Ҳоқонии Турк ва афзудани нуфузи он дар Осиёи Миёна

Нақша:

  1. Таъсисёбии Ҳоқонии турк ва афзудани он дар Осиёи Миёна.
  2. Иттифоқи ҳарбии Сосониёну Туркҳо алайҳи Ҳайтолй ва оқибатҳои он.
  3. Низои Туркҳо ва Сосониён оиди тиҷорат.

Дар Олтой ва Сибири Ҷанубй бо номи’ Ҳоқонии Турк (551-744) иттиҳоди давлатие пайдо шуд, ки баъдтар дар тақдири таърихии халқҳои Варазруд нақши муҳим бозид. Туркҳо худро «тюрк» ва Сугдиёну Форсҳо бошанд, эшонро «турк» мегуфтанд.

Соли 551 сарвари иттиҳоди туркҳо — Бумин унвони «Ҳоқон», яъне ҳоким, ҳукмдорро гирифта, дар Осиёи Марказӣ империяи нав -Ҳоқонати Туркро бо тахтгоҳаш дар Олтой асос мегузорад. Дар як муддати кӯтоҳ қабилаҳои турк бо ҳам муттаҳид шуда, ба тасхири сарзаминҳо шурӯъ намуда, дар Ғарб то Баҳри Сиёҳ рафта мерасанд. Дар натиҷа дар харитаи геополитикии ҷаҳони ибтидоии асримиёнагӣ империяи бениҳоят калони кӯчманчиён пайдо мешавад, ки аз худи Корея то соҳили Баҳри Сиёҳ масоҳати азимеро фаро мегирифт. Чин аз сарзаминҳои Шимолии хеш маҳрум шуда, амалан вассали (тобеи) туркҳо гардида, ҳар сол ба онҳо ба андозаи сад ҳазор тӯп матои шоҳӣ хироҷ пардохт мекард. Империяҳои муқтадири Византия ва Эрони Сосонӣ аз мавҷи туркон ба ҳарос меафтиданд.

То соли 555 туркҳо қисми воҳаҳои Туркистони Шарқӣ, шаҳрҳои пурсарвати соҳили Сайхунрӯд ва соҳили Баҳри Аралро забт карда, ба Ҳайтолиён рӯ ба рӯ мешаванд. Туркҳо ҳавзаҳои муҳими стратегии Варазрӯд — Ҳафгрӯду Хоразм, Чочу Кеш ва Нахшабро тасхир намуда, дар Иттиҳоди ҳарбй бо Сосониён дар солҳои 563-567 давлати Ҳайтолиёнро барҳам дода, ба ҳокимияти сиёсии Варазруд соҳиб мешаванд.

Баъди заволи давлати Ҳайтолиён вазъи ҳарбию сиёсии Варазруд тагйир ёфт. Ноҳияҳои Ҷануби Варазруд, аз ҷумла воҳаҳои имрӯзаи ҷануби Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон дар тасарруфи Эрон ва ноҳияҳои Шимолии Варазруд дар ихтиёри Туркҳо монд.

Байни онҳо сарҳади муайян набуд ва мушаххасан маълум ҳам набуд, ки воҳаҳои сарҳадӣ ба кадоме аз ин давлатҳо боҷ медиҳанд. Ин вазъият сабабгори боз ҳам тезу тунд гардидани муносибатҳои байни Эрони Сосонӣ ва Ҳоқонии Турк гардид.

Соли 589 нерӯи аскарии туркҳо бо сардории Совашоҳ ба мулкҳои Хуросонии Сосониён зада даромаданд. Лашкари туркҳо аз рӯди Ҷайҳун гузашта Тахористонро қисман ишғол карда, то Ҳирот ва Балх рафта расиданд. Сарлашкари эронӣ Баҳроми Чӯбина ба қароргоҳи лашкари туркҳо зада даромада туркҳоро шикаст медиҳад. Онҳо роҳи гурезро пеш гирифтанд. Сипас,. туркҳо аскари нав ҷамъ карда ба муқобили Баҳроми Чӯбина ҷангиданд, вале ягон тараф комилан пирӯз намегарданд ва дар соҳили рӯди Ҷайҳун дар наздикии Тирмиз байни Сосониён ва туркҳо созишномаи сулҳ баста мешавад.

Бояд гуфт, ки Ҳоқонии Турк аз сабаби давлати хеле калони номутамарказ буданаш, соли 603 амалан ба ду давлати мустақил -Ҳоқонии Шарқии Турк ва Ҳоқонии Ғарбии Турк тақсим шуда, Варазруд, Ҷунгария ва як қисми Туркистони Шарқӣ ба ҳайати Ҳоқонии Ғарбии Турк дохил шуданд. Ҳоқон Туншаху (618-630) солй 618 ислоҳоти идорию ҳудудй гузаронида, барои назорат дар назди ҳокимони маҳаллӣ намояндагони шахсии худро таъин кард. Ҳоқон ҳукмронии сиёсии худро дар Варазруд мустаҳкам кард. Яъне нуфузи Ҳоқонии Турк дар Осиёи Миёна меафзуд. Дар ин давра, дар аксари вилоятҳо волиёни турк ё худ туркнажод ҳукмронӣ мекарданд.

