Ҷамоаи ибтидой дар марзи Тоҷикистони имрӯза

Таърихи инсониятро ивазшавии пай дар пайи форматсияҳои ҷамъиятию иқтисодй ташкил медиҳад. Инсоният зина ба зина инкишоф ёфта, аз ҷамоаи ибтидоӣ ба ҷамъияти ғуломдорӣ, баъд ба ҷамъияти феодалӣ ва аз он ба ҷамъияти капиталистӣ (сармоядорй) ва нкҳоят ба ҷамъияти сотсиалистӣ (коммунистӣ) мегузарад. Дар вақташ дар илми таърихшиносии шӯравӣ ҳамин даврабандии Карл Маркс қабул шуда буд ва имрӯз ҳам баъзе аз олимони ҷомеъашинос онро эътироф мекунанд.

Асоси муносибатҳои истеҳсолии ҷамоаи ибтидоиро моликияти ҷамъиятй будани олот ва зоситаҳои истеҳсолот ташкил медиҳанд. Вобаста ба тағирёбии олоти истеҳсолот ин ҷамоа ба се марҳила тақсим мешавад: асри сангин, асри бринҷӣ ва асри оҳан.

Бояд қайд намуд, ки дар бисёр маҳалҳои ҷумҳурй олотҳои алоҳида ва бошишгоҳҳои одамони асри санг ёфт шудаанд. Масалан, қадимтарини онҳо маснуоти сангине мебошад, ки аз маҳалли Хонақоҳи ноҳияи Ховалинг ёфт шудаанд ва онҳо 800000 сол доранд. Пас, маълум мешавад, ки дар марзи Тоҷкисони имрӯза одамони ҷамоаи ибтидой зиёда аз ним миллион сол пеш маскан гирифта будаанд.

Дар аввалҳои асри сангин (палеолит-асри антиқаи санг) одамон чизҳои дар табиат дар шакли тайёр мавҷуд бударо истифода карда, ба шикорчигй ва гункунй машғул мешуданд. Сонитар (неолит-асри ҷадиди санг) одамон шаклҳои ибтидой (яъне дагали) зироатчигӣ ва ром намудани ҳайвоноти ваҳширо низ касб кардаанд.

Комёбии бузурги одамони асри санг ин-ихтирои тиру камон буд, ки

боиси сермаҳсул гардидани шикори онҳо гардид. «Камон, зеҳи камон

ва тир аслиҳаи бисёр мураккабе мебошад, ки ихтирои онҳо таҷрибаи

дуру дарози ақли расо ва аз ин рӯ, бо бисёр ихтирооти дигаре шинос

буданро низ талаб мекард.» Инчунин дар ин давра табару тешаҳои

сангӣ ва сарнайзаҳои аз қайроқсанг ва чақмоқсанг сохта шудаи ба сари

найзаҳои чӯбин ва устухонӣ васлкардашаванда низ паҳн гардида

буданд.,— — ,.,—,.1К’ Д0518

Ҳамин тавр, кашфиётҳои ёдгориҳои асри сангин тасдиқ менамоянд, ки одамон дар ҳудуди Осиёи Миёна, аз ҷумла дар сарзамини кишвари мо. аз замонҳои хеле қадим.сукунат доштаанд.

Марҳилаи муҳими таърихи ҷамоаи ибтидой асри биринҷӣ буда, он ба пешрафти ҷамъияти инсонй таъсири калон расонидааст. Дар ин давра усулҳои гудозиши маъдан ва истихроҷи метал ихтироъ гардида, дар чорводори ва зироатчигӣ тағиротҳои сифатй рӯй медиҳанд. Дар зироатчигй техникаи коркарди замин беҳтар гардида, усули обёрии сунъӣ ҷорй мешавад. Дар соҳаи чорводорӣ бошад, истеъмоли шири чорво, чун қувваи корӣ ва нақлиёт истифода намудани ҳайвонот ҷорй мегардад.

Ҳамин тавр, ихтирои фулузоти биринҷӣ (гудохтаи якҷояи мис ва қалъагӣ) боиси тараққиёти қувваҳои истеҳсолй гардида, барои гузаштани одамон ба ҷамъияти синфӣ замина фароҳам оварда буд.

