Шоҳаншоҳии Сосониён

Нақша:

  1. Бунёдгузори шоҳаншоҳии Сосонӣ. Ардашери Бобакони Сосонӣ.
  2. Сабабҳо ва оқибатҳои рақобати Сосониён ва Ҳайтолиён.
  3. Дар аҳди Хусрави 1 Анӯшервон ба авҷи тараққиёти худ расидани шоҳаншоҳии Сосонӣ.
  4. Суқути шоҳаншоҳйи Сосонӣ.

Дар ибтидои асри Ш милодӣ дар натиҷаи ҷангҳои дурударозу пуртаҳлука ва низоъву хархашаҳои дохилӣ давлати машҳури Порт завол ёфт. Дар авали соли 220 милодӣ ҳукмрони вилояти Истахр (дар Форс) Ардашери 1 Бобакони Сосонй (бобои Ардашери Бобакон Сосон коҳили маъбади Анаҳит буд — номи сулола аз ҳамин ҷост) ҳокими тамоми минтақаҳои Форс гардид.

Ардашери 1 ба муқобили шоҳаншоҳи Ашкониён Артабони У (213-224) ҷангҳои қудратталабона бурд, ки солҳои 221-224 идома дошт. Ва ниҳоят соли 224 милодӣ байни аскарони Артабони У ва Ардашери 1 ҷангҳои хунине рух дод, ки дар он қувваҳои ҳарбии Портҳо шикаст хӯрда, Артабони V кушта шуд. Бо марги ӯ шоҳаншоҳии Ашкониён, ки дар таърих бо номҳои давлатӣ Порти бузург, Парфия ва шоҳаншоҳии Ашкониён машҳур аст, аз байн рафт ва дар харобаҳои он шоҳаншоҳии Сосониён ташкйл ёфт. Пойтахт — Тайсафун ҳам ба Ардашер таслим шуд. Ҳамин тавр, давлате таъсис ёфт, ки дар тамоми Эрон вусъат дошт ва аз ҷиҳати ҳарбй хеле пурқувват буд.

Ҳамзамон Ардашер қисмати шимолии Байнаннаҳрайн, Сурия, Арманистон, Сакистон (Сиистон) ва қисман Хуросонро тасхир карда, то соли 224 саросари сарзамини Эронро ба ҳайати шоҳаншоҳии навташкили Сосониён дохил намуд ва як қатор ислоҳотҳо ҳам гузаронид: молиявӣ, ҳарбӣ, ҳудудию идорй.

Дар аҳди ворисони Ардашери 1 Бобакони Сосонӣ Шопури 1 (241-272) ва Шопури П (309-379) давлати Сосониён хеле қувват гирифта, дар Шарқу Ғарб дар чандин муҳорибаҳо (аз ҷумла, аз болои императорони Рим) голиб омада, ҳудуди шоҳаншоҳиро хеле васеъ карданд. Баъди Шопури П шоҳаншоҳии Сосониёнро якчанд подшоҳони сустирода идора карданд. Масалан, муборизаҳо бо ҳайтолиён, ки тақрибан як аср давом кард, бо шикасти Сосониён ва бо марги шоҳаншоҳи ноӯҳдабг рс Пирӯз (459-484) анҷом ёфт. Сосониён хироҷгузори Ҳайтолиён гардиданд. Инчунин тамоми қисмати шарқии музофоти Мовароуннаҳр ба Ҳайтолиён гузашт.

Ин шикасти мудҳиш аҳолии Эронро ба воҳима андохт, «ҳатто дар айёми амонй касе набуд, ки ҷасурона ва нотарсона ба ҳайтолй нигарад ва агар номи ҳайтолиро шунавад, ҳатто ба ларза меомад. Ҳамин тавр, Эрони Сосонӣ, ки борҳо ба таги пои вай императорҳои магрури Рим. сар мондаанд, дар оҳирҳои асри V фақат. аз номи кӯчманчиёни. бадҳайбати Осиёи Миёна ба ларза меомаду боҷ медод.

Бояд гуфт, ки шоҳаншоҳии Сосониён фақат дар замони ҳукмронии Хусрави 1 Анӯшервон (531-579) ба авҷи иқтидори худ мерасад. Хусрави 1 ҳатто мулки Яманро дар нимҷазираи Арабистон тасхир намуда, ба туркҳо иттифоқи ҳарбию сиёсй баста, солҳои 563-567 давлати ҳайтолиёнро шикаст дода қисмати ҷанубии Варазруд, яъне Осиёи Миёнаи имрӯза, аз ҷумла Тоҷикистони ҷанубй, вйлояти Сурхандарёи Узбекистон ва Туркманистони ҷанубиро ба ҳайати шоҳаншоҳии Сосониён ҳамроҳ менамояд.

Вале минбаъд низоъҳои сиёсй шоҳаншоҳи Сосониёнро суст намуд. Эрони сосониро бӯҳрони амиқи ҳокимият фаро гирифт. Солҳои 628-632, яъне дар муддати чор сол зиёда аз 11 нафар подшоҳ ба тахти шоҳаншоҳии Сосониён нишаст.