Баъди вафоти Туншаху соли 630 низою кашмакашиҳо сар заданд, ки аҳолии Варазруд ҳам аз ин бархӯрдҳои ҳарбй зарари калон медиданд. Муборизаи дохилӣ рафта-рафта Ҳоқонии Туркро хароб гардонид. Ҳоқонии Турк бо вуҷуди масоҳати беандоза калон доштанаш, давлати марказияттноки нерӯманд набуд. Асоси онро иттифоқи ҳарбии қабилаҳои туркӣ, ки аз халқиятҳои зердасти муқимии сатҳи зиндагӣ ва ҳаёти фарҳангиашон хеле паст буд, ташкил медод. Номувозинатии сатҳи зиндагй, фарҳангиву маънавият, ҷангҳои пай дар пай Ҳоқонии Туркро суст карда, Варазрудро ба парокандагии сиёсӣоварда расонд.

Аз ин ҷост, ки саёҳатчии чинй Сюан Сан, ки соли 630 ба воситаи Осиёи Миёна ба Ҳиндустон сафар карда буд, дар мулки Сугд ва Тахористон ноҳияҳо ва ҳокимони зиёди мустақилро номбар карда парокандагии мулкро қайд мекунад. Дар лаҳзаи ба хоки кунунии Тоҷикистон дохил шудани арабҳо дар ин сарзамин микдори зиёди мулкҳои мустақил ва ниммустақил вуҷуд доштанд.

Ниҳоят дар охири асри УП ва миёни асри УШ арабҳо ноҳияҳои асосии Осиёи Миёнаро ишгол карда, ҳукмронии сиёсии туркҳоро дар ин кишвар аз байн бардоштанд.

Ҳамин ки давлати Ҳайтолиён барҳам дода шуд, байни собиқ иттифоқчиён (Эрони Сосонӣ ва Ҳоқонии Турк) низоъ хест. Сабаб на манфиатҳои сиёсии тарафайн, балки зиддияти иқтисодии онҳо буд, ки онро низои туркҳо ва сосониён меноманд…

Тавре ки маълум аст, дар давраи Кӯшониён аз Осиёи Миёна роҳҳои тиҷорат, аз чумла «роҳи абрешим» мегузашт, ки Осиёи Марказӣ ва Римро ба ҳам мепайваст. Баъдтар кирмакпарварӣ ва шоҳибофӣ дар худи осиёи Миёна ривоҷ меёбад. Дар Ғарб истеҳсоли шоҳӣ умуман вуҷуд надошт, бинобар ҳамин ҳам империяи Византия ва Рим на фақат нигарони шоҳие буданд, ки аз Осиёи Марказӣ ва Миёна оварда мешуд, ва, зимнан дар ин савдо форс миёнаравӣ меқарданд.

Византиҳо чанд бор кӯшиданд, ки бевосита аз Ҳиндустон шоҳй гиранду дар ин кор ба форсҳо мӯҳтоҷ набошанд, вале кӯшишҳо натиҷа надоданд, зеро ки Эрон ба ин кор зид буд.

Форсҳо аз миёнаравии худ пули ниҳоят калон мегирифтанд5 бинобар ҳамин онҳо аз як тараф намемонданд, ки

Византия бевосита ба фурӯшандагони абрешим робита дошта бошанд, ва аз тарафи дигар, чӣ қадар хоҳанд, ҳамон қадар нархи молро боло мебардоштанд. Бояд гуфт, ки дар миёнаҳои асри У1 тухми кирмак ба Византия ҳам оварда шуд, вале барои таракқии саноати шоҳӣ вақти тӯлоние лозим буд.

Суғдиён, ки худашон шоҳибофй мекарданду бо абрешимфурӯшо: бевосита алоқа доштанд, дар барориши савдои Осиёи Миёнаву Византия беш аз ҳама манфиатдор буданд. Роҳи қулайтарини савдо аз Эрон мегузашт, вале маҳз дар ҳамин ҷо манфиати савдогарони Форс ва Суғд бо ҳам дучор омад.

Бо маслиҳати Ҳоқонии Турк суғдиён бо сардории «сарварашон» Монияҳ ба Эрон сафорат фиристода донистанй мешаванд, ки оё шоҳиро аз хоки Эрон гузаронида ба Византия ба фурӯш бурдан, ё худ ақалан бо худи савдогарони Форс шоҳӣ оварда, фурӯхтан имкон дорад ёне?

Сафорати Монияҳ натиҷа надод. Шоҳ Хусрави Анӯшервон баҳона ёфт, ки ба Эрон омадани туркҳо мувофиқи мақсад нест, бинобар ҳамин тамоми таклифҳои ҳайати сафоратро рад кард, тамоми абрешими суғдиёнро хариду баъд дар пеши чашми онҳо ҳамаашро сӯхта партофт.

775
Нет комментариев. Ваш будет первым!