Ташаккули фаҳмиши фалсафии ҳуқуқ

Фаҳмиши фалсафии ҳуқуқ дар робита бо қонунгузорӣ, ки шакли ифодаи ҳуқуқи позитивӣ (ҳуқуқи давлат) мебошад, ғайриимкон аст. Ҳуқуқи позитивӣ, ки дар шакли қонунгузорӣ (конститутсия, қонунҳо, кодексҳо ва диг.), амсоли судӣ, одатҳои ҳуқуқӣ, шартномаҳои меъёрӣ, принсипҳои ҳуқуқ амал мекунад, предмети омӯзиш ва таҳлили ҳуқуқшиносии таҳлилӣ (назарияи позитивии ҳуқуқ ва назарияҳои соҳавии ҳуқуқ) мебошад. Позитивизми ҳуқуқӣ, ки иборат аз назарияҳои мухталиф аст, бо омӯзиши қонунгузорӣ ва шаклҳои дигари ифодаи расмии (давлатии) ҳуқуқ, сарчашмаҳои воқеии ҳуқуқи амалкунанда, фактҳои ҳуқуқӣ, таҳия, тасниф, тафсир, мураттабсозии меъёрҳои ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ машғул аст. Позитивизми ҳуқуқӣ аз доираи қонунугузорӣ ва шаклҳои дигари расмии ҳуқуқи амалкунанда берун баромада наметавонад.

Аз ин рӯ, зарурат ба дарки васеи ҳуқуқ, таҳлил ва таҳқиқи ҳуқуқ новобаста аз ҳуқуқи расмӣ, дар робита бо падидаҳои дигари берун аз қонунгузорӣ ба миён меояд. Ин зарурати дарки фалсафии ҳуқуқ дар раванди таърихии ташаккули меъёрҳои гуногуни иҷтимоӣ (ахлоқ, дин, одатҳо, анъанаҳо ва диг.), афзоиши батадриҷи нақши ин меъёрҳо дар ҳаёти одамон, нақши адолат, озодӣ, баробарӣ, хирад дар танзими ҳаёти ҷомеа ва давлат, пешбарӣ ва истифодаи назарияҳои мухталифи ахлоқиву динии ҳуқуқ, ташаккул ва инкишофи васеи назарияҳои фитрӣ-ҳуқуқӣ мунтазам эҳсос мешавад. Бинобар ин, зарурати истифодаи фаҳмиши фалсафии ҳуқуқ дар раванди таърихии дарку таҳлили ҳуқуқ пайваста эҳсос гашта, давраҳои гуногуни таърихиро аз сар гузаронидааст. Илова ба ин, дар ҳар давраи таърихӣ сатҳи фалсафии дарки ҳуқуқ мунтазам болотар рафта, такмил меёбад. Аз ин ҷост, ки дар Аврупо дар давраҳои алоҳидаи таърихӣ назарияҳои гуногуни фалсафаи ҳуқуқ (назарияҳои И. Кант, Г. Гуго, Гегел, Б.Н., ва диг.) пешкашу истифода мешуданд, ки аз ҳамдигар фарқ доштанд, пеш аз ҳама дар бахши предмет ва методологияи фалсафаи ҳуқуқ.

Инкишоф ва такмили фалсафаи ҳуқуқ дар замони имрӯза низ идома дорад. Танҳо дар кишварҳои пасосотсиалистӣ дар давраи пасошӯравӣ якчанд нуқтаҳои назар ва назарияҳо дар ин соҳа ба миён омаданд, аз қабили назарияи либертарии В.С. Нерсесянс, назарияи либералии С.С. Алексеев ва дигарон. Муҳакқиқони пасошӯравӣ В.П. Малахов, В.В. Лапаева, Д.А. Керимов, Ю.Г. Ершов, Ю.Я. Баскин, И.П. Малинова ва дигарон доир ба предмет ва мафҳуми фалсафаи ҳуқуқ ақидаҳои гуногун доранд. То ҳоло дар адабиёти илмии ҳуқуқшиносӣ фикри ягона оид ба масъалаҳо ва паҳлӯҳои назариявии фалсафаи ҳуқуқ ҳосил нашудааст.

