Маърифати идеологии воқеият

Вожаи «идеология», ки имрӯзҳо дар ҳар суханронӣ ва навъҳои гуногуни матнҳои мухталиф вомехӯрад, дар аввали асри ХIХ аз тарафи иқтисодчӣ, файласуф ва арбоби сиёсии франсавӣ Дестют де Траси барои ифодаи илм дар бораи идеяҳо пешниҳод шудааст. Идеология чун илми нав барои омӯзиши моҳияти аслӣ ва нақши андешаҳои инсон, ки барои барқарор кардани асосҳои зеҳнии устувори сиёсат, ахлоқ ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ хидмат мекунанд, ба вуҷуд омадааст. Дестют де Траси – яке аз асосгузорон ва сарварони ташкилоти бонуфузи франсавии асри ХIХ оид ба омӯзиши таъсири идеология – «Институт» буд, ки ин муассиса яке аз созмонҳои аввалин оид ба омӯзиш ва таъсиррасонӣ ба ташаккули афкори умум дар ҷаҳон ба ҳисоб мерафт.

Дар шароити пош хӯрдани асосҳои сиёсӣ-иҷтимоии ҳаёти ҷомеаи аврупоӣ, зарурияти аз ҷиҳати назариявӣ беғаразона фаҳмидани воқеияти ҷадид, ба мақсади кор карда баромадани самтҳои арзишии тараққиёти ҷамъиятӣ, зарурияти дарки оммавии асосҳои олам ва фаҳмиши амиқи воқеият ба миён омад, ки барои ба вуҷуд омадани идеология ҳамчун илм замина гузошт. Идеология – чун шакли мустақили фаъолияти маънавӣ дар иртиботи зич бо ду ҷараёне, ки дар асрҳои XVII-XVIII дар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ густариш ёфтаанд: зуҳурёбии ҷомеаи буржуазӣ ва илм, ташаккул меёбад.

