Муборизаи халқи тоҷик бар зидди истилогарони мугул
Нақша:
- Вазъи сиёсии давлати Хоразмшоҳиён дар арафаи ҳамлаи Мугулҳо.
- Ҳуҷуми ӯрдуи Чингизхон ба Осиёи Миёна.
- Мудофиаи қаҳрамононаи шаҳрҳои бостонии тоҷикон: Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд.
Тавре ки дар боло зикр гардид, дар давраи ҳукмронии Алоуддин Текеш ва писари ӯ Муҳаммад Хоразм ба давлати пурқувват табдил ёфт. Сарҳади он аз соҳилҳои шимолии баҳри Хазар (Каспий) то халиҷи Форс ва аз Кавказ то қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш васеъ гардид. Вале марказиятнокиии ин давлат хеле суст буд. Иддае аз ҳокимони маҳаллӣ фақат зоҳиран ҳокимияти Хоразмшоҳиёнро эътироф намуда, аслан вилоятҳои зердасти худро қариб ки мустақилона идора мекарданд.
Ҳокимияти Муҳаммади Хоразмшоҳ ва вазъи дохилии давлати ӯ устувор набуд. Халқҳои мутеъ ва оммаи заҳматкаш аз ҷониби ҳокимони маҳаллӣ ва Хоразмшоҳ бераҳмона истисмор карда мешуданд. Аз ин лиҳоз мардуми оддӣ Муҳаммади Хоразмшоҳро чашми дидан надоштанд ва ӯро пуштибонӣ намекарданд.
Он чиз ҷолиби диққат аст, ки ҳатто ашрофи феодалони ҳарбӣ ва рӯҳониёни бонуфуз ҳам нисбат ба Муҳаммад мавқеи душманонаро ишгол карда буданд, яъне бо сабабҳои гуногун аз ӯ норозй буданд. Ҳатто аскарони кироя, ки тамоми ғалабаҳои вайро таъмин карда буданд, дар охир аз итоати ӯ сар кашиданд.
Хулоса, давлати бузурги Муҳаммади Хоразмшоҳ аз дарун маҳкам ва устувор набуд ва бинобар ин дар натиҷаи зарбаҳои истилогарони мугул ба осонӣ аз по афтод.
Дар ибтидои асри ХШ дар марзи Муғулистони имрӯза дар натиҷаи аз байн рафтани муносибатҳои патриархалӣ — авлодӣ нахустин давлати феодалии мугул зуҳур менамояд, ки асосгузорашТемучин (1155-1227) ё худ Чингизхон буд.
Баъди 25 соли мубориза Темучин тамоми қабилаҳои мугулро ба итоати худ даровард. Ва, ниҳоят, соли 1206 дар Қурултои бузург (маҷлиси бузург) хонҳо якдилона Темучини 50 соларо «хони бузург» ё «хони хонон» эълон карда, ӯро Чингизхон номиданд. Чингизхон дар муддати нисбатан кӯтоҳ лашкари сершумору боинтизоме созмон дод ва ба истилои мамлакатҳои ҳамсоя шурӯъ намуд. Дар солҳои 1207-1211 Сибири Ҷанубӣ ва солҳои 1211-1215 Хитойи Шимолӣ, аз ҷумла, Пекинро ба тасарруфи худ даровард. Ҳангоми забти Пекин 30 ҳазор зан ба хотири он ки ба дасти мугулҳо наафтанд, худкушй карданд. Соли 1218 қӯшуни мугул, тақрибан бидуни муқовимат Ҳафтрӯдро тасарруф намуда, ба сарҳади давлати Хоразмшоҳиён омада расид.
Зикр бояд намуд, ки Чингизхон ба юриши Осиёи Миёна, яъне давлати Хоразмшоҳиён диққати ҷиддӣ дода, тайёрии ҳаматарафа мебинад. У тавассути тоҷирони Осиёи Миёна (онҳо кайҳост мушовирони Чингизхон буданд) дар бораи вазъияти дохилии давлати Хоразмшоҳиён маълумот ба даст меовард.
