Моликият ва муносибатҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ (истеҳсолӣ)

Барои фаҳмиши моҳияти муносибатҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ин суолро гузоштан воҷиб аст: инсон дар кадом маврид ин ё он чизро истеъмол карда метавонад ё дар кадом ҳолат онро наметавонад истеъмол кунад? Аз ҷузъиёти минбаъд баррасишаванда алъон канора ҷӯста, дар намуди умумитарин метавон гуфт: ин вобаста ба он аст, ки чиз моликияти кист. Агар чиз ба ҳамин инсон тааллуқ дошта бошад, он гоҳ ӯ метавонад истеъмолаш кунад, агар ба дигар шахсе мутааллиқ бошад, он гоҳ ӯ бе гирифтани ризоияти молик он чизро наметавонад истеъмол кунад. Ҳамин тариқ, пешорӯйи мо мафҳуми моликият, ки падидаи иҷтимоист қарор мегирад. Бе он на тақсимот, на мубодиларо метавон дида баромад.

Ба муносибатҳои моликият мутаваҷҷеҳ шуда, пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки ду намуди чунин муносибатҳо мавҷуданд. Намуди якуми ба чашм бархӯранда ва ба таври густарда маъруф муносибатҳои иродавии моликият мебошанд. Онҳо дар ҷомеаи синфие, ки дар он давлат вуҷуд дорад, шакли муносибатҳои ҳуқукӣ, юридикиро касб мекунанд. Ин муносибатҳоро ғолибанмуносибатҳои молумулкӣномгузорӣ менамоянд. Намуди дуюми муносибатҳои моликият муносибатҳои иқтисодии моликиятанд, ки муносибати иродавӣ не, балки моддӣ мебошанд. Онҳо фақат дармуносибатҳои тақсимоту мубодилавоқеан вуҷуд доранд. Муносибатҳои иқтисодии моликият ягон хел намуди хоссаи муносибатҳои иҷтимоӣ – иқтисодие нест, ки ҳамрадиф бо соири намудҳои муносибати ичтимоӣ – иқтисодӣ вуҷуд дорад. Мафҳумҳои муносибатҳои иқтисодии моликият, муносибатҳои иҷтимоӣ- иқтисодӣ, муносибатҳои истеҳсолӣ комилан мувофиқанд.

Изображение

Моликият танҳо чиз ва муносибати инсон ба чиз намебошад, ки ин муносибат худ ба худ интихоб шуда бошад. Моликият ин муносибати байни одамон аст, аммо чунон муносибате, ки дар муносибати онҳо ба чизҳо зоҳир мегардад. Ё агар ба тариқи дигар гӯем – моликият муносибати одамон ба чизҳост, аммо чунон муносибате, ки дар он муносибатҳои онҳо ба ҳамдигар зоҳир мешавад.

Моликият чунин муносибати одамон ба чизҳост, ки ҳам ба одамон, ҳам ба чизҳо сифатҳои махсуси иҷтимоӣ мебахшад: инсонҳоро молик (соҳибмол), чизҳоро бошад, моликияти онҳо мегардонад. Ҳар як чиз дар ҷомеаи инсонӣ ҳамеша чунин сифати иҷтимоӣ дорад. Он ҳамеша на фақат арзиши истеъмолист, балки ҳатман, ҳамзамон моликияти ким- касест (фард, гурӯҳи афрод ё ҳатто умуман ҷомеа). Ҳар як чунин гурӯҳ аз дигарон, мусаллам аст, ки бо сарҳади иҷтимоӣ ҷудо карда шудааст. Чизҳо метавонанд ин сарҳадро убур кунанд, аз як гурӯҳи моликиятдор ба дигараш бикӯчанд. Ин ҳаракати чизҳо сирф иҷтимоист, ҳарчанд ки албатта, он метавонад бо ҷойивазкунии физикии онҳо ҳамроҳӣ кунад.

Барои фаҳмиши сохтори иҷтимоӣ – иқтисодии ҷомеа мафҳумҳои истифодабарӣ ва ихтиёрӣ аҳамияти калонеро моликанд. Ин мафҳумҳо одатан дар захираи истифодаи ҳуқуқшиносон қарор дошта, онҳо мафҳуми ҳуқуқи моликиятро тавассути мафҳумҳои ҳуқуқи доштан, ҳуқуқи истифода кардан ва ҳуқуқи ихтиёрдорӣ ташреҳ медиҳанд. Аммо ҳамшабеҳ ба он ки будуни ҳуқуқи моликият, инчунин худи моликият вуҷуд дорад (зимнан ба сифати нафақат муносибати иродавӣ, балки муносибати иқтисодӣ низ), айнан ҳамин хел, бидуни ҳуқуқҳои истифодабарӣ ва ихтиёрдорӣ истифодабарии воқеӣ ва ихтиёрдории воқеӣ вуҷуд доранд, зимнан боз ҳам ба сифати на фақат падидаҳои иродавӣ, балки падидаҳои иқтисодӣ низ. Аммо модоме, ки ин мафҳумҳоро ҳуқуқшиносон ҷорӣ карданд, пас, баррасии онҳоро аз ҷанбаи ҳуқуқӣ бояд оғоз намуд.

