​Амалиётҳон ҷангии Искандари Македонӣ дар Осиёи Миёна ва оқибатҳои он

Нақша:

  • Ба Осиёи Миёна зада даромадани ӯрдуи Юнону Мақдуниҳ® бо сарварии Искандар ва оғози забткориҳои ӯ.
  • Амалиётҳои ҷангии Искандари Мақдунӣ дар Уструщан т натиҷаҳои он.
  • Муборизаи озодихоҳонаи Суғдиёну Бохтариён алайҳи истилогарон.
  • Оқибатҳои истилои Юнону Мақдуниҳо дар Осиёи Миёиа.

Тавре ки дар боло зикр намудем, Искандар дар зарфи панҷ рӯз қувваҳои асосии худро аз дарёи Аму гузаронид. Лашкари ӯ баъди аз дарё гузаштан ба ҷониби пойтахти Суғд шаҳри Мароқанд (Самарқанди имрӯза) равон гардид. Онҳо дар роҳ муқобилияти ҷиддие надида ба шаҳр мерасанд ва онро ишғол мекунанд. Сипас, Искандар дар шаҳр гарнизон гузошт (100 ҷанговар) ва деҳоти атрофро сӯхта, ба харобазор табдил дод. Аз ин ба хулоса омадан мумкин аст, ки Мароқандиён ба истилогарон муқобилияти сахт нишон додаанд ва ба онҳо аҳолии гирду атроф ёрй расонидаанд.

Пас, Искандар бо лашкараш ба самти шимолу шарқ, яъне ба ҷониби Уструшана ва Фарғона ҳаракат менамояд. Лекин дар роҳ ба мушкилоти бузурге дучор гардид. Сугдиҳо ҳама чун як тан ба муқобили истилогарони Юнону Македонй сар бардоштанд. Вақте ки масъалаи озодӣ ва истиқлолияти ватанаШон ба миён омад, онҳо барои мудофиаи меҳани худ аз аҷнабиёни Юнону Македонӣ мардонавор ҷангиданд, ки он дурахшонтарин саҳифаи таърихи тоҷикони бостон ба хисоб меравад. Яке аз аввалин намунаҳои ин қаҳрамонй бархӯрдани таҷовузкорони Юнону македонӣ бо тоифаҳои сугди вилояти кӯҳистони Уструшан мебошад, ки дар вақти аз кӯҳсори байни Мароқанд ва Уструшан гузашта истодани аскарони Искандар рӯй дода буд.

Чанд даста аскарони Юнону македонй барои ҷамъ кардани ему хошок барои аспон ва хӯрока барои ҷанговарон ба қишлоқҳои Уструшан фиристода мешаванд. Аҳолии озодихоҳи ин маҳалҳо бар зидди тороҷгарон шӯриш бардоштанд. Искандар аз ин аҳвол бохабар гардида, ба мукобшш онҳо лашкар мекашад. Задухӯрд дар кӯҳсори серхарсанги душворгузар ба амал меояд. Сугдиҳо то охирин қувваи худ муқобилият нишон медиҳанд ва аксари онҳо ба дасти душман афтоданро нахоста, худро нобуд месозанд. Ниҳоят, Искандар муқобилияти суғдиёни кӯҳистонро бо машаққати зиёде фурӯ менишинонад ва аз 30 ҳазор шӯришчиён 22 ҳазор нафарашон мардонавор ҷангида ҳалок гардиданд. Лашкари Искандар ҳам талафоти калон медиҳад ва худи ӯ аз ронаш сахт ярадор шуд. Шоҳи Юнонзамин пас аз ин ваҳшонияте, ки нисбат ба суғдиёни Уструшан содир намуд, ба сӯи Сирдарё равон гардид. Дар он айём дарёи Сир ҳудуди байни дашти бодиянишинон ва водиҳои зироатӣ ҳисоб мешуд: дар соҳили рости дарё сакоиҳо зиндагӣ мекарданд ва дар тарафи чапи он як қатор шаҳрҳои хурду калон воқеъ гардида буданд.

Искандар ба лаби дарёи Сир омада қарор гирифт ва аз аскаронаш дар ин шаҳрҳо гарнизон гузошт. Вале дере нагузашта ба муқобили Юнону Македониҳо шӯриши халқий маҳаллӣ сар шуд ва ба зудӣ тамоми ҳафт шаҳри соҳили чапи Сирдарёро фаро гирифт. Дар дигар соҳили дарё сакоиҳо қувваҳои худро ҷамъ намуда, расидани фурсати қулайро интизорй мекашиданд, то ки аз дарё гузашта ба шӯришгарон ёрй расонанд. Дар худи ҳамин вақт дар Сугд ва Бохтар ҳам ошӯбҳои калоне ба амал меоянд. Искандар ба як ҳолати ногувор дучор мешавад. Вай қарор медиҳад, ки пеш аз ҳама мавқеи худро дар соҳили дарёи Сир мустаҳкам намояд. Ба ин мақсад, ӯ дар муддати ду рӯз панҷ шаҳрчаи наздисоҳилиро ишғол намуда, ба аҳолии он ҷойҳо ваҳшиёна рафтор менамояд, яъне тамоми мардҳоро ба қатл расонида, зану кӯдаконро ба гуломӣ мефурӯшад.

