Осиёи Миёна дар ҳайати шоҳаншоҳони Ҳахоманишиён

Нақша:

  1. Куруши Кабир ва таъсиси давлати Ҳахоманишӣ, Осиёи
  2. Ба шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён ҳамроҳ карда шудакм Миёна.
  3. Ҷанги шоҳаншоҳ Куруш ва маликаи массагетҳо Томирис.
  4. Корнамоиҳои чӯпони саккоӣ Шерак ва исёни Маргаёниён

Давлати Ҳахоманишиён соли 550 қабл аз милод дар натиҷаи аз ҷониби Куруши бузург торумор намудани шоҳи давлати Мод Астиаг арзи ҳастӣ менамояд. Номи сулола аз исми саравлоди он Ҳахоман, ки солҳои 700-675 қабл аз милод ҳокими вилояти Форс буд, гирифта шудааст.

Куруш, ки ба таърих чун бунёдгузори давлати Ҳахоманишиён дохил шудааст, сипас сиёсати забткориро пеш гирифт. Аввал тамоми мулкҳои дар итоати Мод (Мидия) бударо ба худ тобеъ намуда, дар давоми солҳои 547-546 то милод Арманистон, давлати Юнонии Осиёи Хурд Лидияро зери тасарруфи худ даровард. Куруш ба футуҳоти хеш идома бахшида, соли 538 пеш аз милод Бобулистон ва дигар давлатҳои Осиёи Ғарбиро ишғол намуд ва ба аввалин империя, яъне шоҳаншоҳии бузурги Ҳахоманишй асос гузошт.

Баъди ин мувофиқи ахбори Ҳеродот Куруш барои тобеъ намудани Бохтар, Сугд, қабилаҳои саккоӣ ва забти Миср тайёрӣ мебинад. Зарурият ба ёдоварист, ки дар бораи чӣ тавр Осиёи Миёнаро ишғол кардани Куруш таърихнависони юнонӣ маълумоти ниҳоят кам додаанд. Аз ҷумла, Ҳеродот маълумот медиҳад, ки Куруш халқҳои Осиёи Миёнаро пай дар пай ба итоати худ даровард. Дигар таърихнависи юнонӣ Ктесий нақл мекунад, ки Куруш бо Бохтариҳо ҷангид, аммо пирӯз шуда натавонист. Бохтариҳо танҳо баъди фаҳмидани он ки шоҳи Мод (Мидия) Астиаг Курушро вориси қонунии худ эълон кардааст, муқобилиятро бас карда, ба ҳайати давлати Ҳахоманишиён дохил мешавад. Чаро? Эҳтимол Бохтариҳо муқобилият нишон доданро бар зидди давлати пурзӯру тавонои Ҳахоманишиён беҳуда шумурда, ба ин қарор омада бошанд.

Дар Осиёи Миёна аз ҳама бештар ба Куруш қабилаҳои ҷанговари саҳронишини канори шимолии ин минтақа — массагетҳо муқобилият нишон додаанд. Маҳз аз ҳамин сабаб ҷанги Курушро бо маликаи массагетҳо Томирис бисёр таърихнависони юнони қадим хеле муфассал нақл кардаанд. (Ин мавзӯъ дар дарси амалӣ васеъ ҳаллу фасл хоҳад гардид).

Таърихнигор Ктесий хабар медиҳад, ки Куруш пеш аз маргаш сатрапҳои (ҳокимони) Порт, Бохтар ва Хоразмро таъин карда буд. Аз ин ахбор маълум мешавад, ки Куруш то ҷанг бо массагетҳо тамоми вилоятҳои дигари Осиёи Миёнаро то сарҳади Шимолй ва Шарқии он ишгол карда, ба давлати худ ҳамроҳ карда будааст. Киропол (Курушкада) ном доштани пойтахти Уструшанаи қадим низ далели дурусти ин фикр аст. Аз ахбори муаррихони Юнонӣ ба хулоса омадан мумкин аст, ки як қисми вилоятҳои Осиёи Миёна ихтиёран ва қисми дигарашон маҷбуран ба Куруш тобеъ шудаанд, Аммо ҷангҳои Куруш дар Осиёи Миёна бо маънои томаш истилогарона набуда, бештар хусусияти ҷангҳои дохилиро доштанд. Мақсади асосии ин ҷангҳо дар ҳайати як давлат муттаҳид кардани халқҳои эронӣ буд.

Ҳалокати Куруш ва шикасти форсҳо дар муҳориба бо массагетҳо вориси тахт Камбиз (530-522 пеш аз милод)-ро маҷбур сохт ҳуҷуми худро ба Миср ба таъхир андохта, барои ором кардани вазъият дар сарҳади Шимолии Осиёи Миёна чораҳои зарурӣ андешад (аз ҷумла ба Камбиз муяссар шуд, ки сакоиҳоро мутеи худ гардонад. Шояд сакоиҳо муқобилиятро бар зидди давлати тавонои Ҳахоманишиён беҳуда дониста ихтиёран таслим шуда бошанд). Танҳо баъди ором кардани вазъият дар сарҳади Шимолии Осиёи Миёна Камбиз дар соли 526 ба Миср ҳуҷум карда, онро забт намуд ва ба давлати худ ҳамроҳ кард; як қисми шимолии Ҳабашистонро ҳам ишгол намуд.