Иллати асосии пешкаши нуқтаҳои назари мухталиф оид ба мафҳуми фалсафаи ҳуқуқ маҳз бо дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷомеа дар давраи пасошӯрвӣ, аз ҷумла тағйироти сифатӣ дар сатҳи мафкураи ҳуқуқӣ вобаста аст. Дар илми ҳуқуқшиносии шӯравӣ асосан аз нимаи дуввуми солҳои 1930-м сар карда таи даҳсолаҳо назарияи маҳдуди меъёрӣ пурра ҳукмрон буд, ки шакли алоҳидаи позитиивизми ҳуқуқӣ, аниқтараш шакли идеологии он мебошад. Дар доираи ин назария пешкаши ҳама гуна андешаи ғайрипозитивӣ, ё мухолифи ҳуқуқи расмии давлатӣ имконнопазир буд. Барои ҳамин, дар ин муддат ҳамаи таҳлилҳои ҳуқуқӣ дар доираи назарияи маҳдуди меъёрӣ сурат гирифта, ҳамзамон фалсафаи ҳуқуқ, пеш аз ҳама фалсафаи фитрии ҳуқуқ инкишоф наёфтанд. Дар сатҳи қонунгузории шуравӣ худи истилоҳ ва мафҳуми «ҳуқуқи фитрӣ» қобили қабул набуд, дар конститутсияҳои шӯравӣ ба ҷои ибораи «ҳуқуқҳои фитрии инсон» ибораи дигари «ҳуқуқҳои шаҳрванд» истифода мешуд, талаботи фитрӣ-ҳуқуқӣ, ки ҷузъи назарияҳои фитрӣ-ҳуқуқии фалсафаи ҳуқуқ мебошанд, ифодаи назариявӣ ва қонунӣ наёфта буданд. Шуури ҳуқуқии сотсиалистӣ дар сатҳи мафкуравӣ аз ақидаву мафҳумҳое иборат буд, ки барои ҳимояи ҳуқуқи сотсиалистӣ, чун навъи олӣ ва охирини ҳуқуқ, хизмат мекарданд. Сатҳи арзишии шуури ҳуқуқӣ инкишоф наёфта буд, зеро арзиши аслӣ, пеш аз ҳама арзиши инсонии ҳуқуқ (дар робита бо озодӣ, адолат, баробарӣ, хирад) таҳқиқ намешуд. Шуури ҳуқуқии сотсиалистӣ ба ақидаҳои муваққатӣ будан ва аз байн рафтани ҳуқуқ дар замони коммунизм, моҳияти синфӣ доштани ҳуқуқ, воситаи зӯроварии синфӣ будани ҳуқуқ, хислати буржуазӣ доштани ҳуқуқи сотсиалистӣ дар марҳилаи аввали коммунизм, мазмуни иродавӣ доштани ҳуқуқ, робитаи устувори назарияи ҳуқуқ ва идеологияи марксистӣ-ленинӣ такя мекард. Дар заминаи чунин андешаҳо ва ақидаҳои идеологӣ табиист, ки ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва фаҳмиши фалсафии ҳуқуқ инкишоф ёфта наметавонистанд.

