Зуҳури ислом ва ташкилёбии Хилофати Араб
Нақша:
- Нимҷазираи Арабистон дар арафаи зуҳури ислом.
- Пайдоиш ва интишори ислом. Муҳаммад © ва шахсияти ӯ.
- Таъсиси Хилофати Араб. Шикасти шоҳаншоҳии Сосонӣ.
Дини ислом дар асри УП дар нимҷазираи Арабистон ба вуҷуд омадааст ва дар ҷаҳони муосир яке аз динҳои бонуфузи афзоянда ба ҳисоб меравад. Пайравони дини ислом дар саросари дунё зиёда аз 1,4 миллиард нафарро ташкил медиҳанд.
Ислом, ки ба маънӣ итоат, таслим, фармонбардорй аст, яке аз динҳои яктопарастӣ ба шумор меравад. Аз рӯи анъанаи динӣ асосгузори он Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (570-632), яъне ҳазрати Муҳаммад пайғамбар эътироф гардидааст. Сабаби асосии пайдоиши дини ислом пеш аз ҳама дар барқарор шудани ҷамъияти синфй ва сурат гирифтани раванди муттаҳидшавии қабилаҳои араб зоҳир мегардад.
Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад дар шаҳри Макка ба таълимоти динӣ оғоз намуда, мардумро ба тавҳид даъват мекард. Мардуми араб тадриҷан исломро напазируфтанд ва дар давраи «хулафои рашиддин» дини ислом ба Шарку Ғарб паҳн шуда ба дини ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Дар соли 622-уми милодӣ ҳазрати Муҳаммад бо пайравонаш аз шаҳри Макка ба Ясриб (Мадина) ҳиҷрат карданд ва аз ҳамон сол мабдаи таърихи ислом қабул шуда, солшумории ҳиҷрии мусулмонй оғоз гардид.
Азбаски дар исломи ибтидоӣ гояҳои иҷтимоии бародарӣ, баробарй, накӯкорй, адолатпарварӣ, шафқату эҳтироми якдигар таргибу талқин гардида буд. Мардуми нимҷазираи Арабистон ва баъдтар қавмҳои эронй ҳам онро писандида ба худ қабул карданд. Асоси манбаъхои ғоявии ислом, қабл аз ҳама динҳои яҳудӣ, масеҳият, динҳои қадимаи қабилаҳои араб, зардуштия ва монавия мебошанд.
Асоси таълимоти дини исломро бошад, китоби «Қуръон» ташкил медиҳад. «Қуръон» аз 114 сура (боб) иборат буда, барои мусулмонон китоби муқаддас ҳисоб мешавад. Китоби «Куръон» пояи дини ислом аст ва ҳамон мақомеро дорад, ки «Таврот» дар назари яҳудиён, «Инҷил» дар назари масеҳиён ва «Авасто» дар назари зардуштиён.
Пас аз вафоти ҳазрати Муҳаммад (632) миёни гурӯҳҳои мусулмонон ихтилоф ба вуҷуд омад ва ин боиси пайдоиши равияи шиа (аҳли ташаюн) ва суннӣ (аҳли тасаннун) гардид. Ҳамин тавр, мусулмонон ба ду шохаи асосӣ — суннимазҳабон ва шиамазҳабон ҷудо шуданд. Дар навбати аҳли суннӣ дар доираи илми фиқҳи исломй (ҳуқуқ) боз ба мазҳабҳои моликия, шофеия, ҳанбалия, ҳанафия ҷудо шуданд.
Мазҳаби мардуми Осиёи Миёна ҳанафия мебошад, ки асосгузораш Абӯҳанифа (699-764) ба ҳисоб меравад ва ӯро бо эҳтиром имоми Аъзам ҳам меноманд. Шиамазҳабон низ аз асри УШ ба имомиҳо ва исмоилиҳо ҷудо шуданд. Ғайр аз ин, дар ислом фирқаҳои мӯътазила, кдрматия, ваҳхрбия, тасаввуф, хориҷия ва гайра вуҷуд доранд.
