​Лашкаркашиҳои Искандари Македонӣ ба Шарқ

Нақша:

  • Ба тахт нишастани Искандари Макдунӣ ва сиёсати пешгирифтаи ӯ.
  • Авзои сиёсии шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ дар арафаи ҳуҷуми лашкари Юнону Макдуниҳо.
  • Лашкаркашиҳои Искандар ба Шарқ ва пирӯзиҳои ӯ.
  • Муборизаи Бес алайҳи истилогарони Юнону Македонӣ ва барор нагирифтани он.

Дар аҳди салтанати Филипппи П (солҳои 359-336 қабл аз милод) Македония, ки дар Шимоли Юнон ҷойгир буд, аз ҷиҳати иқтисодй ва ҳарбӣ хеле пурзӯр мегардад. Ба Филиппи П муяссар гардид, ки қисмати муҳими Юнонро ба тасарруфи худ дароварад. (с. 337 қабл аз милод). Ҳамон сол Филипп ба муқобили Форс ҷанг эълон кард. Соли 336 қабл аз милод қӯшуни 10 ҳазор нафараи Филшш бар зидди Форсҳо дар Осиёи Хурд амалиёти ҷангӣ сар кард. Вале дар ҳамин вақт Филипп аз дасти посбони шахсии худ кушта шуд, ки дар ташкил кардани он эҳтимол форсҳо низ буданд.

Баъди марги ногаҳонии Филшш писари бистсолааш Искандар, ки дар таърих бо номи Искандари Македонй (Макдунӣ) ва дар ривоятҳои мардуми Шарқ Искандари Зулқарнайн машҳур гардидааст, ба тахт нишаст. Искандар сиёсати ҷангҷӯёнаи падарашро идома дода, бар зидди давлати Ҳахоманишиён тайёрии ҳаматарафа мебинад. Пеш аз ҳама вай мисли падараш ба ташкил ва такмили қӯшун, усули ҷанг ва яроқу аслиҳаи ҷанговарон аҳамияти калон медиҳад.

Искандар тавассути ҷосусонаш аз вазъияти ноустувори давлати Ҳахоманишиён ба хубӣ огоҳ гардида буд.

/ Дар ҳақиқат, зарурият ба едоварист, ки ҷангҳои бетанаффус, низоъҳои сулолавӣ ва табаддулотҳои дарборӣ ҳокимияти марказии Ҳахоманишиёнро сусту ноустувор гардонида буданд. Тараққиёти иқтисодии сатрапияҳои (вилоятҳои) алоҳида, қӯшишҳои истиқлолиятхоҳии онҳоро пурзӯр намуда буд, оммаи халқ бар зидци зулму асорати Ҳахоманишиён мунтазам мубориза мебурданд, пай дар пай шӯру ошӯбҳо ба амал меомаданд.

Ана дар чунин як вазъияти ногувор Искандар баъди тадорукоти дусола соли 334 то милод бо 5 ҳазор ҷанговарони савора ва 30 ҳачор пиёдагард аз гулӯгоҳи Дарданел гузашта ҷангро дар Осиёи Хурд, ки қаламрави давлати Ҳахоманишиён буд, оғоз мекунад2. (таърихнависи

2 Таърихи халки точик — китоби якум. Дар зери таҳрири умумии академик Н.Неъматов, «Сарпараст». Душанбе, 2003, с.93 тоҷик Н.Турсунов чунин рақамҳоро пеш меорад: 7 ҳазор аспсаворон ва 40 ҳазор пиёданизомиён; қӯшуни Ҳахоманишиён 40 ҳазор аспсаворон, 1 миллион пиёдагардҳо, 200 аробаи дучархаи ҷангӣ ва 15 сар филҳои размӣ)3.

Рақамҳои дар боло оварда шуда собит менамоянд, ки аз ҷиҳати шумораи ҷанговарон Ҳахоманишиён афзалият доштанд.

Вале задухӯрдҳои аввалини Юнону Македониҳо ва форсҳо сусту нотавонии давлати Ҳахоманишиёнро нишон дод. Дар ду муҳорибаи асосй дар назди шаҳри Граник (майи соли 334 пеш аз милод) ва шаҳри Исса (тирамоҳи соли 333 пеш аз милод) лашкари эрониён ба шикасти сахт дучор шуданд. Аммо Искандар баъди ин галабаҳо жбора ба маркази давлати Ҳахоманишиён ҳуҷум накарда, ба самти ҷануб лаб-лаби соҳили баҳр ҳаракат карда, аввал Сирия, Фаластин, Финикия ва Мисрро забт кард. Аз баҳр дастаи киштиҳои ҷангӣ ӯро дастгирӣ мекарданд. Дар суръати яку якбора ба маркази шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён ҳуҷум кардан, эрониён дар ҷанги зидди ТОнону Македониҳо метавонистанд аз нерӯҳои ҳарбии кишварҳои нбмбурда ва махсусан Миср истифода баранд. Искандар аввал ин минтақаҳоро забт карда эрониёнро аз чунин имконият маҳрум кард. Баъди Мисрро забт кардан, Искандар баҳори соли 331 пеш аз милод ба қисмати марказии шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён ба тарафи Бобул равон мешавад.