Ҳуқуқи истифода бурдани чиз барои зурурати худ, барои қонеъгардонии эҳтиёҷоту манофеи хусусии худ мебошад. Худи истифодабарӣ бошад, амалишавии ин ҳуқуқ аст. Алъон ин ҳама аз ҳади муносибатҳои иродавӣ ба чиз намебарояд. Аммо худи мафҳуми ҳуқуқ ба он ишора дорад, ки ин ҷо муносибати худ ба худ маълуми байни одамон дар назар дошта мешавад. Мавҷудияти ҳуқуқи инсон ба чизе онро дар назар дорад, ки ин ҳуқуқи ӯро одамони атроф эътироф намоянд. Истифодабарӣ муносибат фақат ба чиз нест, он муносибати одамон бо ваҷҳи (сабаби) чизҳост. Бинобар ин, онро аз муносибати инсон фақат ба чиз — истеъмол кардани чиз, кор фармудани чиз, истифода бурдани чиз возеҳан бояд фарқ кард.

Вақте ки, масалан, ба ғулом олоти меҳнат медиҳанд, ӯ онро барои истифодабарӣ ба даст намеорад. У ба он ягон ҳуқуқе надорад. ӯ ин олоти меҳнатро барои он ба даст мегирад, ки онро барои қонеъ гардонидани ниёзмандиҳои ғуломдор истифода барад. Аммо агар ба ғулом қитъаи замин ва васоити истеъмолии меҳнатро барои он ҷудо кунанд, ки баъди ҳосилғундорӣ ӯ қисми онро ба хӯҷаин дода, боқимондаро ба худ бигирад, дар ин маврид мо натанҳо бо фоидабарӣ, балки бо истифодабарӣ низ бармехӯрем. Дар мавриди охирӣ гурӯҳчаи (ячейкаи) хоссаи истифодабарӣ бо сарҳадҳои муайяни иҷтимоӣ убур мекунад. Ва ин гурӯҳ пеш аз ҳама иқтисодист.

Дар тарҳи сирф назариявӣ тафовути байни истеъмолкунӣ, истифодабарии чизҳо ва корфармоии онҳо дар нисбати ҳама чизҳо, ба шумори ашёи истеъмолӣ, эътибор дорад. Аммо ҳарчанд ки корфармоии ашёи истеъмолӣ ва истифодабарӣ аз онҳо принсипан як чиз нестанд, азбаски дар мавриди аввал мо фақат бо муносибат ба чизҳо, дар мавриди дуввум бошад, бо муносибат натанҳо бо чизҳо, балки бо муносибати байни одамон сарукор дорем, — онҳо дар воқеият аз ҳам ҷудонопазиранд. Истеъмоли ашёи истеъмолӣ ҳамеша истифодакунии онҳо барои заруратҳои хусусии худ, яъне ҳамзамон, аз онҳо истифодабарӣ низ мебошад. Аз тарафи дигар, аз ашёи истеъмолӣ истифодабарӣ метавонад фақат дар истифодакунии онҳо, истеъмоли онҳо зоҳир шавад.

Ҳуқуқи ихтиёрдорӣ, қабл аз ҳама ҳуқуқи бегонашавии (дуршавии) шайъ, ҳуқуқи додани он аз як гурӯҳчаи моликият ба дигар гурӯҳча мебошад. Дар баробари мубодила ихтиёрдорӣ дар тақсимот низ зоҳир мегардад. Тақсимот ва мубодила қабл аз ҳама падидаи иқтисодиянд ва на танҳо. Ҳар як амали мубодила дар ҷомеаи синфӣ ҳамеша ҳамчун амали юридикӣ- созиш низ падидор мегардад. Умуман, муносибатҳои иқтисодии моликиятӣ бе муносибатҳои иродавии моликият вуҷуд надоранд, (муносибатҳои иродавӣ бе муносибатҳои иқтисодӣ ҳамчунин). Моликият ҳамчун муносибати иқтисодӣ ва моликият ҳачун муносибати иродавӣ бе ҳамдигар имконнопазиранд. Моликият чун муносибати иқтисодӣ ҳамеша дар муносибатҳои молумулкӣ таҷассум меёбад.