Дестют де Траси дар асараш «Ансори идеологӣ» (1801) идеологияро ҳамчун илм дар бораи афкору зеҳни афрод, ки бо коркарду интишори идеяҳо сарукор дорад, муайян мекунад. Тантанаи Дестют де Траси дар он буд, ки вай дарки амиқи моҳияти аслии идеяҳоро, ки барои инсон дар сохтани тартиботи хирадмандона ва боадолатонаи ҷамъиятӣ кӯмаки амалӣ мерасонад, фаҳмида, онро ба ҷаҳониён пешниҳод намуд. ӯ дарки нақши оламшумули идеяҳоро чун шакли тафаккур ва идроки инсонӣ дар ҳаёти инсон ва ҷомеа дар мадди аввал мегузорад. Маълум аст, ки бе фикру андеша, бе идея — чун шакли мавҷудияти маънӣ ва арзиш дар назарияи маърифат на ҷараёни тафаккур ва на татбиқ шудани маҳсули он дар амалия муяссар мегардад. Инсон тавассути идеяҳо фикр мекунад, мақсаду самти зиндагии худро муайян намуда, ба василаи онҳо худро дар амал санҷида, пас онҳоро низ тағйир медиҳад. Аммо ба сифати илми ҳамаҷониба идеология як андоза хусусияти хаёлӣ ва схоластикӣ дошт, чунки дар он давра барои амалӣ шудани назарияҳо ва консепсияҳои ғоявӣ-арзишӣ ҳанӯз шароиту фазои иҷтимоии объективӣ ва намояндагоне(одамон ва институтҳо), ки қобилияти иваз кардани ниҳодҳои анъанавии сиёсию ҷамъиятии фарҳангиро дошта бошанд, ташаккул наёфта буданд. Бинобар ин идеология мувофиқи қонуни инкишоф аз ҳавзаи илми беғараз ба майдони муборизаҳои шадиди сиёсӣ баҳри ба даст овардани ақлу ҳуш ва дилу дидаи мардум кӯчид. Аз ҳамин вақт сар карда марҳилаи дуюми таҳаввули фаҳмиши вожаи «идеология» оғоз меёбад. Баъди гузариш ба сифати нав мафҳуми идеология танҳо дар мавриди баҳодиҳӣ ба консепсияҳои муайяни ғоявӣ ва системаи ақидаҳое, ки тобиши сиёсӣ-иҷтимоӣ доштанд, истифода мешуд. Дар миёнаи асри ХIХ идеология аллакай дар ҷанбаи сиёсӣ чун маҷмӯи идеяҳо ва назарияҳои қалбакии дар шакли мистикӣ ифодакунандаи манфиатҳои гурӯҳҳои бузурги иҷтимоӣ тафсир меёфт. Қариб ки ба ҳар як омил ё ҳодисаи иҷтимоие, ки ба тасвияи мақсадҳову барномаҳои фаъолияти иҷтимоии баҳри тағйирот ё муҳофизати муносибатҳои ҷамъиятии мавҷуда равона мешуданд, хусусияти идеологиро нисбат медоданд. Истилоҳи идеология акнун чун абзори ифода ва тафсири ғоявии назарияҳои сиёсӣ ва сохторҳои ҷомеа хидмат мекунад. Аз сабаби моҳиятан қалбакӣ (сохта) буданаш мафҳуми идеология, ки ҳамчун олати талқиншаванда, фишороваранда, ҳукмфармо, маҷбурсозанда ва аз боло боршаванда тасаввур карда мешуд, бештар тобиши манфӣ пайдо мекунад. Дар замони мо низ идеология аксаран хусусияти спекулятивиро (бо нияти бад истифодабарии боварии атрофиён) пайдо кардааст: онро дар мавридҳои даркору нодаркор истифода мебаранд, ки дар натиҷа мазмуну мундариҷаи аслии мафҳум таҳриф ёфта, беэътибор мегардад, чунончи, «ҷомеаи идеологӣ», «назарияи идеологӣ», «консепсияи идеологӣ», «ҳаёти идеологишуда» ва монанди инҳо.

Марҳилаи сеюме, ки давоми инкишофи мантиқии мафҳуми идеологияро нишон медиҳад, пешбарӣ ва истифода намудани он ба сифати мавзӯи пажӯҳиш ва воситаи маърифати воқеияти иҷтимои дар илмҳои гуногуни ҷамъиятӣ мебошад. Дар асарҳои М.Вебер, Э.Дюркгейм, О.Конт, К.Манхейм, Р.Мертон, Д.С.Милл, В.Парето, Т.Парсонс, Г.Спенсер, М.Шелер ва муҳаққиқони дигар масъалаҳои муносибати илм ва идеология, ҳақиқат ва идеология, табиати идеология, арзиш ва айниятии маърифат ва ғ. таҳқиқу таҳлил шудаанд. Дар партави идеология илми «ҷомеашиносии идеология» (К.Манхейм) ба вуҷуд меояд, ки мавзӯъ ва мақсади он тавассути боло омадан бар ҳаргуна ақидаҳо ва дар як чизи том ҷамъбаст карда, тайёр ва амалӣ намудани маърифати ҳодисаҳои ҷамъиятӣ мебошад. Вобаста ба ин, Манхейм ду навъи идеологияро муайян намуд: идеологияи куллӣ(ҳамаро фарогиранда) ва идеологияи ҷузъӣ.

