Ғуриён — дуввумин давлати миллии тоҷикон

Нақша:

  1. Мухтасар дар бораи мамлакати Ғур ва мардуми он.
  2. Таъсисёбӣ ва ташаккули давлати Ғурӣ.
  3. Муборизаи тӯлонии Ғуриён бо Ғазнавиён ва оқибатчги он.
  4. Таҳаввул ва таназзули давлати Ғуриҳо.

Пас аз сукути салтанати Сомониён дар сарзамини ҳозираи Афғонистон, дар саргаҳи дарёи Ҳарирӯд давлати дуввуми миллии тоҷикон бо номи гуриён (Ғур вилояти кӯҳй буда, дар қисми ғарбии Афгонистони кунунӣ воқеъ гардида буд), таъсис меёбад. Асосгузори сулолаи Ғуриён Сайфиддин ибни Иззоуддини Хусайн аз хонадони сурӣ буд ва гӯё шаҷара (генеология)-и ин хонадон ба Сомониён мерасидааст.

Дар асрҳои миёна ин кишварро мамлакати Ғур меномиданд ва аксарияти мутлақи мардумашро қабилаҳои кӯҳистонии тоҷик ташкил менамуданд. Иқлими хубу обҳои фаровонаш барои тараққиёти зироатчигй ва чорводорӣ мусоидат менамуд. Ба гайр аз он аҳолии Ғур ба истихроҷи маъдан ва таҳияи силоҳ ва либосҳои ҷангӣ низ шугл меварзиданд, ки онҳо аз чизҳои асосии содиротӣ ҳисоб мешуданд.

Дар интиҳои қарни X вилоятҳои аз ҳамдигар мустақили Ғурро подшоҳчаҳо, ки онҳоро муаллифони араб «малик», яъне подшоҳ меномиданд, идора менамуданд. «Малик» асосан пешвои қабила буда, дар баъзе ҳолатҳо ҳокимияти худро аз болои якчанд қабила барқарор мекард. Одатан дар сари ҳар вилоят ду пешво — ҳоким ва сипаҳсолор (сарлашкар) меистоданд, ки ҳукуматро байни худ баробар тақсим карда буданд.

Дар мамлакати Ғур муносибатҳои феодалӣ нисбат ба Мовароуннаҳру Хуросон дертар пайдо мешавад. Дар тӯли қарнҳои X-XI дар кӯҳистони Ғур муносибатҳои нимпатриархалӣ ва нимфеодалӣ афзалият доштанд.

Дар Ғур дини ислом бо душворӣ паҳн мешуд. Ҳатто истилогарони араб натавонистанд, ки мамлакати Ғурро ба тасарруфи худ дароваранд. Мардуми озодидӯсту далери он муддати дуру дарозе ба оину мазҳаби қадимаи худ содиқ монданд ва баъзе қабилаҳо то миёнаҳои асри XI ҳам дини исломро комилан қабул накарда буданд.

Охири асри XI дар Ғур айёми ташаккулёбии муносибатҳои феодалӣ буд. Дар нимаи дуввуми асри XI ва нимаи аввали асри ХП ҳокимони вилояти Мандеш (аз хонадони Сурӣ) тамоми қаламрави Ғурро ба зери тасарруфи худ дароварданд. Дар миёнаҳои асри ХП давлати феодалии Ғуриҳо таъсис ёфт. Аввал шаҳри Фирӯзкӯҳ, сонӣ баъди барҳам хӯрдани Ғазнавиён шаҳри Ғазна пойтахти онҳо буд.

Лашкаркашиҳои Маҳмуди Ғазнавӣ (1009 ва ё 1010) ва писараш Масъуди Ғазнавӣ (1020) Ғуриёнро маҷбур намуда буданд, ки (исман ҳам бошад) ҳокимияти олии Ғазнавиёнро эътироф намоянд, вале даҳсолаҳо муборизаро барои истиқлолият қатъ накарданд. Воқеан, дар ҳамин давра, Ғуриён Бомиён ва як қисми Тахористонро ба давлати худ ҳамроҳ намуданд. Онҳо нимаи аввали асри ХП аз сустшавии Ғазнавиён истифода бурда, истиқлолияти худро аз нав ба даст оварданд ва дар аҳди салтанати Қутбиддин Маҳмуди Ғурӣ (вафоташ соли 1146) ба кувваи бузурге соҳиб гардиданд.

