Соҳаи маънавии ҳаёти ҷомеа
Масоили марбут ба соҳаи маънавии ҳаёти ҷамъият пеш аз ҳама вобаста ба он аст, ки дар заминаи он ҷамъият ҳамчун ягонагии воқеияти моддию идеалӣ дарк карда мешавад. Аз ин ҷиҳат истеҳсолоти моддӣ ҳамчун воқеияти ҳастии ҷамъиятиро муайянкунанда бе алоқамандӣ бо маънавиёти ҷомеа бевосита, мустақил вуҷуд дошта наметавонад. Сатҳи инкишофи истеҳсолоти моддӣ дар заминаи рушду такомули маънавиёти ҷомеа аст ва инкишофи маънавиёт дар навбати худ ба рушди истеҳсолоти моддӣ замина мегузорад. Аз ин рӯ маънавиёт, ки аслан дар шакли маҳсулу мундариҷаи шуур (тасаввуру дарки ҳодисот, идеяҳо, илм, анъанаҳо, расму оин в.ғ.) зоҳир мешавад, ҳастии ҷамъиятиро на дар шакли оддӣ, балки ба таври дигаргунсозии фаъолонаи эҷодӣ инъикос менамояд. Бинобар ҳамин ҳам дар таърихи инсоният аксар маврид шуури ҷамъиятӣ аз вазъи мавҷудаи ҳаёти моддии одамон пеш гузашта, ба рушду инкишофи он таккони ҷиддӣ бахшидааст. Инро мо дар мисоли таҷрибаи рушди як қатор кишварҳои Осиёи Чанубӣ мушоҳида карда метавонем, ки онҳо тавассути дастгирии инкишофи маънавии аъзоёнашон дар як муддати кӯтоҳ ба муваффаққиятҳои беназир дар истеҳсолоти моддияшон ноил омаданд. Дар навбати худ сатҳи дастовардаи истеҳсолоти моддӣ дар назди онҳо зарурияти рушди баландтари илму маорифро пеш мегузорад. Бинобар ҳамин ҳам мустақилияти ҳастии ҷамъиятӣ ва шуури ҷамъиятӣ хусусияти нисбӣ дорад ва онҳо пайваста дар заминаи таъсири байниҳамдигарӣ қарор доранд. Зеро ҳастии ҷамъиятӣ низ ба дигаргунсозии мундариҷаю сатҳи инкишофи шуури ҷамъиятӣ таъсири фаъол мерасонад.
Барои дарки чунин хусусияти соҳаи маънавии ҳаёти ҷомеа пеш аз ҳама зарурияти баррасии таркибу мундариҷаи шуури ҷамъиятӣ пеш меояд. Шуур ҳамчун омил ва ҷанбаи муҳими фаъолияти ба дигаргунсозии олам нигаронидашудаи инсон аз аввал табиати иҷтимоӣ дошта, вазифаи ҷамъиятиро иҷро менамояд. Зеро ташаккули худи органи шуури инсон, яъне мағзи сар, низ ҳамчун маҳсулу шакли ҳаракати ҳастии ҷамъиятӣ зоҳир мешавад. Бинобар ҳамин ҳам шуур дар заминаи баҳамтаъсиррасонӣ, ҳамкории инсон бо воқеияти табиию иҷтимоӣ инкишоф ёфта, ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ дар раванди амалияи иҷтимоию таърихии одамон намудор мегардад. Яъне он дар зинаи муносибат ба олам агар инъикоскунандаи умуман ҳастӣ бошад, пас дар зинаи муносибат ба ҷамъият ҳастии ҷамъиятиро инъикос менамояд. Ин чунин маъно дорад, ки манбаи ҳамагуна андешаю таассурот, идея ва назарияҳое, ки мундариҷаи шуури ҷамъиятиро ташаккул медиҳанд, бояд на дар худи онҳо, балки дар заминаи хусусиятҳои ҳастии ҷамъиятӣ ҷустуҷӯ карда шаванд. Зеро ҳама гуна андешаю идеяҳои офаридаи инсон, ки дар шакли фалсафа, ахлоқ, санъат, ҳуқуқ зоҳир мешаванд, асосашонро дар хусусияти ҳаёти моддии ҷамъият доранд. ҳарчанд дар ҷомеашиносӣ шарҳи дигари муайянкунии сарчашмаи андешаю идеяҳои хусусияти ғайрифардӣ доштаи инсон вуҷуд дорад, вале онҳо эътирофи васеъ алҳол надоранд. Масалан, Петр Штомпка аз истифодаи мафҳуми «шуури ҷамъиятӣ» канора намегирад ва онро нисбат ба мафҳуми пешниҳодкардаи Питерим Сорокин «фарҳанги идеявӣ» муносибтар меҳисобад, вале сарчашмаи ҳама гуна андешаю идеяҳои ғайрифардиро дар олами фарҳангӣ меҷӯяд. Шаклҳои зоҳиршавии шуури ҷамъиятиро иборат аз фалсафа, дин, ҳуқуқ, афкори ҷамъиятӣ, дониши илмӣ, санъат медонад.
