Чаро инсон ба Худо эътиқод дорад?

Эътиқоди динӣ – ҳамчун сифати ҷудонопазири ботинияти инсон дар осори хаттии дунёи қадим. Мусаллам аст, ки маҳдудияти усулӣ, нокомилии инсон барои ӯ ҳадди табиии донишро муқаррар мекунад (масалан, ҷои шакку шубҳае нест, ки инсоният ҳеҷ гоҳ ҳамаи ададҳоро ҳисоб кунад ё охири адади «пи»-ро ёбад ва ғ.). Эътиқод дар ин қарина (контекст) – омодагии инсон барои амал, новобаста ба номукаммалии донишҳои доштаи ӯ, мебошад. Ин мафҳум дар муносибат ба Худо ин чунин маъно дорад, ки ҳарчанд инсон ҳеҷ гоҳ табиат ва моҳияти илоҳиро дарк ё тасвир карда наметавонад, вале барои муъмин мавҷуд будани далели барҳақ будани паёмбар басанда аст, то аз аҳкоми шариати илоҳӣ пайравӣ кунад. Илоҳиётшиносон чунин меҳисобанд, ки падидаи имон дар ин ҳолат аҳамияти муҳимтарине барои барпо сохтани тамаддун пайдо мекунад, зеро, аз нуқтаи назари динӣ, ҳеҷ гуна ангезае барои рафтори ахлоқӣ ғайр аз тарси рӯзи ҷазо вуҷуд надорад. Яъне, аз инсон интизорӣ доштани он, ки ӯ огоҳона манфиатҳои худро баҳри манофеи атрофиён қурбонӣ мекунад ғайриимкон аст, агар ӯ ботинан ба кадом як қувва ё воҳиди мутлақу фаротабиӣ такя накунад.

Барои баъзе аз мӯъминон ангезаи рафтори ахлоқӣ метавонад ба тасаввурот дар бораи ҳаёти пасазмаргӣ такя кунад, яъне онҳо ба гирифтани подоши пас аз марг умед мебанданд, ё аз гирифторӣ ба ҷазои ухравӣ барои гуноҳҳои дар ин дунё содир кардаашон метарсанд. Илоҳиётшиносон эътиқоду имонро хусусияти ҷудонопазири руҳи инсонӣ меҳисобанд, ки аз ҷониби Худо ба ӯ дода шудааст. Ҳамин сифати ҷудонопазири ботинияти инсонро мо дар осори хаттии дунёи қадим метавонем мушоҳида кунем. Аксари олимонинсони неандерталиро, ки дар асри сангин, 100-125 ҳазор сол пеш аз ин мезистааст,нахустодами диндордар рӯи замин мешуморанд. Баъзе ашё ва осори дар ҷойҳои зист ва қабрҳои ин одамон ёфтшуда ба он далолат мекунанд, ки дар ҳаёти неандерталҳо низ маҷмӯи муайяни эътиқод ва бовариҳо ҳукмфармо буд. Аз ҷумла, онҳо дар мадфани мурдагони худ ғизову таъом ва ҳамчунин асбоби ҷангу набард- ҳарбаҳои сангӣ ва ғайраро мегузоштанд. Аз ҳамин ҷо метавон тахмин кард, ки онҳо ба зиндагии баъд аз марг боварӣ доштаанд.

Ба ақидаи олимони антрополог ва бостоншиносон, кроманёниҳо, яъне аввалин наслҳоиодамони оқил (HomoSpiens), ки дорои қобилияти тафаккури таҷридӣ (абстрактӣ) буданд, дар ҳудуди 40- 18 ҳазор сол пеш аз замони муосир, зиндагӣ мекарданд. Онҳо ҳам монанди гузаштагони худ — неандерталҳо мурдаҳои худро ба хок месупориданд. Кроманёниҳо расми аҷибе доштанд: бадан ва устухонҳои мурдаҳоро бо ранги сурхи қирмизӣ ранг мекарданд. Ин амали анъанавии эшон гувоҳӣ медиҳад, ки ҳаёти кроманёниҳо саршор аз эътиқод ва мабонии динӣ буд, ки он дар шакли баргузорӣ ва иҷрои маросимҳои гуногуни динӣ зоҳир мегашт. Ба ғайр аз ин, наққошӣ ва рангомезӣ низ дар ҳаёти ин гурӯҳи башарӣ нақши бузурге доштааст. Дар ғорҳое, ки кроманёниҳо фаслҳои сармо дар он зиндагӣ ихтиёр мекарданд, онҳо осори зиёде аз санъати нигорандагӣ ва наққошии худ боқӣ гузоштаанд.

