Инкишофи илму адаб ва фарҳанг дар замони Сомониён

Нақша:

  1. Дар аҳди Сомониён ба авҷи аъло расидани шеъру шоирӣ.
  2. Комёбиҳои барҷастаи илму фани замони Сомониён.
  3. Шаҳрсозӣ, меъморӣ ва санъати мусиқӣ дар даврони Сомониён.

Асрҳои 1Х-Х айёми гул-гул шукуфии илму адаб ва фарҳанги тоҷикон ба ҳисоб меравад. Сулолаи Сомониён анъана, хату савод, забони модарӣ ва адабиётро парвариш ва инкишоф дод. Инкишофи илмҳои риёзӣ, нуҷум, ҷугорофия, кимиё, тиб, таърих ва адаб бо суръат идома меёфт.

Шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Гурганҷ, Балх, Марв, Нишопур, Ҳирот, Хуҷанд, Бунҷикат, Ҳулбук, Тирмиз ва ғайра ба марказҳои калони маданияти он замон табдил ёфтанд. Олимон аз аксар кишварҳои мусулмони ба маркази маданияти Шарқ — Бухоро гирд меомаданд. Дар Бухоро китобхонаи хеле ғание бо номи «Савонеҳ-ул-ҳикмат» бунёд гашт. Дар бозори китобфурӯшии Бухоро китобҳои нодир ва асарҳои пурарзиши ҳамон давраро пайдо кардан мумкин буд.

Дар ҳаёти фарҳангии асрҳои 1Х-Х илм ба комёбиҳои бузург ноил гашт. Дар соҳаи таърих ва адабиётшиносӣ Ибни Қутайба (828-889) муаллифи «Китоб-ул-маориф» (китоб дар бораи шеъру шоирон), Абӯбакри Наршахӣ (вафоташ 959) муаллифи «Таърихи Бухоро», Абулмуайяди Балхӣ — муаллифи китоби «Аҷоиб-ул-булдон» (Аҷоиботи шаҳрҳо), Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ машҳур буданд.

Мовароуннаҳр ва Хуросон маркази инкишофи илмҳои риёзй ва нуҷум буданд. Дар миёни олимон риёзидони бузург, мунаҷҷим ва ҷугрофидон Муҳаммад ибни Мӯсо Алхоразмиро (тақрибан солҳои 780-850) ёдовар шудан мумкин аст. Худи истилоҳи логарифм (таҳрифшудаи Алхоразмӣ) ва алгебра (алҷабр) ба илм ба шарофати асарҳои ҳамин олим дохил гаштаанд. Олими машҳур Абдулмаҳмуди Хуҷандӣ (асри X) афзори нуҷуми зовиясанҷро кашф намуд ва онро дар асрҳои миёна барои муайян кардани вазъи аниқи сайёраҳо истифода мебурданд.

Алломаи бузурги Шарқи асрҳои миёна Абӯнасри Форобӣ, ки дар илм нақши фаромӯшнашаванда гузошт, дар ҳамин давра фаъолият дошт. У таълимоти абадӣ будани материяро кашф кардааст..

Мутафаккири барҷаста ва олими энсиклопедист Ибни Сино соли 980 дар деҳаи Афшанаи наздикии Бухоро таваллуд шуда, дар Бухоро ҳамаи илмҳои замонаашро омӯхта, ҳанӯз дар солҳои наврасӣ ба фаъолияти илмию табибй шурӯъ кардааст. Вай бузургтарин файласуф, табиатшинос, табиб, риёзидон, шоир ва муҳаққиқи нодиру мустақил мегардад. Ӯ доир ба ҳамаи соҳаҳои дониши давраи худаш осори илмӣ боқӣ гузошта аст.

Ибни Сино садҳо асар таълиф кардааст. Муҳимтарини онҳо «Китоб-уш-шифо» — асари фалсафии 18 ҷилда ва «Алқонун-фит-тиб» (Қонуни тиб)-энсиклопедияи 5 ҷилда мебошад, ки ба забони арабӣ навишта шудаанд. Онҳо дар Шарқу Ғарб бисёр машҳур гаштаанд, бо забонҳои гуногуни аврупоӣ тарҷума гардиданд.

Дар Шарқ ва Ғарб асарҳои зиёд «Ал-Қонун» китоби дарсӣ ва табобатӣ буд. Асарҳои Ибни Сино дар тараққиёти илм дар Аврупо ва Осиё нақши калон бозидаанд.

Дар асрҳои 1Х-Х, яъне дар давраи Сомониён шеъру шоирӣ ба авҷи аъло расид, эҷодиёти як зумра шоирон, аз ҷумла Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941), Абӯмансури Дақиқӣ (вафоташ 977), Абулқосим Фирдавсӣ (934-1020), Шаҳидии Балхӣ (вафоташ 938) ва дигарон ба замони Сомониён тааллуқдоранд.