Ахиран Яздигурди Ш (632-651) кӯшиш намуд, ки нуфузи қуввахои марказгурезро суст карда, Эронро аз хавфи парокандашавй раҳо намояд. Вале чангҳои дурудароз бо румиҳо, туркҳо, хазарҳо бо арабҳои бадавй, низоъҳои сулолавӣ барои ҳокимият (тоҷу тахт), зулму ситами иҷтимой ва динӣ иқтидори мудофиавию сиёсӣ ва иқтисодии Эронро суст гардонида шоҳаншоҳии Сосониёнро ба ҳолати нестшавй оварда расониданд. Аз ин сабаб Эрониён ҳамлаҳои муташаккилонаи арабҳоро боздошта натавонистанд ва дар натиҷа шоҳаншоҳии Сосониён аз байн рафт.

Дар фарҷом мехостем, баъзе лаҳзаҳои ҷолиби диққати таърихи пурғановати Сосониёнро ёдовар шавем: аввалан, Сосониён сулолаи Эронии тоисломй буда, аз соли 224 то 651-уми милодӣ, яъне 427 сол дар Шарқи Наздику Миёна ҳукмронй кардаанд. Онҳо аз ҳавзаи таърихии Форс бархоста, худро вориси бевоситаи Ҳахоманишиён муаррифй намуда, ба ин васила пайванди ногустании Эрони қадимаро бо Эрони ибтидои асримиёнагӣ ба вучуд оварданд. Дар замони Сосониён ваҳдати сиёсии Эроншаҳр таъмин гардида, якчанд равандҳои ҷолибе зуҳур карданд, ки онҳо таърихи ин давраро хеле пурҷило менамоянд.

Якум аз асри Ш сар карда дар Эрон муносибатҳои феодалӣ тадриҷан ташаккул ёфтанд, ки ин дар навбати худ қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ, таркиби иҷтимоии аҳолӣ, вазъи дин ва фарҳанг, инчунин муносибатҳои иқтисодии ҷомеаи Сосониро комилан тағйир дод;

Дуюм, дар фарқият аз замони Ашкониён (247 пеш аз милод- 224 милод) дар ин давра мақоми ҳокимияти марказии Сосониён дар Эрон устувор гардида, қувваҳои хонадонҳои маҳаллӣ таъсири қувваҳои марказгурез ва истиқлолхоҳ хеле суст гардид;

Сеюм, нуфузи дини зардуштӣ дар ҷомеаи Сосонӣ баланд гардида, ба дарадаи дини расмии давлатии Эрон расида, мақоми рӯҳониёни зардуштӣ афзуд, ҳокимият дар ду поя-дин ва марказият асос гирифт. Бесабаб нест, ки ба асосгузори давлат Ардашери 1 Бобакон фармудаи «Тахт мояи меҳроб асту меҳроб пояи давлат»-ро нисбат медиҳанд.

Боз нуқгаи хеле ҷолиб он аст, ки раванди ташаккули халқи тоҷик дар ҳазораи авали қарни мо дар доираи давлати Сосониён сурат гарифтааст, ки он раванд дар замони Сомониён баГанҷом мерасад.

Зарурият ба ёдоварист, ки намояндагони зиёди Оли Сосон афроди хушмаълумоти бомаданият, дӯстдори илму фарҳанг буданд. Барои инкишофи ҳунармандии шаҳрӣ ва кишоварзӣ мусоидат намуда, ба ин тариқа, иқтисоди мамлакатро мустаҳкам мекарданд. Гули сари сабади дарбори шоҳони Сосонӣ шоирону олимон, ромишгарону рассомон буданд. Яке аз шахсони мӯътабари дарбори Сосониён ромишгари бузург Борбади Марвазй буд, ки 1400-солагии зодрӯзашро соли 1990 ботантана ҷашн гирифтем.

Дар замони Сосониён матнҳои китоби бузурги хираду вуҷудоти зардуштиён «Авасто» ҷамъ оварда шудаанд, ки пиндори нек, кирдори нек, рафтори нек пайвандгари дӯстӣ ва сулҳу салоҳ буд. Дар замони Сосониён фароҳамоварӣ ва таргиби таърих, ҳамоса (достонҳои қаҳрамонй) маданияту адабиёт асотири ҳамаи халқҳои қадими эронинажод — форсу портҳо, суғдиён, бохтариён, тахористониён ва дигарҳо сурат гирифт.

Дар ин давра асоси ташаккули забони адабии имрӯза — форсии дарӣ ҷараён пайдо карда буд. Дар таркиби давлати Сосониён давраи аввали ташаккули халқи муосири тоҷик сурат мегирифт. Шаҳрҳои Бухорою Самарқанд, Хуҷанду Марв, Балху Хирот ва бисёр дигар шаҳрҳо гаҳвораи ташаккули халқи тоҷик, маданият, забони форсии дарӣ макони давлатдории форсию тоҷикӣ ба шумор мерафтанд.

1.06K
Нет комментариев. Ваш будет первым!