Идеологияи ҷузъӣ – системаи муайяни идеяҳое мебошад, ки дар он инъикоси ҳақиқат ё воқеаҳо ба ҳадди бешу кам ба фоидаи манфиатҳои гуногун ва, махсусан, сиёсии соҳибони он таҳриф шудаанд. Мафҳуми идеологияи куллӣ хусусият, хислат ва вижагии сохтори шуур, навъи тафаккур ва дарку фаҳмиши табақаҳои/қишрҳои/ аҳолӣ, гурӯҳҳои ҷамъият ва ё, умуман, давронро инъикос менамояд. Нуқтаи марказии таҳқиқот оид ба идеология тасаввурот дар бораи шуури қалбакӣ будани он аст. Дар ин ҷанба тадқиқотҳои Д.Белл, С.М.Липсет, К.Манхейм, Х.С.Хьюз, Э.Шиллз ҷолиби диққатанд. Аммо мафҳуми «қалбакӣ» будани идеология бо маънои «бардурӯғӣ» ҳеҷ айнияте надорад. Идеология ин ҳатман дониши ҳақиқӣ ё ғалат нест, он метавонад хусусияти эҳтимолӣ (пешгӯӣ, рамзӣ) дошта бошад. Мувофиқи ин, ҳангоми муайян кардани хусусиятҳои аслии идеология гузариш аз зидгузории сифатҳои ҳақиқӣ (айниятӣ) ва қалбакӣ (ба ягон мақсад таҳриф кардани воқеият) ба сӯи таҳлили ниҳоди ғоявию арзишӣ, ба фаҳмиши арзишҳо чун асоси идеология рӯй медиҳад. Моҳиятан, идеология барои он «қалбакӣ» нест, ки он воқеиятро ба фоидаи манфиати сиёсии ҷамъияте барқасд таҳриф месозад, балки аз сабаби қудрати табиии худи арзишҳо, ки онҳо дар асл инъикоси дурусту оддии воқеият буда наметавонанд.

Арзишҳо ва идеяҳо, инчунин инъикоскунандаҳои онҳо аслан, воқеияте нестанд, ки нисбат ба «воқеияти объективӣ» ба инсон дар эҳсосотҳояш дода шаванд. Дар ҳақиқат, инсон воқеияти атрофро танҳо аз лиҳози тамоюлҳои ғоявию арзишии худ дарк мекунад. Мувофиқи ақидаи К. Манхейм, «…дар худи вожаи «идеология» фаҳмиши он ки дар баъзе мавридҳо шуури коллективонаи зеҳнии баъзе гурӯҳҳо шароитҳои воқеии ҷомеаро ҳам барои хеш ва ҳам барои дигарон пардапӯш менамоянд ва ба ин восита онҳоро истиқрор месозад». Ин шуури коллективонаи зеҳнӣ дар шакли арзишҳо арзи вуҷуд дорад, аз ин рӯ идеологияро воқеан ба тамоюлҳои арзишӣ баробар мекунанд. Вижагии идеология, ба ақидаи Парсонс ва Муллинзи, дар қобилиятҳои маърифатӣ, баҳодиҳӣ, мувофиқаткунонӣ ба мантиқ доштани он тамоюл бахшидан ба фаъолият мебошад. Мувофиқи таълимоти онҳо, вазифаи илм – ташаккул додан ва амаликунонии тамоюлҳои арзишӣ дар ҷомеа мебошад, ки ба пешрафти ҷамъиятӣ ва таъмини маърифати дурусти ба мақсадҳо мувофиқ мусоидат намояд, идеологияро аз ҷиҳати мантиқӣ ва илмӣ асоснок намуда, мардумро ба фаъолияти фаъол равона созад. Ин як навъ кӯшиши бунёд намудани асосҳои илмии идеология буд. Дар доираи назарияи феноменологӣ ҷавҳари идеология – ҷаҳонбинӣ ва олами зиндагие мебошанд, ки дар арзишҳо, меъёру ақидаҳо ва тасаввуротҳои оддӣ асос меёбанд. Аз ин рӯ, олам, ки табиатан дар чорчӯбаи тавсифи ҷиддии илмӣ ва мудом дар танзими бошуурона қарор намегирад, дар он идеяҳо ва арзишҳо объективона номуташаккилона дар шакли ҷаҳонбиниҳои ҷамъ шудаистода ба вуҷуд меоянд. Бештари муҳаққиқон дар он ақидаанд, киидеология маҷмӯи мафҳумҳо, аҳком, афкору ақидаҳо, усулу назарияҳо таълимот ва назароти одам, гурӯҳҳои одамон ва табақаҳои иҷтимоӣ оид ба воқеияти иҷтимоӣ ва мавқеи инсон дар он мебошад.Аммо агар мо танҳо бо ин тавсиф маҳдуд шавем, идеологияро дар фалсафа маҳлул мекунем, чунки мавзӯи фалсафа низ ҳамин мебошад. Идеология мавзӯъ ва хусусиятҳои хоси худро дорад. Он пеш аз ҳама дарки воқеияти иҷтимоӣ дар иртибот бо манфиатҳо ва ниёзҳои ҷомеаҳои хоси мардум (табақаҳои иҷтимоӣ, умумиятҳои этникӣ, синфҳо, аҳолии ин ё он кишвар, тамоми башарият) мебошад.