Чуноне аллакай қайд гардид ҳар як махсулоти меҳнат ҳамеша арзиш ва моликияти истеъмолист. Чизҳои дилхоҳ ҳамзамон ҳамчун арзиши истеъмолӣ ва моликияти ягон нафар, гурӯҳ дониста мешаванд. Аз ин рӯ раванди худи истеҳсолоти чизҳо-доиман ҳамзамон раванди ворид шудани чизҳо ба моликияти ягон нафар, гурӯҳ, яъне раванди тақсимот низ мебошад. Ҳамин тариқ, муносибатҳои моликият на танҳо дар равандҳои худи тақсимот ва мубодила, балки дар раванди худи истеҳсолот низ зоҳир мегарданд. Дар раванди худи истеҳсолот ширкат дошта, муносибатҳои моликият истеҳсолотро дар маънои маҳдуди ин вожжа муносибати одамон на танҳо ба табиат, балки ба ҳамдигар низ, яъне муносибати ҷамъиятӣ мегардонанд.

Тақсимоти дар боло баррасишуда тақсимоти аввалист. Ин тақсимоти ҳамаи чизҳои дар раванди истеҳсолот офаришуда мебошад: ҳам воситаҳои истеҳсолот, ҳам ашёи истеъмолӣ. Ҳангоме ки тамоми маҳсулоти ҷамъиятӣ ё, лоақал қисми онро коркунон чун моликияти бегона меофаранд, раванди худи истеҳсолот ҳамзамон ба раванди истисмори инсон аз ҷониби инсон низ табдил меёбад. Муносибатҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ- иқтисодӣ дар ин маврид хусусияти оштинопазир касб мекунанд.

Баъди тақсимоти аввалия дар ағлаби мавридҳо худи тақсимот ҳамчун раванди хоссаи аз раванди худи истеҳсолот мутавофит сурат мегирад ва онро тақсимоти сонӣ меноманд. Дар ҷомеаҳое, ки дар натиҷаи тақсимоти сонӣ ҳиссаи маҳсулоти ҷамъиятиро фақат қисми аъзоёни ҷомеа (дар ҷомеаҳои бе моликияти хусусӣ-коркунон, дар ҷомеаҳои дорои моликияти хусусӣ- соҳибони воситаҳои истеҳсолот ва коргарон) соҳиб мешавад, тақсимоти солис (сеюм) низ вуҷуд дорад. Ин тақсимот дар тавофут аз тақсимотҳои аввалияву сонӣ на дар ҳадди кули созвораи иҷтимоътаърихӣ, балки дар чорчӯбаи гурӯҳчаҳои хоссаи андаруни сотсиор мавҷудбуда ба вуқӯъ мепайвандад. Аксаран инҳо оилаҳоянд. Муносибатҳои тақсимоти солис (сеюм) ҳарчанд ки муносибатҳои иқтисодиянд, аммо на муносибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодиянд ва на истеҳсолӣ. Инҳо муносибатҳои иловагӣ- иқтисодӣ мебошанд. Тақсимоти солис ҳамеша аз рӯи талабот, мувофиқ ба талабот сурат мегирад. Тақсимоти сонӣ дар ҷомеаи барвақтии ибтидоӣ низ чунин буд. Дар ҷомеаи баъдии ибтидоӣ тақсимот аз рӯйи меҳнат ба вуҷуд омад. Ба ивази он тақсимоти хос ба ҷомеаи синфӣ аз рӯйи моликият падидор омад.

Дар ҷомеаҳои синфӣ дар асосии тақсимоти аввалияи маҳсулоти офаридашуда тақсимоти воситаҳои истеҳсолот қарор дорад, ки дар ибтидои силсилаи истеҳсолӣ аллакай вуҷуд дошт. Тақсимоти воситаҳои истифодашавандаи истеҳсолот тақсимоти воситаҳои аз нав офаридашавандаи истеҳсолотро муайян мекунад. Ҳамин тариқ, худи истеҳсолот ин такрористеҳсолкунии нафақат чизҳо, балки такрористеҳсолкунии муносибатҳои иҷтимоӣ- иқтисодӣ низ ҳаст, ки дар чорчӯбаи онҳо чунин такрористеҳсол амалӣ гардонида мешавад. Бинобар ин дар ҷомеаҳои синфӣ муносибатҳо аз рӯйи тақсимоти воситаҳои истеҳсолот ё муносибатҳои моликият ба воситаи истеҳсолот дар дохили низоми муносибатҳои истеҳсолӣ зеринизоми хоссаеро ташкил медоданд, ки нақши сабабгор (детерминалӣ)-ро дар муносибат ба ҳама равобити боқимондаи иҷтимоӣ- иқтисодӣ мебозиданд. Маҳз ҳамин ва фақат ҳамин муносибатҳо дар адабиёти марксгаройӣ муносибатҳои истеҳсолиро дар раванди истеҳсолот муайян мекарданд ва онҳоро ба муносибатҳои тақсимоту мубодила муқобил мегузоштанд. Чунин муқобилгузорӣ на он қадар саҳеҳ ба назар мерасад, зеро муносибатҳои истеҳсолӣ ва муносибатҳои тақсимоту мубодила моҳиятан яканд.