Илова бар ин, Чингизхон роҳи фиребу найрангро пеш гирифт ва ба Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ нома навишта, ӯро писархонди худ номид. Муҳаммад аз ин нома дарғазаб шуд ва гуфт, ки ин Чингизхони муғул нисбат ба ӯ беҳурматиро раво дида, бузургтарин лашкаркаши исломро писархонд гирифтааст.
Дар ҳақиқат шумораи сарбозони Муҳаммад нисбат ба сарбозони мугул хеле зиёд буд. Вале ӯ намедонист, ки Чингизхон кайҳо ба ҷанги зидди Хоразмшоҳиён омодагй гирифтааст ва тоҷирони Осиёи Миёна, чй хеле ки гуфтем, ҳамчун ҷосус хизмат мекарданд. Ба замми ин Муҳаммад ҳанӯз то ҳуҷуми мугулҳо лашкари худро ба гурӯҳҳои хурд-хурд тақсим намуда, дар шаҳрҳо ва истеҳкомҳои аз пойтахт дур (бо мақсади дар мутеъ нигоҳ доштани оммаи аҳолй) ҷойгир намуда буд.
Соли 1218 Чингизхон ба сарзамини Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ корвонеро, ки аз 500 шутур молҳои қимматбаҳо ва 450 нафар тоҷир, аъёну ашроф ва ашхоси мӯътабари хони мугул иборат буд, равон менамояд. Ба гумони он ки корвон мақсади ҷосусӣ дорад, ҷанговарони Хоразмшоҳ бо иҷозати ӯ дар шаҳри сарҳадии Утрор, ки дар канори дарёи Сир воқеъ гардида буд, корвонро тороҷ намуда, корвониёнро ба қатл мерасонанд.
Вақте ки пешвои мугулҳо аз воқеаи Утрор (ба истилоҳ «Фоҷиаи Утрор») хабардор шуд, ӯ се рӯз мотам гирифт ва савганд хӯрд, ки агар Хоразмшоҳ гунаҳкори ин фоҷиа ҳокими Утрор Иналхон (Иналчик)-ро ба ӯ насупорад ва товони молҳоро барнагардонад, сарзаминашро ба хоку хун огушта месозад, чунки қатли сафирон барои мардуми муғул ҷинояти набахшидание ҳисоб мешуд. Лекин сафири Чингизхон, ки бо ин талабот ба пойтахти Хоразмшоҳиён омада буд, бо амри Муҳаммад ба қатл расид ва ҳамроҳони ӯ бо ришу мӯйлаби тарошидашуда пас гардонида шуданд. Ин рафтори аблаҳона ва ҷангталабонаи Муҳаммад ҳамлаи Чингизхонро ба Осиёи Миёна тезонид.
Чингизхон моҳи сентябри соли 1219 бо 200 ҳазор лашкар ба Утрор расида қувваҳои низомии худро ба се қисм тақсим кард; як қисмро ба ихтиёри писаронаш Уқтой ва Чағатой дод, то ки Утрорро муҳосира кунанд; қисми дуюмро бо сарварии писари дигараш Ҷӯҷӣ барои забт кардани шаҳрҳои соҳили дарёи Сир равона кард. Худи ӯ бо ҳамроҳии писари хурдиаш Тулуй қувваҳои асосиро гирифта ба самти Бухоро ҳаракат намуд.
Утрор ба аҷнабиёни муғул як моҳ (тибқи баъзе ҳуҷҷатҳо 6 моҳ) муқовимат намуд. Душман шаҳрро ишгол кард ва кули мудофиакунандагони онро ба қатл расоцд. Ҷӯҷӣ бошад, шаҳрҳои соҳили Сиро паси ҳам ғасб намуда аҳолӣ ва аскарони мудофиакунандаро аз дами теғ гузаронид.
