Оқибатҳои истилои Осиёи Миёна аз ҷониби мугулҳо. Шӯриши Маҳмуди Торобӣ

Нақша:

  1. Оқибатҳои мудҳиши истилои муғулҳо ва ваҳшониятҳои онҳо.
  2. Харобии хоҷагӣ пас аз истилои муғул ва қашшоқу бенаво гардидани мардуми заҳматкаш.
  3. Шӯриши Маҳмуди Торобӣ ва аҳамияти таърихии он. Шахсияти Маҳмуд.

Соли 1221 — соли ба анҷомрасии истилои Осиёи Миёна аз ҷониби Чингизиён _ба ҳисоб меравад. Дар баҳори ҳамин сол писарони Чингизхон Уқтой, Чагатой ва Ҷӯҷӣ бо сад ҳазор нафар лашкари мугул пойтахти Хоразмшоҳиён шаҳри Гурганҷ (Урганҷ)-ро муҳосира намуданд. Мудофиакунандагони Урганҷ муддати шаш моҳ бо мугулҳо мардонавор ҷангиданд. Ғосибон аз он ҳама талафоте, ки дар ҷанги Гурганҷ доданд, хеле ба хашму ғазаб омада тасмим гирифтанд, ки шаҳрро тамоман ба хок яксон кунанд, то ки аз он асаре боқӣ намонад. Ба ин мақсад онҳо сади соҳили дарёи Амуро вайрон намуда, шаҳри Гурганҷро ғарқи об намуданд.

Аз навоҳии тоҷикнишин танҳо Бадахшон ва баъзе вилоятҳои кӯҳистони Тоҷикистони Шарқӣ, инчунин чанде аз маҳалҳои Ғур, ки бо қалъаҳои мустаҳкам муҳофизат шуда буданд, ба дасти мугулҳо надаромаданд.

Муаррихи араб Ибн-ал-Асир, ки шоҳиди манзараи мудҳиши истилои мугулҳо ва ваҳшонияти онҳо буд, рафтори гайриинсонии аҷнабиёни чингизиро чунин тасвир мекунад: «Онҳо (ӯрдуҳои Чингиз) ба касе раҳм намекарданд, баръакс занон, мардон ва кӯдаконро мекуштанд, шиками занони ҳомиларо пора карда, кӯдакони таваллуднашударо сар мезаданд… Шарораҳои ин бало ба ҳар тараф парида, офати он насиби умум гардид ва ҳамчун абри сиёҳе, ки вайро боди сахт меронад, аз вилояте ба вилояте сайр намуд. Халқе, ки аз канори мамлакати Чин баромад (яъне Мугулистони имрӯза)… ба Мовароуннаҳр тохт, ишгол кард, хароб намуд, ба қатл расонид ва ба ягмо бурд. Шаҳре набуд, ки аз дасти мугулҳо саломат монда бошад, онҳо ҳама ҷойро вайрон мекарданд, аз наздикии ҳар чизе ки мегузаштанд, тороҷ менамуданд, ҳар як чизе, ки ба назарашон гайри қобили истеъмол менамуд, месӯзониданд. Масалан, онҳо молҳои абрешимӣ ва дигар хел молҳоро тӯда-тӯда тӯъмаи оташ мекарданд».

Истилои мугул ба сари халқҳои Осиёи Миёна мусибатҳои беҳадду ҳисоб овард. Дар натиҷаи талаву тороҷ ва сӯхторҳо шаҳрҳои Мовароуннаҳр ба харобазор табдил ёфтанд, аҳолии заҳматкаши онҳо қатли Ом гардиданд. Корҳои зироат ва обёрӣ хеле паст рафт. Карл Маркс дар баёни зулми мугулҳо чунин таъкид карда буд, ки «ба рӯҳи халқе, ки.қурбони он гардидааст, на фақат фишор меовард, балки вайро таҳқир менамуд ва мехушқонид». Ба қавли Маркс истилогарони муғул «одамонро ба ҳайвон, замини зироат ва деҳоти пурнуфусро ба чарогоҳ табдил медоданд».

