Ҷаҳонишавӣ – Глобализатсия

Паёмади дигари ташаккули ҷомеаи пасосаноатӣ ин зуҳури раванди ҷаҳонишавӣ мебошад. Корбурди истилоҳи мазкур ба нашри асари ҷомеашиноси мексикоӣ МакЛюен «ҷанг ва сулҳ дар деҳкадаи ҷаҳонӣ» дар соли 1980 пайвастагӣ дорад. Дар ин асар нақши пешрафти васоити ахбори омма дар табдили дунё ба деҳкадаи ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ин раванд ҷаҳонишавӣ номида шудааст. Ба андешаи ӯ ин падида раванде аз дигаргуниро ба намоиш мегузорад, ки аз марзҳои сиёсат ва иқтисод фаротар рафта, дониш, фарҳанг ва шеваи зиндагиро низ дарбар мегирад. Аз ин ҷиҳат ҷаҳонишавӣ аз ҷанбаҳои гуногуне чун иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра иборат аст, ки дар заминаи онҳо масоили ҳамбастагии мутақобил ва сарнавишти муштараки башарият мавриди назарияпардозӣ қарор гирифт. Ин раванд дар заминаи фанҳои мухталиф ба тариқи гуногун таъриф дода мешавад. Вале дар маҷмӯъ мӯҳтавои онҳо ба якдигар наздик аст. Ҳамин тавр ҷаҳонишавӣ иборат аз барқарории равобити гуногуну мутақобили миёни давлатҳо ва ҷомеаҳо дониста мешавад, ки ба эҷоди низоми кунунии ҷаҳонӣ анҷомида, дар натиҷаи он ҳодисаҳо ва фаъолиятҳои дар як бахше аз ҷаҳон метавонад паёмадҳои муҳиме барои дигар афроду ҷомеа дар бахшҳои дигари дунё дошта бошад. Яъне моҳияти ҷаҳонишавӣ иборат аст аз:

— яксон шудан ва ё мушобеҳи ҳамдигар шудани бахшҳои мухталифи олам

— камранг шудан ё аз байн рафтани нақши марзҳои миллӣ дар ҷараёни гардиши иттилоот, хизматрасонӣ ва робитаҳои инсонӣ

— идомаи ҳаракати дастрасӣ ба захираҳои инкишофи давлатҳои ҷаҳони сеюм тавассути фаъолияти корхонаҳои фаромиллӣ.

Ҳамин тавр сароғози корбурди вожаи ҷаҳонишавӣ бо пайдошавии истилоҳи «деҳкадаи ҷаҳонӣ» робитаи зич дорад. Баъдан иддае аз назарияпардозон ба баррасии решаҳои таърихии сохторҳо ва шабакаҳои низоми ҷаҳонии кунунӣ таваҷҷӯҳ намуданд, ки тибқи он оғози раванди ҷаҳонисозиро бояд дар заминаи тамаддунҳои бостонӣ ҷустуҷӯ кард. Тибқи андешаи онҳо бо шаклгирии чунин тамаддунҳо дар воқеъ раванди ҷаҳонишавӣ ҳам оғоз шуд. Зеро аксари ин тамаддунҳо бо сабаби сохтори дарунии худ тамаддунҳои густаришталаб будаанд. Чунин тамаддунҳо ҳамвора аз лиҳози сиёсӣ, низомӣ, фарҳангӣ гиройиш ба густариш ва ҷаҳонгир шудан доштанд ва бо нуфузпазир кардани марзҳои воҳидҳои иҷтимоии кучак ва баста мутаҳидшавии онҳоро дар доираи воҳидҳои бузурги сиёсӣ асос мегузоштанд. Зуҳури ин гуна тамаддунҳоро Ясперс давраи гардишӣ(осовое время) меномад. Вале мусаллам он аст, ки падидаҳои мушобеҳ бо таъсири мутақибили тамаддунҳо пас аз соли 1500, яъне зуҳури тамаддуни саноатӣ ва давлатҳои миллӣ дар таърихи рушди ҷомеаҳо ба чашм мерасад.

