Ҳаёти иқтисодӣ — иҷтимой дар аҳди Сомониён (асрҳои IХ-Х)

Нақша:

  1. Дастоввардҳои назарраси хоҷагии қишлоқ.
  2. Равнақи истеҳсоли маъдан ва кӯҳкорӣ.
  3. Инкишофи истеҳсоли шиша, сафолот, бофандагӣ ва дигар намудҳои касбу ҳунар.
  4. Тиҷорат ва муомилоти пул.

Ҳаёти нисбатан осоиштаю мустақилияти мамлакат аз Хилофати Араб, барҳам дода шудани хатари ҳуҷуми бодиянишинон ва ба тартиб даровардани идоракунии давлат имконият доданд, ки Хуросону Мовароуннаҳр ба пешқадамтарин ва мутараққитарин кишварҳои Шарқ табдил ёбанд.

Хуросону Мовароуннаҳр мамлакатҳои аграрй, яьне хоҷагии қишлоқ буданд. Дар ин ҷо зироатчигии обёришаванда хеле тараққй карда буд. Барои заминҳо об аз дарёҳои Ому, Сир, Зарафшон, Мурғоб, Қашқадарё, Вахш, Кофарниҳон ва гайраҳо истифода бурда мешуд. Ин дарёҳо тавасеути сохтани дарғотҳо ва наҳру ҷӯйҳо заминҳои ҳосилхези Осиёи Миёнаро аз об таъмин мекарданд. Ба техникаи пасти он замон нигоҳ накарда, одамон наҳру обанборҳои бузурге месохтанд. Синаи кӯҳу дараҳоро шикофта, аз рӯду чашмаҳои кӯҳӣ истифода мебурданд. Усули дар обанборҳо ҷамъ намудани оби борону барф ва тобистон аз ин об дар зироатчигӣ истифода кардан васеъ ба кор бурда мешуд. Дар баъзе ноҳияҳо обҳои зеризаминӣ ҳам истифода карда мешуданд. Дар заминҳои обёришавандаи Хуросону Мовароуннаҳр гандум, ҷав, биринҷ, арзан, лӯбиё, офтобпараст, зағир ва дигар зироатҳо парвариш мекарданд.

Дар богҳои зебо ва дилкушо зардолу, себ, шафтолу, нок, биҳӣ, гелос, анор, анҷир, чормагз, бодом ва дигар меваҳоро парвариш мекарданд.

Навъҳои гуногун ва ширину сершарбати ангур дар токзорҳои Осиёи Миёна хеле зиёд буданд. Харбузаҳои марвӣ ва бухороӣ беҳтарин навъҳои харбуза ҳисоб меёфтанд.

Чорводорй ҳам яке аз машгулиятҳои асосии сокинони Хуросону Мовароуннаҳр буд. Дар хоҷагиҳои шахсй асп, гов, буз, гӯсфанд ва ғайра парвариш мекарданд. Ҳайвонҳои боркаш: аз хачир, уштур, асп ва хар иборат буд.

Хулоса, хоҷагии қишлоқ дар давраи Сомониён серсоҳа ва баландҳосил буд.

Дар қатори хоҷагии қишлоқ истеҳсол ва истифодаи маъданҳои кӯҳӣ васеъ ба роҳ монда шуда буд. Дар Бадахшон сангҳои қимматбаҳо: лаъл, лоҷавард, нуқра, тилло ва намак истеҳсол мекарданд. Дар Хатлон конҳои нуқра, тилло ва намак бисёр буданд. Умуман, дар Осиёи Миёна: тилло, нуқра, сангҳои қимматбаҳо, оҳан, мис, қалъагӣ, симоб, ангиштсанг, нафт, намак, қӯргошим, мармар ва дигар маъданҳои кӯҳиро истеҳсол мекарданд.

Яке аз калонтарин конҳои дар асрҳои 1Х-Х истифода карда шуда, кони нуқра ва қалъагии Кони Мансур ба шумор мерафт, ки дар ҳудуди ноҳияи Хуҷанд ҷойгир шудааст. Кони Мансур корхонаи давлатӣ буда, дар он қувваҳои зиёди коргарӣ истифода карда мешуд. Айнан ҳамин навъ конҳо Олтин Топкан, кӯҳҳои Қаромазор, Фарғона, Қиштутдара (дар болооби Зарафшон) ва дигар ҷойҳо хеле зиёд буданд.

Конҳо дар чуқуриҳои то 150 метр сохта мешуданд. Ба дохили ин конҳо аз рӯи замин ҳаво тела дода мешуд ва онҳо бо ёрии шамъчароғ равшан карда мешуданд. Олотҳои кории кӯҳканҳо хеле оддй буда, аз болгачаҳо, зоғнӯлҳо ва каланду бел иборат буданд.