Дурустии шуури ҷамъиятиро ҳамчун инъикоси ҳастии ҷамъиятӣ маънидод кардан аз он иборат аст, ки маҳз дар заминаи муроқибаю алоқамандӣ бо воқеияти табиию иҷтимоӣ қобилияти оламро объективона инъикос намудани шуури инсон ташаккул меёбад. Ин сарчашма ба амалияи ҷамъиятию таърихӣ ва фаъолияти дигаргунсозандаи олами предметии инсон такя мекунад ва вобаста ба инкишофи онҳо шуури инсон низ инкишоф меёбад. Бинобар ҳамин ҳам моҳияти шуурро танҳо дар доираи муносибати маърифатии инсон ба олам шарҳ додан ҷоиз нест, зеро нақшу табиати иҷтимоии шууро танҳо бо назардошти он чизе ки тавассути фаъолияти ҷамъиятии инсон офарида мешавад муайян намудан мумкин аст. Ва дар доираи маҳз ҳамин фаъолият тафовуту алоқамандӣ, мутаносибии диалектикии шуури ҷамъиятию шуури фардӣ имконпазир мегардад. Шуури ҷамъятӣ ҳамчун падидаи берун аз шуури шахс, фарди иштироккунандаи ҳастии ҷамъиятӣ вуҷуд дошта наметавонад. Дар навбати худ фард дар ҷараёни дарки воқеияти зиндагии иҷтимоияш пайваста таҳти таъсири таҷрибаи андухтаи маънавии ҷомеа қарор дорад. Шуури фардӣ шаклҳои таърихан ташаккулёфтаи дарки маънавии воқеъиятро, ки наслҳои гузашта ва умуман ҷомеа андӯхтааст, фаро мегирад ва дар навбати худ бо донишу малакаи худ онро бой мегардонад. Бинобар ҳамин ҳам, шуури ҷамъиятӣ маҷмӯи миқдории шуурҳои фардӣ набуда, он иборат аз таҷрибаю донишҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ, инсоният ва тамоми ҷомеа аст.
Шуури ҷамъиятӣ ҳамчун падидаи махсуси ҷамъиятӣ ба сифати инъкоскунандаи алоқаю робитаҳо ва вобастагии заминаҳои иҷтимоӣ ва таърихию фарҳангии фаъолияти одамон зоҳир мешавад. Яъне моҳияти шуури ҷамъиятиро дар заминаи принсипи ягонагӣ, вобастагии шуур ва фаъолият асоснок кардан мумкин аст. Дар ин маврид шуур ба сифати ҷанбаи муҳиму зарурии фаъолияти ба тағйирдиҳии олам нигаронидашудаи инсон баромад намуда, вориди низоми робитаҳои муҳим ва омилҳои инкишофи ҷамъиятӣ мегардад. Чунин равиш имконият медиҳад, ки шуури ҷамъиятӣ ҳамчун падидаи ҷамъиятии аз ҷиҳати мундариҷавӣ бой, ки таркибаш иборат аз зинаҳои муқаррарию назариявӣ ва шаклҳои мушаххас(фалсафа, дин, ахлоқ, санъат, ҳуқуқ) мебошад, дарк карда шавад.
