Ташкилёбии империяи Темур ва пароканда гардидани он

Нақша:

  1. Ба сари ҳокимият омадани Темур ва оғози забткориҳои вай.
  2. Кишваркушоиҳои Темур ва барпо гардидани шоҳаншоҳш ӯ.
  3. Муборизаи сулолавии Темуриён ва салтанати Улуғбек.
  4. Табаддулотҳои дарборӣ баъди қатли Улуғбек ва оқибатҳон он.

Пас аз шикасти Сарбадорон ва ба дасти амир Ҳусайн гузаштани Самарқанд муносибати ӯ ва Темур барои ҳокимияти олӣ тезу тунд мегардад. Муборизаи пинҳонии онҳо сар мешавад. Ниҳоят соли 1370 Темур дар Самарқанд табаддулот гузаронд, Балхро ишғол намуд, Ҳусайнро асир гирифта зуд ба қатл расонд ва ба мақсадаш расид.

Ҳамон сол дар анҷумани пешвоёни қабилаҳои бодиянишин, заминдорони калон, рӯҳониёни мусулмон ва сарлашкарон Темур амири Мовароуннаҳр эълон карда мешавад. Ҳамоно Самарқанд пойтахти давлати Темур гардид.

Дар солҳои аввали ҳукмрониаш Темур барои таъмини марказияти давлат ва таъмини амнияти ноҳияҳои сарҳадӣ талош меварзад; ҷангу низоъҳои дохилиро барҳам зада, алайҳи феодалони маҳаллие, ки майли мустақилшавӣ доштанд, сахт мубориза мебарад. Иқдомҳои марказият додани давлат аз ҷониби Темур боиси пуштибонии тоҷирон ва пешоварони сарватманд мегардад. Ба рӯҳониён имтиёзҳои иқтисодӣ дода, Темур онҳоро ба тарафи худ кашид. Ба ғайр аз он ӯ девор ва аркҳои Самарқанд, Бухоро, Қаршй ва Шаҳрисабзро аз нав сохта, аҳолии он шаҳрҳоро хайрхоҳи худ намуд.

Инчунин, Темур ба муғулҳои Ҳафтрӯд ва Урдаи Сафед (дар поёноби дарёи Сир) зарба зада сарҳади шимолии давлати худро бехатар гардонид. Амир Темур аз солҳои 70-уми асри Х1У ба забт намудани мамлакатҳои ҳамсоя огоз намуд. ӯ соли 1372 Хоразмро забт кард. Хоразмиён ба муқобили Темур қаҳрамонона ҷангиданд ва 5 мароп 5а шӯриш бардоштанд. Дар вақти ҳуҷуми охир (с. 1388) бо амир Темур Урганҷ — пойтахти Хоразм, ки яке аз марказҳои тиҷоратӣ байни Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёна буд, ба хок яксон карда шуда ва дар он ҷав кошта шуд.

Соли 1381 Темур давлати Курт ва давлати Сарбадорони Хуросонро шикаст дод ва ба худ тобеъ намуд. Аз соли 1388 муборизаи шадид ва дағ шнок бар зидди хони Олтин Урда Тӯхтамишхон оғоз гардид. Соли 1 395 Темур қувваҳои ҳарбии Тӯхтамишхонро комилан торумор намуда, пойтахти он шаҳри Саройро забт ва хароб намуд. Дар айни замон (1392) Темур Арманистон ва Гурҷистонро горат ва ба худ мутеъ тамуд. Эронро низ ба хоки давлати худ хамроҳ кард.

