Давлатҳои Юнону Бохтар ва Порт

Нақша:

  1. Пайдоиш ва давраҳои аввали давлатхои Юнону Бохтар ва Порт (Парфия).
  2. Ривоҷу равнақи давлаатҳои Юнону Бохтар ва Порт (Парфня).
  3. Таназзул ва фурӯпошии давлатҳои Юнону Бохтар ва Порт.

Вилояти Бохтар дар ду тарафи болооб ва миенаоби Амударё ҷойгир буда, дар шимол бо Сугд, дар ғарб бо Арея ва Маргиён, дар ҷанубу шарқ бо Ҳиндустон ҳамсарҳад буд. Дар шимол ҳудуди он то қаторкӯҳҳои Ҳисор ва дар ҷануб то кӯҳҳои Ҳиндукуш мерасид. Пойтахти ин кишвар шаҳри Бохтар (Балхи асримиёнагй) будааст.

Баъди марги Искандари Македонй Бохтар ба ҳайати давлати Селевкиён дохил мешавад. Соли 256 пеш аз милод, вақге ки бародарон Селевки П ва Антиохи Гиеркас саргарми мубориза барои тоҷу тахт буданд, сатрапи аз ҷониби Селевкиён таъин шудаи Бохтар Диодот шӯриш бардошта, ин мамлакатро мустақил оа худро шоҳи он эълон мекунад. Тахмин дар ҳамон солҳо Порт ҳам аз итоати Селевкиён мебарояд. Ҳамин тавр, Бохтар аз ҳайати давлати Селевкиён баромада мустақил мешавад. «***

Калимаи юнонӣ ёа номи он барои он илова карда шудааст, ки сулолаи ҳукмрон юнониён буданд ва дар тамаддуни он омили юнонӣ нақши калон дошт.

Баръакси Порт дар Бохтар юнониён ҳокимияти сиёсиро дар дасти худ нигоҳ медоштанд. Дар воқеъ истиқлолияти Бохтар аз Селевкиён барои аҳолии маҳаллй низ манфиатҳои муайяни сиёсӣ ва иқтисодӣ дошта, пеш аз ҳама, онҳоро аз тобеъияти дутарафа ба ҳокимони Юнони Бохтар ва Селевкиён озод мекард ва имконият медод, ки дар идораи давлат бештар ва фаъолтар иштирок кунанд. Акнун сарватҳои кишварро, ки пеш дар шакли хироҷ ба хазинаи Селевкиён ворид мепгуд, метавонистанд барои эҳтиёҷи худи Бохтар ва тараққӣ додани он истифода баранд.

Дар бораи шӯриши Бохтариён бо сардории Диодоти юнонӣ сухан ронда як нуқтаро ҳам бояд қайд намуд, ки ин шӯриш танҳо характери зидди селевкиро гирифта, ҳанӯз характери зидди юнониро нагирифта буд. Сабаб он буд, ки қувваҳои низомии Селевкиён хеле зиёд буд ва онҳо нисбати мардуми маҳаллӣ бедодгариҳо зоҳир менамуданд.

Наздикии соли 230 қабл аз милод Диодоти 1 вафот кард. Сипас подшоҳон Диодоти П, Эвтидем, Деметрий, Эвкратид ва дигарон, ки баромади юнонӣ доштанд, салтанат меронанд. Дар замони ҳукмронии Эвтидем (235-200 п.м.) ба ҳайати давлати Юнону Бохтар ба гайр аз Бохтар боз Суғд, Арея (вилояти Хироти асримиёнагӣ) ва Маргиён (Марви асримиёнагӣ) барин ноҳияҳои бойтарини- Осиёи Миёна дохил мешуданд. Эвтидем мехост, ки иқтидори иқтисодии давлати худро пурзӯр намояд ва доираи ҳукмронии худро васеъ кунад. Бинобар ин ӯ ба забт намудани Ҳиндустон шурӯъ менамоад, вале ин корро писараш Демитрий (200-167 қабл аз милод) анҷом медиҳад.

