​ТОЧИКОН ДАР АСРХОИ XVI – XVIII

Дар асрҳои XVI — XVIII ӯзбекҳои бодиянишин бо сардории Муҳаммад

Шайбониҳои Мовароуннаҳри Марказӣ ва андаке баъдтар тамоми қисмати

боқимондаи давлати Темуриёнро забт намуданд. Давлат ва сулолаи нав бо

номи таъсискунандаи худ – Шайбонӣ машҳур гардид. Худи Шайбонихон аслан аз

хонандаи Чингизхон буд. Боби ӯ, Абулхайрхон, дар асри XVI давлати

пуриқтидори бодияви ташкил намуд. қавму тоифаҳои туркзабони муттаҳидкардаи

ӯ аз аслу насабҳои гуногун иборат буданд. Онҳо дар паҳноҳои бекарони дашту

саҳрое, ки домони он аз поини дарёи Сир то Сибир рафта мерасид, ҳаёт ба

сар мебурданд.

Душмани ашадии Темуриён дар қисмати шимоли мамлакат моғулҳо ба шумор

мерафтанд, ки Тошкентро маркази худ ихтиро карда буданд. Вақте ки волии

Бухоро бо қӯшуни худ ба тарафи Самарқанд равона шуд, Шайбонихон аз

муҳосира бархоста, ба муқобили ӯ шитофт ва дар роҳ ин қувваи аскариро

торумор намуда, ба сӯи Бухорои заифгардида ҳаракат кард. Аз муҳосира ҳатто

се рӯз нагузашта аъёну ашроф ва рӯҳониён шаҳрро ба ӯ таслим намуданд.

Гурӯҳе саршохаи Темуриёни Осиёи Миёна Султон Алиро тарафдорӣ мекарданд,

гурӯҳи дигар хешовандони вай — Бобурро ба Самарқанд даъват намуда, таслими

шаҳрро ба ӯ ваъда медоданд.

Акнун ҳарифи асосии Шайбонихон шаҳзодаи ҷавони темурӣ, асосгузори

ояндаи давлати Темуриёни ҳинд Бобур гардид. Бобур барои кӯмак ба ҳокимони

гуногун муроҷиат намуд, вале имдоде нарасид.

Сокинони шаҳр, сарбозон ва ҳатто наздикони Бобур ба қаҳтӣ ва

гуруснагӣ тоб наёварда, ба ҳар сӯ фирор мекарданд. Ниҳоят худи Бобур ҳам

роҳи гурезро пеш гирифт, шаҳри пойтахтии Самарқанд дубора ва тамоман ба

дасти Шайбонихон даромад. Муддате чанд Шайбонихон барои аз хатар эмин

намудани ақибгоҳи худ чораҳои лозими дида, пас ба истилои мулкҳои ҷанубии

Темуриён камар баст. Дере нагузашта, Хоразм ҳам аз тарафи қӯшуни Шайбониён

ишғол карда шуд. ҷиҳати иқтисодии ин мулкҳои инъомӣ аз он иборат буд, ки

мадохилот на ба хазинаи Шайбонихон, балки тамоман ё қисман ба дасти

мулкдорон шаҳру вилоятхо медаромад. Ба ин мулоҳиза онҳо ба харидани замин,

иморатҳои шаҳр ва устохонаҳо сар карданд. Бинобари ин аксар вақт моли

ҷабраи ситонидаи худро ҳамчун моли харида ба расмият медаровардан. Дар

сарзамини паҳновари давлати Шайбониён чанд сол сулҳу осоиш ҳукумфармо

гардид ва ин восита ҳаёти хоҷагии мамлакат қадре рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Ду

давлати Шайбониён ва Сафавиён дар ҳамсоягии якдигар воқеъ гардиданд. Вале

дар байни онҳо сулҳу сафо асаре набуд. Шайбонихон дар қаламрави худ ба

муқобили шиаҳо мубориза мебурд.

Дере нагузашта Шайбониён ҳамаи вилоятҳои Осиёи Миёна Тошкент, Фарғона,

ҳисор ва ғайраро аз сари нав ба зери тасарруфи худ гирифтанд. Вале

сарзамини Осиёи Миёна тамоман ба харобӣ рӯ ниҳода буд. Нарху наво баланд

рафта, дар як қатор маҳалҳо қаҳтию гуруснагӣ руй дод. Дар сарчашмаҳо

махсусан аҳволи табоҳи мардуми вилоятҳои ҳисор ва Самарқанд ба тафсил баён

ёфтааст. Ақидае мавҷуд аст, ки умуман дар асри XVI масоҳати заминаҳои кишт

хеле кам гардидааст.