Асосгузори эътирофгаштаи назми классикии тоҷику форс, зодаи деҳаи Панҷрӯдак, ҳозира ноҳияи Панҷакент Рӯдакй мебошад. То замони мо аз осори бузурги шеърии Рӯдакй камтар аз ду ҳазор мисраъ бокй мондааст, ки шоҳиди маҳорати олй дар эҷоди анвои шеърии ҳамон замон мебошад. Вай дар асараш ишқи поки инсонӣ, хирад, дониш, шараф, олиҳимматй, ростӣ, башардӯстӣ ва меҳнатро васф кардааст. У шаклҳои асосии шеъри тоҷик: маснавӣ, қасида, газал ва рубоиро то ҳадди камолот расонидааст.

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ аз ситорагони тобонтарини осмони адаб ва фарҳанги тоҷику форс аст. Вай дар қарияи Божи наздикии шаҳри Тӯси Хуросон дар оилаи ашроф таваллуд шуда, маълумоти хубе гирифтааст. Барои эҷоди шоҳасари хеш «Шоҳнома» 35 соли умр ва амлоку амволи худро сарф кардааст. Султон Маҳмуди Ғазнавй «Шоҳнома»—и пешкаш намудаи Фирдавсиро, ки дар он қаҳрамониҳо ва эҷодкориҳои тоҷикон васф шуда буд, қабул накард.

Мавзӯи марказии «Шоҳнома» муборизаи байни хайру шар, некӣ ва бадй, истиқлолият ва озодии Ватан, бахту саодати мардуми он, васфи илму дониш, ҳунар, танқиди ҷаҳолат ва нодонӣ мебошад.

Рӯҳониён шоирро барои тараннуми анъанаҳои тоисломӣ ва гӯронидани ҷасади вайро дар қабристони мусулмонӣ манъ карданд. Уро дар боғаш дар деҳаи Бож дафн намуданд. Номи Фирдавсӣ ҷовидона аст. «Шоҳнома» ганҷи бузурги хазинаи фарҳанги ҷаҳонй мебошад. Таъсири Фирдавсй ба инкишофи минбаъдаи адабиёти форсу тоҷик бузург аст. Ашъори вай борҳо бо забонҳои гуногуни Шарку Ғарб тарҷума гардидааст.

Дар асрҳои 1Х-Х инкишофи фарҳанги мусиқй идома ёфта, заминаҳои онро ҳанӯз дар давраҳои қадимтарин ниёгони мо гузоштаанд. Тоҷикон аз қадим дорои маҳорати баланди навозандагӣ будаанд, Эҷоди мусиқии классики анъанавии шифоҳӣ ва достонҳои мақомию созӣ огоз ёфт, ки онҳо дар шакли Дувоздаҳ мақом ва баъдан шакли такмилаш дар Шашмақом ҷамъбаст гардидаанд. Миқдори зиёди асбобҳои торй, нафасӣ ва зарбӣ, ҳамчунин номи суруду оҳангҳои асрҳои 1Х-Х маълуманд. Заминаҳои назариявии санъати мусиқӣ ташаккул ёфта, асарҳои Абӯнасри Форобӣ, Абӯали ибни Сино, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯҳафси Сугдй, Абӯсолеҳ, Абулаббоси Бахтиёр ва дигарон маълум аст.

Шаҳрсозӣ, меъморй ва санъати ороишй хеле васеъ инкишоф ёфтанд. Дар бораи сатҳи баланди ҳунари меъморон, бинокорон, устоҳо, ороишгарон бинои мақбараи Сомониён дар Бухоро, ки дар ибтидои асри X сохта шудааст, шаҳодат медиҳад. Мақбара аз хишти пухта сохта шудааст. Дар сохтмони биноҳо ва қасрҳои мӯҳташами феодалон ба кандакорӣ, нақшу «нигор ва ороиши онҳо аҳамияти калон дода мешуд.

Ҳунарҳои бофандагӣ, кулолӣ, сир додани зарфҳои сафолӣ, нақшу нигори матоъҳои гуногун ва гайра ба дараҷаи тараққиёти баланди худ расида буд.

Сарчашмаҳои хаттй дар бораи дар шаҳрҳо сохтани масҷидҳои ҷомеъ, мақбараҳо, манораҳо, бозорҳои болопӯш маълумот медиҳанд. Дар меъмории давраи Сомониён танҳо дар ҳолатҳои фавқуллода хишти пухтаро истифода мебурданд. Дар бинокорӣ аксаран хишти хом истифода мегардид.

1.75K
Нет комментариев. Ваш будет первым!