Осиёи Миёна дар хайати давлати Селевкиён

Нақша:

  1. Марги Искандар ва авҷи муборизаи ворисони ӯ барои хокимияти олӣ.
  2. Поягузории давлати Селевкиён ва фаъолияти он.
  3. Пурзӯр гардидани истисмор ва авҷи муборизаи озодихоҳонаи мардуми Ориёно.
  4. Таназзули давлати Селевкиён.

Тобистони соли 327 пеш аз милод Искандар дар шаҳрҳои Осиёи Миёна гарнизон гузошта, бо мақсади истилои Ҳиндустон ба сӯи он равон гардид. Ҳамон сол ба шимолу гарби Ҳиндустон дохил шуд ва як сол дар ин минтақаҳои кӯҳсор, ки халқҳояш эронизабон буданд, ҷанг карда бо душвориҳои зиёд он ҷойҳоро ишғол намуд.

Баҳори соли 326 пеш аз милод Искандар бо лашкараш аз дарёи Ҳинд гузашта ба забти ин водӣ шурӯъ мекунад. Ҳиндуҳо муқобилияти сахт нишон медиҳанд. Лашкари Искандар бо душворӣ ва талафоти зиёд галабаро ба даст дароварда, хеле хаста ва суст мешаванд. Искандар мехост ҷангҳоро барои забти қисматҳои боқимондаи Ҳиндустон идома диҳад, аммо ҷанговарони ӯ, ки аз ҷангҳои пай дар пай ва боронҳои сели тропикӣ хеле беҳолу бемадор шуда буданд, дигар пеш рафтан нахоста талаб карданд, ки онҳоро ба ватанашон баргардонанд. Искандар ба гайр аз қабул кардани талаби онҳо дигар чорае надошт. Ҳамин тавр, моҳи декабри соли 325 то милод аз назди шаҳри Қарочй бозгашти лашкари Искандар аз ҷанги 10-сола ба ватан сар шуд. Аввали соли 324 пеш аз милод нахустин дастаҳои ҷанговарони Искандар ба Бобул расиданд. Искандар Бобулро ватани пойтахти давлати навбунёди худ қарор дода буд.

Ин шоҳи ҷаҳонгир 13-уми июни соли 323 пеш аз милод дар сини 33-солагиаш баъди касалии кӯтоҳмуддат аз ҷаҳон чашм пӯшид. Шубҳае нест, ки агар Искандар хеле ҷавон аз дунё намерафт, империяи боз ҳам бузургтару тавонотар барпо мекард. Дар давоми 10-соли ҳукмрониаш, ки пурра дар ҷангҳои забткорона гузаштанд, ӯ худро чун лашкаркаши ҷасуру боистеъдод ва шоҳи сиёсатшинос нишон дод. Аммо ба Искандар амалӣ кардани орзу ва мақсадҳояш насиб нагардид.

Баъди марги Искандар дар байни сарлашкарони бонуфузи ӯ барои ба даст овардани ҳокимият муборизаи дуру дароз ва хеле шадид сар мешавад. Соли 321 пеш аз милод дар анҷумани сарлашкарон Антигон -шоҳи тамоми Осиё, Селевк — шоҳи Бобул, Филипп — ҳокими Порт ва Стасанор — ҳокими Бохтару Сугд таъин мешаванд. Бо вуҷуди ахду паймон дар ин анҷуман дар байни сарлашкарон ҳосил шуда, муборизаи байни онҳо ҳамоно идома меёбад.

Соли 315 то милод Антигон, ки ҳоқимии Бобулро ба ӯҳда дршт, аз вазифааш маҳрум мешавад. Соли 312 Селевк бо дастгирии шоҳи Миср Птолемей ба Бобул ҳуҷум карда, онро ишгол мекунаду ҳокимияти худро дар он ҷо аз аз нав барқарор ва мустаҳкам менамояд. Ҳамин тавр, соли 312 давлати Селевкиён ба вуҷуд меояд. Соли 306 пеш аз милод Селевк ба Шарқ лашкар кашида Гиркония, Порт, Сугд ва Бохтарро ишғол мекунад. Ниҳоят соли 305 ё 304 то милод Селевк худро шоҳи Сурия ва Эрону Осиёи Миёна эълон мекунад.

