ВАЗЪИ ИЖТИМОИЮ ИКТИСОДИИ МОВАРОУННАЬРУ ХУРОСОН ДАР АСРИ XV
Вазъи кишоварзи. Дар давраи хукмронии Темуриён ваъияти кишоварзц-хочагии кишлоы нисбат ба замони мущулхо хеле беьтар гардид. Бар асари чангу чидолхои харобиовари Темур мардуми бисёре нобуд гардида буданд. Вале бо вужуди ин Темур барои барыарор намудани иншооти обёриву вайронкардаи мущулхо ва васеъ гардонидани майдоньои киштбоб дар чандин вилоятьои мамлакат тадбирьо андешид. Чунончи дар Марв — водии дарёи Мургоб бо жалби ьарбиён ва ашрофон 20 канал-наьр канда шуданд, ки заминьои бисёреро шодоб гардонд. Корхои обёрц дар дигар вилоятхои мамлакат, аз чумла навохии Хирот ва Самарканд низ анчом дода шуданд ва ташаббусьои шахсии ин кор ыадр карда мешуданд; касоне, ки заминьои бекорхобидаро шодобу киштзор мекарданд, соьиби якыатор имтиёзхо мегардиданд.
Замин ва об аз р=и ьуыуыи моликият ба ьамон категорияьое, ки пештар вужуд доштанд, таысим мешуд.
Дар асри XV захираи заминхои ваыф афзунтар гардиданд ва сохтмони иморатхои гуногуни ваыфшаванда, аз ыабили Мадраса, масчид, макбара, хонаыоь ва амсоли инхо ривожи бештаре ёфтанд. Амволи ваыф дар ихтиёри мутаваллц буд ва аксаран ваыфгузорон авлоди худашонро мутаваллц таъин мекарданд. Барои танзими вакфгузори муассиса — сохторе амал мекард, ки сарвараш садр пом дошт. Андозу молиёт аз заминхои ваыф ба фондам хазинаи давлат ситонда мешуд.
Захираи заминхои давлатц аз хама бештар буд, вале чун дар замини Темуриён одати ба тарики инъом ё подош таысим карда додани замини хеле вусъат ёфта буд, факат як хиссаи андози оидот ба хазинаи хукуматц ворид мегардид.
Суюрщол. Дар Мовароуннахр кисми зиёди замин дар дасти саркардаи мугулхо ва туркхо буд. Шакли асосии заминдории феодалии ин давра суюрщол (ба забони мущулц инъом кардан подош) буд. Суюрщол моли маныул (об, замин, молу мулк, пул) буд, ки аз тарафи подшох, хон, султон ба амалдорон, ашрофон ва лашкариён дода мешуд. Суюрщоли замони Темуриён ягона ва як навъ набуд. Дар ин давра ьам мисли пешин навъхои гуногуни подошу инъом вучуд доштанд, ки акнун хамаи онхоро суюрщол ном мебурданд.
Яке аз шаклхои нихоят маъмулу маълуми суюргол милки хосаи аъзои хонадони салтанатц буд. Онхо дар шахру вилоятхои хамчун инъом гирифтаи худ сохибихтиёри комил буданд. Ин намуди инъомро ба гайри хонадони салтанатц баъзан мансабдорони калон низ соьиб мешуданд. Амалан рафта-рафта хамаи ин суюрщолхо ба худ хусусияти меросц мегирифтанд. Ба хамин нисбат онхоро гохо «суюрщольои абадц» низ мегуфтанд. Вале гохо хукумат дар расмияти суюрщольо махдудиятхо низ ворид менамуд, хатто дар баъзе холатхо онхо аз сохибонашон тамоман кашида гирифта хам мешуданд. Ьатто чунин хам вокеъ мешуд, ки сохибони суюрщол амалан ба хукмрони сохибихтиёр табдил меёфтанд ва хукумати марказц дар мубориза ба муыобили оньо ожиз мемонд.