Аҳолии Курушкада (Киропол), ки маркази шӯрищ ба шумор мерафт, ба муҳосиракунандагони ачнабй мардонавор муқобилият нишон медиҳанд. Худи Искандар маҷбур мешавад шахсан дар гирифтани шаҳр иштирок намояд ва макрро ба кор барад. Вай як даста аскарро гирифта, бо маҷрои хушкшудаи рӯде, ки аз байни шаҳр мегузашт, ба даруни шаҳр медарояд ва дарвозаи онро ба рӯи аскаронаш боз менамояд. Дар кӯчаҳои шаҳр ҷангҳои хунину шадид давом карда, дар натиҷа аз 18 ҳазор муҳофизатчиёнаш 8 ҳазор нафарашон кушта мешаванд. Талафоти душман низ кам набуд. Дар ин муҳориба худи Искандар ва баъзе сарлашкарони бузурги ӯ захмгин мешаванд. Баъд аз муҳорибаи шадид ва ҳуҷуми қатъӣ охирин такягоҳи шӯришчиён забт карда мешавад. Ҳамин тавр, шӯрише, ки ба муқобили истилогарони Юнону мақдунӣ дар соҳилҳои Сирдарё ба амал омада буд, бераҳмона пахш карда мешавад. Таърихнависи Искандар Арриан мегӯяд, ки аз аҳолии дар шӯриш иштирок доштаи ин ҳафт шаҳр як нафар ҳам боқӣ намонд — ҳамаи онҳо кушта ва ё ба гуломй фурӯхта шуданд. Вақте ки Искандар ба пахш кардани шӯриши ҳафт шаҳри соҳили Сир саргардон буд, тамоми марзи Суғду Бохтарро шӯркши мардумӣ баҳри истиқлолият фаро гирифта буд, ки ба он сипаҳсолори маҳаллй, аввалин қаҳрамони халқи точик Спитамен, ки яке аз симоҳои хеле барҷаста дар таърихи аҷдоди қадими халқи тоҷик буд, сарварӣ мекард. (Мавзӯи шӯриши Спитамен дар машғулияти амалй мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт). Искандар бо мақсади аз ҳуҷуми сакоиҳои он тарафи Сирдарё мудофиа кардаи сарзаминҳои ззбтжардааш дар соҳили ин рӯд назди Хуҷанди кӯҳан қалъае бунёд мекунад. Бунёди кдлъа дар соҳили Сир аз ҷониби Искандар сакоиҳои. он тарафи дарёро ба изтироб овард ва онҳо ба соҳил наздик шуда, таҳдид карданд, ки онро нобуд хоҳанд кард. Искандар бо вуҷуди ярадор буданаш интизор нашуда бо лашкараш бо амаду машкҳо аз дарё гузашта ба сакоиҳо ҳуҷум мекунад ва бо вуҷуди муқобилияти сахт онҳоро ба ақибнишинй маҷбур мекунад. Сакоиҳо 1000 нафар кушта шудаанд ва 150 нафарро асир дар майдони ҷанг гузошта қафо мераванд. Искандар то 15 км онҳоро дар биёбон таъқиб намуд, аммо бинобар аз беобӣ ранҷ кашидан ва ба касалӣ дучор шудани ҷанговаронаш ба қафо бармегардад.

Баъди ин сакоиҳо ба назди Искандар сафирони худро бо паёми сулҳ фиристоданд. Искандар бииобар ноором будани вазъият дар Сугд сафирони сакоиҳоро хуш пазируфта, асирони онҳоро озод кард ва бо онҳо сулҳ баст.

Дар фарҷом қайд намоем, ки ҳангоми Осиёи Миёнаро забт кардани Искандар факат Хоразм тавонист истиқлолияти хешро нигоҳ дорад. Аҷдодони тоҷикон дар зарфи се сол истиқлолияти ватани худро муҳофизат намуда, ба истилогарони Юнону Македонӣ, ки империяи бузург барпо карда буданд, қаҳрамонона мубориза бурданд.

Ниҳоят, зарурият ба ёдоварист, ки дар давоми 10-соли ҷангҳои истилогаронааш Искандар кишварҳои зиёдеро забт карда, як давлати хеле паҳновар ва бузургро офарид. Ба ҳайати империяи у ба гайр аз ватани аҷдодиаш Македония ва Юнон қариб тамоми империяи Ҳахоманишиён, яъне Осиёи Хурд, Сурия, Миср, Эрон, Порт, Сугд, Бохтар, шимолу гарби Ҳиндустон дохил мешуданд. Қаламрави давлати Искандар дар Осиёи Миёна нисбат ба қаламравии давлати Ҳахоманишиён каме хурдтар буда, ба он Хоразм, сарзамини массагетҳо ва сакоиҳои саҳронишин дохил намешуданд.

1.07K
Нет комментариев. Ваш будет первым!