Давлатҳои Тоҳириён ва Саффориён

Нақша:

  1. Тоҳириён ва давлати Тоҳирӣ(821-873).
  2. Саффориён ва давлати Саффорӣ(873-900).

Давлати Тоҳириён дар солҳои 821-873 милодӣ арзи ҳастӣ намудааст, ки асосгузораш Тоҳир ибни Ҳусайн эътироф гардидааст. Тоҳир соли 821 хокими волии Хуросон ва Мовароуннаҳр шуда, ҳокимияти худро мустаҳкам ва мамлакатро мустақилона идора мекард. У соли 822 ҳатто фармон дод, ки дар намози ҷумъа (Хутба) номи халифа ба забон гирифта нашавад. Дере нагузашта Тоҳирро дар вақти хобаш мурда дарёфтанд. Тахмин меравад, ки Тоҳирро одамони халифа захр дода куштаанд.

Аммо Халифа ал-Маъмун тарсида волигиро аз хонадони Тоҳириён нагирифт ва писари Тоҳир Талха (822-828)-ро волии Хуросон таъин кард.

Баъди вафоти Талха бародари ӯ Абдуллоҳ ибни Тоҳир, подшоҳи маъруфтарини Тоҳириён гардид (828-844). Абдулло ба ном вассали халифа бошад ҳам, вале ҳокими ҳақиқатан ҳам мустақил шуд. У Хуросон ва Мовароуннаҳрро ба давлати мустақил табдил дод. Вориси арзандаи Абдуллоҳ писараш Тоҳири 11 (844-862) буд. Дар давраи ҳукмронии Муҳаммад ибни Тоҳир (862-873) унсурҳои парокандашавй ва суст гардидани давлати Тоҳириён ба чашм мерасиданд.

Пойтахти Тоҳириён шаҳри Нишопур буд, ва он хеле инкишоф ёфт. Тоҳириён оид ба мустаҳкам намудани ҳокимият ва ҷорӣ кардани таъсири худ як қатор чорабиниҳо андешиданд. Онҳо исломро такягоҳи худ пиндошта, бо тамоми қувват онро тарғиб мекарданд. Дар давраи Талха тамоми мулкҳои мустақили боқимондаи кишвар тобеъ гаштанд, аз ҷумла лашкари араб таҳти фармондеҳии Аҳмад ибни Абдухалид вилояти Уструшан бо пойтахташ Бунҷикат (Шаҳристон)-ро пурра забт кард (822). Дар давраи Абдуллоҳ баъзе заминҳои гузхо (огузҳо) забт гардиданд.

Дар замони Тоҳириён, хусусан Абдуллоҳ ибни Тоҳир низоми обёрӣ танзим шуд ва наҳрҳо ва шабакаҳои нави обёрӣ барпо гаштанд. Худи Абдуллох роҷеъ ба обёрӣ рисола иншо намуд. Бо фармони Абдуллоҳ фақеҳон-донишмандони шариати ислом асари «Китоб ал-қаннот»-ро навиштанд ва он дар Хуросон то замони ҳамлаи мугулон ба сифати дастурамали обёри ва зироат истифода мешуд. Тоҳириён барои ҳисоби замин ва дуруст ҷамъ кардани андоз чораҳо андешиданд. Дар номаи Тоҳир ба Абдулло маслиҳатҳо ва панду насиҳатҳо ба ҳокимон баён шудааст.

Тоҳириён бо ҳомигӣ ва парастории хеш ба адабиёт ва илм шӯҳрат ёфтаанд. Дар пойтахти онҳо Нишопур қасрҳо, китобхонаҳо, таълимгоҳҳо, корвонсаройҳо сохт.а шуданд. Худи Тоҳириён шеърҳо эҷод карданд, асарҳои илмӣ навиштанд. Аз ҷумла Тоҳир бо шеърҳояш ба забони арабй маъруф буд. Абдулло шоир, нависанда ва олим буд, доир ба назм ва шеърият рисолаҳо таълиф кард. Ҳамаи Тоҳириён ашрофони бомаърифат буданд ва барои доираҳои васеи аҳолӣ барои дастрас намудани илму дониш кӯшиш менамуданд. Суханони Абдуллоҳ: «Илму фанро ба шоиставу носазо дастрас намудан лозим аст. Илм бошад, ғами худро хӯрда метавонад, то ки ба нолоиқ насиб накунад». Ё ин, ки Абдуллоҳ саҳеҳтар ин тавр гуфтааст: «Донишро ба ҳамаи марду зани мусулмон додан даркор аст. Вай худаш гамхорӣ карда, дастраси одами лоиқ мегардад». Баъди садаи маҷбуран арабикунонии донишу фарҳанг ва дину ойини замони Тоҳириён давоми эҳёи тоҷикон шуд, ки ибтидояш дар аҳди Сомониён авҷ гирифта буд.