Дар баробари суюрщольои калон суюрщольои хурд хам вучуд доштанд, ки хукукхои сохибонашон аз бисер чиьатьо маьдуд буд. Дар давраи салтанатц Темуриён хатто саркардахои хурди лашкар агар дар мухорибае корнамоие нишон медоданд, чун инъом суюрщол мегирифтанд. Чунин суюрщолхо хачман гуногун буда аз як вилоят ё як дехаи хурдакаке иборат буданд. Гохо руьониён хам соьиби суюрщол мегардиданд. Тадрижан дигар инъому подошхои киматбахоро суюрщол мегуфтагц шуданд.
Заминхои мулкц. Захираи заминхои мулк, ки ба феодалони ашроф ва рухониёни баландрутбаи динц тааллуы доштанд, хеле калон буд. Манбаъьо ва маъхазьои гаърихц шахсони бисёреро зикр кардаанд, ки заминхои онхо масохати бузургеро фаро гирифта буд. Масалан мулки Хоча Ахрор — яке аз намояндахои баландмартабаи рухониёнро ба тарики мисол меорем. Ба у 1300 китъаи замин аз вилоятхои гуногуни ОсиёиМиёна тааллук дошт. Ин китъахо заминхои хурдхачм набуданд ва масохати калоне доштанд. Ушронае (андози оидоти замин ба микдори 0,1 ьиссаи маьсул), ки Хоча Ахрор аз заминхои дар вилояти Самарыанд будаи худ ба давлат мепардохт, баробари 80 хазор мап буд, ки ин микдор 1600 тонна щалларо ташкил медод.
Дар асри XV раванди пайдоиши моликияти комил 6а замин вусъат ёфт. Моликияти комил ба замин чунин маъно дошт, ки феодал тамоми оидоти заминхои милли худро, бидуни он ки ягон хиссаашро ба давлат дихад, худ сохиб мешуд. Минбаъд маъхазхои таърихй ин категорияи заминро бо номи мулки хурри холис ном бурдаанд.
Андоз ва намудхои он. Дар замони ьукмронии мущулхо шумораи андозхову мачбуриятьо афзуданд. Маьз дар хамин давра навъьои нави андозхо пайдо шуданд, ки онхоро аз замин, дарахт ва ьам аз чорвою паранда меситонданд. Дар замони Темур ва солхои аввали давлатдории Темуриён аз ваыф андоз ситонида намешуд. Таньо аз нимаи дуюми асри XV cap карда аз заминьои ваыф низ андоз гирифта мешуд, ки аксаран ба эхтиёжоти муассисаьои динц сарф мегардид. Дехконон андозхои гуногун медоданд, ки машьуртарини онхо хироч буд. Хирож аидозест, ки аз махсулоти замин гирифта мешуд. Ин навъи андозро асри 7 дар Осиёи Миёна арабхо чорц карданд. Хирожро хамчун андози асосии замин — рента дар ахди Темур ва Темуриён бо ду усул: моли (як Хиссаи хосил) ё пули (аз рун масоьати замин) меситонданд. Деьыонон инчунии андозьои овариз(барои харожоти жанг ё жашни маросимьои пурдабдба), сардарахт (аз дарахтони мевадор), саршумор, хонашумор, дуди, доругона, мушрифона ва щайраpo мепардохтанд. Саршумор, сарона, андози сарикасист, ки бори аввал дар замони Темуриён ба сифати андози доимц чорц шуда буд. Аввалхо «купчури» ном дошта аз тамоми аьолц ситонда мешуд. Андози саршумор вобаста ба сарвату дороии шахси андоздиханда аз як то даь динор буд. Хонашумор, хонапулц, ьавлипулц навъи андозест, ки барои манзилу чой аз ахолц ситонда мешуд.
Дуди, дудона, навъи андозе, ки дар замони Темуриён аз хар хавлц барои дуд карданаш ситонда мешуд. Доругона, андозе, ки ба фоидаи доруга (назоратчй ва чамъоварандаи хирочи давлатй) руёнда мешуд. Доругона бо махсулот адо мегардид. Доруга ба ивази хизматаш аз дехконон доругона мегирифт, ки хачми он дар махалхои гуногун хар хел буд. Мушрифона навъи андозест, ки ба фоидаи мушриф (шахси мансабдори дарбор, амалдори идораи андоз) аз дехконон руёнда мешуд. Микдори он дар чрйхои гуногун хар хел буда аксаран аз хар хирман як корсон галла медоданд. Дар замони хукмронии Темуриён хамчунин барзгаронро дар сохтмон ва таъмири хисору калъа, кофтан ва тоза кардани каналу корезхо бемузд кор мефармуданд, ки ин шакли мачбурият «бегорц» ном дошт. Ин барои аьли меьнаткаш бори аз ьама вазнинтар буд, зеро ба щайри дигар азобьо онхоро аз кори асосиашон боз мемонд.