Ба зинаҳои муқаррарию назариявӣ табақабандӣ шудани шуури ҷамъиятӣ марбут ба кӯшиши аз ҳамдигар фарқ кардани хусусияти ҳаётфаҳмии амалии ғайримунтазам аз ҳаётфаҳмии бонизоми хусусияти эҷодию оқилона дошта аст. Дар зинаи муқаррарӣ шакли ибтидоии дарки олами табиию иҷтимоӣ ба амал омада, он заминаи ташаккули дараҷаи назариявии шуури ҷамъиятӣ мебошад. Ин дар таносуби психологияи ҷамъиятӣ ҳамчун ҷузъи зинаи муқаррарӣ ва идеология ҳамчун ҷӯзъи зинаи назариявии шуури ҷамъиятӣ равшан мушоҳида мешавад. Дар психологияи ҷамъиятӣ ақидаҳои мухталиф вобаста ба авзою ҳолати рӯҳӣ, табъу завқ, тахайюлоти гурӯҳу умумиятҳои иҷтимоӣ дар баҳодиҳии воқеиятҳои олам ва ҳаёти ҷамъиятӣ нақши асосӣ доранд. Дар идеологияи ҷамъиятӣ бошад баҳодиҳии одамону гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба воқеият шакли муназзаму назариявӣ мегирад. Таҳти мафкура одатан маҷмӯи ормонҳо, арзишҳо, ғояву ақоиде фаҳмида мешавад, ки мавқеи иҷтимоии гурӯҳи калони иҷтимоӣ — табақа, синф қишр, инчунин кулли ҷомеаро ифодагар буда, ба ҳифзи манофеи ин гурӯҳҳо ва мувофиқан, ба асоснок кардану ҷонибдорӣ намудани фаъолияти иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳарбии он ва ғайра нигаронида шудаанд. Мафкура чун маҷмӯи ормонҳо, арзишҳо ва ғояҳое аҳамияти вижа касб мекунад, ки манофеи кулли ҷомеаро ифода менамояд ва барои ҳамин дар ҷомеа аз номи он ва тавассути ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ густариш меёбад.
Мафкура, чун қоида, аз ҷониби ашхоси сатҳи баланди касбиятдошта, одамони аз лиҳози амаливу назариявӣ хуб омодакардашуда офарида мешавад. Мафкураи офаридашуда ва дар ҷомеа амалкунанда рисолати сирфан амалӣ дорад. Он тамоми одамонеро муттаҳид мегардонад, ки мақсаду мӯҳтавои асосиашро ҷонибдорӣ мекунанд; он ангезанокии мустақими кирдору рафтори мушаххаси онҳоро муайян менамояд.
Шаклҳои шуури ҷамъиятӣ — фалсафа, ахлоқ, ҳуқуқ, санъат ва дигар намудҳои фаъолияти маънавии ба онҳо алоқаманд дар ҷомеа ҳар кадоме бо хусусияти ба худ хос ҷанбаҳои ҳастии ҷамъиятиро инъикос менамоянд ва ба он таъсири муайянкунанда низ мерасонанд. Фалсафа таълимотест дар бораи принсипҳои умумии ҳастӣ ва маърифат; он шакли ақлонии асоснок ва ифода кардани муносибати арзишии инсон ба олам аст. Фалсафа низоми нисбатан умумии назарҳои инсони ҷамъиятиро ба олам, ҳастии ҷомеа ва мақоми ӯ дар он кор карда мебарояд. Шиносоӣ бо низомҳои фалсафӣ инсонро ба таҷрибаи дастҷамъонаи башарият, ба ҳикмати он ва ҳамзамон, иштибоҳу хатоҳои дар ин равандҳо ҷойдошта ошно менамояд, имконияти кор карда баромадани ормонҳо, аҳдоф ва арзишҳои ба талошҳои ӯ мувофиқро фароҳам меорад. Вежагии санъат, дар фарқият аз азхудкунии назариявӣ- мафҳумии ба дониши илмӣ хос, аз таҷассуми ҳиссӣ ва аёнию образноки воқеият иборат аст.
Аз паси вазифаҳои гуногунранги иҷтимоии фалсафаю санъат вазифаи муҳими интиқодӣ — рефлексивии онҳоро надидан мумкин нест. Мафкура, аз яктараф, фалсафаю санъат аз дигар ҷониб, намудҳои маънавӣ- амалии фаъолият ба шумор омада, ҳар яке ба таври худ, ба муттаҳидона алоқаманд кардани ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, минҷумла илм ва амалия имконият медиҳанд. Ба андозаи рушди соҳаҳои илм ва истеҳсолоти моддӣ нақши азхуднамоии арзишии олам на фақат коҳиш намеёбад, балки баръакс меафзояд.