Дар асрҳои УШ-1Х дар Хуросон ва Мовароуннаҳр табақаи махсуси Ғозиён ал-Мутавия («ихтиёриён») ба вуҷуд омад. Ба сафи он унсурҳои гуногуни табақаҳои поёнии ҷомеа (заминдорони хонахароб гардида, ҳунармандон ва дигарон) дохил мешуданд. Онҳо ба дастаҳои ихтиёрии сарбозон таҳти роҳбарии пешвоён ҷамъ омада, ба хизмати ҳокимони гуногун мерафтанд, дар ҷангҳо иштирок мекарданд ва ноҳияҳои сарҳадиро аз тохтутози бодиянишинон муҳофизат мекарданд. Ғозиён иштирокчии фаъоли ҳаракати мардумии зидди ҳокимони маҳаллӣ ва ашрофи феодалӣ низ буданд. Аз байни ин табақа сулолаи Саффориён аз вилояти Сиистон (Саистон, Сакистон, Саҷистон) баромада дар аҳди бародарон Яъкуб ва Амр ибни Лайс дар муддати кӯтоҳ тамоми Хуросонро ба зери тасарруфи худ гирифтанд.

Яъқуб ва Амр дастаи худро ташкил карда ба дастаҳои дигари Ғозиёни Сиҷистон ҳамроҳ мешаванд. Дар муддати кӯтоҳ обрӯю эътибори Яъқуб дар байни Ғозиён ва фармондеҳи ҳамаи дастаҳои Сиҷистон баланд гардид ва сулолаи ҳокимони ин кишварро асос гузошт. Яъкуб дар ҷавонй дар шаҳри Заранҷ шогирди саффор (мисгар) буд ва аз ин ҷо сулолаи вай унвони Саффориён гирифтааст.

Минбаъд Яъқуб волии Кобул, Синд ва Макронро тобеъ, соли 867 Ҳирот ва Ҳушанг, соли 869 Камина ва Форсро забт кард. Соли 871 халифа Мӯтамид (870-892) Яъқубро волии Балх ва Тоҳиристон таъин намуд. Бо ҳамин халифаи Саффориён ва Тоҳириёнро задухӯрд андохт. Соли 873 Яъқуб қӯшуни Муҳаммад ибни Тоҳирро торумор карда, маркази давлати Тоҳириён Нишопурро ба даст даровард ва халифа ба вай идоракунии Хуросон, Табаристон, Ҷурҷон, Рай ва Форсро расман супорид.

Соли 876 байни Халифа ва Яъқуб зиддияти ошкоро ба амал омад. Яъқуб ба Багдод лашкар кашид, лекин дар назди Дайр-ул-Акӯл шгасаст хӯрд. Сабабаш: ёрии пешвои зинҷхоро (гуломони зангй), ки бо сардории Алӣ ибни Муҳаммади Буркан дар Ироқ шӯриш бардошта буд, рад кард. Баъди шикасти Яъқуб Халифа Муҳаммад ибни Тоҳирро аз зиндон озод карда боз волии Хуросон ва атрофии он таъин кард. Яъқуб бошад, ҳокимияти худро танҳо дар Эрони ҷанубй нигоҳ дошта тавонист ва соли 879 вафот кард.

Бояд гуфт, ки Яъқуб ба қӯшун такя намуда, барои нигоҳ доштани он илова бар андоз вилоятҳои забткардаашро талаву тороҷ менамуд. Дар аҳди ӯ аҳволи мардум беҳтар нагардид, андоз ва маҷбуриятҳо кам нашуд Такягоҳи асосии ӯ заминдорони майда ва миёна буданд ва манфиати онҳо ҳимоя карда мешуд. Бинобар он табақаи боло муборизаи вориси Яъқуб Амр (соли 879-900) -ро бар зидди Исмоили Сомонй дастгирӣ накард. Амр мавқеашро дар Хуросон мустаҳкам карда, даъвои Мовароуннаҳр кард. Вале ин кӯшиши ӯ боиси ииқирози давлати Саффориён гардид. Дар муҳорибаҳои соли 899 ва 900 гвардия ва лашкари халқии Сомониён кӯшуни Амрро торумор намуданд ва мулкҳои Саффориёнро ба давлати худ ҳамроҳ карданд. Сулолаи Саффориён чун вассалҳои Сомониён дар Сиистон ҳукмрон буданд. Сулолаи Саффориҳо то охири асри 15 вуҷуд дошт ва дар сарчашмаҳо ба назар расад ҳам, онҳо мавқеи намоёни сиёсӣ надоштанд.

Дар фарҷом, бояд қайд намоем, ки Яъқуб асосгузори сулола ва давлати Саффориён паҳлавони асили тоҷик, ҷанговари обутоб ёфта ва бо сабру тоқат буд, ҳаёти хоксорона ва оддӣ дошт. Ӯ сару либоси пахтагй мепӯшид, зери сараш сипар ва байрақро гузошта хоб мекард.

3.47K
Нет комментариев. Ваш будет первым!