Дар асри XVI ҷангу низоъҳои феодалӣ як ҳодисаи муқаррарӣ гардид. Соли

1583 Абдулло, ки бо номи Абдуллохони 2 маъруф гардидааст бар хилофи русуми

мавҷуда, ки мебоист фарзанди калонии хонадон ба тахт менишаст, ҳукумрони

мамлакат эълон карда шуд. Дар соли 1584 Абдуллохони 2 Бадахшонро забт

карда, соли 1588 ҳирот ва пас бисёр шаҳрҳои дигари Хуросон ба тасарруфи ӯ

даромаданд. ҷангу низоъҳои муттасили феодалие, ки тақрибан муддати панҷоҳ

сол дар сарзамини Осиёи Миёна давом карданд, барои тиҷорат ва гардиши пул

вазъияти хеле номусоид ба миён оварданд. Буҳрони муомилоти пӯлӣ ба андозае

танду тез гардида буд, ки мудохилаи чиддиро талаб мекард. Акнун пулҳое, ки

асосан дар Бухоро бароварда мешуданд, берун омада, дар саросари давлат

баробар ба гардиш даромаданд. Дар асри XVI замин аз рӯи ҳуқуқи моликият,

мисли пештара, ба 5 категория тақсим мешуд. Ва ниҳоят, чунон ки аз санадҳои

асри XVI ва давраҳои минбаъда маъмул мешавад, давлат заминҳои милкро беш аз

пеш ҳамнчун захирае барои подоши феодалӣ истифода менамуд.

Вазни қиёсии заминҳои категорияи милки ҳурри холис дар асри XVI он

қадар калон набуд. Захираҳои заминҳои вақф дар асри XVI, ҳам аз ҳисоби

заминҳои милк ва ҳам як андоза аз ҳисоби заминҳои милк ҳурри холис, ғанитар

гардид. Мушоҳидаҳои ғайримустақим нишон медиҳанд, ки захираи ин қабил

заминҳо дар асри XVI ва давраҳои баъдина торафт кам мешуд. Деҳқонон замини

худро ба феодалони давлатманд мефурухтанд. Аҳволи деҳқонони безамин

иҷоранишин ниҳоят дараҷа бад буд. Дар асри XVI, мисли давраҳои гузашта,

воҳиди асосии хоҷагӣ ҳамоно хоҷагии деҳқонӣ ба шумор мерафт. Заминҳои ҳама

гуна категорияҳо ба тариқи иҷора ба деҳқонон дода мешуд.

Таҳқиқи сабабҳои тадриҷан, вале устуворона ка шудани истеҳсолоти молӣ

ва тиҷорати пӯли дар асри XVI ва суръати бештар дар асри XVIII хеле қобили

таваҷҷӯҳ аст.

Дар асри XVI Абдуллохони 2 барои хотири шайхони бонуфуз ва давлатманди

ҷӯйборӣ тамоман амлоки бузурги ононро ба ҳудуди шаҳр дохил намуд. Дар асри

XVI таърихнигорӣ ҳам ба тараққиёти худ давом намуд. Чунин асарҳои асарҳои

барҷастаи таърихӣ, аз қабили Хондамир, воқеаҳои таърихи умумӣ ва тарҷумаи

ҳоли одамони машҳурро баён кард. Барои омӯхтани таърихи Осиёи Миёна асри

XVI аз муҳимтарин сарчашмаҳо ба ҳисоб мерафт.

Абдуллохони 2 соли 1598 вафот кард ва ба ҷои ӯ писараш Абдулмӯъмин ба

тахт нишаст. Лекни азбаски ӯ монанди падараш дар мамлакатдорӣ таҷрибаи кофӣ

надошт, гурӯҳҳои хусуматпарвари аъён ва ашрофи феодалиро натавонист на ба

тарафи худ кашад ва на дасти онҳоро кӯтоҳ намояд. Дере нагузашта, худи

ҳамон сол, вай аз тарафи нӯкари зархариди як гурӯҳ феодалони зидди ҳукумати

марказӣ кушта шуд. Охирин намояндаи сулолаи Шайбониён Пирмуҳаммадхони 2

фақат ба як қисмати ночизи давлат соҳиб буд. ӯ ҳам ба зуди дар ҷангу

низоъҳои байнихудӣ ҳалок гардид.