Аз ин нуқтаи назар фалсафаю санъат, ба забони идоракунӣ, вазифаи он робитаи баръаксро иҷро мекунанд, ки ба баҳогузории натиҷаҳои фаъолияти ҷомеа таҳти таъсири муайянкунандаи аҳдофи аз ҷониби мафкура мухтасаран ифодагардида шуғл меварзад. Бинобар ин соҳаи арзишии фаъолият бештари вақтҳо шубҳаи сиёсатмадорону мафкураофаронро(идеологҳоро) барангехта буд. Ҷомеа чӣ қадаре аз мардумсолорӣ(демократия) дур бошад, ҳамон қадар ин ҷо сарҳадоти ҷоизият маҳдуданд.
Дар соҳаи фаъолияти арзишӣ нақши хоссаро дин мебозад. Дар он қобилияти инсон ба моваровоқеиятгаройӣ шакли вежаро соҳиб мешавад. Маънавияёт аз дидгоҳи динӣ воқеияти мутлақ, ҳамаро фарогиранда ва моварофардист. Ин оламест, ки асоси ҳақиқии ҳаёти ҷомеа (инчунин табиат) фақат ба диндорон, эътиқодмандон кушода мешавад. Дар тавофут аз фалсафа, ки такя ба хирад дорад, мабдаи ибтидоии ҷаҳонбинии динӣ эътиқод аст. Тайи садсолаҳои зиёд дин дар мамолики гуногун ба амалигардонии аҳдоф ва ормонхои худ тавассути ҳокимияти давлатӣ кӯшиш намуд. Табдил додани таълимоти динӣ ба низоми арзишҳои дар ҷомеа ҳоким ва мафкураи давлатӣ ҳамзамон ба пайдоиши давлати теократӣ (динсолорӣ) бурда мерасонид. Ақоиди диние, ки бо қувваи давлат таҳмил карда мешавад, на ҳама маврид ба манфиати худи дин ва давлат меанҷомад. Дар давлати дунявӣ низ дин, ба мисли фалсафаю санъат набояд олоти ҳокимияти давлатӣ ва сиёсати давлатӣ бошад. Ҳар якеи инҳо бояд имконияти низоми арзишҳои хеш, назари хешро ба олам кор карда баромаданро дошта бошанд.
Соҳаи ҳаёти маънавии ҷомеа инчунин муносибати қишрҳои мухталифи ҷомеаро оид ба эҷод, паҳн ва азхудкунии арзишҳои гуногун дарбар мегирад. Дар ин маврид таҳти мафҳуми арзишҳои маънавӣ на танҳо дастовардҳои марбут ба соҳаи эҷоди бадеӣ, санъат, балки илм ва меъёрҳои алоқаманд ба танзими рафтори иҷтимоии одамонро низ дар назар доранд. Аъзоёни ҷомеа арзишҳои маънавии аз ҷониби наслҳои гузашта офаридашударо на фақат азхуд мекунанд, балки моҳияту мундариҷаи онҳоро вобаста ба талаботҳои шароити зиндагии худ такмил медиҳанд ва тавассути эҷоди арзишҳои нав захираи маънавии ҷомеаро афзун мегардонанд. Барои татбиқи ин ҳадаф ҳар як ҷомеа ниҳодҳои махсуси иҷтимоиро ташаккул медиҳад, ки вазифаашон ба ворисият додани мероси фарҳангии як насл ба насли дигар, созгор сохтани мундариҷаи ин мерос бо талаботҳои рушди ҷомеа ва дар ҳамин замина даст ёфтан ба эҷоди арзишҳои ҷадид мебошад. Яъне истеҳсолоти маънавии касбӣ ва оммавӣ чунин миқдори аъзами маҳсулоти маънавӣ меофарад, ки дар назди ҷомеа мудом вазифаи бо ягон тарзе идораю назорат кардани густариш ва истеъмоли онро пеш меорад. Ниҳоди (инсититути) умдаи иҷтимоие, ки барои таъмини ба ворисият додан, истеъмол намудан ва ғанӣ гардонидани мероси маънавӣ хидмат мекунад низоми таҳсилот, маориф мебошад. Ин низом дар таркиби худ ду зинаро дарбар мегирад – таҳсилоти мактабӣ ва олӣ.
