Салчуқиён ва Хоразмшоҳиён

Нақша:

  1. Зуҳури давлати Салчуқӣ дар Хуросон ва давраи аввали забткориҳои он. Тужралбеки Салчуқӣ (1040 -1063).
  2. Вусъати давлати Салчуқй дар давраи ҳукмронии Алп — Арслон (10634072) ва Ҷалолиддини Маликшоҳ (1072-1092).
  3. Суқути давлати Салчуқӣ ва ҳамчун маркази сиёсӣ сар бардоштани Хоразм.

Давлати Салчуқиён дар натиҷаи забткориҳои қабилаҳои бодиянишини Ғӯз (оғӯз) таҳти роҳбарии сулолаи Салчуқиён дар Шарқи Миёна ва Наздик ба вучуд омадааст.

Ҳоло Султон Маҳмуди Ғазнавӣ бар зидди Қарохониҳо, ки барои Мовароуннаҳр мубориза мебурд (дар ибтидои асри XI) ба як гурӯҳи Салчуқиҳо барои маскан намудан дар шимоли Хуросон ба онҳо рухсат дода буд. Кӯшиши озод шудан аз ҷабри андозҳои вазнин ва ба даст овардани замину чарогоҳҳои борҳо боиси исён намудани Салчуқиҳо гардид. Мубориза гоҳ ба фоидаи Салчуқиёни Хуросон ва гоҳ ба фоидаи ҳукумати Ғазнавй анҷом меёфт. Соли 1035 Масъуд бар зидди Салчуқиҳо ба Нисо қувваи зиёди ҳарбироравона намуд. Дар ин муҳориба, Салчуқиҳо ба лашкари Масъуд зарбаи сахт заданд. Баъдтар Салчуқиён ба Ғазнавиён боз якчанд маротиба зарбаҳои сахт зада, қисми зиёди Хуросон, аз ҷумла Нишопурро ишғол карданд.

Султон Масъуд тамоми қувваҳои ҳарбии худро ҷамъ карда ба сӯи истиқоматгоҳи Салчуқиҳо ҳаракат намуд. Дар баҳори соли 1040 дар наздикии Дандонакон (наздикии Марв) муҳорибаи ҳалкунанда ба вукӯъ пайваст. Дар натиҷаи ин муҳориба (аз рӯи маълумоти сарчашмаҳо мумкин аст, онро яке аз хунинтарин ҷангҳо дар таърихи халқҳои осиёи Миёна донист) салтанати Ғазнавиён дар Хуросон ба таври доимӣ хотима ёфт. Дар баробари тамом шудани ҳарбу зарб сардори Салчуқиҳо Туғрал дар майдони ҷанг тахте ороста бар он нишаст ва худро ҳокими кули Хуросон эълон намуд.

Салчуқиён минбаъд Хоразм (1043), Эрони Ғарбӣ (1042-1051), Озарбойҷон (1054) ва Ироқро (1055) забт карданд. Халифаи Аббосиён ал Қоим маҷбур шуд, ки Туғрали Салчуқй (1038-1063)-ро ҳамчун султон ва «подшоҳи Шарқу Ғарб» эътироф кунад. Гарчанде ки халифа расман ҳокими олӣ ба шумор мерафт (султони Салчуқиён волии халифа буд), вале ӯ мавқеи пештараи худро аз даст дода буд.

Дар давраи салтанати Алй Арслон (1063-1072) ва Маликшоҳи Салчуқӣ (1072-1092) лашкари Салчуқиён ба ғарб ҳаракат карда, соли 1071 кӯшуни императори Византия Романи 1У Диогенро торумОр кард.

Оихо солҳои 1071-1081 Арманистон, Гурҷистони Шарқӣ, Шервон, як қисми Осиёи хурд, Сурия ва Фаластинро зери тасарруфи худ дароварданд. Дар давраи ҳукмронии Маликшоҳи Салчуқӣ иқтидори ҳарбию сиёсии давлати Салчуқиён хеле афзуда, Исфаҳон пойтахти он шуд (дар давраҳои гуногун Рай ва Марв ҳам пойтахти Салчуқиён буданд). Сарҳади давлати Салчуқиён дар Ғарб то баҳрҳои Миёназамину Мармар, дар Шарқ то Қошгар, дар Шимол то баҳри Арал ва дар Ҷануб то халиҷи Форс ва биёбони Сурия тӯл кашида буд.

Вилоятҳои мамлакат аз ҷиҳати этникӣ ва иқтисодӣ гуногун буда, байни онҳо алоқаҳои мустаҳкам мавҷуд набуданд. Давлати Салчуқиён, ки бо зӯрии яроқ барпо гардида буд, аз охири асри XI рӯ ба таназзул ниҳод. Тадриҷан Гурҷистон, Шервон, қисмси гарбии осиёи Хурд, Сурия ва Фаластин мустақил шуданд. Баъди вафоти Султон Санҷар (1118-1157) давлати Салчуқиён барҳам хӯрд.

Зарурият ба ёдоварист, ки маданияти Салчуқиён нисбат ба халқҳои Мовароуннаҳру Хуросон хеле паст буд ва бисёр султонҳои онҳо, аз ҷумла Туграл ва Алп Арслон бесавод буданд. Бинобар ин дар мақомоти давлатии Салчуқиён тоҷикон, форсҳо ва баъзе намояндагони туркҳои муқимӣ роли калон мебозиданд.

