Вазъи сиёсии Мовароуннаҳр дар миёнаҳои асри Х1У ва ба сари ҳокимият омадани Темур
Нақша:
- Низоъҳш байнихудии Ҷағатоиҳо ва оқибатҳои онҳо.
- Ба ду мулки мустақил ҷудо шудани улуси Чағатой.
- Талоши Темур барои Ҳокимияти Сиёсӣ ва амири Мовароуннаҳр гардидани ӯ.
Дар солҳои 40-уми қарни Х1У улуси Чагатой, ки аз Ҳафтрӯд, водии Илй, Мовароуннаҳр, соҳили чапи Амударё ва қисмати ҷанубу гарбии Хоразмро бо шаҳрҳои Кот ва Хева дарбар мегирифт, ба ду мулки мустақил тақсим мешавад.
Қисмати Шимолу Шарқии Улус, ки ба он Ҳафтрӯд, водии Или, назди Тёншон ва Қашгар дохил мешуданд, дар адабиёти таърихӣ номи Моголистонро гирифтааст ва мардумаш асосан саҳронишин буданд.
Қисмати Ғарбии Улус (Мовароуннаҳр, қисмати Ҷанубу Шарқии Хоразм ва заминҳои он сӯи Амударё) Мовароуннаҳр ном дошт ва сокинонаш муқиминишин буданд.
Инқирози Улуси Чағатой ба ҳаёти хоҷагии ҳар ду мамлакат таъсири манфй расонд. Инчунин боиси бесарусомониҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ихтилофҳои феодалӣ гардид. Бахусус дар Улуси гарбӣ, яъне Мовароуннаҳр вазъият хеле ташвишовар буд.
Муборизаи шадиде, ки соли 1336 байни гурӯҳи феодалҳои бодиянишин бо сарварии амир Казаган ва Қазонхон (1336-1348) сар шуда буд, соли 1348 бо галабаи Казаган ва тарафдоронаш ба охир расид. Оқибат ҳокимияти олй пурра ба дасти амир Казаган ва амирони вилоятҳо гузашт.
Вале амир Казаган амирони маҳалҳоро ба худ мутеъ гардонида натавонист. Мамлакат ба беш аз даҳ бекигариҳои ба ҳамдигар душман пароканда гардид. Аз ин зазъияти мураккаби дохилии Мовароуннаҳр хони Моғулистон Туглуқ Темур истифода бурдан хост ва ниҳоят баҳори соли 1361 ӯ бо лашкари сершумор вориди Мовароуннаҳр гардид. Самарқанд ва Кешро ишгол кард. Аҷибаш он аст, ки бекҳои турк баҳри мубориза алайҳи душман муттаҳид нашуда ба он тарафи дарёи Аму гурехтанд ва ҳатто баъзеи онҳо, аз ҷумла Темур хидмати Туглуқ Темурро қабул намуданд. Барои ин икдомаш Темур ҳокими Кеш ва вилояти он гардид.
Вале дере нагузашту ӯ ба ҳомии аввалаи, хеш хиёнат намуд ва ба тарафи ҳокими Балх амир Ҳусайн, ки орзуи ҳукмронии Мовароуннаҳр шуданро дошт, гузашт ва бо амири мазкур муборизаи сиёсӣ анҷом дод. Тайи кашмакашҳо (соли 1362) дар Сиистон аз даст ва пои росташ захмӣ шуда, то охири умр ланг шуд ва бинобар ин бо исми Темури Ланг маъруф гардид. Воқеан, соли 1364. ба амир Ҳусайн ва Темур муяссар шуд, ки Мовароуннаҳрро аз мугулҳо озод намоянд ва ҳукмронии худро барқарор кунанд. Лекин ин дер давом накард. Баҳори соли 1365 писар ва вориси Туглуқ Темур Илёсхоҷа ба Мовароуннаҳр ҳамла овард ва байни лашкари ӯ қӯшуни муттаҳидаи амир Ҳусейну Темур дар соҳили дарёи Чирчиқ набарди хунине ба амал омад, ки дар таърих бо номи «ҷанги рӯи лой» машҳур аст4.
Дар ин задухӯрд Темуру Ҳусайн пурра маглуб шуданд ва Самарқанду Шаҳрисабзро ба ҳоли худ гузошта, шармандавор ба самти Балх фирор намуданд. Сипас, барои душман роҳ ба сӯи Самарқанди бостонӣ кушода шуд. Сокинони шаҳр ба воҳима афтоданд, чунки Темур ва Ҳусайн кувваи ҳарбии Самарқандро ҳамроҳи худ бурда буданд.