Хусусияти дигари идеология — ҳар як фард ва умумияти одамонро ба фаъолияти амалии иҷтимоӣ равона кардан аст. Идеология муносибати онҳоро нисбати воқеияти мазкур батавассути тасвияти арзишу ормонҳои дар ин ҷомеа қабулшуда ифода менамояд. Он натанҳо арзишу ормонҳои мавҷударо тасвият медиҳад, балки самтҳо ва роҳҳои ба мақсади муайян расиданро муайян мекунад. Идеология тариқи зиндагиро меомӯзад: баҳри чӣ бояд зист ва чӣ гуна рафтору амал бояд кард. Хусусияти сеюми идеология: тавлиди дарки хосаи воқеиятро дар назар дорад, вале ин дарки назарияи илмие нест. Идеология на дар шаклу на дар тарзу усули тафаккур, на бо мутолиаи натиҷаи ниҳоӣ илм шуда наметавонад, чунки он танҳо маҷмӯи идеяҳоро ташкил медиҳад, ки онҳо мувофиқи қонунҳои муайяни улуми табиӣ ва улуми инсонӣ зери таъсири бозрасию назорат намеафтанд. Дар ҷаҳони имрӯза миқдори бисёри идеологияҳо мавҷуданд, ки бештари онҳо иддао доранд, ки танҳо онҳо илмӣ, беҳтарин, ягона ва ҳақиқӣ мебошанд.

Албатта, идеологияҳо фақат аз далелу сарофати назарӣ бидуни иртибот бо дунёи воқеӣ ва зиндагии мардум вуҷуд надорад. Бе донишҳои назарии илмҳои табиию гуманитарӣ ягон идеология ҳеҷ қадру қиммати амалие надорад, зеро бедонишӣ одамонро ба фаъолиятҳои бемаҳсул, зиёновар ва бесуд оварда мерасонад. Идеологияҳо воқеиятро ба тариқи зеҳни – субъективона тавсифу ташреҳ менамоянд, зеро ба он бо чашми умумиятҳои этникии муайян(табақа, қавмият, синф, халқ) аз партави ниёзу талаботҳои онҳо менигаранд. Бинобар ин аз лиҳози маърифати идеология як зеҳни сохтаи воқеият аст, аммо чунин тарроҳӣ аҳамияти амалӣ дорад. Идеология одамонеро, ки аҳкоми онро қабул кардаанд, ба ҳам мепайвандад, мақсаду хусусиятҳои амалу аъмоли онҳоро муайян менамояд. Ягон шахсе нест, ки рафтору фаъолияти худро бе баҳодиҳӣ, арзишу ормонҳои мухталиф ҳидоят накунад. Дигар, дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ ин ҷанбаи идеологии маърифат, тафаккур, амал бехабар ноогоҳона ба вуқӯъ меоянд.


312
Нет комментариев. Ваш будет первым!