Бузургтарин арбоби давлатии аҳди Салчуқӣ Абӯалӣ Ҳасан ибни Алӣ бинни Исҳоқ буд, ки дар Хуросон таваллуд ёфта, тақрибан 30 сол (1063-1092) дар замони ҳукмронии Алп Арслон ва Маликшоҳ хидмати вазириро адо кардааст. У дар дарбори ин подшоҳон, алахусус Маликшоҳ, обрӯй ва нуфузи бениҳоят калон пайдо намуда лақаби «Низомулмулк»-ро гирифтааст. У марди хеле оқил ва фозиле буд. Дар корҳои мамлакатдорӣ комилан ба таҷрибаҳои давраи Сомониён такя мекард ва барои эҳё намудани анъанаҳои мадании он давра кӯшишҳои зиёде ба харҷ медод.

Низомулмулк барои ташкил намудани мактабҳои олии диния -мадрасаҳо кӯшиши зиёде кард. Дар бисёр шаҳрҳо, аз ҷумла, дар Багдод, Нишопур, Ҳирот, Балх, Марв ва гайра ин қабил мактабҳо таъсис ёфта, ба шарафи ташкилкунандаи худ унвони «Низомия»-ро гирифтанд. Барномаи таъмини мадрасаи «Низомия»-и Багдод дар баробари аз ёд кардани Қуръон, ҳадисҳо ва дигар риштаҳои умумии динй, ҳамчунин илми ҳуқуқ, забон ва адабиёти араб, риёзиёт ва амсоли инро дар бар гирифта буд. Мадраса мебоист намояндагони табақаи амаддорро дар рӯҳи эътиқод ба дини ислом тарбия мекард. Ғайр аз ин, дастпарварони мадраса бояд аз болои мардум назорати диниро анҷом диҳанд, онҳоро аз равияи исмоилия дур гардонанд.

Ғалабаи қарохитоиҳо дар соли 1141 Салчуқиёнро хеле заиф гардонид ва яке аз омилҳои рӯ ба таназзул ниҳодани давлати машҳури Салчуқиён, инчунин ҳамчун маркази сиёсй сар бардоштани Хоразм гардид.

Сарсулолаи хонадони хоразмшоҳӣ Анӯш — Тегин ҳанӯз дар замони Маликшоҳи Салчуқӣ ба воситаи хизмат ва лаёқате, ки аз худ нишон дода буд, ҳокими Хоразм таъин гардид. Баъди вафоти Анӯш — Тегин ҳукмронии Хоразм ба тариқи мерос ба писари ӯ Қутбиддин Муҳаммад (1097-1127) расид.

Қутбиддин Муҳаммад лақаби Хоразмшоҳро гирифта дар тамоми давраи ҳукмронии худ аз фармонбардортарин ҳокимони Султон Санҷар ҳисоб мешуд. Баъд аз сари ӯ ҳукумати Хоразм ба писараш Отсиз (1127-1156) гузашт, ки ин шахсро мумкин аст асосгузори ҳақиқии давлати бузурги Хоразмшоҳӣ номид. Отсиз ва ворисони ӯ аз ҳар як лаҳзаи мувофиқ истифода бурда, тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ доданд, то ки истиқлолияти Хоразмро аз Салчуқиён таьмин намоянд. Отсиз гарчанде то охири умри хеш аз итоати Салчуқиён сар напечид, лекин дар ҳар сурат барои исгиқлолияти Хоразм заминаҳои мусоид ҳозир карда тавонист. (аз ҳамон вақт, яъне аз миёнаҳои асри ХП ҳокимияти Салчуқиён дар Хоразм мавҷудияти худро фақат исман нигоҳ дошт).

Дар аҳди салтанати писари Отсиз Эл-Арслон (1156-1172) ва вориси ӯ Алоуддин Текеш (1172-1200) давлати Хоразмшоҳиён ба яке аз давлатҳои пурзӯри Шарқи Миёна мубаддал гардид. Текеш ба Мовароуннаҳр ва Хуросон чанд дафъа бо муваффақият лашкар кашида, шаҳру деҳаҳои зиёдеро забт намуд. Дар соли 1187 Нишопурро ишғол кард, соли 1193 Марвро ҳам ба тасарруфи худ даровард.

Пас аз марги Текеш писари ӯ Муҳаммад (1200-1220) ба тахти Хоразмшоҳӣ нишаст. Дар соли 1203 _бо пуштибонии Қарохитоиҳо Хуросонро тамоман ба даст даровард. У Хирот ва гирду атрофии онро низ ба худ тобеъ намуда, дар соли 1207 ба пойтахти худ баргашт. Вай пас аз он ки аз кори Хуросон хотирҷамъ шуд, дар фикри забт кардани Мовароуннаҳр ва барҳам додани ҳукмронии Қарохитоиҳо афтод. Дар худи ҳамон соли 1207 ӯ бо баҳонаи фурӯ нишонидани шӯриши аҳолии шаҳри Бухоро, ки бар зидди садрҳо бардошта буданд, бо қӯшуни сершуморе ҳаракат карда, бо ҳамин васила ба тасарруфи Мовароуннаҳр огоз намуд.

794
Нет комментариев. Ваш будет первым!