Ҳайтолиён — аввалин давлати феодалӣ дар Осиёи Миёна
Нақша:
- Ҳайтолиён ва ҷомеаи онҳо.
- Таъсиси давлати Ҳайтолиён.
- Нашъунамо ва шикасти давлати Ҳайтолиён.
Ҳайтолиён қабилаи мугулшакл, вале эронизабон буданд. Аз рӯи он ки дар манбаъҳо — Ҳайтолиён ҳама вақт дар вобастагтГ бо Марв, Бомиён, Ҳироту Фарҷистон, Кобулу Зобулистон, Балху Бухоро, Хатлону Бадахшон, Чағониён ва гайра тавсиф шудаанд, мо метавонем онҳоро сулола ва қавми ориёй, яъне ниёгони тоҷикони имрӯза гӯем. Онҳо қавми аз Туркистони Щарқӣ, соҳилҳои баҳри Арал ё поёноби Сайхунрӯд пайдошуда набуда, бажи автахтаи (буми)-и Бадахшону Тахористон мебошанд, яъне онҳо пасмондагони (тахористони) тахориёну эронинажоданд (ховаршиносони аврупоӣ бештар истилоҳи «эфталит» ва таърихнависони Шарқ бошанд, аксаран шакли тоҷикии«Ҳайтолро» ба кор мебаранд. Вожаи «ҳайтол» маънии марди қавӣ, ҷасуру диловарро дорад).
Мувофиқи сарчашмаҳои хитоӣ Ҳайтолиён бодиянишонанд. Ба қавли муаррихи Византия Кесарийский Ҳайтолиён барзгарони водиҳои ҳосилхез буданд. Ин масъала тадқиқоти минбаъдаро талаб мекунад.
Дар ахбори муаррихи арман Лазар Парбский, ки ба соли 450 нисбат дорад «Кишвари Хайтолиён» номбар шудааст. Вале вақти ташкилёбии давлати Ҳайтолиён то ҳанӯз номаълум аст. Фақат ҳаминаш маълум ки Ҳайтолиён соли 456 ба Чин сафорати худро фиристодаанд. Мувофиқи гуфтаи Табарӣ соли 457 Пирӯз барои аз дасти бародараш кашида гирифтани тахт ба подшоҳи Ҳайтолиён муроҷиат кардааст. Аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки дар миёнаҳои асри У ядрои асосии давлати Ҳайтолиён ташкил ёфта будааст ва онҳо аз ҳамин вақт Сар карда ба истилои мамлакатҳои ҳамсоя шурӯъ намуда будаанд. Ҳамин тавр, дар миёнаҳои асри У милодӣ нахустин давлати феодалии тоҷикон — Ҳайтолиён арзи вуҷуд намуда буд.
Соли 457 подшоҳи Ҳайтолиён Вахшунвар Балху Бадахшон ва Тахористону Чағониён (Тоҷикистони Марказию Ҷанубй, водии Сурхандарё ва ғайра)-ро тобеъ мекунад. Дар солҳои 467-480 Суғд ҳам ба ҳайати давлати Ҳайтолиён дохил карда мешавад. Баъди ин онҳо ба тасхири Туркистони Шарқӣ шурӯъ намуданд. Онҳо байни солҳои 479-509 ноҳияҳои Турфон, Урумчй ва Хутану Қашгарро забт намуданд. Яъне дар ибтидои асри У1 Ҳайтолиён ба тамоми Туркистони Шарқй соҳиб шуданд. Ғайр аз ин, Ҳайтолиён дар ҷануб чанд мулкҳои навро дабт карданд. Масалан, дар нимаи дуюми асри У Афгонистон ва андак сонитар Ҳиндустони Шимолиро тасхир намуданд.
Инак, Ҳайтолиён империяи бузургеро ташкил мекунанд, ки ба ҳайати он Осиёи Миёна, Ҳиндустони Шимолӣ, Туркистони Шарқӣ, Афгонистон ва баъзе вилоятҳои Эрони Шарқӣ дохил мешуданд. Хулоса, Ҳайтолиён давлати ниҳоят калоне ба вуҷуд оварданд, ки андозаи он аз андозаи давлати Кушон ҳам калонтар буд..
