Луқмони ҳаким
Буд-набуд дар замонҳои қадим Луқмони Ҳаким ном як шахси донишманде буд. Як рӯз подшоҳи мамлакат Луқмони Ҳакимро ҷeғ зада гуфт:
-Мегӯянд, ки ту бисёр одами доною ҳунарманд ҳастӣ, як чизи нав соз, ки хеҷ вақт онро касе насохта бошад.
Луқмони Ҳаким бисёр фикр карда тухми кирмакро ёфт, парвариш кард, пилла шуд. Аз пилла шоҳӣ бофта, як сару либос духта, ба подшоҳ пешкаш кард.
Подшоҳ либоси ҳарирро гирифта, гуфт;
-Ин чизи ту ҳақиқатан нағз, ин хел либос боби ман барин подшоҳи олам аст. Акнун ту раву ин сирро ба хеҷ кас нагуфта, ба ман ҳамин хел либос тайёр карда овардан гир, агар ягон одами дигар аз сирри кори ту хабардор шуда, ҳамин хел сару тан карда пушад, саратро аз танат ҷудо мекунам!
Аз либоси ба подшоҳ духтаи Луқмони Ҳаким камтар шоҳӣ монда буд, занаш гирифт ва ба духтарчааш курта духта дод. Инро як душмани Луқмони Ҳаким диду ба подшоҳ хабар расонд.
Подшоҳ тафтиш карда дид, ки дар ҳақиқат рост аст. Баъд Луқмони Ҳакимро ба пешаш чеғ зада гуфт:
-Ман ба ту чӣ амр карда будам? Ту маро писанд накардӣ, ба духтарчаат курта карда додӣ, ҳамаро аз ин сир хабардор кардӣ. Барои ин кор туро намекушам, туро духтарчаат ҳамроҳ ба зиндон андохта, ба дари зиндон қир1 мерезам, ки дар дарунаш азоб кашида пусида равӣ.
Луқмони Ҳаким гуфт:
-Агар маро ба зиндон андохтанӣ бошед, фармоед дуто кати пулодӣ созанд, катҳоро ба зиндон дароварда, дар назди ҳар кадомаш якхалтагӣ бодом монанд.
Подшоҳ «хайр, ду кат садқаи сар» гуфта хоҳиши Луқмони Ҳакимро иҷро карда, ӯро ҳамроҳи духтарчааш зиндон кард ва даҳони зиндонро қир рехта партофт.
Ин овозаро Афлотун2 шунид. Вай шогирди Луқмони Ҳаким буд. Тарсида худ ба худ «мабодо подшоҳ маро шогирди Луқмони Ҳаким гуфта, зиндон накунад» гуён дар байни як куҳ пинҳон шуда, атрофашро тилисм карда партофт.
Чанд сол гузашт. Ин подшоҳ мурд. Подшоҳи дигар шуд.
Подшоҳи нав як рӯз гушг хурда истода буд, ки як устухонпора ба гулӯяш дармонд. Бисёр табибу ҷарроҳ оварданд, илоҷашро карда натавониста, ҳамаашон:
-Фақат Афлотун ба ин дарди подшоҳ даво карда метавонад, — гуфта монда мерафтанд.
Подшоҳ гуфт:
-Афлотун куҷо бошад?
Одамонаш воқеаи Луқмони Ҳакимро нақл карда, гуфтанд:
-Афлотун шогирди Луқмони Ҳаким буд, баъди ин воқеа ӯ тарсида ба ким- куҷо рафта пинҳон шудааст.
-Афлотунро аз ҳар куҷо, ки бошад, ёфта биёред! — гуфта фармон дод подшоҳ.
Афлотунро кофта ёфта оварданд. Ӯ гулӯи подшоҳро диду худ ба худ «ҳамин сабаб қатӣ зиндони устодамро мекушоям, канӣ зинда бошад?». Ба подшоҳ гуфт:
-Ба дарди шумо фақат устоди ман Луқмони Ҳаким даво карда метавонад.
Подшоҳ ин гапро шунида, фармон дод, ки дари зиндони Луқмони Ҳакимро кушоянд. Кушода диданд, ки духтарчааш хокистар шудаасту худаш ба мурдан наздик. Афлотун вайро ба хонааш бурда, чанд рӯз табобат карда, сиҳат намуд.
Баъд одамони подшоҳ омада ӯро гирифта ба назди подшоҳ бурданд.
Луқмони Ҳаким подшоҳро дида пурсид:
-Фарзанд доред?
Подшоҳ гуфт:
-Як писар дорам.
-Писаратонро cap бурида, хунашро хуред, сиҳат мешавед, набошад, не.
Подшоҳ фикр кард: яккаю ягона писар дорам, магар метавонам ӯро кушам? Биё беҳтараш худам мурам.
Се-чор рӯз гузашт, дарди подшоҳ сахттар шуд. Баъд гуфт:
-Хайр, писарамро биёред, сарашро буред!
Писарашро оварданд, ба фармони Луқмони Ҳаким дар пеши чашми подшоҳ дасту пояшро баста дар мобайн парда кашида, ба қафои парда гузаронданд:
-Акнун гусфандро биёретон! — гуфт Лукмони Хаким ба гуши одамони подшоҳ. Як гусфандро куллук3 карда оварда ба гулӯяш корд монда буданд, ки гусфанд «фах» зада овоз баровард.
Ҳамин вақт подшоҳ:
-«Воҳ писарам» — гуфта фарёд зада буд, ки устухон аз гӯлуяш парида рафт.
-Пардаро кушоед, то ман мурдаи писарамро бинам! — гуфт подшоҳ.
Пардаро бардоштанд, ки писараш сиҳату саломат ва як гусфанд куштагӣ.
Луқмони Ҳаким ҳодисаи шударо ба ӯ гуфта дод.
Подшоҳ ба Луқмони Ҳаким таҳсин хонда гуфт:
-Лаънат ба касе, ки ҳамин тавр одами донишмандро зиндон кардааст.
Калимаю ибораҳои тоза
- Қир рехт — санг рехт, қир ҳам мисли семент сахт аст.
- Афлотун — яке аз донишмандони Юнони Қадим.
- Куллук карданд — дасту пояшро бастанд.
Лукмони хаким, Маълумот дар бораи Лукмони хаким, лукмони хаким ки буд, панду андарзи лукмони хаким