Қадимтарин намунаи осори хаттии башарият як навъ тасвирҳои хатмонанд мебошанд, ки петроглиф номида мешаванд. Петроглифҳо осори ҷомеа ибтидоӣ маҳсуб мешаванд, яъне ба давраи пеш аз пайдоиши синфҳо, ташаккули давлатҳо ва адабиёти хаттӣ тааллуқ доранд. Олимони бостоншинос намунаи зиёди чунин осорро дар гӯшаву канорҳои гуногуни ҷаҳон пайдо кардаанд. Мӯҳтавои аксари навиштаҷоте, ки дар петроглифҳо ва дигар осори хаттии дунёи қадим инъикос ёфтааст, аз эътиқодмандии инсонҳои қадим ва ниёзмандии онҳо ба эътиқоди динӣ шаҳодат медиҳад.

Муҳимтарин осори хаттии дунёи қадим, ки мундариҷаи ковишҳои диниву эътиқодии инсониятро дар худ тасвир ғунҷондаанд — «Рисолаи илоҳиёти Мемфис», «Матни аҳромҳо», «Матни сағонаҳо», «Китоби мурдаҳо» (Мисри Қадим), «Достон дар бораи Гилгамеш», тахтачаҳои гилӣ бо хати мехӣ (Байнаннаҳрайн), матнҳо ва сурудҳои мазҳабии «Ведҳо», «Махабҳарата», «Рамаяна», «Упанишадҳо», «Трипитака» ва ғайра (Ҳинди Қадим), «Теогония» («Пайдоиши худоён»)-и Гесиод, «Иллиада» ва «Одиссея»-и Ҳомер (Юнони бостонӣ), «Авесто», «Занд»-у «Позанд», «Аржанг», «Динкард», «Ардавирафнома» (Эрони бостон) ва амсоли инҳо мебошанд. Барои мисол намунаеро аз «Китоби мурдаҳо», боби «Муноҷоти инсони покниҳод дар боргоҳи Осирис» меорем:

«Дуруд бод бар Худои бузург!

Худованди ростӣ!

Бингар, ки инак ман назди Ту омадаам!

Дар пешгоҳи додгарии Ту ҷой гирифтаам!»

Донишҳои фитрӣ дар бораи худованд – ҳамсафари ҳамешагии моҳияти инсон. Дар байни файласуфони антиқӣ аввалин бор фикри ҳамсафари ҳамешагии инсон будани динро Я́мвлих (шогирди Порфирий, пайрави мактаби навафлотуния) баён кардааст. Ямвлих дар осори худ коркарди мақулаҳои асосии Плотин (Воҳид, Ақл, Рӯҳ ва ғ.)-ро, ки пеш аз ӯ оғоз гардида буд, идома додааст. ӯ ин мақулаҳоро такмил дода, мафҳумҳои дар ин истилоҳҳо ифодаёфтаро шарҳу тафсир намудааст. Дар низоми таълимоти диниву фалсафии Ямвлих масъалаи таносуби миёни нафс, ақл ва ҳастӣ мақоми махсус дорад. Ба ақидаи Ямвлих, ақл ҳамчун омили аслии ҷунбонандаи нафс, мисли монада дар тамоми анфуси дохиликайҳонӣ вуҷуд дорад. Ямвлих қотеъона нафси инсониро, ки абадан бо табиати даркшаванда алоқаманд аст, аз нафси ҳайвонӣ ҷудо мегузошт ва ба ҳам интиқолёбии онҳоро, ки Плотин асоснок карда буд ғайриимкон меҳисобид. Мувофиқи таълимоти ӯ, ҳам «ақлҳои пок» ва ҳам «нафс» худоёни фавқи олам мебошанд. Поёнтар аз онҳо дар кайҳон худоёни осмонӣ ҷойгир шудаанд.


271
Нет комментариев. Ваш будет первым!