​Хоразм, Бохтар ва Суғд — қадимтарин давлатҳои ғуломдорӣ дар Осиёи Миёна

Нақша:

1. Давлатҳои қадимтарини Осиёи Миёна:

а) Хоразми бузург;

б) Подшоҳии Бохтар;

в) Мамлакати Суғд;

2. Робитаҳои доду гирифти тоифаҳои саҳронишин ва бохтариёну

суғдиёни мукиминишин.

Тоҷикон ва эрониёни имрӯз ба радифи халқҳое дохил мешаванд, ки анъанаҳои хеле қадимаи давлатдорӣ доранд. Ҳанӯз дар ҳазорсолаи Ш қабл аз милод дар ҷанубу гарби Эронзамин давлати Элам ба вуҷуд меояд, ки дар қатори қадимтарин давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон Бобул ва Шом (Ассирия) меистодааст. Дар Эронзамини Шарқӣ, яъне дар ҳавза-дарёҳои Ому, Сир, Мургоб, Теҷан, болооби Ҳинд низ давлат хеле барвақт ба вуҷуд меояд. Дар давраҳои ҳукмронии Виштасп байни асрҳои X — УП пеш аз милод давлат ба маънои томаш бо дастгоҳи мукаммали маъмурӣ ба вуҷуд меояд, ки он подшоҳии Бохтар буд.

Мувофиқи ахбори таърихнависи қадими Юнонӣ Ктесий подшоҳии Бохтар дар давраи қадим, ҳанӯз то ташкил шудани давлати Мод дар асри УШ то милод ва дар вақти мавҷудияти ин давлат дар асри УП то милод вуҷуд доштааст ва он пурзӯру тавоно будааст.

Тибқи ахбори Ҳеродот дар Эронзамини Шарқӣ дар давраҳои қадим то пайдошавии давлатҳои Ҳахоманишиён ва Мод давлате вуҷуд доштааст, ки ба он Хоразмиён роҳбарй мекардаанд. Ва аз сабаби хеле паҳновар буданаш таърихнависон шартан «Хоразми бузург» номидаанд. «Хоразми бузург» қисми зиёди Осиёи Миёнаро ишгол карда, то худуди Марву Ҳиротро дар бар мегирифт. Вале бояд қайд намуд, ки ин давлат дар резшпгоҳи дарёи Ому — дар сарзамини Хоразми имрӯза, Қарокалпокистон ва навоҳии ҳамҷавори он пайдо шудааст ва минбаъд васеъ ва бузург гардидааст.

Тавре ки дар боло зикр гардид, дигар давлати тавонои Эронзамини Шарқӣ — подшохии Бохтар будааст, кн ба хайатн он Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубии имрӯза (водиҳои Хисор ва Вахш, минтақаи Кӯлоб), Бадахшон, кисмн ппшоли Афгоннстон ва вилояти Сурхондарёи Узбекистон дохнл мешуданд.

Олимону мутафаккиронн антнкн Ктеснй, Ҳеродот, Диодот ва дигарон дар бораи хаёти шсгисодню нчтнмон ва сиёсии Бохтар маълумот медиҳанд. Онхо кайд намудадах ки дар асри УШ пеш аз милод дар байни Ассурия ва Бохтар алокдхои иктнсодӣ ва тиҷоратӣ ҷой доштанд. Аз Бохтар ба Ассурия корвони уштурҳо рафтуомад мекардаанд.

Дар борабари тиҷорат, инчунин сарчащмаҳои таърихӣ дар бораи макони канданиҳои фоиданок будани Бохтаристон маълумот додаанд. Яке аз канданиҳои фоиданоки машҳури Бохтар санги лоҷувард буд, ки дар кӯҳҳои Бадахшон, дар ҳазораҳои Ш-П то милод ҳосил карда мешуд. Дар ҳамон замонҳо санги лочувардро то Миср бурда мефурӯхтанд. Лоҷуварди Бадахшон хусусан дар Ассурия арзиши балаад доштааст. Чунин ривояте ҳаст, ки ҷосусони Ассурия ба Бохтар дохил шуда, то ба кӯҳҳои! ючуварди Бадахшон роҳ ёфтаанд.

Ҳеродот бохтариҳоро бо мардуми Бобулистон ва Миср дар як радиф гузошта, таъкид кардааст, ки онҳо куввае буданд, ки ба Куруши Кабир барои ташкил намудани империяи ҷаҳонӣ халал мерасониданд. Сарчашмаҳо хабар медиҳанд, ки Бохтар заминҳои ҳосилхез ва чарогоҳҳои сералаф доштааст, заминҳояш ҳосилхезу обшор ва токзорҳои он меваҳои зиёди ширин медоданд. Бозёфтҳои археологй шаҳодат медиҳанд, ки сокинони шаҳрҳо ба косибй, ҳунармандӣ, заргарӣ, баққолӣ ва гайра машгул буданд.

Хулоса, дар асрҳои УП-У1 то милод дар Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубй, вилояти Сурхандарёи Узбекистон ва Шимоли Афғонистон, ки марказаш шаҳри Бохтар дар он чо қарор дошт, бохтариён зиндагӣ мекарданд ва аҷдоди хеле қадими тоҷикон буданд.

Сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки пеш аз ҳучуми Ҳахоманишҳо дар Осиёи Миёна давлати Суғд низ вучуд доштааст. Мамлакати Сугд водиҳои Зарафшону_Қашқадарё (вилоятҳои ҳозираи Самарқанд, Бухоро ва Қашқадарёи Узбекистон) ва баъзе ноҳияҳои Точикистони Шимолиро дар бар гирифта, кишвари бой ва шукуфон будасст. Пойтахти Сугдиён шаҳри Мароқанд (Самарқанди ҳозира) ба шумор мерафт.

Тавре ки сарчашмаҳои хаттй ва кашфиётҳои бостоншиносй нишон медиҳанд, мардуми Суғдзамин мисли Бохтариёк ҳаёти мукимиро аз сар гузаронида, ба косибиву ҳунармандӣ, зироатчигй ва боғу токпарварй машғул буданд.

Дар ҳамсоягии ноҳияҳои барзгарон, яъне Бохтариёну Сугдиён бодиянишинони чорводор зиндагй мекарданд, ки дар байни онҳо сакоиҳо ва массагетҳо хеле сершумор буданд. Сакоиҳо асосан дар Помири Шарқй ва дар қисми Шимоли Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд. Дар байни Суғдиёну Бохтариён ва чодарнишинони чорводор муомилоти оддӣ — молй низ вуҷуд дошт.

Дар интиҳо, бояд зикр намуд, ки ин давлатҳо (Хоразм, Бохтар ва Сугд) барои ташаккули давлати миллии тоҷикон заминаи мусоид фароҳам овардаанд ва барҳақ Бохтариёну Суғдиён ачдодони қадимтарини бевоситаи мардуми точик ба ҳисоб мераванд.

4.36K
Нет комментариев. Ваш будет первым!