Аркони дини ислом аз калимаи шаҳодат, намоз, рӯза, закот ва ҳаҷ иборат мебошанд. Аҳкоми асосии ислом аз эътирофи Оллоҳ ҳамчун Худои ягона ва Муҳаммад расули он дар рӯи замин, бақои нафс, мавҷудияти дузахту биҳишт, нузули «Қуръон» ва гайра иборатанд.
Пайравони равияи суннӣ дар қатори «Қуръон» суннат ё ҳадисро муқаддас медонанд, аҳли шиа бошанд, ба ҷои суннат ахборро эътироф доранд.
Чунон ки зикр шуд, зуҳур ва инкишофи дини ислом, ки қабилаҳои арабро ба ҳам муттаҳид кард, ба ташкили Хилофати Араб зич алоқаманд аст, зеро халифаҳои араб, ки ҳамзамон роҳбари олии дин ва ҳам сарвари давлат ҳисоб мешуданд, дини исломро дар кишварҳои забткардаашон ҷорӣ карданд. Дини исломдар Эрон, Хуросон ва Мовароуннаҳр ҳам, ки дар асрҳои УП-УШ ба асорати Хилофати Араб афтоданд, низ ба ҳамин роҳ ҷорӣ карда шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳуҷумҳои ғоратгаронаи арабҳо асосан пас аз даргузашти Муҳаммад пайгамбар соли 632 ва пас аз пуриқтидор гардидани давлати теократии Хилофати Араб сар зад. Давлати навтаъсисро нахуст, халифаҳо, яъне ҷонишинони пайгамбар -«Хулафои рошиддин»: Абӯбакри Сидциқ (632-634, Умар-ал-Хаттоб (634-644), Усмон ибни Афон (644-656), Алӣ ибни Абӯтолиб (656-661), дуюм, намояндагони сулолаи Умавиён (661-750) ва ниҳоят, халифаҳо аз хонадони Аббосиён (750-1258) идора кардаанд.
Ташаккули Хилофати Араб аслан дар замони салтанати «Хулафои рошиддин», яъне «Халифаҳои чаҳоргона» анҷом ёфта, сарзаминҳои беканори Шому Фаластин, Миср ва Эрон ҳам, асосан аз ҷониби арабҳо дар ҳамин давра тасхир карда шуд. Арабҳо дар зери ливои дини ислом ба муқобили мардуми ғайримусалмон, яъне кофирон ҷангҳои муқаддас, яъне «ҷиҳод» ва газавот эълон намуда, дар як вақт ба муқобили ду давлати пуриқтидори он давра — Империяи Византия (Рум) ва шоҳаншоҳии Эрони Сосонӣ ба ҷанг даромаданд.
Охирин шоҳаншоҳи Сосониён Яздигурди Ш (632-651) бо вуҷуди кӯшишу талошҳои фаровон мардуми Эроншаҳрро ба муқобили нерӯи ҷангии арабҳо бархезонида натавонист. Дар натиҷа дар якчанд муҳорибаҳои тақдирсоз, махсусан дар ҷангҳои Қаддисия (637), Ҳулвон (637), Наҳованд (642) ва Кирмон (649) арабҳо тамоми қувваҳои муттаҳидаи ҷангии Сосониёнро торумор карда, соли 651 маркази Хуросон — шаҳри Марвро тасхир намуданд, ки ин амалан маънии забти ҳама сарзамини Эроншаҳрро дошт.
Ниҳоят, соли 651 бо марги шоҳаншоҳ Яздигурд давлати Эрони Сосонй ҳам расман барҳам хӯрд ва арабҳо ба марзи Осиёи Миёна наздик шуда, барои тасхири ин сарзамин омодагӣ гирифтанд, вале ҷангҳои дохилй дар Хилофати Араб, ки ахиран сулолаи Умавиёнро ба сари ҳокимят овард, раванди забти ин сарзаминро андаке ба таъхир андохт.