Камбиз чор сол дар Миср монд. Аз набудани вай истифода бурда, моҳи марти соли 522 мӯъбаде бо номи Гаумата худро бародари Камбиз Бардия гуфта, даъвои тахти шоҳӣ мекунад. Дар асл Камбиз бародараш Бардияро кушта буд, аммо касе аз ин кор огоҳ набуд. Баробари хабари шӯриши Гаумата — Бардияро шунидан Камбиз аз Миср ба сӯи Эрон равон мешавад, аммо дар роҳ ногаҳон вафот мекунад. Баъди расидани хабари марги Камбиз Бардияи дурӯғин худро шоҳ эълон мекунад. Вале ҳукмронии ӯ ҳам дер давом накард. Ашрофони Форс 29 сентябри соли 522 сӯиқасд карда Бардияро куштанд ва Дорои 1 (522-486)-ро, ки аз авлоди Ҳахоманишиён буд, шоҳ эълон мекунанд.

Дар давраи Дорои 1 шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён хеле вусъат меёбад. Ба ҳайати он тамоми Эрон, Осиёи Миёна то сарҳади Хитой ва Ҳинд, Бобул, Ассирия, Осиёи Хурд, як қисми Кавказ, Миср, Либия ва Шимоли Ҳабашистон дохил мешуданд. Бояд зикр намуд, ки баробари ба сари ҳокимият омадани Дорои 1 дар сарзаминҳои тоҷикон мавҷи щӯришҳо авҷ гирифт. Маргиёниён соли ба сари кудрат омадани Дорои 1-ро бо шӯриши дар таърихи Шарқи Миёна калонтарин, ки сарвараш лашкаркаш Фрада буд, «ҷашн» гирифтанд. Бо фармони Дорои 1 сатрапи Бохтар Додаршиш 55243 нафар шӯришгаронро кушт ва 6572 нафари онҳоро асир гирифт. Ин воқеаи хунин 10-уми декабри соли 522 рух дода буд. Ин рақамҳои бузург нишонгари он аст, ки чӣ тавр аҷдоди мо баҳри озодӣ қурбонии калоне додааст.

Дигар. намунаи барҷастаи. қаҳрамонии аҷдодони тоҷикон корнамоии саиси сакоӣ Шерак алайҳи истилогарони хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки сакоиҳо бар зидди Ҳахоманишиён ҷасурона меҷангиданд. Шерак барои аз форсҳо қасос гирифтан бо пешвоёни сакоиҳо маслиҳат карда, гӯшу биниҳояшро бурида, ба чанд ҷои баданаш корд зада, ҳамчун гуреза ба қароргоҳи Дорои 1 омад. Вай арз кард, ки ҳамқавмҳояш ӯро маъюб карданд, мехоҳад аз онҳо қасос бигирад. У ба Доро қавл дод, ки лашкарй Форсҳоро ба роҳи қӯлай ба сари сакоиҳои гафлатзада хоҳад бурд. Форсҳо ба Шерак бовар карданд. Пас аз ҳафтшабонарӯзӣ дар биёбони гарми беобу дарахт гаштан ва тамом шудани обу хӯрока сирри Шерак фош гардид. Форсҳо ӯро ба қатл расониданд. Пеш аз қатл ба саволи яке аз лашкаркашони форс дар бораи он ки чй Шеракро маҷбур сохт то подшоҳи бузург Дороро фиреб диҳад, ватандӯсти шӯълавар ҷавоб дод, ки бо ҳамин роҳ ҳамдиёрони худро наҷот диҳад ва форсҳоро ба ҳалокат расонад. Агар борон намеборид, тамоми лашкари Доро несту нобуд мегардид, яъне мӯъҷиза рух дод.

Хулоса, Бохтар, Суғд, Порт ва Хоразм қисми муҳими шоҳаншоҳии Ҳахоманишиёнро ташкил менамуданд. Ҳар сатрапия (дар Осиёи Миёна чор сатрапия ташкил шуда буд), яъне вилоят ба хазинаи марказии шоҳаншоҳӣ андози муқарраршуда месупорид, барои иҷрои хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва иштирок дар ҷангҳо ба ихтиёри ҳукумати марказӣ дастаҳои сипоҳиёнро равона мекард.

Ин шоҳаншоҳӣ бо ҳамлаи Искандари Македонӣ дар солҳои 30-юми асри 1У қабл аз милод аз байн меравад.

1.1K
Нет комментариев. Ваш будет первым!