Бояд хотиррасон намуд, ки қабилаҳои бодиянишини Хиёниёну Кидориён ва сонитар Ҳайтолиён бо Эрони Сосонй ҷангҳои пай дар пай мебурданд. Дар» аҳди шоҳаншоҳии Сосониён Пирӯз (459-484) муборизаи зидди Ҳайтолиён ба авҷи аълои худ расид. Пирӯз зидди Ҳайтолиён се бор ҷангидааст. Ҷанги якум бо ҳамин анҷом ёфтааст, ки зай асир меафтаду шоҳи Византия пули бисёр дода ҷони ӯро харида, аз асорат озод мекунад.
Пас аз муддате Пирӯз боз ҷанг сар мекунаду боз асир меафтад. Ин дафъз Пирӯз ваъда медиҳад, ки дигар аз сарҳади Ҳайтолиён нахоҳад гузашт ва мебоист товони ниҳоят калон — 30 хачир танга диҳад. Хазина, ки дар натиҷаи ҷангҳо холй шуда буд, ин микдор пул надошт. Пируз фақат як қисми онро дод ва писарашро ба гарав монда, ба ҳар ҳол аз асорат раҳоӣ ёфт.
Лекин Пирӯз Ҳайтолиёнро фиреб медиҳад ва ин боиси ҷанги сеюм мешавад. Гап дар ин ки Пирӯз ба Ҳайтолиён таклиф кардааст, ки муоҳидаи сулҳ банданд ва чун гарави софу покии нияти худ ба подшоҳи онҳо духтареро ба занӣ додаасту гуфтааст, ки ин духтар ба вай хоҳар мешавад. Духтар ба дарбори шоҳи Ҳайтолиён меояду қаллобии Пирӯзро фош мекунад, яъне хоҳар не, балки канизи вай аст.
Шоҳи Ҳайтолиён аз ин найранги Пирӯз дар ғазаб шуда, бо нияти қасос аз Пирӯз талаб мекунад, ки ба ихтиёри вай муаллимони илми ҳарбӣ фиристад, зеро вай лашкари калон дораду аммо сарлашкарони пуртаҷриба надорад. Вақте ки муаллимрн ба ихтиёри подшоҳи Ҳайтолиён омаданд (Пирӯз 300 эронии наҷибро фиристода буд), Ҳайтолиён як қисми онҳоро гӯшу биниву забон бурида сар доданду боқимондаҳоро куштанд. Инак, боз ҷанг сар шуд, ки ин ҷанги сеюм буд ва дар ин ҷанг Пирӯз бешарафона ҳалок шуд. Дар бораи ҷанги сеюм Табарӣ, Диноварӣ ва дигар муаррихон накдҳои аҷоиб доранд.
«Дар ин муборизаи зидди Ҳайтолиён Пирӯз ва бисёре аз лашкари вай ба хандақҳое, ки махсус дар сари роҳи онхо канда шуда, рӯи онҳоро барои номаълум шудан пӯшонида буданд, афтиданду кушта шуданд. Ҳайтолиён тамоми Хуросонро тасхир намуданд».
«Пирӯз ба хандақ афтода, банд мешавад. Ӯро бо санг зада мекушанд ва тамоми қароргоҳи вай, духтараш, мӯъбади пираш, занҳояш ва сарваташ ба дасти Ҳайтолиён меафтад». Ин шикасти мудҳиш аҳолии Эронро ба воҳима андохт. «Ҳатто дар айёми амонӣ касе набуд, ки ҷасурона ва нотарсона ба ҳайтолӣ нигарад ва агар номи ҳайтолиро шунавад, ҳатто ба ларза мермад».
Зиёда аз ин як форси наҷиб, ба шароите, ки дар Эрон баъди Пирӯзро торумор кардани Ҳайтолиён ба вуҷуд омада буд, чунин баҳо додааст: «Пирӯз меҳани ин қадар аъзаму ин қадар мустақили Моро чунон бандаи Ҳайтолиён сохт, ки то мулки ориён (Эрон) вуҷуд дорад аз ин бандагии пурғусса раҳоӣ намеёбад».
Дар асри VI дур аз ҳудуди Осиёи Миёна дар Олтой зери унвони Ҳоқонии турк (солҳои 551-744) иттиҳоди давлатие пайдо шуд, ки дар таърихи Осиёи Миёна роли муҳим бозид. Туркҳо мамлакатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Шимоли Хитойро тасхир намуданд. Сипас рӯ ба Ғарб ба Осиёи Миёна ҳам тохтутози худро оғоз менамоянд. Дар охири асри VII ва миёнаи асри VIII арабҳо ноҳияҳои асосии Осиёи Миёнаро ишгол намуда, ҳукмронии сиёсии туркҳоро дар ин кишвар аз байн бардоштанд.
