Исмоили Сомонӣ — бунёдгузори давлати Сомониён
Нақша:
- Мухтасар дар бораи Оли Сомон.
- Ҳокимони вилоятҳои калонтарини Мовароуннаҳру Хуросон таъин гардидани наберагони Сомонхудот ва соҳиби ҳокимият гардидани онҳо.
- Исмоили Сомонӣ-бунёдгузори давлати миллии тоҷикон Сомониён (874-999).
Абу Иброҳим Исмоил ибни Аҳмад (849-907) ба ҳукми такдир ва сарнавишт асосгузори аввалин давлати миллии тоҷикон-Сомониён (874-999) буда, барои ташаккули он ва хоса барои вахдату ҳамгироӣ, сохтори идории давлатӣ ва худшиносии миллии тоҷикон корномаи ҷовидонаро анҷом додааст. Дар давлати миллии тоҷикон — Сомониён -ду тан аз пешвоёни асили меҳанпарасту адолатпеша бо номи Исмоили Сомонӣ ёд мешаванд. Нахуст, Абу Иброҳим Исмоил ибни Аҳмад ибни Асад, ки аз замони салтанати Наср бинни Аҳмад ба корҳои давлатй ҷалб шуда, сониян амири Мовароуннаҳр ва ниҳоят амири Мовароуннаҳру Хуросон, Сиистону Мозандарон, Райю Исфаҳон, Гургону Табаристон, яъне бунёдгузори ҳақиқии давлати Сомониён мегардад. Дуюм, вориси хеле арзанда ва дури ӯ — Абӯ Иброҳим Исмоил бини Нӯҳи Сомонӣ (999-1005), ки маъмулан Исмоили Мунтасир (фотеҳ) мегӯянд, баъд аз сукути давлати Сомониён, аз соли 999 то соли 1005, яъне зиёда аз панҷ сол барои барқарор намудани салтанати аз даст рафтаи Сомониён набардҳои ибратангез бурдааст.
Зарурият ба ёдоварист, ки аз ҳафт писарони Аҳмад ду тан — Наср (875-892) ба мансаби амири Мовароуннаҳр ва Исмоил бошад, аввал ба маснаби амири Мовароуннаҳр (892-900) ва баъд амири Мовароуннаҳру Хуросон (900-907) мегардад ва пасон ба унвони асосгузор ва амири давлати миллии тоҷикон — Сомониён ёд мешавад.
То солҳои 40-уми асри IX раванди марказият гирифтани ҳокимият дар Варорӯд ба дасти сулолаи Сомониён аз ҷониби Нӯҳ ибни Асад (819-842) сурат мегирад. Ба он далеле, ки Нӯҳ ба гайр аз Сугди Самарқанд Фаргона, «билоди туркон» (маҳалли аҳолинишин, сарзамин) ҳатто Косону Ураштро забт менамояд ва баъдан ин иқдомро бародар ва вориси ӯ, — падари Исмоили Сомонй, -Аҳмад ибни Асад (842-864) давом дода, барои идора кардани корҳои давлатй (аз с.842) писари калонии хеш Наср ибни Аҳмадро (842-892) ҷалб менамояд.
Сукути салтанати Тоҳириён (821-873) ва ба сари кор омадани Саффориён (879-900) фазои ҳарбию сиёсӣ ва идории Хуросону Мовароуннаҳрро тагйир дод. Аз ин сабаб бо таъбири Халифа-ал- Мӯътамид (810-892) Мовароуннаҳр ба сифати воҳиди ҷудогонаи ҳудудию маъмурӣ аз ҳайати Хуросон бароварда шуда, барои идора кардани он ба Наср бинни Аҳмад дар соли 875 маншур (фармон) ирсол карда мешавад.
Наср бинни Ахмад барои комилан истиқрор ёфтани ҳокимияти Сомониён дар Мовароуннаҳр бо дархости мардуми азиятдида бародари хеш — Исмоили 25-соларо волии Бухоро таъин мекунад, ки ӯ то соли 892, яъне 18 сол ин марказшаҳри сиёсию стратегӣ ва гаҳвораи тамаддуни тоҷиконро идора мекунад. Маҳз дар ҳамин давра, Исмоил ба сифати чеҳраи сиёсии замон аз ҷониби табақаҳои иҷтимоии ҷомеа қабул карда мешавад.
Исмоили Сомонй кӯшиш менамуд, ки дар Бухоро ҳокими комилан мутлақ гардад, аз ин рӯ аз додани андоз ва дигар ӯҳдадориҳо ба хазинаи марказии Сомониён даст кашид, ки ин муқовимати байни ӯ ва амир Наср бинни Аҳмадро ба вуҷуд овард.