Бояд гуфт, ки муборизаи дуру дарози сарлашкарони Искандар барои ҳокимият соли 301 ба охир мерасад. Дар натиҷа, се давлати мустақил — Македония ва Юнони ба он тобеъ, Мисри Птоломейкиҳо, ки Сурияи ҷанубй ва як қисми Осиёи Хурд низ ба он дохил мешуд ва давлати Селевкиён тақсим мешавад. Қисмати аз ҳама бузурги собиқ империяи Искандари Македонӣ ба дасти Селевкиён мегузарад, ки ба ҳайати он Шимоли Сурия, Байнаннаҳрайн, Бобул, як қисми Осиёи Хурд, тамоми Эрон, Порт, Бохтар ва Сугд дохил мешуданд.

Минтақаҳои Осиёи Миёна қисми муҳими давлати Селевкиёнро ташкил мекарданд ва онҳо ба ин минтақа аҳамияти махсус медоданд. Баъди ин минтақаҳоро ишгол кардан Селевкиён бо мақсади устувор кардани ҳокимияти худ шаҳрҳои нав бунёд карда, юнониёну македониёнро ҷойгир мекарданд. Ё ин ки бинобар аҳамияти махсус доштани минтақаҳои шарқӣ соли 293 то милод Селевки 1 писараш Антиохро, ки вориси тахт буд, дар ин ҷо ҷойнишини худ таъин мекунад. Маҳз Антиохро ба ин вазифа таъин кардани Селевк тасодуф набуд. Селевки 1 соли 324 то милод дар шаҳри Шуш (Суз) бо розигии Искандари Македонй духтари Спитамени Суғдӣ Апамаро ба занӣ гирифта буд. Антиохи 1 писари Селевк ва ҳамин Апама буд. Яъне Антиох аз тарафи модараш суғдӣ буд. Селевк ва Антиох Апамаро хеле ҳурмату эҳтиром мекарданд ва ба номи ӯ шаҳрҳоро номида буданд. Яке аз сабабҳои зҳтиром дар он буд, ки Апама аз авлоди Ҳахоманишиён буд ва ин сулола дар байни мардумони Эронӣ ва Селевкиён, ки худро вориси сиёсии он мешумориданд, обрӯи хеле калон дошт.

Антиохи 1 аз соли 293 то 280 пеш аз милод ҷойнишини падараш дар Шарқи мамлакат (Осиёи Миёна) буд. Соли 280 баъди вафоти падараш Антиох ба тахти гаоҳй нишаст. Дар давраи ҳукмронии Антиохи 1 (соли 280-260) ва Антиохи П (260-245) Селевкиён бинобар доимо машғули ҷанг будан бо Птоломейҳои Миср, имконияти ҷиддии машғул шуданро бо корҳои атрапияҳои Осиёи Миёна надоштанд. Дар ин минтақа масъалаҳои муҳиме ба вуҷуд омада буданд, ки дахолат ва ёрии ҳукумати марказиро талаб мекарданд. Аз як тараф, хавфи ҳуҷуми қабилаҳои кӯчй пайдо шуда буд ва аз тарафи дигар, андозҳое, ки аз сатрапияҳои Осиёи Миёна гирифта мешуданд, дар ҷангҳо бо Птоломейҳои Миср сарф шуда, барои ободй ва ҳалли масъалаҳои дигари маҳаллӣ истифода бурда намешуданд. Сатрапияҳои Шарқӣ бинобар фазои беҷангу нисбатан ороми сиёсй аз ҷиҳати иқтисодӣ нерӯманд гашта буданд.

Сабабҳои зикршуда дар якҷоягӣ боиси қувват гирифтани нерӯҳои марказгурез ва истиқлолиятхоҳ гардиданд. Сатрапияҳои Осиёи Миёна мехостанд мустақил амал карда, омадро аз андоз соҳиб шаванд ва барой ободонии минтақаҳои худ истифода баранд. Барои онҳо ҷанги Селевкиён бо Птоломейҳо чандон аҳамият надошта, оромй ва пешрафти минтақаҳои худашон бештар аҳамият дошт. Аз вазъияти ба амал омада истифода бурда, ҳокими аз ҷониби Селевкиён таъиншудак Бохтар Диодот соли 250 пеш аз милод ин сатрапияро давлати мустақил ва худро шоҳи он эълон мекунад. Тахмин дар ҳамон солҳо Порт низ аз итоати Селевкиён мебарояд.

Хулоса, бо сабаби авҷ гирифтани ҳаракатҳои истиқлолхоҳй ва зиддиселевкӣ дар солҳои 60-50 асри III пеш аз милод Селевкиён аз Осиёи Миёна маҳрум гардиданд.

1.07K
Нет комментариев. Ваш будет первым!