Саидалӣ Вализода

Саидалӣ Вализода (10 октябри соли 1900, деҳаи Чуқураки ноҳияи Ховалинг, вилояти Кӯлоб, 12 декабри соли 1971, ш. Кӯлоб) Аз оилаи деҳқони камбағал. Пеш аз инқилоб чоряккор буд. Баъди инқилоб дар сохтмони колхозӣ фаъолона иштирок кард. Падараш шахси санъаткор ва шеърдӯст буд. Аввалин шеъраш «Деҳқони ҷабрдида» (1917). Ғалабаи сохтинав ба шоирилҳом бахшид. Ӯ дар васфи доҳӣ ва Давлати Советӣ шеъри «Ленин-бародар раҳнамо» (1922)-ро эҷоднамуда, Ленин роҳам чун барпо-кунандаи аввалин ҷамъияти нави адолатхоҳу халқпарвар тасвир кардааст. Эҷодиёти Вализода С. бо сохтмони сотсиалистӣ, бо ҳаёти хоҷагӣ ва мадании республика сахт алоқаманд аст. Солҳои 1936-38 артистиТеатри колхозии ш. Сталинобод буд. Маҳз ҳамин солҳо ӯ бо А.Лоҳутӣ, М.Турсунзода, М. Раҳимӣ, Суҳайлӣ, М. Миршакар, А. Деҳотӣ ва дигарон шинос шудва ба шеър бештар майлу ҳавас пайдо кард. Соли 1938 Вализода Саидалӣ ба Ховалинг баргашта, дар назди интернати ноҳияи Ховалинг кружоки драмаи мусиқӣ барпо кард. Минбаъд Вализода С. ба дастаи ҳаваскорони хонаи бачагони Ховалинг ҳунари мусиқӣ ва ҳофизӣ омӯхт. Шеъру достонҳои ӯ «Ба Тоҷикистон» (1938), «Эй Октябр» (1938), «Папанинчиён» (1939), «Дар васфи Кӯлоб» (1940), «Меҳнат» (1940) ва ғ. дар матбуоти даврӣ чоп шуданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-45) мақсади эҷодиёти ӯ ба ғалаба рӯҳ баланд кардани халқ буд. Вализода С. дар шеърҳои «Хабар» (1941), «Падарва писар» (1942), «Марг ба фашизм» (1942), «Натвонӣ» (1942), «Мур ту, саг» (1943) ва ғ. ба фашизми немис нафрати беандоза изҳор карда, боифтихори зиёд матонат ва қаҳрамонии одамони советиро васф мекунад. Дар номаҳои манзуми шоир «Мактуби ёр» (1941), «Мактуб» (1942), «Салом ба аскари Сурх» (1942) ва ғ. нафақат ҳисси интиқоми одамони советӣ, балки дар онҳо алоқаи мустаҳками фронту ақибгоҳ ва ваҳдати маънавию сиёсии халқи советӣ тасвир ёфтааст. Соли 1945 оид ба корнамоии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Саидқул Турдиев манзумаи «Қаҳрамон Саидқул Турдиев»-ро навишт. Соли 1949 маҷмӯаи шеърҳои ӯ «Таронаҳо» аз чоп баромад. Маҷмӯаҳои ашъораш минбаъд бо номҳои «Дар води меҳнат» (1955), «Ду додарон» (1960), «Шеърҳо ва достонҳо» (1965), «Ошиқи баҳор» (1970) чоп шуд. Дар ин маҷмӯаҳо беҳтарин шеърҳои то с. 1970 дар мавзӯҳои В. И. Ленин, Инқилоби Октябр, Ватан, саҳроҳои пахта, мубориза бар зидди ҷангҷӯён, васфи сулҳ, сохтмонҳои азими республика ва ғ. эҷод кардаи шоир гирд омадаанд. Ватан дар тасвири шоир гулшани абад, боғи роҳат бахш, бӯстони беозор, манзили аз ғаму андӯҳ озод, бой ва тавоно мебошад. Ӯ дар ҳамаи шеърҳои ба Ватан бахшидааш меҳри бепоёни худро нисбат ба Ватани сотсиалистӣ боифтихор ифода кардааст. Вализода С. дар шеърҳои «Меҳнат кун», «Зарур», «Ибрат гир», «Ҳангоми кишти пахта», «Даъвати ман», «Меҳнат шараф аст», «Ҳадаҳа», «Стаханов», «Духтари озод» ва ғ. бунёдкориҳои одамони советӣ, кору рафтори зарбдорони майдони меҳнатро тасвир кардааст. Вализода С. Ҳамчун вассофи ғояҳои сулҳу амният дар шеърҳои «Лаънат ба ғоратгарон», «Нест бод ҷангҷӯён», «Нест бод ҷанг» симои импералистони хориҷӣ-оташдиҳандагони ҷанги навро фош ва маҳкум намуда, дар шеърҳои «Қувваи сулҳ», «Тарафдори сулҳ» ғояҳои сулҳу озодиро ташвиқу тарғиб намудааст. В. Шеърҳои ҳаҷвӣ низ эҷод кардааст. Вализода С. Муаллифи манзумаҳои «Достони Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (1946), «Нозими Ватан» (1952), «Ду додарон» (1958), «Нодир ва Мӯҳтарам» (1964) низ мебошад, ки дар ин офаридаҳо ғояҳои ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва ғ. тарғиб шудааст. В. Инчунин гурӯғлихони машҳур буд. Бо ду ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст. Аз соли 1943 узви ИН собиқ ИҶШС.

Дар зерсохтори Комплекси осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносии ш. Кулоб дар шаҳри Кулоб — Осорхонаи ба номи Саидали Вализода фаъолият карда истода аст.


560
Нет комментариев. Ваш будет первым!