Маҳз дар ҳошияи андешарониҳои бархе аз мутафаккирон оид ба тағиротҳое, ки ин ду падида дар ҷомеаҳои гуногун ба вуҷуд оварданд баъдан назарияҳои ҷудогона заминаро барои дарки заминаҳои таърихию иҷтимоии падидаи ҷаҳонишавӣ ташаккул доданд. Аксари муҳаққиқон дар саромади ин раванд таълимоти Сен Симон, Карл Маркс, Эмил Дюргейм, Никлас Луман, Валлерстейн, Гилпин, Девид Ҳервӣ, Энтони Гидденс ва дигаронро қарор додаанд. Барои дарки дурустии ин қазоват шарҳи мухтасари андешаҳои бархе аз онҳоро дар ин ҷо зарур мешуморем. Сен Симон ҳамчун интернатсионалисти пуршур ҷонибдори барчида шудани марзҳои сиёсӣ буд. Ба андешаи ӯ бо бардошта шудани ин марзҳо замина барои ташаккули ҷомеаи ҷаҳонӣ фаро мерасад. Сен Симон муътақид буд, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ду омил нақши муассир хоҳад дошт, ки яке саноат ва дигаре илми ҷомеашиносӣ мебошад. Ба андешаи ӯ саноатишавии кишварҳо худ раванди густаришталаб аст ва он боиси дар мамолики ғайриурупойӣ паҳн кардани фарҳанги пешрафтаи аврупойӣ мегардад. Бо ҳамин инсоният дорои фарҳанги ягонаи пешрафта мегардад. Дар татбиқи ин раванд барои муттаҳидсозии инсонҳо нақши ҷомеашиносӣ, ки инсонро ба шакли як вуҷуди иҷтимоӣ новобаста аз вобастагиҳои фарҳангияш меомӯзад, низ назаррас аст. Карл Маркс низ бо кашфи мантиқи низоми сармоядорӣ ангезаи густаришталабиро ба хотири дастёбӣ ба манбаҳои нави истеҳсолӣ ва бозорҳои нав барои сармоягузорӣ ва фурӯши колоҳои тавлидшуда яке аз хусусиятҳои ин низом арзёбӣ менамояд. Пас метавон гуфт, ки ҷаҳонишавӣ равандест, ки тақрибан бо шаклгирии сармоядорӣ оғоз шудааст. Зеро табиатан сармоя ногузир аст аз марзҳои миллӣ фаротар рафта, робита ва ниҳодҳои муносиб барои рушду густариши худ дар сарзаминҳои ҷадид пайдо ва эҷод намояд. Бинобар ҳамин ҳам иқтисод ва ҳам фарҳанг хусусияти ҷаҳонӣ касб мекунанд. Назари Эмил Дюркгейм ба масъалаи заминаҳои зуҳури ҷаҳонишавӣ дигартар аст. Аз дидгоҳи ӯ дар ҷомеаҳои суннатӣ, ки бо ҳамбастагии механикӣ асос ёфтаанд, барои одамон пойбандӣ ба одобу анъанот, мансубият ба макони хос, доштани рӯҳи ҷамъӣ ва ғайра арзиши бештар дошта, онҳо унсури муҳими ташкилдиҳандаи ҳуввияти онҳо мебошанд. Дар чунин шароит воҳидҳои иҷтимоӣ нисбатан маҳдуд, якпорча, нуфузнопазир ва чудо аз ҳамдигар мебошанд. Аъзоёни ин гуна воҳидҳои иҷтимоӣ барои халалнопазир нигоҳ доштани марзҳои худ барои ҳифзи ҳуввияташон пайваста сайъу талош меварзанд. Бо зуҳури хоҷагидории саноатӣ ва тавсеаи навгаройиҳо ин шакли ҳамбастагии нерӯманд миёни фард ва ҷомеа батадриҷ маҳдуд ва суст мегардад. Таҳти таъсири ин раванд одобу анъанот ва тааллуқ доштан ба макону замон, доштани рӯҳи ҷамъӣ ва дигар унсурҳои ҳуввиятбахши миллӣ аҳамияти худро аз даст медиҳанд ва нуфузпазирии марзҳои сиёсӣ меафзояд. Ҳамин тавр нерӯҳои ҷаҳонисоз пайвандҳои маҳдуди суннатиро аз байн бурда, шароити нисбатан ҳаммонандро дар ҳамаи ҷомеаҳо ба вуҷуд меоранд.