Пеш аз ба Хиндустон ҳуҷум намудан Демитрий дар идоракунии давлат ж қатор йслоҳотҳо гузаронид. Масалан, дар дохили давлат якчанд вилоятҳо ташкил намуда, мисли Искандари Македонй аъёну ашрофи маҳаллиро ба ҳаёти сиёсии мамлакат ҷалб намуд. У ният дошт, ки бо ин роҳ ба муттаҳидшавии онҳо халал расонад. Дар натиҷаи низоъҳои асилзодагони юнонй соли 167 қабл аз милод Демитрий кушта шуд. Баъд аз ин шоҳигарии Юнону Бохтар ба якчанд ҳокимигариҳои сиёсӣ тақсим гардид.

Дар воқеъ бояд хотирнишон намоем, ки марзи шоҳигарии Юнону Бохтар дар вақти тавоноиаш бузургу паҳновар буда, ба ҳайати он сарзамини Суғд, Афғонистони кунунӣ ва Ҳиндустони шимолу гарбй дохил мешуданд. Хоразм ва Фаргона ҳам ба подшоҳии Юнону Бохтар итоат мекарданд.

Ниҳоят низоъҳои сулолавӣ, ҷангҳои дохилӣ ва берунӣ давлати Юнону Бохтарро сусту заиф гардонд, ки дар натиҷа қисмҳои ҷудогонаи он, ки аз аввал ба ҳамдигар кам алоқаманд буданд, оҳиста-оҳиста аз марказ рӯ мегардонанд. Мана дар ҳамин вазъияти мураккаби дохилй аз шимол қабилаҳои бодиянишин ба давлати Юнону Бохтар ҳамла меоваранд, ки дар натиҷа он аз байн меравад.

Вилояти Порт дар шимолу шарқи Хуросон дар байни Гиркония (Гургони асримиёнагӣ) ва Маргиён (Марв) ҷойгир буд. Он дар шимол бо Деҳистон, дар ҷанубу шарқ бо Хирот ва дар ҷануб бо Сакистон (Сиистон) ҳамсархад буд.

Дар арафаи ташкилшавии давлати Порт сатрагаш он Андрагор ном юноние буд. Дар солҳои 50-и асри Ш пеш аз милод аҳолии маҳалли Порт, ки аз зулму ситами Юнону Македониҳо ба дод омада буданд, шӯриш мебардоранд. Аз ин вазъияти ба амаломада бародарон Аршак ва Тиридат, ки пешвоёни қабилаҳои бодиянишини дахиҳо ва париҳо буданд, истифода бурда ба шӯриш сарварй мекунанд. Қабилаҳои номбаршуда дар шимоли Порт дар наздикии дарёи Таҷан (Туркманистони ҷанубии имрӯза) зиндагӣ мекарданд. Шӯришгарон ба Андрагор ҳуҷум карда, ӯро шикаст медиҳанд ва давлати мустақили Портро ташкил медиҳанд, ки Аршак подшоҳи он мегардад. Дар задухӯрди ба амал омада Андрагор ҳалок мешавад. Воқеан ҳам, сазовори ёдоварист, ки аршакиён аввалин сулолаи эронӣ буданд, ки ба ҳукмронии Юнону македониҳо дар як қисмати калони. Эрони Шарқӣ хотима доданд. Такягоҳи асосии аршакиён қабилаҳои ҷанговар ва озодидӯсти бодиянишини Эронй — дахҳо, париҳо ва аҳолии муқимии кишоварзу шаҳрнишини ин вилоят буданд.

Сулолаи Аршакиёнро дар таърихи асримиёнагии тоҷикӣ (форсй) Ашкониён номидаанд. Яқин аст, ки ном шакли тағйирёфтаи номи Аршакиён аст. Умуман давлати Порт дар таърих бо номҳои шоҳаншоҳии Ашкониён, давлати Парфия ва «Порти бузург» машҳур аст. Ба ҳайати давлати Порт (Парфия) сарзаминҳои қйсматиГҷанубу шарқи баҳри Хазар (Каспий), тамоми Эрон, Байнаннаҳрайн ва Арманистон дохил мешуданд. Давлати Порт наздикии 500 сол арзи ҳастӣ намудааст, яъне аз соли 247 қабл аз милод — 224 милодӣ.