Ба хамин тарик бо андозситонихои беьудуд дар замони Темуриён истисмори оммаи халк аз тарафи хокимону мансабдорони хурд ба ьади ниьоц расида буд. Вале дар айни замон ьокимон гуё ба меъёрьои муайяншуда риоя мекарда бошанд, гохо пеши роьи суистеъмоли сохибмансабонро мегирифтапд. Ин амал барои ривожу равнаыи хожагии дехконц мусоидат накарда бошад хам, ба хар хол онхоро аз комилан валангоршавй нигох медошт. Вале кори асосиро худи ахолии шахру дехот анчом медоданд; дар ин раванд яъне дар мавриди аз хад гузаштани сохибмансабон дар андозгундорй онхо мукобилият мекарданд. Бар зидди андозситонихои гайриконунй ба мукобили хокимият дар шаклхои гуногун эътироз менамуданд. Баъзан ахолии дехот-аслан дехконон гурух-гурух ба вилоятхои дигар мекучиданд ва хукумат мачбур мешуд андозхои аз меъёр зиёдро бекор намояд, амалдорони худсарро аз вазифа сабукдуш намояд ё ба дигар навь и чазо сазовор донад.
Ислохоти пулии Улугбек ва Хусравшох. Жолибтарин падидаи хаёти иктисодии асри XV дарачаи баланди тараккиёти касбу хунар ва тичорати пулии дохилц буд. Дар хамин давра муносибатхои молию пули ба савияи баланди ривожу равнаы расида буданд ва ьажми умумии итсеьсоли мол хеле афзун гардид. Махз дар хамин давра аксари жамоати шаьр ва ыисми аьолии деьот ба муносибатьои молию пули ру овард. Дар сохахои гуногуни касбу хунар мардум тахассуси махдуд гирифтанд, ки дар натича хосилнокии мехнат ва ьажми истехсоли мол равнаы ёфт.
Тичорати пули дар доираи истеъмоли умум ба тавассути сиккахои мисц сурат мегирифт. Бо максади барои савдои чаканаи молхои сермасриф фарохам овардани шароити мусоид, ки ба он бештар сокинни одии шаьр ва аьолии деьот манфиатдор буданд, соли 1428 Улущбек ислоьоти пули гузаронд. Мувофиыи ин ислоьот хамаи сикка-тангахои мисии пастыурб аз муомилот комилан бароварда шуданд ва дар давоми як муддати муайян ба сиккахои нави нисбатан баландыурб иваз карда шуданд. Тангаьои нав аз соли 1428 cap карда дар яккатор шахрхо — Бухоро, Самарканд, Тошканд, Андичон, Тирмиз ва Ыундуз зарб зада шуданд, яъне истеьсол гардиданд ва баъди ба охир расидани ивазшавии пулхои кухнаи камыурб ба тангахои нисбатан баландыурб зарробхонаьои (чойи тангабарорц) дигар шахрхо ба гайри Бухоро баста шуданд. Х, амин тангахои Бухоро тичорати тамоми давлати осиёимиёнагии Темуриёнро бо як низоми муайян таъмин менамуданд; бо ин пул дар тамоми худуди Осиёи Миёна мол харидан мумкин буд. Жорц гардидани ин ислохот барои инкишофи минбаъдаи тижорати мольои серталаб шароити мусоиду мувофиы фарохам овард, вале баъдхо пас аз вафоти Улущбек ва дар дахсолаи охири асри XV гардиши умумидавлатии сиккахои мисц вайрон гардид. Сохибони мулкхо хар яке сарбахуд тангахои худро бароварда ба найрангу каллобц роь кушоданд. Дар натича б=ьрони гардиши пул ба вучуд омад ва хокими Ьисор Хусравшоь, ки дар вайроншавии гардиши пул шарик буд, мажбур шуд дар соли 1501 ислохоти пули гузаронад. Дар асоси ин ислохот вилояти Хисор ба чойи сиккахои гуногун ва беэътиборшуда сохиби сиккахои якхела гардид. Минбаъд тангахои миси факат дар Хисор, Тирмиз ва Кундуз истехеол карда мешуданд.