Дар ҳақиқат, истилои мугул ба ҳаёти хоҷагии Осиёи Миёна зарбаи сахт расонид. Сӯиистеъмолкунии ҳокимони маҳаллӣ, ки худсарона андоз ва молиётро назар ба дараҷаи муқарраршуда якчанд маротиба зиёдтар меситониданд, аҳволи халқро ба куллӣ тоқатнопазир мекард. Зулму истибдод ва ҷабру ситам аҳолии зиндамондаи шаҳру қишлоқро аз ҳар гуна майлу иштиёқи пеш бурдани хоҷагӣ маҳрум сохт. Ин буд, ки вазъияти хоҷагии мамлакатро дар даҳсолаҳои аввали истилои мугул боз ҳам харобтар гардонид. Махсусан вазъи ҳаёти шаҳр хеле вазнин гардида буд. Дар айни замон халқҳои Осиёи Миёна, пеш аз ҳама тоҷикон бар зидвдг бедодгариҳои Чингизиён қаҳрамонона мубориза мебурданд. Аз солҳои 30-юми асри ХШ дар байни аҳолии воҳаҳои зироатӣ ва косибону ҳунармандони шаҳр ҷунбиши зидди золимони аҷнабӣ ва маҳаллӣ шурӯъ гардид. Ин ҷунбиш махсусан дар Бухоро ва гирду атрофии он пурқувват шуд ва дар соли 1238 шӯрише дар ин ҷо ба амал омад, ки бо номи шӯриши Маҳмуди Торобӣ машҳур аст.

Асосан шаҳри Бухороро аъён ва ашрофи феодалии маҳаллӣ (амирон ва садрҳо), ки дар зулм кардан ба халқ аз хонҳои мугул ақиб намемонданд, идора мекарданд. Аз ин ҷост, ки аввалин душмани бархӯрдаи шӯришчиён ҳукмронони маҳаллии Бухоро буданд.

Пешвои шӯриш Маҳмуд ном косиби элакбофи деҳаи Тороби назди Бухоро буд. Махмуд, ки нотиқи оташинсухан буд, дар кӯчаҳои Тороб ва гирду атрофи он нутқҳои ғазабноке эрод карда, мардумро ба муборизаи зидди зулми мугулҳо ва тарафдорони онҳо даъват намуд. Хукмронони Бухоро дар қасди дастгир кардани Маҳмуд афтоданд. Пас аз он ки кӯшиши онҳо натиҷа набахшид, хостанд Маҳмудро бо фиреб аз Тороб ба Бухоро бурда, дар он ҷо ба қатл расонанд ва шӯришро бе роҳбар кунанд. Лекин Маҳмуди зирак қасди душманро пешакӣ фаҳмида хатари таҳдидкунандаро бартараф намуд. У ба Бухоро танҳо нарафта, бисёре аз пайравонашро бо худ гирифт.

Тарафдорони сершумори Маҳмуд дар яке аз баландиҳои наздикии шаҳри Бухоро ҷамъ шуданд ва Маҳмуд дар ҳузури иддаи зисти аҳолии меҳнаткаш нутқ эрод намуд ва мардумро ба муборизаи яроқнок даъват кард. Ин нутқи Маҳмуд хеле муваффақият пайдо кард. Ҳамаи аҳолии маҳалҳои атроф омада ба ӯ ҳамроҳ шуданд. Вақте ки Маҳмуд қувваи бузурге ҷамъ намуд, аз рӯҳониён, садрҳо ва дигар намояндагони табақаи ҳоким талаб намуд, ки ӯро халифа хонанд. Намояндагони синфи ҳоким ба вазъияти танг афтоданд. Азбаски халқ тамоман ба тарафи шӯришчиён гузашта буд, онҳо ба ҷузъ қабул кардани талаби Маҳмуд дигар чорае надоштанд. Сипас Маҳмуд ба иҷрои накшаҳояш иқдом намуд. Садрҳо ва намояндагрни табақаи ҳоким аз щаҳр ронда шуданд. Лекин Маҳмуд ба хубӣ мефаҳмид, ки «бузургони Бухоро» аз муқовимат даст намекашанд ва онҳо барои баргардондани ҳокимияти аз даст рафтаи худ, албатта кӯшиш хоҳанд кард. Ҳамин тавр ҳам шуд. Онҳо дар Кармина қарор гирифта, бо ҳамроҳии қувваҳои мусаллаҳи мугулҳо низ ба ҷанг тайёрӣ медиданд.