Ниҳоят 1-уми октябри соли 331 пеш аз милод дар наздикии деҳаи Гавгамел дар шимоли Байнаннаҳрайн лашкари Юнону Македониҳо ва лашкари Ҳахоманишиён рӯ ба рӯ мешаванд. Дар байни онҳо задухӯрди шадиду хунин ба амал меояд. Дар огоз гоҳо Юнону Македониҳо ва гоҳо Эрониҳо пеш рафта пирӯз мешуданд, аммо ҳеҷ кадом тараф наметавонист комилан ғолиб шавад. Дар охир Искандар тамоми қувваҳояшро сафарбар намуда, ба муваффақиятҳои ҷузъӣ ноил мегардад. Ба он нигоҳ накарда эрониён мардонавор меҷангиданд ва ҳатто пеш ҳам мерафтанд. Аммо Дорои Ш ба ҷои то охир истодагарӣ кардан ва рӯҳияи ҷангии лашкарро баланд бардоштан, дар лаҳзаи ҳалкунандаи задухӯрд аз муваффақиятҳои ҷузъП ва муваққатии Искандар ба воҳима афтода майдони муҳорибаро тарк кард. Хабари аз майдони ҷанг гурехтани Доро барқвор дар байни лашкар паҳн гардида, ҷанговаронро ба изтироб оварда, рӯҳияи ҷангии онҳоро шикаст. Ҷанговарони эронӣ, ки ба ғалаба наздик буданд, саросемавор аз пушти шоҳи тарсончаку буздили худ қафо баргаштанд. Задухӯрд бо айби шоҳи беҷуръату беистеъдод Дорои Ш бо галабаи пурраи Юнону македониҳо ба анҷом расид. Ин охирин задухӯрди калону ҳалкунандаи байни лашкари Юнону Македониҳо ва лашкари Ҳахоманишиён буд.

Ҷанг бо галабаи пурраи Исканндар анҷом ёфт, вале ӯ бо ин қаноат накарда, аз паи дастгир кардани Доро афтод. Искандар подшоҳи Ҳахоманишиёнро, ки ба самти шимолу шарқ фирор мекард, таъқиб намуд. Дорои Ш аввал ба шаҳри Эрбатан (Ҳамадони асримиёнагӣ), сонӣ ба Рог (Райи асримиёнагӣ) ва ниҳоят ба Маргиёон (Марв) мегурезад. Дар рафти таъқиби Доро Искандар муқобилияти ҷиддие надида, шаҳрҳои марказии Ҳахоманишиён — Бобул, Тахти Ҷамшед, Истахр, Шош, Экбатан ва гайраро ишгол намуда, ғаниматҳои беҳадду хисоб ба даст медарорад.

Дар ҳамин вақг аз сустиродагӣ ва бемаҳоратии Дорои Ш сатрапҳо ва сарлашкарони бонуфуз норозй шуда, бар зидди ӯ шӯриш мебардоранд. Ба шӯриш ҳокими Бохтар — Бесс роҳбарй мекард. Ва ниҳоят, сардорони шӯриш Дороро ҳабс карда зиндон мекунанд ва сипас ба қатл мерасонанд (Марв. 330 пеш аз милод). Бессро, ки хеши Доро ва аз авлоди Ҳахоманишиён буд, шоҳ эълон мекунанд.

Бояд гуфт, ки сарлашкарон ва ҷанговарон-умед доштанд, ки Бесс мисли хешаш Дорои Ш тарсончакӣ зоҳир накарда, сатрапҳои Эрони шарқиро дар атрофи худ ҷамъ карда пеши роҳи истилогарони Юнону македониро мегирад. Бесс баъди ба Бохтар омаданаш халқро ҷамъ карда ваъда дод, ки кишварро аз истилогарон ҳимоят хоҳад кард ва барои муқовимати зидди истилогарони Юнону македонй ба ҷамъ кардани қувва пардохт. Аммо ҳодисоти минбаъд рухдода, нишон доданд, ки дар беҷуръатӣ ва бемаҳоратӣ Бесс аз хеши худ Дорои Ш чандон фарқи калон надоштааст.

Искандар вилоятҳои Гуркон, Ориё (вилояти имрӯзаи Ҳирот) ва Портро ишғол карда ба Шарқ — ба Бохтар ҳаракат накарда ба тарафи Ҷануб меравад. У вилоятҳои ҷануби Афғонистонро, ки дар он ҷойҳо низ зоҳиран тарафдорони Бесс мавҷуд буданд забт карда, ба воситаи агбаи Ҳиндукуш роҳи Шимолро пеш гирифт ва ба Бохтар ҳуҷум кард. Дар ин вақг дар ихтиёри Бесс 7 ё 8 ҳазор бохтариҳои мусаллаҳ ва боз чанд даста сарбозони дигар буданд. Вале ин дафъа ҳам тарсончакӣ карда бар зидди Юнону македониҳо ягон амалиёт намекунад ва аз дарёи Окс (Амударё) гузашта, ба Бохтари ин сӯи Амударё, яъне ба Осиёи Миёна (ба Сугд) мегурезад.

Ҷанговарони бохтарй, ки ҳамроҳи Бесс ба Суғд нагурехта пароканда шуда буданд, ба хонаҳояшон баргаштаанд. Ин рафтори тарсончаконаи Бесс бохтариёнро рӯҳафтода карда, ба Юнону македониён имконият дод, ки муқобилияти Бохтариёни боқимондаре бартараф карда, пойтахти Бохтарро ба осонӣ ишғол намоянд ва ба тарафи Амударё аз паси Бесс равон шаванд. Искандар ба соҳили Амударё расида дар давоми 5 рӯз лашкарашро ба он тарафи дарё гузаронд. Дар ин ҷо низ Бесс барои пеши роҳи истилогаронро гирифтан ягон чорае надид.

1.49K
Нет комментариев. Ваш будет первым!