Султони Ғазна Баҳромшоҳ (1118-1152) аз пурзӯршавии Қутбиддин Маҳмуд тарсида, вайро бо роҳи фиреб ба Ғазна овард ва заҳр дода ҳалок намуд. Бо вуҷуди ин, дуюмбора тасарруф намудани мамлакти Ғур ба Баҳромшоҳ муяссар нагардид. Байни Баҳромшоҳ ва бародарони Қутбиддин Маҳмуд чандин муҳорибаҳои шадиде ба амал омаданд ва ӯ якзайл шикаст хӯрд. Баъдтар султони давлати Ғуриён Алоуддини Ғурӣ (1149-1156/1157) лашкари Баҳромшоҳро комилан торумор карда, солҳои 1150-1151 Ғазнаро ба даст даровард, боигарии онро талаву тороҷ намуд ва шахр хароб карда шуд. Баҳромшоҳ ба гурехтан маҷбур шуд.

Бояд зикр намуд, ки муборизаи Ғуриҳо ва Ғазнавиён бо ин ҳама ба охир нарасид. Дар солҳои 1186-1187 бародарзодаи Алоуддин Ғиёсидцини Муҳаммад (1163-1203) дар яке аз ҷангҳо султони охирини Ғазнавиён, ҳокими Лоҳур Хисравмаликро асир гирифта, ба Фирӯзкӯҳ бадарға кард. Инак, салтанати Ғазнавиён мавҷудияти худро комилан бас кард. Ғуриҳо тамоми мулкҳои дар Хглздустон доштаи Ғазнавиёнро соҳиб шуданд ва ҳукмрони давлати бузург гардиданд, ки дере нагузашта дар натиҷаи футуҳоти минбаъдаи онҳо ҳудуди он хеле вусъат пайдо намуд. Дар охири асри ХП маҳалҳои ҷанубии Тоҷикистон ва Узбекистони имрӯза ба ҳайати давлати Ғур ҳамроҳ карда шуданд.

Солҳои 1152-1206 давлати Ғуриён ба дараҷаи олии тараққиёт расид ва нерӯмандтарин қудрати Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ гардид. Дар ин давра ба ҳайатии он Афгонистони кунунй, Хуросон бо Сиистон, Синд, Панҷоб, Кашмир ва вилоятҳои дигари шимоли Ҳиндустон, маҳалҳои ҷанубии Тоҷикистон ва Узбекистони имрӯза, аз ҷумла Вахш, Хуталон, Чағониён, Шуғнон ва Вахон дохил мешуданд. Дар идораи давлат асосан усули давлатдории Сомониён истифода карда мешуд.

Дар оғози асри ХШ давлати Ғуриён рӯ ба таназзул овард. Баъди Хуросонро (соли 1204) забт намудани Муҳаммади Хоразмшоҳ, Шаҳобуддини Ғурӣ (1203-1206) ба Хоразм лашкар кашид, вале аз қӯшуни муттаҳидаи Хоразмшоҳиён ва Қарохитоиҳо шикаст хӯрд ва дере нагузашту вафот кард.Дар натиҷаи нисбат ба Мовароуннаҳру Хуросон ҳеле ақибмонда будан, пурзӯр гаштани қувваҳои марказгурез, задухӯрди байни ҳокимони алоҳидаи маҳаллӣ, ҷангҳои беохир бо давлатҳои ҳамсоя ва ғайра, давлати Ғурро сусту заиф гардонд. Ин буд, ки соли 1215 Муҳаммад Хоразмшоҳ онро пурра ба худ тобеъ намуд. Боқимондаи сулолаи Ғуриён ба Ҳирот омада, давлати кӯчаки Куртҳои Ҳиротро ташкил намуданд. Давлати Курт дар асл идомаи таърихии давлати Ғурӣ будааст.

Воқеан, андаке пештар баъди вафоти Шаҳобиддини Ғурӣ аз ҷониби яке аз лашкаркашони Ғуриён — Қутбиддини Ойбек давлати мустақили Салтанати Деҳлиро таъсис медиҳад, ки омили муҳимтарини афзоиши нуфузи сиёсӣ, идорӣ ва фарҳанги тоҷикон дар сарзамини паҳновари Ҳинд мегардад. Салтанати Деҳлӣ ҳам мисли давлати Куртҳои Ҳирот давоми таърихии давлати Ғуриён ҳисоб мешудааст.

Хулоса, давлати Ғур — дуюмин давлати миллии тоҷикон, ҳамчун давлати комилуласли тоҷикӣ босуботтарин ва пайгиртарин идомадиҳандаи суннати давлатдории Сомонӣ (давлатдории тоҷик) буда, фаъолияти он дар ин арса боиси эҳё ва таҳкими минбаъдаи ин суннат ва омили муҳими умри дубора ёфтани фарҳанги асили миллии тоҷик будааст.

879
Нет комментариев. Ваш будет первым!