Дар давраи пасошӯравӣ, бинобар шикастани қолабҳои расмӣ ва идеологии дарку таҳлили ҳуқуқ барои ташаккули сатҳи арзишии ҳуқуқ ва ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ шароити мусоиди илмиву назариявӣ фароҳам омад. Дар сатҳи конститутсияҳои пасошӯравӣ, аз он ҷумла дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол гуногунии мафкуравӣ, озодии андеша, ҳуқуқҳои фитрии инсон, арзиши олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳояш, баробарии шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, шаклҳои фаъолияти озоди ҳуқуқӣ, мафҳуми давлати ҳуқуқбунёд якҷоя бо ҳамаи унсурҳои заруриаш (аввалиндараҷа будани ҳуқуқҳои инсон, таҷзияи ҳокимият, қонуни ҳуқуқӣ, қонунияти ҳуқуқӣ, назорати судии конститутсионӣ, қонунияти конститутсионӣ) эълон шуданд. Гуногунии мафкуравӣ, ки дар сатҳи конститутсионӣ эълон гардид, заминаи инкишофи нуқтаҳои назари мухталиф оид ба ҳуқуқ гардид. Ин нуқтаҳои назар дар соҳаи ҳам назарияи умумии ҳуқуқ ва ҳам фалсафаи ҳуқуқ инкишоф ёфтанд.

Дар натиҷаи ин дигаргуниҳо дар шуури ҳуқуқӣсатҳи арзишии онрӯ ба инкишоф ниҳод, ақидаҳо, мафҳумҳо, ғояҳо ва назарияҳое ташаккул ёфтанд, ки заминаи ҷаҳонбинии ҳуқуқиро ташкил доданд. Арзиши олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳояш, хислати тавлидӣ ва ҷудонопазир, яъне фитрӣ доштани ҳуқуқҳои инсон, мустақиман амал кардани меъёрҳои конститутсионии бахшида ба ҳуқуқҳои инсон, қонунияти ҳуқуқӣ, таҷзияи ҳокимият, маҳаки фаъолияти сохторҳои ҳокимияти давлатӣ будани ҳуқуқҳои инсон, ҷавобгӯи ҳуқуқҳои инсон будани қонунҳо, мутобиқи адолат, озодӣ, баробарӣ, хираднокӣ, виҷдон будани қонунгузорӣ аз ҷумлаи ақидаҳо ва ғояҳои ҳуқуқӣ мебошанд, ки ҷузъи фалсафаи ҳуқуқ ва фаҳмиши фалсафии ҳуқуқ буда, ҳоло пурра дар сатҳиҳам назарияи илмӣ ва ҳам қонунгузорӣэътироф шудаанд. Ин ғояҳои фалсафии ҳуқуқ ҳоло дар моддаҳои 1, 5, 9, 12, 14, боби дуввум ва моддаҳои дигари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси гражданӣ, Кодекси оила ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон сабт гаштаанд.

Дар сатҳиназарияи илмӣҳоло ғояҳои ҳуқуқӣ мавриди эътирофу таҳқиқи илмӣ қарор гирифтаанд. Танҳо худи дарки зарурат ва аҳамияти омӯзиши фалсафии ҳуқуқ далели ин гуфтаҳост. Рӯ овардани олимони ҷумҳурӣ ба масъалаҳо ва паҳлӯҳои назариявии фалсафаи ҳуқуқ далолат аз он мекунад, ки ҳоло шуури ҳуқуқии ҷомеа, пеш аз ҳама дар сатҳи илмӣ-назариявӣ комилан тағйир ёфтааст, ҷаҳонбинии нави ҳуқуқӣ дар робита бо мафҳумҳои арзишии (фалсафии) ҳуқуқ рӯ ба инкишоф овардааст, дарки фалсафии ҳуқуқ дар сатҳи илмӣ эҳсос мешавад.

Бояд зикр намуд, ки фаҳмиши фалсафии ҳуқуқ, эътирофи нақш, нуфуз, аҳамият ва арзиши ҳуқуқ дар шароити имрӯзаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандии ҳуқуқӣ, давлати ҳуқуқбунёд, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ривоҷи фаъолияти озоди иқтисодӣ, инкишофи мустақилӣ ва ташаббускорӣ, дарки ҳадафҳо ва манфиатҳои аслии давлатдории миллӣ аз аҳамият холӣ нестанд. Ҷомеаи шаҳрвандии ҳуқуқӣ (мафҳуме, ки аз он И. Кант пуштибонӣ намудааст), давлати ҳуқуқбунёд дар заминаи волоияти ҳуқуқ (на қонун, балки маҳз ҳуқуқ), дар робита бо шуури ҳуқуқии арзишӣ, ҷаҳонбинии нави ҳуқуқӣ, фаҳмиши фалсафии ҳуқуқ ташаккул ва инкишоф ёфта метавонанд.