Ҳамон соли 1365 лашкари Илёсхӯҷа ба Самарқанд наздик шуд. Дар чунин лаҳзаи мураккаб ва такдирсоз аҳолии заҳматкаши шаҳр ҷасорат нишон дода, ба ҳимояи меҳани хеш бархост. Дар ҷамъомади мардуми шаҳр, ки дар масҷиди ҷомеъ баргузор гардид, толибилми мадраса Мавлонозода нутқи оташин эрод карда, бо розигии ҳамаи ҳозирон вазифаи роҳбарии мудофиаи шаҳрро ба ӯҳдаи худ гирифт. Дар атрофии ӯ 10 ҳазор нафар ҷавонони мусаллаҳ гирд омада, баҳри ҳифзи шаҳри азизи хеш савганд ед карданд. Дар ташкили мудофиаи моҳиронаи Самарқанд ёварони ҷасури Мавлонозода — Мзвлоно Хурдаки Бухорӣ ва Абӯбакр Калавии Наддоф низ нақши муҳим бозиданд. Мавлонозода ва ёваронаш се шабу се рӯз дам нагирифта шаҳрро ба қалъаи мустаҳкам табдил доданд. Дар наздикии дарвозаи шаҳр дидбонҳо гузоштанд; шаҳр ба қисмҳои мудофиавӣ тақсим карда шуда, сангарҳо сохта шуданд ва бағайр аз дарвозаи асосй дигар ҳамаи дарвозаҳоро бастанд. Дар ду тарафи кӯчае, ки аз дарвозаи асосй сар мешуд, сангарҳои мустаҳкам сохта сарбозони бо камон ва туфанг мусаллаҳро дар шинакҳо ҷойгир намуданд. Худи Мавлонозода дар охири ин кӯча бо 500 тирандозони моҳир қарор гирифт ва мунтазири мугулҳо шуд.
Илёсхӯҷа, ки аз гурехтани Ҳусайну Темур хабар дошт, пиндошт, ки шаҳр бе мудофиа мондааст. Аз ин рӯ, мугулҳо яку якбора ба ҳамин дарвозаи кушодаи шаҳр дохил шуданд. Ҳангоме ки онҳо ба ҷои
4 Темур соли 1336 дар дехаи Хоҷаилгор марбутаи Кеш (ҳозира Шаҳрисабз) дар оилаи беки кабилаи мугулии туркшудаи барлос таваллуд шудааст. Ба ақидаи муаррихон то солҳои 60-ум, яъне то сар шудани фаъолияти сиёсиаш ӯ ба роҳзанӣ шугл меварзидааст ва ба қавле сардастаи роҳзанон будааст; ба ҳамсояхо тохтутоз мекардааст. камингирифтаи дастаи Мавлонозода расиданд, мудофиакунандагон аз паси сангарҳо истода, душманро ҳам бо даст ва ҳам бо фалахмон ба зери борони санг гирифтанд. Муғулҳо қариб ду ҳазор касрр талаф дода, маҷбур щуданд ақиб нишинанд.
Дуруст аст, ки лашкари мугул рӯзи дигар дубора ба Самарқанд ҳамла оварданд, лекин муваффақият ба даст дароварда натавонистанд. Бинобар он онҳо қасос гирифтанӣ шуда, шаҳрро ба муҳосираи дуру дараз гирифтанд. Пас аз чаид муддат аспҳоя онка 6а касалии тоун гирифтор шуда, боиси ҳалокати қисмизиёдашон мегардад, аз тарафи дигар қобилияти ҷангии сипоҳиёни мугул ҳам суст гардида буд. Ана барои ҳамин ҳам мугулҳои истилогар маҷбур шуданд, ки аз муҳосираи Самарқанд даст кашанд ва фақат ба горат кардани атрофи шаҳр қаноат карда, шармандавор пас гарданд.
Ба ҳамин тариқ Самарқандиҳои меҳанпараст корнамой нишон дода, шаҳри худро аз чанголи золимони муғул наҷот доданд, ки ин барои ояндагон намунаи ибрат буд. Овозаи ин галабаи пуршараф фавран дар манотиқи дуру наздик паҳн гардид.