Дар давраи ҳукумронии кӯтоҳмуддати Убайдуллохон муборизаи байни

ҳукумати марказӣ ва феодалон хеле щиддат ёфт. Убайдуллохон охирин кас аз

хонадони салтанатии ҷониён буд, ки дар роҳи маҳдуд намудани худсариҳои

феодалон ва пурқувват кардани ҳокимияти маркаи саъю кӯшиши зиёде ба харҷ

дод.

Дар асрҳои XVI – XVIII омаи халқҳои Осиёи Миёна хеле фаъол шуданд ва

онҳоро дар муборизаи зидди амирони саркаш ба худ муттафиқ гардонидани хон

барояш манфиати зиёде меовард. Убайдуллохон ба ислоҳоти пул умеди калон

баста буд. Хонҳои сулолаи ҷониён дар зарфи асри XVIII сикказаниро ҳамчун

манбаи даромад дониста, муттасил пул мебароварданд. Онҳо иёри пулро гоҳ

паст ва гоҳ баланд намуда, дар охирҳои асри XVIII зарби сиккаҳоро ба

дараҷае расониданд, ки дар тангаҳо ҳамагӣ 22,5% нуқра монда буду халос.

Убайдуллохон бошад пулҳое баровард, ки иёрашон хеле баланд буд, яъне

тангаҳо 35% нуқра доштанд. ӯ дар давоми ҳафт сол, дар чӣ вазъияте ки бошад,

ба тағйири пул ҳамчун манбаи даромад роҳ надод. Дар Бухоро кори савдо қатъ

гардид. Тоҷиорн ва косибони шаҳр дӯкону корхонаҳояшонро бастанд. Ин воқеаъ

камбағалон ва гурӯҳҳои меҳнати аҳолиро бисёр танг кард. Дар бозор чизе ёфт

намешуд. Тудаҳои мардуми шаҳр, аксаран одамони бенаво шӯриш бардошта, ба

таҳдид ва фарёд ба арк ҳуҷум карданд ва ба ҳолати аввал овардани вазъияти

шаҳрро талаб намуданд. Шӯриши халқ охир фурӯ нишонда шуд, чанд кас ба қатл

расид. Акнун пули кӯҳна на ба як, балки ба ду пули нав баробар шуд.

Убайдуллохонро тарафдори мекарданд, ба душмани ӯ мубаддал сохт. Ин буд, ки

дар сиёсати дохилӣ имкони анҷом додани ягон кори мусбати ба назарнамоёне

фароҳам наомад.

Пас аз ҳалокати Убайдуллохон бародараш Абулфайзхон ба тахт нишаст. Дар

замони ҳукумронии ин охирин намояндаи асосии сулолаи ҷониён ҳукумати маркаӣ

иқтидори худро тамоман аз даст дода, давлати хонӣ ба қисмҳои мустақили

ҷудогона тақсим мегардад. Абулфайзхон ҳукумфармо буд, сухан меронад. Онҳо

барои савдо дар бозорҳои Бухоро ҳуқуқи номаҳдудеро соҳиб шуда, мардумро

ғорат менамуданд. Ин ҳама заду хӯрдҳои байнихудии хонҳо ва бедодгариҳои

беамсоли феодалон аз ҳаёти пурмашаққати халқҳои Осиёи Миёна дар аҳди

ҳукумронии ҷониён шаҳодат медиҳанд.

Дар асри XVIII дар сарзамини Осиёи Миёна, алалхусус дар вилоятҳои

марказии он таназзули амиқи иқтисодӣ рӯй дод. Хоҷагии қишлоқ ақиб рафт.

Шабакаи обёри кам шуд. Хурока намерасид.

Процесси камшавии милкҳои ин гурӯҳи, нисбатан имтиёзноки деҳқонон дар

асри XVI ҳам ба назар мерасид, вале дар замони ҷониёни алалхусус дар

вилоятҳои марказии Осиёи Миёна ин қабил соҳибони милк тамоман хонахароб

гардиданд.

Дар натиҷаи зулму истисмори бераҳмона ва хироҷу молиётситониҳои аз ҳад

афзун деҳқонончунон ҳам ба фақирӣ ва нотавонӣ афтоданд, ки дар асри XVIII

ҳукумат дигар ба зиёд кардани хазина бурида шуд, зеро хавфи ҷунбиши калоне

таҳдид менамуд. Деҳқонон умуман аз ҳар тараф ҳамлаву фишор дучор мешуданд.