Ниҳоят, дар наздикии шаҳри Бухоро дар байни шӯришчиён ва аскарони мугул муҳорибаи сахте ба амал омад. Қувваи шӯришчиён хеле хуб ташкил шуда буд. Онҳо мардонавор меҷангиданд. Маҳмуд шахсан худаш ҳамеша дар миёни корзор буд. Аҳолии деҳаҳои атроф бо каланд ва табар мусаллаҳ шуда, ба кӯмаки шӯришчиён омаданд. Ин галабаи шӯришчиёнро хеле тезонид. Қӯшуни мугулҳо ва феодалони маҳаллй шикаст хӯрда, ақиб нишастанд. Шӯришчиён онҳоро то Кармина таъқиб намуда; аксарашонро нобуд карданд. Дар ин муҳориба 10 ҳазор кас кушта шуд.

Вале, мутаассифона ҷараёни мубориза ба зудӣ тагйир ёфта, шӯриш ба шикаст дучор гардид. Пешво ва илҳомбахши шӯриш Маҳмуд дар наздикии Кармина кушта шуд. Дигар аз роҳбарони боистеъдоди шӯришчиён, дӯсти Маҳмуд Шамсиддини Маҳбубӣ низ ҳалок гардид. Шӯришчиёне, ки аз сарвар маҳрум гардида ва аз ҷиҳати яроқ камбудӣ доштанд, чанд рӯз пас аз ин сокинони атрофии он ба тарзи ваҳшиёна қатлу горат шуданд.

Таърихнигор Ҷувайнӣ, ки шӯриши Маҳмуди Торобиро аз мавқеи синфии худ бо назари манфӣ тасвир кардааст, дар бораи тадбироти нисбат ба синфҳои ҳоким пеш гирифтаи Маҳмуд чунин менависад: «Вай аксарияти одамони наҷиб ва мӯҳтарамро таҳқир намуд ва қисми дигари ин гурӯҳ гурехта, худро аз ӯ халос карданд». Дар айни замон Ҷувайнӣ маҷбур шудааст иқрор намояд, ки ӯ (Маҳмуд) ба мардуми авом ва дарбадарони бехонумон хайрхоҳӣ мекард.

Ҷувайнй дар воқеаномаи худ бо ҳар васила кӯшиш намудааст, ки симои Маҳмудро бар хилофи ҳақиқат нишон диҳад. У Маҳмудро ҳамчун марди нимдевона ва мутаассиб тасвир намуда мегӯяд, ки аз паси вай фақат «мардуми авом ва дарбадар» мерафтанд. Ин суханони Ҷувайнӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки чунбиши Маҳмуди Торобӣ ҳақиқатан дорои хусусиятҳои халқй будааст.

Шӯриши Маҳмуди Торобӣ на фақат бар муқобили госибони мугул ва зулми онҳо, балки бар зидди рӯҳониён, тоҷирон ва феодалони маҳаллӣ, ки истилогаронро пуштибонӣ мекарданд, равона гардида буд. Барзгарон ва косибону ҳунармандон ба ин сабаб аз паси Маҳмуд рафтанд, ки ӯ ба муқобили зулму ҷабри тавонгарон сар бардощта,

553
Нет комментариев. Ваш будет первым!