Воқеъан тараққиёти қувваҳои истеҳсолй дар тарзи ҳаёти ҷамъиятй ҳам тагирот ба вуҷуд овард.

Маҳз ихтирои биринҷ сабабгори он шуд, ки дар ҷабҳаи металлкоркунӣ ва чорводорй мардум мавқеи асосиро ишгол карданд. Занон бошанд, ба мардон итоат мекардагӣ мешаванд. Акнун фарзандон чун пештара на дар ихтиёри авлоди модарй, балки дар ихтиёри авлоди падарӣ мемонданд. Ҳамин тавр, ба ҷои авлоди модаршоҳй, авлоди падаршоҳй меояд. Оқибат занҳо мустақиляти нисбии худро пурра аз даст дода, мутеъи мардон мегарданд.

Афзудани маҳсулнокии меҳнат ба он оварда расонд, ки дар дохили авлодҳо оилаҳои ҷудогона мавқеи махсуси иқтисодиро ишғол намуда, соҳиби чорво, маҳсулоти зироат, чизҳои рӯзғор олоти истеҳсолот ва гайра мегардиданд. Дар натиҷа, оҳиста оҳиста ҷои моликияти ҷамъиятиро моликияти хусусй мегирифт.

Зарурият ба ёдоварист, ки дар тамоми гӯшаю канори чумҳуриамон, аз ҷумла дар Қаромазор, ноҳияи Ашт, Панҷакент, водии Ҳисор, Қӯргонтеппа ва Дарвоз ашёҳои биринҷӣ ва мисй ёфт шудаанд ва онҳо гувоҳи онанд, ки дар ин ҷо асри биринҷӣ хеле ривоҷ ёфта будааст.

Аҷдодони тоҷикон бо оҳан дар охири ҳазорсолаи ду-сеяки аввали ҳазорсолаи 1 қабл аз милод шинос шуданд. Лекин фақат дар асрҳои 3-2 қабл аз милод оҳан ҳамчун масолеҳи истеҳсолоти ҳунармандӣ маъдани биринҷро аз миён бардошт.

Дар марзи Тоҷикистони имрӯза қӯраҳои оҳангудозӣ дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ ёфт гардиданд. Кофтуковҳои бостоншиносӣ собит месозанд, ки дар гузашта кишвари мо маркази калони истеҳсоли оҳан дар Осиёи Марказӣ будааст. Дар байни аҳоли паҳн гардидани оҳан дар навбати аввал ба шудгори замин сохтумони иншоотҳои обӣ ва гайра таъсири бебаҳо расонид. Чӣ хеле, ки Ф.Энгельс қайд кардааст: «Оҳай ба одам хизмат мекардагй шуд… Ҳамаи инҳо якбора мукссар нашуданд: аввалин оҳани ҳосил кардашуда бисёр вақтҳо аз бирчғч;; ҳам мулокмтар буд.1»

Дар ибтидои чизҳои аз оҳан тайёркардашуда, кам буда ҳела қиматбаҳо ҳисобида мешуданд. Танҳо дертар аз оҳан яроқ ва олоти меҳнат месохтагӣ шуданд. Он протсесси бисёр меҳнатталаб буд, ҳунар ва маҳорати зиёдро талаб мекард Барои ҳамин ҳам оҳангаронро шахсони сеҳрангез мсдонистанд.

Ёдгориҳои асри оҳан дар Тоҷикистон ҳоло хеле кам ёфт шудаакд.Онҳо дар Қайроқум, дар дараи Оқ-тангаи Ӯрогегта, Қабрисгони Шаймаки Помири Шарқӣ ва дигар ҷойҳо ёфт шудаақг..

Хулоса, дар сеяки аввали ҳазорсолаи 1 тг милод оҳан оҳкс-а оҳиста ба ҳастии одамон дохил мешавад. Азхудкушш оҳан рафтз. рафта олоти биринчиро танг мекард. Одамон бо ёрии сяҳо заминҳои нав ба навро азхуд мекарданд, ки боиси тарккиётк қувваҳои истеҳеолкунанда мегардид.

319
Нет комментариев. Ваш будет первым!