Бояд зикр намуд, ки ифодаи «сарбадор» камтар пештар, солҳои 1336-1337 дар маҳалли Сабзавори Хуросон пайдо шуда буд ва муҳофизони Самарқанд ҳам ин номро ба худ мегиранд. Ин истилоҳ аз чунин шиори шӯришчиён бармеояд, ки гуфтаанд: «Ё сар ба дор медиҳем ва ё зулми муғулҳоро рафъ менамоем
Мухолифони сарбадорон «Сарбадор»-ро ба маънии «дорбоб» истифода менамуданд, яъне роҳбарони ҳаракати соли 1365-уми Самарқандро ҳамчун исёнчӣ, мухолифони ҳукумати «қонунии» мавҷуда тасвир менамоянд.
Масалан, муаррихи давраи Темур Мирхонд мегӯяд: «Гурӯҳе аз онҳо (яъне аҳолии Самарқанд), ки зӯру тавоно ва ошӯбгару ҷинояткори гузаро буданд…, ҳокимиятро гирифтанд ва ба ситам шурӯъ карданд».
Дигар муаррих Хондамир, агарчанде хидмати Сарбадоронро дар бобати дафъ намудани ҳуҷуми мугулҳо ба эътироф намудан маҷбур шудааст, вале мисли бародарзодааш Мирхонд ба онҳо баҳои ноҳақ медиҳад: «Пас аз он, ки Сарбадорони Самарқанд ин кори хеле муҳимро (яъне дафъи ҳуҷуми мугул) бо муваффақият анҷом доданд, ба роҳи шарора ва фитна даромада дасти горат ба моли раият заданд».
Муаррихи дигар Шарафиддин Алии Яздӣ перомуни сарбадорони Самарқанд навиштааст: «Ба сари як гурӯҳ мардум боди гурур ва ифтихор вазид; онҳо ба берун аз ҳадди худ қадам гузоштан ҷасорат намуда, цастони хунрези ситамгари худро ба ҳар тараф дароз карданд». Яздӣ ин баҳои ба Сарбадорон додаи худро бо шеъре тақвият менамояд: «Эй бор худоё, магузор, ки гадо шахси мӯътабар гардад». Сабаби баҳоҳои бӯҳтономези таърихчиёни феодалии давраи Темур аз он иборат буд, ки Сарбадорон манфиатҳои ҳунармандону косибон ва.табақаҳои камбизоати.шаҳрро ҳимоя мекарданд. Аз ин рӯ, ҳамаи иқдомоти онҳо мухолифи манфиатҳои табақаҳои дорои Самарқанд буданд.
Дере нагузашта хабари ғалабаи Сарбадорон ба гӯши Темуру Ҳусайн расид. Онҳо маслиҳат намуда, тасмим гирифтанд, ки дар ишголи Самарқанд шитоб накунанд, зеро аз дучор шудан ба муқовимати сахти мудофиакунандагони шаҳр метарсиданд. Бинобар ин онҳо қарор доданд, ки Самарқандро бо макру ҳилла ба даст дароранд.
Бо ин мақсад ба номи роҳбари сарбадорон Мавлонозода мактуб навишта ваъда медиҳанд, ки идораи шаҳрро ба ӯ вогузор намуда, ба касе ҷазо намедиҳанд ва номаро бо либосҳои фохира ва тӯҳфахо мефиристанд ва худашон аввали баҳори соли 1366 бо лашкар ба Самарқанд омада, дар даромадгоҳи он қарор мегиранд. Пас роҳбарони Сарбадоронро ба назди хеш хонданд. Онҳо ба суханони маккорона бовар карда, дар қароргоҳи Ҳусайн ҳозир шуданд. Ҳусайн аҳдшиканона ҳамаро (ғайр аз Мавлонозода, ки бо илтимоси Темур ӯ зинда монд) ба қатл расонид.
Ҳамин тариқ ҷунбиши сарбадорони Самарқанд бераҳмона пахш карда шуд. Ҳусайн ҳукмрони Мовароуннаҳр гардид, Темур ба Шаҳрисабз баргашт. Дар ҳамин ҷо тоҷикон имконият доштанд (баъди Сомониён ва Ғуриён) дар Мовароуннаҳр сулолаи тоҷикиро бо сардории Мавлонозода боз ба сари қудрат оранд, аммо бахти тоҷик омад накард ва Темуру Ҳусайн бо фиреб ҳокимияти сиёсиро дар Мовароуннаҳр ба даст дароварданд.