Фалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна. Калом
Калом вожаи арабӣ буда, маънои сухан-нутқро далолат менамояд. Он таълимоти фалсафӣ ва мафкуравии асрҳои миёнаи халқҳои Шарқи Наздику Миёна аст, ки мабдаи бунёдии фалсафаи ислом маҳсуб мешуд. Ҷонибдорони каломро мутакаллим меноманд. Муҳаммади Шаҳристонӣ дар асари худ «Ал-милал ван-ниҳал» ду маънои таърихияти пайдоиши каломро зикр кардааст:
- «намоёнтарин масъалае, ки мутакаллимон сухан дар бораи он гуфтаанд, сухан бувад дар каломи Ҳақ, яъне қуръони Шариф, ки «оё қадим аст ё ҳодис»,
- «ё аз он ҷиҳат, ки онҳо бо фалсафа муқобила карданд ва эшон фанне аз фунуни илми хеш мантиқ ном кардаанд ва азбаски мантиқу калом ду лафзи мутақорибанд дар маънӣ, эшон ин илмро калом ном кардаанд» (Ал-милал ван-ниҳал, саҳ-46)
Калом дар асри VIII ба вуҷуд омадааст. Дар ин аср дар заминаи дини мубини ислом фирқаю мазҳабҳои зиёди мухолифин пайдо шуданд: баҳсу мунозираи онҳо имони суннатро ба ислом заиф мегардонданд. Густаришу нашр ёфтани афкори фалсафии юнонӣ эътиқоди мусулмононро ба заифӣ меовард. Дар чунин вазъияти муборизаи ғоявӣ бо тақозои муқовимати зидди бидъати мазҳабҳои мухталиф калом ба вуҷуд омад. «Пайдоиши илми каломи исломӣ дар баробари ҳамлаҳои пайравони динҳои дигар ва билхоса масеҳиён, ки ба ҳарби мантиқи юнонӣ худро мусаллаҳ карда буданд» (Саид Ҳусайн Наср. Илм ва тамаддун дар ислом-Теҳрон, 1972, саҳ.334).
Мавзӯи баҳси калом ҳамчун илоҳиёти ислом зоту сифатҳои Худо, офариниши инсон, нубувват ва ҷазову подоши охират мебошад.
Ташаккули калом дар се марҳила сурат гирифтааст. Дар ибтидо калом бо унвони мӯътазилия маъруф буд, ки баъдҳо он асоси каломи ташшаюъ қарор гирифт. Дар марҳилаи дуюм каломи ашъарӣ ва мотуридӣ ба вуҷуд омад, ки ҳарду ҳам каломи тасаннунӣ буда, ба онҳо дар ибтидои асри X Абдулҳасан Алӣ Ибни Исмоили Ашъарӣ ва Абумансур Муҳаммад ибни Маҳмуди Мотуридии Самарқандӣ асос гузоштаанд. Маъруфтарин ҷонибдорони каломи суннӣ Абӯбакри Боқилонӣ Ифароинӣ ва Абдулмалики Ҷувайнӣ буданд. Вазифаи каломи суннӣ бо бурҳону далелҳои мавҳуми ақлӣ ва ақоиди динӣ маънидод кардани асосҳои фалсафӣ иборат буд. Мутакаллимон «ақоиди аҳли суннатро аз рахнаву дастандозии аҳли бидъат ҳифз намуда» (Муҳаммади Ғазолӣ), мекӯшиданд, ки «бидъатҳо аз миён биравад ва анвои шакку шубҳаҳо аз ин ақоид зоил (нобуд) гардад» (Ибни Халдун). Калом дар марҳилаи сеюми инкишофи худ бо фалсафаву ҳикмат махлут гашта, ғайр аз муҳокимаи масъалаҳои тахассусияшон ба таҳқиқи муаммоҳои ҳастишиносию маърифатпазирӣ рӯ овард ва минбаъд рақиби фалсафа гардид. Ин амалро Муҳаммади Ғазолӣ оғоз кард ва баъдҳо Муҳаммади Шаҳристонӣ, Фаридаддини Балхӣ, Фахриддини Розӣ, Иззаддини Иҷӣ ва Тафтозонӣ равияи ӯро идома ва тақвият доданд.
Принсипҳои асосии калом моҳиятан ба машшоия мухолифанд. Дар маркази ҳастишиносии калом масъалаи офариниши олам қарор мегирифт. Мутакаллимон баръакси машшоия, ки оламро қадим ва маоди ҷисмониро номумкин мешумурданд, офариниши олам ва маоди ҷисмониро эътироф мекарданд. Дар асоси ин таълимот мутакаллимон робитаи зарурӣ ё сабабият ва қонунмандии табииро инкор мекарданд. Онҳо мегуфтанд, ки ҳаводиси олам тобеи сабабият ва қонунияти табиӣ нестанд. Қудрат ва ихтиёри озоди Худованд раванди ҳодисаҳоро ҳамеша ва бевосита тағйир дода метавонад. Пас, инсон низ дар амалиёти худ фаъол ва соҳибихтиёр нест. Вай иҷрокунандаи амри илоҳист. Ақли инсон барои маърифати мӯътамад ва саҳеҳ оҷиз аст. Ҳамин тавр, агар машшоия ба маърифати олам эътимоди комил дошта бошанд ва ратсионализмро тарғиб намоянд, мутакаллимон баръакси онҳо дар баёни назарияи маърифат рафтор мекарданд. Машшоия маълумоти ҳиссиётро ҳамчун дараҷаи аввали маърифат ба асос мегиранд, мутакаллимон баръакс, нақши ҳиссиётро паст мезананд ё нодида мегиранд. Машшоия қадим будани оламро ба асоси қадимияти модда исбот мекарданд. Вале мутакаллимон, ки ба офариниши олам мӯътақид буданд, таълимоти таносуби моддаю суратро написандида, назари номутаҷуззӣ (атомизм)-и пифагориро маъқул донистанд. Машшоия вуҷуди халоъро ғайримумкин мешумурданд, аммо мутакаллимон ба вуҷуддошти он мункир набуданд. Ба қавли машшоиён замон мавҷуд аст, мутакаллимон бошанд, айнияти замонро эътироф намекарданд.
Дар натиҷаи мунтазам ба фалсафаи машшоия фишор овардани калом он истиқлоли худро тадриҷан аз даст дода, оқибат дар ҳудуди асрҳои XV-XVI қариб комилан аз миён рафт ва калом бошад, ҳамчун фалсафаи ноби ислом шинохта шуд. Калом ҳоло ҳам дар кишварҳои исломӣ нуфузу эътибори хос дорад ва дар шакли «илми каломи ҷадид» тарғиб карда мешавад. Вазифаю нақши «илми каломи ҷадид»-ро метавон ба нақшу вазоифи неотомизми аврупоӣ қиёс кардан мумкин аст. Он ҳам мисли неотомизм ҷаҳонбинии диниро тарғиб мекунад (Саид Аҳмад Сафо ва диг.), комёбиҳои илмро ба манфиати таълимоти динӣ эзоҳ дода, онҳоро бо ҳамдигар оштӣ доданӣ шуда, аниқтараш илми муосирро ба дин тобеъ гардонданӣ мешавад.