Таҳсилот чун ниҳоди иҷтимоӣ таърихи бисёрқарна дорад ва дар ҳоли ҳозир муштамили миқдори бузурги муассисот (аз кӯдакистон ва мактаб сар карда то аспирантура) мебошад, ки дар онҳо нерӯи бузурги кормандони касбӣ машғули заҳматанд. Ҳадафи таҳсилот сегона аст. Ин интиқоли дониш, баъдан интиқоли таҷрибаи иҷтимоӣ ва охиран, парвариши маҳорати истифодабарии донишу таҷрибаи андӯхта дар шогирдон аст. Ба иборати дигар, сухан роҷеъ ба таҳсилот дар маънии фишурдатар, тарбия ва таълими малакаю маҳоратҳои толибилмон меравад. Дар раванди таҳсилот масойили зиёду мухталиф ҳалл мешаванд, аммо дар қисмати умдатарин он бо интиқоли маҳсулоти маънавӣ ба донишомӯзон дар рафти таҳсилот алоқаманд аст. Таҳсилот асоси муҳими такрористеҳсолии ҳаёти ҷамъиятӣ бо кулли гуногунрангиҳои он мебошад. Мураккабияти вазъият дар таҳсилоти муосир дар тамоми дунё аз он иборат аст, ки низоми мавҷудаи таҳсилот на он қадар шахсиятро, балки беш ихтисосмандро тайёр мекарду омода кардан дорад. Раванди таҷзияи илм ба ихтисосҳои гуногун имрӯз аз ҳарвақта дида бештар ба таҳсилот тағйирот ворид кардааст. Мушкилаи тайёр кардани ихтисосманд асосан масъалаи характери иттилодошта — интиқоли дониши мушаххас аз ҷониби омӯзгор ба толибилмон мебошад.
Тарбияи шахсият бо ташаккули дидгоҳи худӣ дар ӯ ба донишҳое иртибот дорад, ки дар раванди таҳсилот ба даст меорад. Маънои хондан, омӯхтани инсон, яъне шахсият шудан аст, ки қодир аст аҳдоф ва вазифаи ҷомеаро, ки дар он ба сар мебарад шинохта, дар он мақоми хештанро дарёбад, роҳҳо ва имконияти ширкати бошууронаашро дар ҳаёти кишвари худ биҷӯяд, бубинад. Тарбияи шахсият ин, қабл аз ҳама бедор кардани муносибат ба аҳдоф ва маъниҳои мавҷудияти худӣ, ба ҳастии дигар одамон, ба ҷомеаи инсонист. Ташаккули мавқеи мустақими маънавӣ — арзишӣ, яъне ташаккули тасаввуроти возеҳ доир ба арзишҳои олӣ, «мутлақ» раванди дӯрударозест, ки муколамаи доимии омӯзгорро бо шогирд тақозо дорад. Омӯзгор ба шогирд фақат маводи таълимӣ намеомӯзад, омӯзгор ӯро тавассути муносибати худаш ба ҳаёт рафтору ақоиди муносиби зиндагиро меомӯзонад. Муколама қисмати муҳимтарини тарбияи инсони муосир ба шумор меояд. Дониш бе маънӣ ва маънӣ бе дониш кам ба кор меояд ва ҳатто хатарзост, ба ибороти дигар, мутахассис бе эътиқоди устувори ахлоқӣ ё бе мавқеи иҷтимоӣ наметавонад ҳама вақт дар таъмини суботи ҷомеа саҳмгузор бошад.
Ҳамин тариқ, истеҳсолоти маънавӣ ҳам аз рӯи шакл ва ҳам аз лиҳози мӯҳтаво хеле гуногунранг аст. Он таҳти таъсири таҷрибаҳои таърихӣ, шароитҳои моддии мавҷудияти ҷомеа, вазъияти арзисиёсии (геополитикии) ҷаҳон, ки рӯзафзун рӯ ба дигаргуншавӣ аст, доиман тағйир мепазирад. Андаруни соҳаи истеҳсолоти маънавӣ низ муносибатҳои хеле мураккабу таззодоганда байни фалсафаю дин, илму фалсафа, илму дин вуҷуд дорад.