Дар натиҷаи муқовимати ҳарбӣ соли 886 Исмоил аз вазифаи волии Бухоро сабукдӯш ва ба вазифаи омили хироҷи Бухоро таъин карда мешавад. Соли 886 муқовимати нави ҳарбии амир Наср ва Исмоил ба вуҷуд омад, ки дар натиҷа Наср шикаст хӯрда, асири Исмоили Сомонй гардид. Вале Исмоил Насррро ба сифати амири Мовароуннаҳр ва сарвари силсилаи Сомониён эътироф намуда, ба Самарқанд фиристод ва худ дар маснади волии Бухоро боқй монд.
Бо ин ҳама маҳз ин ду набард афзалияти сиёсии Исмоилро дар корҳои давлатдорй, ҳаракатҳои сиёсию иҷтимоӣ ва ҳарбӣ таъмин намуд. Соли 892 амир Наср вафот кард ва ҳокимият дар тамоми Мовароуннаҳр ба дасти Исмоили Сомонӣ (892-907) гузашт, инчунин тахтгоҳи давлат аз Самарқанд ба Бухоро оварда шуд ва соли 893 Исмоил бо фармони халифа Мӯътазид (892-903) амири тамоми Мовароуннаҳр эълон карда шуд. Худи ҳамон сол Исмоил бо мақсади таъмини амнияти ҳавзаҳои Шимолу Шарқии Мовароуннаҳр ба водии Талас (Тироз) ба муқобили туркони бадавӣ (кӯчӣ) ҳуҷум кард ва онро торумор намуд. Дар он ҷо анқариб 10 ҳазор турконро бо подшоҳашон асир гирифта, боигарии беҳисоберо ғанимат бурда, калисои бузурги насронии шаҳри Тирозро ба масҷиди мусулмонӣ табдил дод ва ба худ лақаби Исмоили «ғозй»-ро гирифт. Инчунин, дар ин сол Истаравшан -ҳавзаи таърихию фарҳангии тоҷикнишин ба ҳайати давлати Сомониён ҳамроҳ карда шуд.
Суқути Тоҳириён, истиқрори Сомониён дар Мовароуннаҳр ва тарвиҷи ҳокимияти Саффориён дар Хуросон хилофати Арабро ноором сохт. Ба мақсади ноустувор гардонидани ин салтанатҳо халифаи Араб низоъи ҳарбию сиёсии Исмоили Сомонӣ ва Амр бинни Лайси Саффориро ба вуҷуд овард. Соли 898 Халифа дар бораи аз вазифаи амири Мовароуннаҳр озод намудани Исмоил ва ба ин маснад сарфароз гардонидани Амр бинни Лайси Саффорӣ маншур фиристод.
Амри магрур маншурро гирифта, худи ҳамон.сол (898) ба Шимолу Шарқ ба ҷанги Исмоили Сомонй меояд. Исмоил «аҳлу ноаҳл» ва «ҷӯлоҳа»-ро мусаллаҳ карда, бо қувваи калони ҳарбӣ ба муқобили Амр равона шуда пеши роҳи ӯро мебандад.
Ба Исмоил муяссар гардид, ки рақиби ҳарбии худро пешдастй карда амалиёти ҷангиро ба ҷанубтари Ҷайҳунрӯд гузаронад. Ниҳоят, ҳангоми ҷанги нахустин, ки тирамоҳи соли 899 баргузор гардид, қувваи ҳарбии Саффориён комилан мағлуб карда шуд ва дар ҷанги дуюм, ки баҳори соли 900 дар ҳудуди Балх рух дод, Исмоили Сомонӣ ғолиб омада, Амр бинни Лайсро асир гирифт ва ба Багдод фиристод. Дар натиҷаи ин ду пирӯзй Исмоили Сомонӣ ҳокимияти хешро дар тамоми вилоятҳои Хуросон, Сиистон, Райю Исфаҳон, Табаристону Гургон, ки тобеи Саффориён буданд, пойдор намуд.
Хулоса, Исмоили Сомонй иқтидори ҳарбию сиёсии Сомониёнро комилан истиқрор дода, ба як давлати абаркудрат асос гузошт, ки ба ҳайати он: Мовароуннаҳру Хуросон, ҳавзаи дарёҳои Аму, Зарафшон, Сир, яъне аз Афгонистони марказӣ ва Хуросони Эрон дар Ҷануб, Хоразму Исфиҷову Ҳафтрӯд дар Шимол, дар Ғарб то баҳри Хазар (Каспий) ва дар Шарқ то Помиру Олой дохил мешуданд. Инак, империяи бузурге арзи вуҷуд кард, ки ба ҳайати он сарзаминҳои таърихан тоҷикнишин — Мовароуннаҳру Хуросон, Сиистону Табаристон, Гургону Қазвин дохил мешуданд.