Дар асри XVIII ҷунбишҳои халқӣ чунон бисёр сар мезаданд, ки ҳатто

муаррихони дарбор, бигззор ғаразолуд ва рӯпӯшида бошад ҳам, аз зикри онҳо

гурез надоштанд. Дар ин аср вазъияти халқ боз ҳам бадтар гардид. Вазъияти

умумии пулдорӣ ва сиёсати ҳукумат дар соҳаи пулбарорӣ ва гардиши пул низ

барои касбу ҳунар ва тиҷорат номусоид гардид. Ба болои душвориҳои аз ҳилаву

найранги қурб ба миён омада, ки ҳанӯз дар асри XVI чун барои гароне бар

дӯши касбу ҳунар ва тиҷорат афтода буд.

Вазъияти даври баъдина ба пешрафти бинокорӣ, меъморӣ санъат ягон қадар

мусоидат накард. Дар ин асри XVIII давраи харобии иқтисодӣ, хуруҷи ҷангҳои

дохилӣ, ба вайронӣ рӯ овардани шаҳру деҳот, сар задани шӯришҳои халқӣ,

дубора авҷ гирифтани тохтутози хевагиҳо, ҳуҷуми тоифаҳои бодиянишин ва

қушунҳои аҷнабӣ буд. Дар ин вақт махсусан ноҳияҳои марказии Мовароунаҳр ва

вилояти Балх зарар диданд. Дар натиҷаи ба ҳар тараф фирор кардани аҳоли

чунин марказҳои маданӣ, монанди Бухоро ва Самарқанд беодам монданд.

Табиист, ки аз ин замони ошуфта ва тира ҳеҷ як ёдгории муҳими меъморӣ ва

ҳунарӣ боқи намондааст.

Бисёр вилоятҳои тоҷикнишон, аз ҷумла вилояти ҳирот ба ҳайати давлати

Аҳмадшоҳ дохил шуд. Аҳмадшоҳ аз ҳирот қувваи зиёди ҳарбиро барои тобеъ

намудани музофотҳои тоҷикнишин ва ӯзбекнишини соҳили ҷанубии дарёи Аму

равона сохт. Ба феодалони афғон муяссар гардид, ки муввақатан ҳокимони

баъзе вилояту музофотҳо, аз қабили Балх, Андой, Маймана Аҳҷа, Шибирғон ва

қундузро ба худ мутеъ намояд. Дар Балх гарнизони афғонӣ гузошта, волие аз

қавми афғон нишонда шуд. Баъдтар Бадахшон ҳам таҳти нуфузи сиёсии

Афғонистон қарор гирифт.

Дар воқеоти он давра қубодиён, ки он ҷо ҳокимони пешина ҳӯкмронӣ

мекардад, ҳамчунин деҳаи Душанбе роли муҳим мебозиданд. Дар ҳисор

истеҳкомоти нав сохта, истеҳкомоти пешина дубора ба кор андохта шуданд. Чун

ҳисор ва вилоятҳои атрофи он барои давлати хонӣ аҳамитяи калон доштанд ва

феодалони ин маҳалҳоро табиати саркаше буд. Дар шаҳри сабз, Тошкент ва

дигар валоятҳо низ одамони худро ба сари кор овард. Фақат ӯротеппа, ки дар

асри XVIII ба ҳайати он шаҳрҳои Хуҷанд, ҷиззах, қалъаҳои Зомин, Ём ва ғайра

дохил мешуданд, ҳамчун мулки мустақил боқӣ монд. Дар аҳди ҳукумронии

Муҳаммадраҳимхон дар натиҷаи ҷангҳои пайдарпай бисёр воҳаҳои зироатӣ ба

майдони муҳориба мубаддал гардида, ба иқтисодиёти мамлакат зарарҳои зиёде

расонида шуд.

Читанавъе, ки адиб ва олими маъруфи тоҷик дар асри XVI Аҳмад Махдуми

Дониш қайд мекунад, дар аҳди Дониёлбӣ хеле андозҳои нав, монанди аминона,

никоҳона, мӯҳрона, ҳаққи тарозу ва амсоли инҳо ҷорӣ карда шуд. ҳамаи инҳо

сабабгори боз ҳам бештар ба бтабоҳӣ рӯ вардани вазъи зиндагии табақаҳои

меҳнатикаши аҳолӣ мегардиданд.

327
Нет комментариев. Ваш будет первым!