Ягонагии қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ тарзи муайяни истеҳсолотро ба вуҷуд меорад. Дар ҳар як низоми муносибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ намуди муайяни раванди офариниши неъматҳои моддӣ амалӣ мегардад. Истеҳсоли неъматҳои моддӣ ҳамеша дар шакли муайяни ҷамъиятӣ сурат мегирад. Тарзҳои истеҳсолот ҳамон миқдор мавҷуданд, ки тарзҳои ташкили ҳаёти ҷамъиятю иқтисодӣ вуҷуд доранд. Тарзҳои асосии истеҳсолот моҳиятан чунин намудҳои иҷтимоӣ- иқтисодии истеҳсолотанд, ки ҳамзамон марҳилаҳои рушди таърихии истеҳсолоти ҷамъиятӣ мебошанд.

Вижагии муносибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ин аст, ки онҳо дар тавофут аз муносибатҳои ҷамъиятӣ аз шуур ва иродаи одамон вобаста наянд. Новобаста аз шууру иродаи одамон вуҷуд дошта, онҳо иродаю шуури онҳоро муайян мекунанд. Равобити иҷтимоӣ- иқтисодӣ муносибатҳои объективӣ ва дар ин маъно моддӣ мебошанд. Бинобар ин, низоми ин муносибатҳо чун шакли ҷамъиятие, ки дар он истеҳсолот ҷараён мегирад, ҳамзамон таҳкурсии созвораи дилхоҳи иҷтимоътаърихист. Аз ин рӯ истеҳсолоти моддӣ мундариҷаи шуури ҷамъиятӣ ва иродаи одамонро ҳамчун унсури муҳими қувваҳои истеҳсолкунанда муайян сохта, ҳамзамон муносибатҳои ҷамъиятие, ки инсон вориди онҳо аст, муайян менамояд. Дар заминаи тағйири сохтори қувваҳои истеҳсолкунанда муносибатҳои одамон низ дар ҷараёни истеҳсолот тағйир меёбанд. Бинобар ҳамин ҳам муносибатҳои истеҳсолӣ ҳамчун ҷанбаи муҳими истеҳсолоти моддӣ зерсохт, таҳкурсии ҳама гуна ҷомеаи дилхоҳро ташкил медиҳанд. Он муайякунандаи асоси ҳама гунна шаклҳои дигари муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки рӯбинои ҷомеаро ташкил медиҳанд, мебошад. Принсипан комилан имконпазиранд ва воқеан вуҷуд доштанд чунин созвораҳои иҷтимоътаърихие, ки дар онҳо ҳама муносибатҳои иҷтимоӣ –таърихӣ ба як ва ҳамон як тарзи истеҳсолот мансуб буданд. Чунин буд ҳақиқати ҳол дар марҳилаҳои барвақтии рушди ҷомеаи инсонӣ. Вале дар давраҳои нисбатан дертар дар созвораҳои иҷтимоътаърихӣ ҳамзамон ғолибан робитаҳои иҷтимоӣ – иқтисодие мавҷӯд буданд, ки на ба як, балки ба якчанд намудҳои тарзи истеҳсолот мансуб буданд. Ва ин зарурияти ҷорӣ кардани мафҳумҳои нав, яъне сохтори иҷтимоӣ – иқтисодии ҷомеаро воҷиб сохт ва он таҳти унвони «форматсия» маълум аст. Форматсияи ҷамъиятии иқтисодӣ ин низоми ҳамаи муносибатҳои дар ҷомеа вуҷуддоштаи иҷтимоӣ – иқтисодӣ (истеҳсолӣ), тарзи истеҳсолот, ҳунар, тарзи ҳаёти одамон мебошад. Намуди (типии) ҷомеаи аз рӯйи ин нишона ҷудокардашударо форматсияи ҷамъиятӣ-иқтисодӣ номидан қабул гардидааст. Аммо на ҳар як намуди (типи) иҷтимоию иқтисодии ҷомеа, балки ҳамоне форматсияи ҷамъиятӣ-иқтисодӣ номида шуда метавонад, ки бо тарзи истеҳсолии худ аз дигар типии иҷтимоию иқтисодӣ фарқ мекунад. Форматсияҳои ҷамъиятӣ-иқтисодӣ ҳамон қадаре мавҷуданд, ки тарзҳои асосии истеҳсолот ҳамон қадар вуҷуд доранд. Форматсияҳои ҷамъиятии иқтисодӣ ҳамзамон марҳилаи рушди таърихӣ низ мебошанд.


318
Нет комментариев. Ваш будет первым!