Давлати ҳуқуқбунёдба волоияти ҳуқуқ ва қонуни ҳуқуқӣ асос меёбад.Волоияти ҳуқуқдар давлати ҳуқуқӣ ҳамон ҳуқуқеро дар назар дорад, ки зимни фаҳмиши фалсафӣ дарк мешавад ва бо қонунгузорӣ (ҳуқуқи расмӣ) маҳдуд намешавад. Волоияти қонун (қонунгузорӣ) бошад, маънои волоияти на ҳуқуқ, балки маҳз қонунҳоро дар назар дорад. Аммо маънии фалсафии ҳуқуқ аз доираи қонунгузорӣ (шакли ҳуқуқи расмии давлатӣ) берун мебарояд. Давлати ҳуқуқбунёд такя ба ҳуқуқе дорад, ки ҷавобгӯи ҳуқуқҳои фитрии инсон, талаботи дигари фитрӣ-ҳуқуқӣ, арзишҳои адолат, озодӣ, виҷдон, хирад, баробарӣ, некӣ, хайр, инсоншиносӣ мебошад. Маҳз ҳамин ҳуқуқ асоси бунёдии давлатдории ҳуқуқиро ташкил дода метавонад.

Дарки чунин маънии аслии ҳуқуқ дар заминаи фалсафаи ҳуқуқ имконпазир мегирдад. Аз ин ҷост, кифайласуфон ва мутафаккирони Шарқ(Форобӣ, Сино, Насириддини Тӯсӣ, Ғазолӣ, Мовардӣ, Низомулмулк, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон) масоили сиёсат, давлат ва ҳуқуқро дар робита бо арзишҳои ахлоқиву маънавӣ ва динӣ таҳлил мекарданд, аз доираи қонунгузории расмии давлатҳои замонашон берун баромада, маҳакҳои ахлоқиву маънавии қонунҳои давлатро дар робита бо мафҳумҳои арзишии адолат, озодӣ, баробарӣ, ақлу хирад рӯшан намуданд ва ба ташаккулу инкишофи минбаъдаи ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ асос гузоштанд. Онҳо аз волоияти талаботи диниву ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ дар давлат, риояи ҳатмии онҳо дар фаъолияти пеш аз ҳама ҳокими давлат ва мансабдорон, қонуният, назму устуворӣ дар давлаторӣ, риояи хаққи раият, нораво будани ҳама гуна зулму ситам нисбат ба раият, таъмини шароити арзандаи зинадагӣ, саодати мадинаи фозила, роҳу усулҳои барпо намудани мадинаи фозила, ба мадди аввал гузоштани хайру некӣ нисбат ба одамон пуштибонӣ намуда, паҳлӯҳои дигари дарки воқеияти сиёсиву ҳуқуқии замонашонро мавриди назари хеш қарор доданд.

Маҳз дар афкори сиёсӣ, динӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқии Шарқ ғояиволоияти ҳуқуқ дар шакли волоияти шариати исломӣпешбарӣ ва ҳимоя мешавад. Ҳамаи мутафаккирони Шарқи исломӣ, файласуфон, намояндагони мактабҳои фиқҳӣ, поягузорони мазҳабҳои фиқҳи исломӣ ва шогирдони онҳо аз ин ғоя пуштибонӣ намудаанд. Чунончи, шайхурраисАбӯалӣ ибни Синодар «Рисолаи Азҳавия дар амри маод» аз ҷумла менависад: «… шариате, ки ба забони Мустафо алайҳиссалом омадааст, гузинтарин ва фозилтарин шаръ аст» .

