Ҳавзаҳо ва марҳилаҳои асосии ташаккули халқияти тоҷик
Нақша:
- Марҳилаҳо ва минтақаҳои ҳудудӣ-таърихии ташаккули халқи тоҷик.
- Анҷоми раванди ташаккули халқи тоҷик.
- Маънои калимаи тоҷик ва назарияҳои асосӣ доир ба ин масъала.
Ташаккули халқи тоҷик ҳанӯз дар ибтидои асрҳои миёна оғоз гардид ва дар асрҳои 1Х-Х, яъне дар замони Сомониён комилан анҷом ёфт, ки он се марҳила ва се минтақаҳои ҳудудӣ — таърихиро дар бар мегирад.
Марҳилаи якум дар ҳайати шоҳаншоҳии Сосониён дар ҳудуди вилояти шимолу шарқии он — Хуросон анҷом пазируфтааст.
Марҳилаи дуввуми раванди ташаккули халқи тоҷик дар Мовароуннаҳр, ки аз қадим халқиятҳои Эронии Шарқӣ — бохтариҳо (тахориҳо), сугдиҳо, хоразмиҳо, инчунин қабилаҳои сакой зиндагӣ мекарданд, вобаста аст. Дар ин давра забони форсӣ — дарӣ дар Мовароуннаҳр устувор гардида, забонҳои Эронии Шарқиро иваз мекунад.
Марҳилаи сеюм давраи хотимавии ташаккули халқи тоҷик ба замони Сомониён рост меояд. Дар ин давра дар натиҷаи инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ, умумияти этникӣ, умумияти забон ва умумияти иҷтимоӣ-фарҳангй раванди ташаккули халқи тоҷик сурат пайдо карда, асосан ба анҷом расид ва давлатдории миллии тоҷик ҳам устувор гардид.
Унсурҳои асосии этникии тоҷиконро бохтариҳо ва тахориҳо (ҳавзаи боло ва миёнаи Амударё), сугдиёну уструшаниҳо (води Зарафшон, води Қашқадарё, ҳавзаи миёнаи Сирдарё), маргиёниҳо ва портҳои эронизабон (ҳавзаи Мургоб, нишебиҳои шимолӣ ва ҷанубиҳои кӯҳҳои Хуросон) Хоразмиҳо (ҳавзаи поении Амударё), фарғониҳо (водии Фаргона), инчунин як қатор қабилаҳои сакоии даштҳои Осиёи Марказй ва назди Помир ташкил додаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар асрҳои IX -Х ҷараёни ташаккули умумияти марзй, забонй, маишӣ-фарҳангй ва номи халқи тоҷик анҷом ёфт. Ба туфайли пайкориҳо ва талошҳои Тоҳириён, Саффориён ва алалхусус Сомониён умумияти марзӣ, сипас давлати марказиятноки тоҷик бо номи ягонаи Хуросон барпо гашт. Маҳз дар Хуросони бузург аз Рай то Фаргона ва аз Кобул то Тароз тоҷикон ҳамчун халқи муаззам комилан ба вуҷуд омаданд.
Дар сарзаминҳои тоҷикон аз охири асри VII то аввали асри IX дар асоси лаҳҷаҳо ва шеваҳои забонҳои гарбӣ ва шарқии эронӣзабони адабии дарӣ-тоҷикӣ ташаккул ёфт. Эҷодкори ин забон оммаҳои халқ: зироаткорон, пешаварон, тоҷирон, чорводорон, сайқалдиҳандагон ва ҷавҳариҳои забони дарй-тоҷикй шоирону адибон, донишмандон, ҳомиёну сарпарастони ин бойигарии маънавй буданд. Забони ғарбии дарӣ-тоҷикй ҷои забонҳои сугдй, бохтарӣ, хоразмӣ, фарғонагӣ, сакоӣ ба таркиби лугавии забони дарӣ-тоҷикӣ ворид гардиданд. Ба туфайли дин ва фарҳанги ислом забони арабӣ тадриҷан ба забони дарӣ-тоҷикӣ таъсир расонид.
Умумияти маишӣ-фархангии тоҷикон, яъне тарзи ягонаи зиндагии хонаводагӣ, расму русуми манзилдорӣ, сару либос, таом, урфу одатҳо ва маросимҳо ба ҷашнҳо, шодмониҳо, дафн, мотам алоқаманд ва гайра ба вучуд омад. Ташаккули ин умумият дар давраи авастоӣ асрҳои УП-У1 пеш аз милод огоз ёфт, қариб 2000 сол давом кард ва дар қарнҳои 1Х-Х комил гашт.
Дар асрхои 1Х-Х зтнонимии «тоҷик» густариш ёфт. Роҷеъ ба маънии номи тоҷик тафсирҳои гуногун маъруфанд. Садриддин Айнӣ «тоҷик»-ро номи халқи аслӣ ва тагҷоии Хуросон аз давраи қадим ҳисобидааст… ба фикри ӯ «тоҷик» — «тоҷдор» маънй дорад ва аз калимаи «тоҷ» — афсар, кулоҳи ҷавоҳирнишон пайдо шудааст. Мувофиқи фарзияи Бартолд этнонимии «тоҷик» аз «той» — номи яке аз қабилаҳои форси миёна ва армании «тачик» ба маънои «араб» ва дар давраи мусалмонӣ шаклҳои сони «тозик» ва «тозй» ва турки «теҷик», «тоҷик» пайдо шудааст.