Ҳамин тавр, дар сарзамини тоҷикон, яъне Осиёи Миёна ду давлати нав; Юнону Бохтар ва Порт (Парфия) арзи вуҷуд намуданд.

Чанд сухан дар бораи сохти давлатию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии Юнону Бохтар.

Ба қавли Бобоҷон Ғафуров «дар Осиёи Миёна муносибатҳои гуломдорй он қадар амиқ нашуданд, ки дар олами антиқа (яъне Юнону Рим) шуда буданд. Мувофиқи мулоҳизаи ин донишманд дар ин сарзаминҳо меҳнати гулом, аз ҷумла дар истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ мавқеи ғайриасосй ва дуюмдараҷа дошт». Дар сарзаминҳои тоҷикон «дар истеҳсолот дар тамоми муддати давраи қадим аҳли ҷамоат роли пешбаранда доштанд ва ин, алалхусус, дар истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ айён аст».

Идораи давлатии Юнону Бохтар мисли идораи давлатии селевкиён мукаммал ва мутамарказ набуд. Дар сари давлат подшоҳ меистод. Баъзан подшоҳ бо писараш баробар ҳукмронй мекард. Давлат ба сатрапияҳо тақсим шуда буд.

Дар давлати Юнону Бохтар лашкар ва харбиён низ мақоми намоён дошт. Аз ҷумлаи ҳам Юнониён ва ҳам аҳолии маҳаллии Бохтариён ва дигар кабоил чамъ карда мешуданд. Подшоҳон барои мухофизати худ гвардияи шахсӣ низ доштанд. Филҳои ҷангӣ бошанд, кувваи зарбазани лашкарро афзун мекарданд..

Юсган Диодотро «ҳокими ҳазор шаҳри Бохтар» номида буд. Страбон мегӯяд, ки ба Эвкратид 1000 шаҳр тобеъ буд. Ин муаллифон зоҳиран, на хоки худи Бохтар, балки тамоми ҳудуди давлати Юнону Бохтар, аз ҷумла Ҳиндустони шимолиро низ дар назар доштанд ва дар зимни ин рақами «1000» дар ин маврид на ба маънои аслии худ, балки чун муболиға омадааст. Дар айни ҳол, бояд дар назар дошт, ки ин муболиға асос ҳам дорад, яъне дар он давра дар Бохтар шаҳрҳо дар ривоҷу равнақ буданд. Касбу косибӣ дар ин давра ба муваффакиятҳои намоён ноил гардида буд. Масалан, санъати кулолӣ хеле пеш рафта буд. Ё ин ки бинокорй. Дар хоҷагии қишлоқ ҳам, хеле комёбиҳо ба даст.омад. Дар нн ҷо галладона мекоштаанд, аз ҷумла шолӣ нагз мешудааст, боғу токзорҳо будаанд, чорводорй равнақ доштааст. Ҳам дар Бохтар ва ҳам дар Суғд шабакаи калони каналҳои обёрй вуҷуд дошт. Бохтар обу ҳавои хуб доштааст — ривоят мекунанд муаллифони антиқа. Тиҷорати дохилй ва байналхалқй, алалхусус бо олами эллини (юнонӣ) хеле дар авҷ будааст. Сайёҳон навиштаанд, ки «бохтариён дар савдо ҳамто надоранд».

5.19K
+1
Одам 1 год назад #
  • шоҳон юнону бохтарро ба пурраги надоред‽
0
tojikon tojikon 1 год назад #

Метонед дар ин сахифа хонед: https://tojikon.net/articles/3534-podsho-oni-yunonu-bohtar.html