Хусусияти ҷаҳонбинии ҳуқуқии сарзамини Шарқ бо мазмун ва моҳияти ислом муайян мешавад, аз ҷумла бо он, ки шариат аз муқаррароти динӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, оилавӣ, сиёсӣ ва ғ. иборат аст. Барои ҳамин, дар фалсафа, дин ва фиқҳи исломӣ масоили ҳуқуқӣ якҷоя ва дар робита бо ахлоқ, сиёсат, дин баррасӣ мешаванд. Аз ин ҷост, ки дар Шарқи исломӣ назарияҳои динӣ-ахлоқии давлат ва ҳуқуқ пешбарӣ шудаанд. Волияти шариат низ чун арзиши дахлнопазир ҳимоя мешавад.

Шинохти арзиши баланди инсон ҳанӯз дар Қуръон ва назарияҳои файласуфону мутафаккирони Шарқи исломӣ эътироф шуда буд. Чунончи,Абӯалӣ ибни Синодар асараш «Тадбири манзил» менависад: «Худованди қодири мутаол хасоисе аз неъматҳои худро ба бани навъи инсон ихтисос дода ва сабаби онҳо мақоми одамиро дар миёни коинот аз бисёре аз махлуқоташ бартару болотар намудааст».Ғазолӣбошад, назарияи инсонро якҷоя бо усули дин ва усули фиқҳ ҷузъи илми сиёсат эътироф мекунад.

Дар афкори фалсафӣ ва ҷамъиятии Шарқ як зумра масъалаҳои назариявии дарки ҳуқуқ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд, аз қабили таносуби қонунҳои динӣ ва қонунҳои давлат, қонунҳои боадолат ва қонунҳои беадолат, адолат ва қонуният, хирад ва қонуният, такомули ақлонаву ахлоқӣ чун заминаи таъмини адолат ва ғ. Агар дар фалсафаи ҳуқуқи Ғарб ҳуқуқи фитрӣ, адолат, озодӣ ва арзишҳои дигари иҷтимоӣ ҳамчун маҳаки боадолат будани қонунҳо эътироф шаванд, пас дар афкор, дин ва амалияи сиёсии ҷаҳони ислом боадолат будани қонунҳои давлат, сохти давлатдорӣ, ҳокимиятдорӣ дар робита бо Қуръон, аҳкоми динӣ, арзишҳои ахлоқӣ, адолат, хирад, некукорӣ ва арзишҳои дигари иҷтимоӣ муайян мегардид. Ҷустуҷӯи моҳияти аслии ҳуқуқ, маҳакҳои адолатнокии қонунгузорӣ, муайян намудани талаботи ҷавобгӯи қонунҳои давлат ҳам дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб сурат гирифтааст.

Вале дар ҳар минтақа мафҳумҳо, ақидаҳо, ғояҳои ҳуқуқӣ бо истилоҳоти хоси ҳамин минтақа ифода гаштаанд. Чунончи, дар афкори ҳуқуқии Шарқ мафҳумҳои«қонуни ростин», «қонуни ҳақ», «қонуни инсонӣ», «қонуни адолат», «қонуни инсонӣ», «қонуни идоракунӣ»ва ғ. васеъ истифода шудаанд, ки маънии хос доранд. Адолат дар назарияиНизомулмулкҳамчун категорияи ахлоқӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маърифатӣ истифода шудааст.Насириддини Тӯсӣкатегорияҳои адолат ва виҷдон, адолат ва саодат, адолат ва ҳақиқат, адолат ва баробариро мавриди таҳлили хеш қарор дода буд.