Муносибатҳои мутақобилаи байни онҳо мавзӯи фароху мураккабест. Фақат метавон гуфт, ки дар давраи парастиши илм (хосатан дар қарни XIX – нимаи аввали асри XX), вақте инсон мекушид қобилияти фарогири (универсалии) худро дар ҳалли мушкилиҳои дилхоҳ таъйид кунад, фалсафаю дин байни ҳамдигар фишори қавиеро эҳсос карданд. Минҷумла, усулҳои тасдиқи дониши фалсафиро мехостанд бо усулҳои таҷрибапазири тасдиқи донишҳои табиатшиносӣ наздик созанд. Пайдоиши мактаби мусбатгаройӣ (позитивистӣ) дар фалсафа аз ҳамин ҷост, ки ба шакли мураттабгари дониши мушаххасу илмие падидор гардид. Гулгулшукуфти ирратсионализм дар афкори фалсафӣ посухе буд ба ин равандҳо. Фалсафа мекӯшид, ки бо ҳамин тарз тафовути куллии худро аз ақлгароии (ратсионализми) он даврон нишон диҳад.
Яке аз ҷанбаҳои мураккабтарини таҳлили истеҳсолоти маънавӣ бо омӯзиши равобити тарафайни шароитҳои моддии ҳаёт ва дараҷаи маънавиёти ҷомеа иртибот дорад. Биноан метавон ҳадс зад, ки фаъолнокии аз ҳад зиёди инсон дар соҳаи маънавиёт ҳангоми адами таваҷҷӯҳ ба тарафи моддии ҳаёт, ҳангоми маҳдудкунии интиҳоии эҳтиёҷоти зарурӣ, ба мисли вазъияти акс хатарзост. Чунин фаъолнокии маънавӣ ба мавқеи лоиҷтимоии (асотсиалии) инсон бурда мерасонад, мавқее ки такомули маънавии инсон бо муносибатҳои ҷамъиятӣ, бо фаъолияти аз нигоҳи иҷтимоӣ муҳим ҳеҷ хел пайванд намегирад. Мактабҳои муосири хеле маъмулро метавон мисол овард, ки рушди маънавиро (ботиниро) таблиғ менамоянд. Вазифаи умдаи ин мактабҳо иборат аз таълим додани мақсади шинохту дарки худӣ ба инсон ва баъдан бозгашт ба худованд, ки ҳамчун шуури кайҳонӣ фаҳмида мешавад, мебошад. Ин ҳама гӯё ба инсон имкон медиҳад, ки бо дарки олами ботинӣ оромиш биёбад. Дар яке аз китобҳои ин мактаб омадааст: «Мақсади бузургтарини ҳаёти инсонӣ шинохт, маърифати худӣ ва худоамалисозӣ (богореализатсия) мебошад. Ҳама дигар боқимондаҳо фақат масрафи беҳудаи вақт аст».
Лозим ба тазаккур аст, ки байни афзоиши некӯаҳволии моддӣ дар ҷомеа ва дараҷаи маънавиёт робитаи ҳаммаъно нест. Дар бархе аз гурӯҳҳои иҷтимоӣ шикамсерӣ, ҳузуру ҳаловат пасмондагии маънавӣ (инфантизм), беэътиноӣ ба ормонҳои олӣ ва ба ормони такомули шахсӣ тавлид менамоянд. Дар дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ, баръакс, қонеъшавии талаботи ҳаётан муҳиму ғайримоддӣ ба афзоиши минбаъдаи шавқу рағбат ба шуғл бо фалсафа, санъат ба ҷустуҷӯи маъниҳои нав ба наву амиқи мавҷудияти худӣ, хулосаи калом, ба ғановати ҳаёти маънавӣ мусоидат менамояд.
Ба чунин хулоса метавон чунин гуфт дар ҷомеаи солим бояд як навъ мувофиқати моддиёт ва маънавиёт мавҷуд бошад. Дар ҳар як ҷомеаи мушаххаси таърихӣ ин мушкилот метавонад бо тарзҳои гуногун ҳаллу фасл шавад. Як чизе барои онҳо фақат умумӣ падидор мегардад: ҷустуҷӯи пайвастаи камолот, ҳамоҳангию мавзуният (гармония) ва адолат.