, ки инсон чун ғулом ба «нуфузмандон» (авторитетҳо) хизмат кунад, дар ҳама паҳлӯҳои зиндагиаш ба онҳо кӯр-кӯрона итоат намояд, ё ки сифатҳои волои инсонии худро қурбону тобеи одатҳо, рафтору кирдори бемаънӣ, бехирадонаи худ гардонад. Маънои зиндагӣ дар он аст, ки ҳар як кас қувваву қобилияти эҷодӣ ва бунёдкории худро озодона ташаккул ва инкишоф дода, онҳоро пурсамар ба нафъи худ, ҷамъият ва мардум равона созад.


420
Нет комментариев. Ваш будет первым!