Тоҷикон дар ҳайати давлатҳои Қарохониён ва Ғазнавиён

Нақша:

  1. Ҳукмронни Қарохониён дар Мовароунннаҳр.
  2. Қарохониён ва Қарохитоиҳо.
  3. Қудратманд ва афзудани мулки Ғазна дар даврони Сабуктегин (963-997) ва Маҳмуди Ғазнавӣ (998-1030).
  4. Суқути давлати Ғазнавиён.

То солҳои 90-уми асри X қабилаҳои турки Тиёншони марказӣ ва Ҳафтрӯд таҳти унвони чигил, қарлуқ, ягмо, тюргеш дар ҳудуди аз Қошғар то Исфиҷоб давлате барпо карданд, ки онро муҳаққиқон Қарохониён ё ки Илоқхониён номидаанд. Ба андешаи академик В.В. Бартольд сулолаи Қарохониён аз қабилаи ҷанговари чигил, ки дар Иссиқкӯл ва водии Илӣ сукунат дошт, пайдо шудаастг

Сарсулола ва ҳокими нахустин Сатук Абдал — Карим Қарахон аз байни Қарохониён аввалин шуда дини исломро қабул кард. Омили муҳими ташкил ва аввалин комёбиҳои сиёсии давлати Қарохониён маҳз қабули ислом аз ҷониби хонҳо ва мусалмоншавии аҳолии Тиёншони марказй ва Ҳафтрӯд буд. Соли 960 Мӯсо писари Сатук исломро дини давлатии Ҳоқонии Қарохониён эълон кард.

Давлати Қарохониён давлати мутамарказ набуд. Вай мисли ҳамаи иттиҳодияҳои сиёсии халқҳои бадавӣ ба мулкҳои калон ва майда тақсим мешуд. Сарзаминҳои Қарохониён ба мулки Шарқӣ (асосӣ) бо сардории Ҳоқони Олӣ бо лақаби Арслон — хон, қароргоҳаш Балосогун ва мулки Ғарбй (дуюм) таҳти роҳбарии ҳоқони дигар бо лақаби Бугроқарохон марказаш аввал Тароз, сонӣ дар авали асри XI Қошғар тақсим мешуданд. Мулкҳо тез-тез ба сарзаминҳои мустақил, ки сарҳадҳояшон мунтазам тагйир меёфтанд ва байнашон аксар вақт ҷангҳо давом мекарданд, табдил ёфтанд ва охируламр сари давлати худро хӯрданд.

Дар воқеъ номҳои ҳайвонот — «бугро» (уштур) ва Арслон (шер) бо иловаи истилоҳи «хон» лақабҳои машҳур ва фахрии ҳокимони Қарохониён буданд. Унвони «илоқ» нисбат ба «хон» поёнтар ҳисоб мешуд ва одатан ҳокимони алоҳидаи (ҷузъи) ҳоқонӣ ҳамин тавр ном доштанд. Истилои «течин» (ё текин) унвони аз ҳама бештар маъмули шоҳзодагони сулолаи Қарохониён буд ва ҳокимони мулкҳои майда ин гуна лақаб доштанд.

Аз солҳои 60-70-уми асри XI ҳуҷуми Салчукиён ба ҳудуди давлати Қарохониён пурзӯр мегардад. Соли 1089 Маликшоҳи Салчуқӣ бо қӯшуни худ аз дарёи Аму гузашта Бухоро ва Самарқандро забт кард. Тамоми марзи Қарохониён ба зери тасарруфи Салчуқиён афтод. Салчуқиён сулолаи Қарохониёнро барҳам надоданд, вале аз онҳо хироҷ меситониданд.

Солҳои 30-юм ва ибтидои 40-уми асри ХП Қарокидониён ба Мовароуннаҳр ҳамла оварда, сентябри соли 1141 дар дашти Катвон ба қӯшуни муттаҳидии Қарохониён ва Салчуқиён зарба заданд ва мулкҳои Мовароуннаҳрро истило намуданд. Қарохониён ҳам мисли Салчуқиён ба корҳои дохилии давлати Қарохониён дахолат накарда, танҳо андоз мегирифтанд. Дар охири давраи мавчудияти давлати Қарохониён Мовароуннаҳри Марказӣ ва Фарғона ба ду мулки мустақил чудо шуд. Соли 1212 давлати Қарохониён аз ҷониби Муҳаммади Хоразмшоҳ пурра барҳам дода шуда, сарзамини он ба давлати Хоразмшоҳиён ҳамроҳ гардид.