Ҳанӯз, вақте ки туркҳо ба Осиёи Миёна сар медароварданд, бояд бо Ҳайтолиён дучор меомаданд ва задухӯрди онҳо ногузир мегардид. Вазъияти Ҳайтолиён барои ҳамин ҳам мушкил буд, ки онҳо дар байни ду оташ монданд, ки яке туркҳо буданду дигаре Эрони Сосонй. Эрон маҳз дар ҳамин давра, яъне дар аҳди Хисрави Анӯшервон (солҳои 531-579) комилан ташаккул ёфта, иқтидори он хеле афзуд ва ба Ҳайтолиён дигар боҷ ҳам намедод.
Ҳанӯз дар солҳои 50-уми асри У1 дар шимоли Осиёи Миёна туркҳо ба Ҳайтолиён дучор омаданд. Аз афти кор, Ҳайтолиён гумон накарданд, ки бо чй гуна душмани тавоно рӯбарӯ шуданд. Ҳайтолиён ҳатто ба ҳуҷум гузашта туркҳоро пеш карданӣ мешаванд. Ҷанг аз афти кор бо баъзе танаффус хеле тӯл мекашад. Хисрави Анӯшервон бо туркҳо гуфтушунид мекунад, ки мақсад аз он таъсиси иттифоқе буд, ки бояд Ҳайтолиёнро барҳам медод. Инак, Ҳайтолиён маҷбур буданд, ки амалан бар зидди ду душмани муқтадир биҷанганд. Дар ин ҷанги шадид, пеш аз ҳама сокинони шаҳру деҳот зарар медиданд.
Ҷанубтарин ноҳияҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон дар тасарруфи Эрони Сосонй ва ноҳияҳои шимолӣ дар ихтиёри туркҳо монд. Байни онҳо сарҳади муайян набуд ва баъзе маҳалҳои (ҳатто ноҳияҳои) мобайнӣ маҷбур мешуданд, ки якборй ба ду тараф боҷ диҳанд.
Ҳайтолиёни водии Зарафшон ба туркҳо боҷ медод. Ҳайтолиёни ҷанубии Осиёи Миёна муддате мустақилона ҳаёт ба сар бурдаанд. Вале мувофиқи ривояти Масъудӣ, Хусрави Анӯшервон зоҳиран бо баҳонае ба ноҳияҳои паси «дарёи Балх», яъне Амударё лашкар дароварда, то ба Хатлон расид, шоҳи Ҳайтолиён кушта шуд ва Хисрав мулки ӯро ба мамлакати худ ҳамроҳ кард. Ҳамин тавр, давлати Ҳайтолиён мавҷудияти худро қатъ карду «сипас туркҳо мулки Ҳайтолиёнро ба горат бурданд ва ба авлодҳо қирон.омад».
Ҳамин _ ки давлати Ҳайтолиён барҳам хӯрд, байни собиқ иттифоқчиён низоъ хест, ки сабаби асосиаш зиддиятҳои иқтисодии онҳо буд. Аммо сарфи назар ба ин Ҳайтолиён дар таърихи Осиёи Миёна роли муҳим бозиданд. Маҳз онҳо тавонистанд дар Шарқ на фақат пеши роҳи ӯрдуи Сосониёни Эронро гиранд, балки ба шоҳони кӯшонй зарбаи ҳалокатовар зананд.
Парчами дастаи Ҳайтолиён дар дашту саҳрои Эрон ҷавлон мезад, ба шоҳи Ҳайтолиён вобаста буд, ки ин ё он одам дар Эрон шоҳаншоҳ мешавад ё не ва дар вақташ бурда супоридани боҷ яке аз вазифаҳои муҳими бисёр шоҳони Эрон буд (ҳукуматҳои Эрон буд).
Халқҳои Закавказе, ки дар зери асорати Сосониён буданд, низ қомат афканданду зидди зулми Сосониён алангаи муборизаро боло хезонданд.
Ниҳоят, Ҳайтолиён дар этногенези Ҳиндустон, Афгонистон ва, алалхусус Осиёи Миёна роли муҳим бозиданд. Дар замони Ҳайтолиён муносибатҳои феодалӣ ба вуҷуд омада, тадриҷан инкишоф меёбад.