Дар афкори Шарқи исломӣ риояи адолат талаби асосии давлатдорӣ буд. Чунончи, Заҳабӣ азИмом Абӯҳанифачунин ақида меорад: «ҳар кас … аҳкоми ғайриодилона содир кунад, сазовори боқӣ мондан бар маснади хилофат нест ва фармонҳои ӯ эътиборе надоранд».Аҳмади Донишниз дар ин хусус менависад: «Подшоҳ ҳеҷ ҳукме ҷуз ба адолат нафармояд, ки салтанат ба куфр муҷомаат дорад, аммо ба зулм не» . Аз ин андешаНизомулмулк, Абдураҳмони Ҷомӣва дигарон пуштибонӣ намудаанд. Назарияи қонунҳоиНасириддини Тӯсӣниз ба ғоя ва мафҳуми адолат асос меёбад.

Дар афкори Шарқ низ, ба мисли Ғарб, асосҳои ақлонии ҳокимият, қонунҳои ҷавобгӯи хирад ва м.и. таҳлил мешуданд. Чунончи,Мовардиҳокимияти волои ба шариат асосёфта ва ҳокимияти ба ақл асосёфтаро аз ҳам ҷудо мекунад.

Андешаҳо дар хусуси аз ҳам ҷудо ва мустақил будани шохаҳои ҳокимият дар Шарқ низ маълум буданд. Чунончи,Имом Абӯҳанифаҷонибдори таъмини мустақилияти қувваи қазоия (қозӣ) аз фишори беандозаи хулафо (муҷрия) буд. Абӯҳанифа мӯътақид ба ин буд, ки қозӣ ҳангоми таҷовузи халифа ба ҳуқуқи мардум битавонад бар зидди халифа фатвое содир кунад. ӯ ба шогирдонаш чунин дастур медиҳад: «Агар халифа ба сабаби таҷовуз ба ҳуқуқи мардум муқассир бошад, қозӣ, ки ба мақом толи ӯст (яъне қозиюлқузот) бояд ӯро маҷбур кунад, ки ба ҳукми қонун (шаръӣ) гардан бигузорад».

Пас аз чанд аср, асосан дар замони маорифпарварӣ ва инқилобҳои буржуазӣ дар Аврупо волоияти ҳуқуқ эҳсос гашта, сипас дар назарияҳои позитивӣ ва либералии аврупоӣ чун ҷузъи ғояи давлати ҳуқуқбунёд эътироф мешавад. Маҳз дар ҳамин давраҳои таърихӣ дар Аврупо дарки фалсафии ҳуқуқ дар робита бо ҳуқуқҳои фитрии инсон, таҷзияи ҳокимият, давлати ҳуқуқбунёд инкишоф меёбад. Баъд аз инъикоси ҳуқуқҳои фитрии инсон дар конститутсияҳои Амрико ва Фаронса эътирофи арзиши инсонии ҳуқуқ дар сатҳи қонун имконпазир мегардад. Баъдтар мухолифат байни назарияҳои позитивӣ ва фитрӣ-ҳуқуқӣ оғоз мегардад. Фалсафаи позитивии ҳуқуқ (Гуго) ва фалсафаи фитрии ҳуқуқ (Гегел) дар ҳолати муқовимат инкишоф меёбанд. Баъди Ҷанги дуввуми ҷаҳон ҳуқуқҳои фитрии инсон дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ (Эъломияи умумии ҳуқуқҳои башар, паймонҳои байналмилалӣ ва диг.) эътироф мешаванд, ғоя ва унсурҳои зарурии давлати ҳуқуқбунёд дар конститутсияҳои давлатҳои демократии ҷаҳон ифода мегарданд. Дар натиҷа ихтилоф байни назарияҳои позитивӣ ва фитрӣ-ҳуқуқӣ аз байн меравад, таҳлилҳои фалсафии ҳуқуқ дар дохили назарияҳои мухталифи ҳуқуқ (феноменологӣ, герменевтӣ, либертарӣ, либералӣ ва дигарҳо) идома меёбад.


345
Нет комментариев. Ваш будет первым!