Дар асри XV тичорати байналхалкц низ хеле ривож гирифт. Темуриён барои равнаы ва вусъати тичорат бо кишвархои гуногуни хоричй хеле саъйу кушиш ба харж медоданд.
Хатто Темур ба подшохони Англияву Франсия мактуб навишта аз онхо хохиш намуд, ки точиронро пуштибонц намуда барои равнаки савдои онхо мусоидат кунанд. Ба Хирот, ки пойтахти Темуриён буд, аз хар гушаву канори дунё сафирону точирон меомаданд.
Хамчунин дар ахди Темур ва Темуриён ба мамлакатхои Россия, Чин, Хиндустон ва Миср низ ьайати сафирон фиристода шуда буд. Сафири Испания дар Самарканд Клавихо дар хотирахояш пахлухои жолиби хаёти Темурро ба калам додааст. Бозори молхои гуногуни истехсоли Самарканд ва Бухоро ва дигар шахрхои Осиёи Марказц дар як катор мамлакатхои Европа, Миср ва Чин хеле гарм буд.
Шахр ва шахрдорц. Вазъи касбу хунар. Дар ахди Темур ва Темуриён ба савияи баландтарини тараыыиёти худ расидани муносибатхои моливу пули ва равнаку ривоч ёфтани савдои дохиливу байналхалкц ьодисаи ягонаи пурмуваффакият набуд. Хамчунин дар хамаи ин давра падидаи фаъолшавии табаыаьои миёна ва поёнии шаьр ба назар мерасад. Акнун симои асосии пешаварц-косиби озод ва шакли асосии ташкилоти пешаварон коргоьи умумии косибон мегардад. Мувофики иттилои маъхазхои таърихй Темур аз мамлакатхои истилокардааш 150 хазор асир оварда буд, ки дар байнашон хунармандон бисер буданд. Ин буд, ки маьаллаьои силоьсозон, бофандагон, чармгарон, заргарон ва дигар касбу хунархо арзи ьастц намуда ру ба инкишоф ниходанд. Сифати махсулоти истехсолшуда низ бехтар гардид. Косибон тавре, ки зикр гардид, чамоатхои косибонро ташкил дода «рисола»-и косибц ва пири худро доштанд. Темуриён баъди лашкаркашихову забткорихо ба муносибати зафархояшон жашну намоишхои пурдабдаба ташкил мекарданд ва косибон — пешаварон дар чунин жашнхо махсули дасти худро намоиш медоданд. Шароити зиндагии косибон якхела набуд. Бештари косибон дар коргоххо дастчамъона зери назорати сардори (халифа) аз тарафи давлат таъингардида кор мекарданд. Сардор ба сифати ижрои кор диыыати махсус медод.
Дар шахрхои Осиёи Миёна худидоракунии воыец набуд. Шахрро амалдоре, ки аз тарафи хукумати марказц ва ё ьокими вилояти калон таъин карда мешуд, идора мекард. Омили дигари ба тараыыиёти шахр мамониаткунанда ин истисмори хеле шадиди мехнаткаши шахр ва боло рафтани шаклхои феодалии истисмор; ба дасти хамон як феодали ашроф ё динц гузаштани моликияти замин мебошад. Ьамчунин дар шахр истехсолкунандаи бевосита, агар д=кон, коргоь, ё манзили = на дар замини худаш, балки дар замини давлат, ваыф ва ё мулки феодал воыеъ гардида бошад, хатман дар ягон шакле ьаыыи ижораи заминро мепардохт.Ьамчунин аьолии шаьр ба давлат баъзе аз он андозьоеро, ки аз ахолии деьот ситонда мешуд (аз ыабили андози сарона, дудпулц), мепардохтанд. Оньо ьатто аз корьои мачбурц — бегори низ озод набуданд. Илова бар ьамаи ин андозьои бевоситаи тижорат ва касбу хунар ьам вужуд доштанд.