Дар аввалҳои соли 1220 Чингизхон ба Бухоро расид ва онро муҳосира кард. Дастаи хурди низомиён, ки нисбат ба лашкари мугул хеле кам буд, якҷоя бо сокинони шаҳр далерона муқовимат намуданд. Фақат дар рӯзи сеюм мудофиакунандагон, ки алоқаашон аз ҳар тараф бурида шуда буд, ночор аз муқовимат даст кашиданд. Аксарияти онҳо сафи қӯвваҳои муҳосиракунандагонро рахна карда аз шаҳр берун шуданд. Вале 400 нафар ватанпарастони далер дар қалъаи шаҳр паноҳ бурда, то дами марг қаҳрамонона ҷангиданд. Ғосибони мугул шаҳрро талаву тороҷ намуда, онро оташ заданд, ҳазорон сокинонашро куштанд ва боқимондагонро гулом гардониданд.
Пас аз гирифтани Бухоро истилогарони мугул ба сӯи Самарқанд равона шуданд. Муҳаммади Хоразмшоҳ ба мудофиаи ин шаҳри бостонии тоҷикон диққати махсус дода, дар ин ҷо қувваи бузург ҷамъ оварда буд. Гарнизони шаҳр аз рӯи баъзе маълумотҳо 110 ҳазор ва маълумотҳои дигар 50-60 ҳазор сарбоз доштааст. Ба ақидаи шоҳидони давр Самарқанд метавонист ба муҳосираи чандин сола тоб оварад. Лекин ин тавр нашуд.
Дар рӯзи сеюми муҳосира муҳофизатчиёни диловар аз шаҳр берун шуда, ба душман ҳамла оварданд ва як миқцор аскаронашро нобуд карданд. Вале чӣ мегӯед, ки худашон ба иҳотаи душман афтоданд ва бисёрии онҳо дар майдони набард ҳалок гардиданд.
Ин ҳамлаи бебарор ба рӯҳияи мудофиачиён таъсири ногуворе расонд. Аз ин ҳолат истифода бурда, калоншавандаҳои шаҳр ва рӯҳониён қозӣ ва шайхулисломро ба назди Чингизхон фиристоданд, то ки дар роҳи таслим гуфтугузор ба амал оваранд. Илова бар ин субҳидам онҳо хоинона дарвозаи шаҳрро ба рӯи душман кушоданд. Истилогарон вориди шаҳр гардида ба қатли ом ва ғоратгарй сар карданд. Фақат хоинони ватан ҷон ба саломат бурданд. Вале муҳофизатгарони меҳанпараст ва ҷасуру шуҷоъ ба истилогарон муқобилияти сахт нишон доданд. Бо вуҷуди ин ҳама корнамоӣ онҳо дар муқобили лашкари мисли мӯру малахи аҷнабиён дуру дароз истодагарй карда натавонистанд. Пас аз афтодани қалъа муҳофизатгарони қаҳрамон дар масҷиди ҷомеъ паноҳ бурда муборизаро идома доданд. Чингизхон чунон дар ғазаб шуда фармон дод, то ки масҷидро оташ зананд. Вале дшюварони ватанпараст ва бо ору номус аз ин наҳаросида, дар ҷои худ нишастанд ва сӯхта мурданро аз таслим шудан ба душман авлотар донистанд.
Бояд зикр намуд, ки истилогарони мугул Самарқандро ба харобазор табдил дода, бештар аз нисфи аҳолии онро ба қатл расониданд. Ба замми ин 30 ҳазор нафар. косибону ҳунармандони Самарқандро ба писарон ва хешу табори Чингизхон ва боз ҳамон қадар заҳматкашони шаҳр ба хизмати қӯшуни мугул супорида шуданд. Шаҳр аз одам холӣ гардид. Ҳатто пас аз 1,5 сол ҳам, ки қисми аҳолии он ба ҷойҳои худ баргаштанд, аҳолии Самарқанд фақат чоряки сокинони пештараи онро ташкил намуданду халос.
Чингизиёни ҷаллод сокинони зиндамондаи Бухоро, Самарқанд ва Хуҷандро ба азобу уқубати даҳшатангез гирифтор намуда, пас аз андаке таваққуф ба тарафи дашти Қаршӣ ва Тирмиз ҳаракат карданд. Ғосибон шаҳри Тирмизро ба хок яксон намуданд ва сокинонашро ба қатл расониданд (тирамоҳи соли 1220). Сипас, дар ибтидои соли 1221 Чингизхон аз дарёи Аму гузашта, ба хоки Афгонистон пойи ифлоси худро гузошт.