Давлати Ғазнавиён дар асри X дар натиҷаи парокандашавии давлати Сомониён дар қисми шарқии Авгонистон ба вуҷуд омад (963-1186) номи Ғазнавиён аз шаҳри Ғазна, ки пойтахти он давлат қарор ёфта буд, гирифта шудааст. Шаҳри Ғазна ба ҳайати давлати Сомониён дохил мешуд. Баъди вафоти амири Сомонӣ Абдумалик (954-961) кашмакашҳои дарборӣ ҳукумати марказиро суст карданд. Аз ин вазъият истифода карда, соли 961 Алптегин (асогузори давлати Ғазнавиён), ки дар аҳди Абдумалик ҳокими Балх ва сипаҳсолори тамоми лашкари дар Хуросон будаи Сомониён шуда буд, ба муқобили ҳокимияти марказӣ исён бардошт. У тамоми қувваҳои ба давлати Сомониён зидро муттаҳид намуда, 12 январи соли 963 шаҳри Ғазнаро ишғол кард ва онро пойтахти худ қарор дод. Баъди вафоти Алптегин (976) Сабуктегин ном хешаш соли 977 амири Ғазна шуд. Дар замони ҳукмронии ӯ иқтидори ҳарбии давлати Ғазнавиён хеле зиёд гардида, ҳудуди он дар ҷануб то Пешовар, дар шимол то Хуросон доман паҳн кард. Сабуктегин мавқеи худро мустаҳкам карда, тартиботи меросии тахти султониро ҷорӣ кард. Баъди вафоти Сабуктегин (997) писараш Маҳмуд, ки ҳокими Хуросон буд, ба тахт нишаст. Дар давраи салтанати Маҳмуд (998-1030) давлати Ғазнавиён ба кишвари бузург табдил ёфт.

Соли 999 баъди аз ҷониби Қарохониён барҳам додани давлати Сомониён Маҳмуд вилоятҳои ҷанубии Амударёро забт кард. Сарҳади байни Ғазнавиён ва Қарохониён дарёи Аму муқаррар гардид. Соли 1008 дар яке аз ноҳияҳои Балх байни кӯшунҳои онҳо задухӯрд ба амал омад, ки он бо галабаи Маҳмуд анҷом ёфт ва мавқеи ӯ дар Хуросон мустаҳкам гардид. Хуталон ва Ҷағониён ба давлати Ғазнавиён ҳамроҳ карда шуданд. Ҳамаи ин халифаи арабро водор намуд, ки давлати Ғазнавиёнро расман шиносад ва ба Маҳмуд унвони «султон» ва «ғозй»-ро диҳад. Дар натиҷаи юришҳои то соли 1030 ҳудудҳои Афғонистони имрӯза, як қатор вилоятҳои Эрон, Осиёи Миёна, музофотҳой шимолӣ ва шимолу гарбии Ҳиндустон ба зери тасарруфй давлати Ғазнавиён афтоданд. Қисми асосии лашкари Маҳмудро гуломон ва дастаҳои «гозиён» ташкил мекарданд.

Пойтахти давлати Ғазнавиён шаҳри Ғазна аз ҳисоби боигариҳои сарзаминҳои истилогардида ва истисмори бераҳмонаи заҳматкашон ободу зебо мешуд. Дар шаҳр қасрҳои пуршукӯҳ, масҷиду мадрасаҳо ва биноҳои дигари ҷамъиятӣ сохта мешуданд. Ғазна дар замони ҳукмронии Маҳмуд на танҳо маркази ҳунармандӣ ва савдо, балки маркази илму маърифат низ ҳисоб мешуд. Дар давраи гул-гулшукуфии давлати Ғазнавиён султонҳо барои инкишофи илму маданият то андозае шароити зарурӣ фароҳам оварданд. Дар пойтахти Ғазнавиён ва шаҳрҳои дигар олимону шоирони машҳур (Берунӣ, Утбӣ, Унсурӣ, Манучеҳрй, Фаррухӣ, Абулфайзи Байҳақӣ, Гардезӣ ва дигарон) умр ба сар бурда, бо шоҳасарҳои худ дар таърихи тамаддуни башарият ҳиссаи сазовор гузоштанд.

Ҷангҳои доимй, юришҳои бардавом аҳволи оммаи мазлум, хусусан, деҳқонон ва ҳунармандонро тоқатнопазир гардонданд. Ноҳияҳои обод ба харобазор табдил ёфта, иншоотҳои ободӣ вайрон карда шуданд ва аз кор баромаданд. Хоҷагии қишлоқ ва ҳунармандй рӯ ба таназзул ниҳоданд. Хусусан хушксолии солҳои 1010-1011 ба иқтисодиёти мамлакат таъсири манфӣ расонд. Дар шаҳри Нишопур аз гуруснагӣ ҳазорҳо одамон ҳалок шуданд. Дар натиҷа шӯру ошӯбҳо хомӯш намегашт (хусусан шӯриши соли 1034 дар Тӯс).

Давлати Ғазнавиён баъди вафоти Маҳмуд (1030) рӯ ба таназзул ниҳод. Дар замони ҳукмронии Масъуд ибни Маҳмуди Ғазнавӣ мулкҳои зӯран забт кардаи Ғазнавиён ба ҳукумати марказӣ итоат накарда, худро мустақил эълон мекарданд.

707
Нет комментариев. Ваш будет первым!