Меҳнати кӯҳканҳо хеле вазнин ва пурхатар буд. Аз ин ҷост, ки дар натиҷаи меҳнати вазнину тоқатнопазир садҳо ва ҳазорҳо кӯҳканҳо ҳалок мегардиданд. Конҳо намноку рутубатнок ва тангу торик буданд.

Ҳамин тариқ, дар асрҳои 1Х-Х дар Осиёи Миёна маъданҳои кӯҳӣ васеъ истифода бурда мешуданд. Тараққиёти хоҷагии қишлоқ ва васеъ истифода намудани маъданҳои кӯҳӣ сабаби ҳаматарафа тараққӣ намудани ҳунармандй ва косибӣ гардид. Ҳунармандон ва косибон дар ҳаёти ҷамъиятии онвақта мавқеи махсус доштанд. Яке аз ҳунарҳои паҳншудатарин бофандагй буд. Дар Мовароуннаҳр деҳаҳои Зандонаи назди Бухоро, Ведари назди Самарқанд, Дарзанги водии Сурхон ба марказҳои бофандагӣ табдил ёфта буданд. Матоъҳои нозуку зебои дар ин ҷойҳо бофташуда то ба Ироқу Форс, Кирмону Ҳиндустон бурда шуда, аз онҳо либосҳои аъёну ашрофони феодалӣ ва рӯҳониёни олирутба тайёр карда мешуданд. Матоъҳои пахтагин ва абрешимии Мовароуннаҳру Хуросон дар тамоми дунё ном бароварда буданд. Дар Осиёи Миёна чармгарӣ ва аз чарм тайёр намудани пойафзол, зину лаҷоми асп, тасма, хӯрҷин, қамчин, либос ва гайра хеле тараққӣ карда буд.

Дар Самарқанд қогази баландсифате истеҳсол карда мешуд, ки дар тамоми мамлакатҳои Шарқ мислаш набуд. Дар Фарғона, Хуҷанд ва Истаравшан яроқ, олотҳои хоҷагии қишлоқ, зарфҳои металлӣ, корд сохта мешуданд.

Кулолону кӯзагарони Осиёи Миёна касби аҷдодони худро идома дода, ба дараҷаи олии кулолӣ расида буданд. Онҳо ҳар гуна зарфҳои зебои сафолин месохтанд. Марказҳои асосии зарфҳои сафолин Самарқанд, Марв, Хуҷанд, Пайканд, Нисо, Балх, Тирмиз ва ҷойҳои дигар буданд.

Истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ ҳам дар Осиёи Миёна хеле ривоҷ ёфта буд. Устохонаҳои шишабарорй дар Самарқанд, Тирмиз, Ҳулбук, Хуҷанд ва дар дигар ҷойҳо мавҷуд буданд. Тараққиёти хоҷагии қишлоқ, саноати кӯҳӣ ва ҳунармандй суръати савдои дохилӣ ва беруниро тезонид ва савдо бо бодиянишинони чорводор хеле ривоҷ ёфт. Марказҳои асосии савдо бозорҳо гардида буданд. Дар дохили шаҳрҳои калон чандин бозорҳо мавҷуд буданд. Ба гурӯҳи чунин шаҳрҳои сербозор Бухоро, Самарқанд, Тирмиз, Балх, Ҳирот, Нишопур ва ғайра дохил мешуданд. Ин шаҳрҳо марказҳои мубодилаи молҳои Шарқу Ғарб буданд.

Чӣ хеле қайд кардем, савдо бо бодиянишинон хеле манфиатовар буд. Марказҳои асосии савдо бо бодиянишинон шаҳрҳои сарҳадии байни Мовароуннаҳру даштҳои маскани кӯчманчиён буданд. Бодиянишинон аз ҳунармандон, зироаткорон ва савдогарон матоҳои пахтагин, пашмин ва абрешимин, ғалла, яроқ ва зарфҳо харида ба онҳо асп, ҳайвонот, пашм, пӯст, маҳсулоти ширй ва ғуломонро мефурӯхтанд.

Савдогарони Мовароуннаҳр ва Хуросон ба бозори ҷаҳонӣ молҳои гуногун, аз ҷумла матоҳои пахтагин, зарин, пашмин, гилем, зин, лаҷом, чорво, харбуза, шоҳиворӣ, дег, яроқ, гуломони туркй, оҳан, аспҳои «бодпо», чормағзу бодом, сангҳои қиматбаҳо ва гайраҳо ирсол менамуданд.

767
Нет комментариев. Ваш будет первым!