Дар байни ин назарияҳо аз нигоҳи навоварӣ таълимотҳои Никлас Луман ва Иммануелл Валлерстейн ҷолиби таваҷҷӯҳ мебошанд. Диди Никлас Луман ба мӯҳтавои ҷаҳонишавӣ дар таърифи ӯ аз мафҳуми ҷомеа инъикос ёфтааст. Ба андешаи ӯ ҷомеа як низоми иҷтимоии фарогирест, ки дар заминаи иртиботҳои маънодор ташаккул меёбад. Марзҳои як ҷомеа бо вусъати иртиботи маънодор алоқамандии зич доранд ва ҷойеро, ки чунин иртиботе поён меёбад бояд ҳадду марзи ҷомеа номид. Вай чунин мегӯяд, ки агар иртиботи маънидорро унсури ташкилдиҳандаи ҷомеа бидонем, пас метавон низоми иҷтимоии ҷаҳониро як ҷомеа донист, зеро амалан ду фарди воқеъ дар ду ҷониби курраи замин метавонанд бо якдигар иртибот барқарор намоянд. Қаламравҳои имрӯзаи сиёсӣ ва фарҳангӣ ба қаламравҳои иртиботӣ ҳаммарз нестанд ва инсонҳо ба кумаки имконоту фановариҳои иртиботии пешрафта метавонанд онҳоро убур намуда, ба ташаккули ҷомеаи ҷаҳонӣ вусъат бахшанд, ки онро раванди ҷаҳонишавӣ ном мебаранд. Валлерстейн Иммануэлл барои шарҳу тавсифи худ аз раванди ҷаҳонишавӣ бештар аз мафҳуми «низоми иҷтимоӣ» истифода мекунад ва муътақид аст, ки мураккабшавии тақсими кор миёни низомҳои иҷтимоии байналмиллалӣ ба зуҳури низоми иҷтимоии ҷаҳонӣ оварда мерасонад. Ин низом аз се минтақа – марказ, музофот ва ниммузофот ташкил ёфтааст. Кишварҳои марказ ба монанди ИМА, Олмон, Канада ва ғайра сарватманду пуриқтидор ҳастанд. Кишварҳои музофотӣ ё перомунӣ ба монанди Бангладеш, Чад, Мозамбик… фақир буда, таҳти истисмор қарор доранд. Кишварҳои ниммузофотӣ ба монанди Чин, Эрон, Бразилия, Туркия, Русия… кӯшиши ба сафи кишварҳои пешрафта баробар шуданро доранд.

Энтони Гидденс ва Девид Ҳенрӣ раванди ҷаҳонишавиро маҳсули барҳам хурдани назми анъанавӣ, суннатии дарки замону макон медонанд. Тағйири ин падидаҳо «куниш, муроқибаро аз дӯр» имконпазир месозанд. Ба андешаи Энтони Гидденс ҷаҳонишавиро наметавон сирф падидаи иқтисодӣ номид, ҳарчанд ташаккули як иқтисоди фарогири ҷаҳонӣ паёмади ин раванд мебошад. Бо ин ӯ ин равандро ҳамчун падидаи фарҳангию иҷтимоӣ арзёбӣ мекунад ва онро таркиби печидае аз равандҳои мухталиф медонад. Ҷаҳонишавӣ навъе гузариш аз ҷомеаи суннатӣ ба ҷомеаи муосир, модерн аст. Бинобар ин ҷаҳонишавиро метавон падидаи диалектикие донист, ки дар чорчуби он руйдодҳои як нуқтае аз замин таъсирашро дар ҷомаҳои дӯрдасттарин низ метавонад гузорад ва боиси зуҳури фарҳанги ягонаи истеъмолӣ дар иқтисод, матбуот, фарҳанг, арзишҳои сиёсӣ ва ғайра гардад. Вусъати раванди ҷаҳонишавӣ дар навбати худ ба пайдошавии масъалаҳои глобалӣ замина мегузорад.


Чахонишави

751
Нет комментариев. Ваш будет первым!