Бояд кдйд намоем, ки муҳаққиқон дар асоси маводҳои нави аз нахустманбаъҳо ба даст омада, нисбати дурустии ин ақидаи Бартолд шак овардаанд. Бино бар ақидаи муҳаққнқ А.К. Боровиков фикри тахминӣ дар бобати дар «давраи мусалмонӣ» пайдо шудани шаклҳои сони «тозӣ» ва «точик» аз шакли аввалаи «таҷик» хато аст. Боровиков ба Садриддин Айнӣ пайравӣ карда, этимологияи вожаи «тоҷик»-ро «тоҷдор» (аз кулоҳ, сарпӯши қадима, ки шакли тоҷ ё афсар дошт) маънидод мекунад. Бино ба фарзияи муҳаққиқи дигар А.Н. Бернштам номи «тоҷик» қабл аз арабҳо пайдо шудааст.
Ҳамин тавр, дар асрҳои 1Х-Х, яъне дар зямони Сомониён дар асоси муттаҳидшавии халқиятҳои эронӣ раванди ташаккули халқи воҳиду ягонаи тоҷик пурра ба анҷом расида, оа ин халқ номи «тоҷик» дода шуд.
Сулолаи Сомониён сулолаи тоҷикй ва давлати Сомониён голибан осиёимарказй буд. Давлат дар ҳудуде вуҷуд дошт, ки аҳолиаш аҷдодони тоҷикону аз қадим халқиятҳои эрсни буданд.
Сомониён аз ҷиҳати этникӣ тоҷиконе будгнд, ки ба забони форсй-дарӣ-тоҷикӣ сухан мегуфтанд ва забони модариашонро давлатӣ эълон карданд. Симои антропологии тоҷикони онвақта ва ҳозира ирқй трупой мебошанд. Бунёдгузори ин давлати тоҷикӣ Исмоили Сомонӣ шахси чолок, қатъй, ҷасур, бохирад, бомаром, дурандеш, муташаккил, сиёсатмадори оқил ва ходими бузурги давлатӣ, одилу доно, маърифатпарвару санъатдӯст будааст.
Гарчанде ташаккули ҳалқи тоҷик аллакай дар асрҳои 1Х-Х, анҷом ёфта бошад ҳам, дар асрҳои минбаъда низ он бетағйир намонд. Аз як тараф проссеси консолидатсияи халқи тоҷик тақвияти умумй, маданияти маънавӣ ва моддии он ба амал меомад. Аммо истилои аҷнабиён, парокандагии феодалй ба раванди мӯътадили он просесҳо халал расониданд. Муносибати этникию мадании тоҷикон бо қавму тоифаҳои туркзабон, ки мақоми онҳо дар ҳазораи дуюми милодӣ якбора боло рафт, беш аз пеш аҳамият пайдо мекард. Дар байни халқҳо қаробате пайдо шуд. Онҳо якҷоя зидди истисморчиёни маҳаллӣ ва истилогарони аҷнабӣ мубориза мебурданд. Дар тамоми наҳзатҳои халқии асрҳои минбаъда, дар набардҳои қаҳрамононаи зидди истилогарони хориҷӣ мо тамоми намояндагони ниёгони халқҳои Осиёи Миёнаро, алалхусус, фарзандони ду халқи наздику ҳамсоя — халкҳои тоҷик ва ӯзбекро дар як саф, паҳлӯ ба паҳлӯ, китф ба китф мебинем. Онҳо бо ҳамдигар алоқаву робитаи зич доштанд ва ба якдигар таъсир мерасонданд.
Хуллас, дар асрҳои 1Х-Х дар Мовароуннаҳру Хуросон умумияти азими этномадание ташаккул ёфт, ки он тақрибан пурра ба ҳайати давлатҳои Тоҳириён, Саффориён ва алалхусус, Сомониён дохил мешуданд. Ин умумияти этникӣ фақат дар миёнаҳои асрҳои Х-Х1 ва ё худ дар нимаи авали асри XI соҳиби ном шуд. Ба қавли Байҳақӣ соли 1043-1044 яке аз муқаррабони Султон гуфтааст: «Мо, ки тоҷик ҳастем»… то ин дам «тозӣ» гуфта, арабҳоро дар назар доштанд. Худи ҳамон Байҳакй ривоят мекунад, ки дар муҳорибаи назди Дандонакон (1040) ҳиндуву арабу курдҳо фирор карданд ва танҳо сарбозони тоҷик бо ҷасорат ҷангиданд. Ҳамин тавр, дар нимаи асри XI истилоҳи «тоҷик» номи он халқе гардид, ки дар Осиёи Миёна ва Хуросон ташаккул ёфта буданд.