Диққати Темури Лангро бештар Ҳиндустон ба худ ҷалб менамуд. Аз ин ҷост, ки ӯ се маротиба ба ин кишвари бостонӣ лашкар кашид. Соли 1398 шаҳри Деҳлиро гирифт ва ганҷинаҳои зиёди онро ба гррат бурда, соли 1399 ба Самарқанд баргашт. Соли 1400 Темур дар сарзамини Сурия қувваҳои ҳарбии ҳокими (хидев)-и Мисрро торумор намуд. Соли 1402 ба лашкари султони турк Боязид зарбаи ҳалокатовар зад ва худи ӯро асир гирифт. Орзуи Темур забти Чин буд. Ин буд, ки зимистони соли 1405 ба ин кишвари кӯҳан лашкар кашид. Лекин орзуяш амалӣ нагашт. 18-уми феврали соли 1405 дар шаҳри сарҳадии Утрор ногаҳон вафот кард.

Дар натиҷаи кишваркушоии 35 солаи Темур империяи бузурге ташкил ёфт, ки ба он Мовароуннаҳр, Хоразм, вилоятҳои назди Каспий, Афгонистони кунунй, Эрон, қисман Ҳиндустон, Ироқ, Кавкази Ҷанубӣ ва як қатор кишварҳои Осиёи Ғарбй дохил мешуданд.

Махсус бояд зикр намуд, ки кули лашкаркашиҳои Темур мақсадҳои горатгарона ва истилогарона дошта, ӯ аз дигар ваҳшигариҳо вл ҷаллодиҳои мудҳиш низ худдорй намекард. Дар ин бора далелҳои зерин шаҳодат медиҳанд:

Ободиҳои лаби дарёи Волга ва шимоли Ҳиндустон ваҳшиёна ба харобазор табдил дода шуданд; Арманистонро «бо қаҳтӣ, бо дами тег, бо асорат, бо азобу уқубати гӯшношунида ва муомилаи гайриинсонии худ (Темур) ба биёбон табдил дод» (ба қавли як шоҳид); бо амри Темур дар Исфаҳон 70 ҳазор нафар аҳолии бегуноҳро сар бурида «калламанора» сохтанд (1387); ба қатл расонида шудани 100 ҳазор асирони Ҳинд дар Багдод рӯзи иди Қурбон 90 ҳазор касро кушта аз сари онҳо 120 калламанора сохтан; воқеаи фаҷиавии Сабзавор (дар Хуросон, соли 1383), яъне одамони зиндаро дар байни хиштпораҳо гузошта ва аз болои онҳо оҳак ва гил рехта девори баланд сохтан, асиронро зинда ба зинда гӯронидан ва гайраю ва ҳоказо.

Ҳадаф аз бераҳмй ва ваҳшигариҳои Темур аз он иборат буд, ки бо ҳамин роҳ аҳолии ба ғорат ва истисмори бераҳмона дучор кардаашро дар итоати худ нигоҳ дорад.

«… Сиёсати Темур, — навишта буд К.Маркс, — аз он иборат буд, ки ҳазорҳо занону бачагон, мардону ҷавононро азобу шиканҷа диҳад, қир кунад ва ба ин тариқа дар ҳама ҷо воҳима андозад»5.

Баъди вафоти Темур шоҳаншоҳии паҳновари ӯ аз по афтода Мовароуннаҳр ба саҳнаи муборизаи дохилӣ барои тоҷу тахт табдил ёфт. Дар ин муборизаи зиёда аз чорсола галаба насиби писари хурдки Темур Шоҳрух, ки ҳокими Ҳирот буд, гардид. Ӯ идора кардани Самарқанд ва умуман Мовароуннаҳрро соли 1409 ба писари понздаҳсолааш Улугбек супорид ва худ дар Самарқанд, ки расман пойтахти шоҳаншоҳии Темуриён ҳисоб мешуд, мондан нахоста ба мулки хосаи худ Ҳирот баргашт.

Дар айёми салтанати Шоҳрух (1405-1447).шоҳаншоҳии темурӣ бидуни хеле аз даст дддани кдламрави хеш ҳамоно ба як дараҷа иқтидори пешинаашро нигоҳ медошт. Аз заминҳои таҳти тасарруфи Шоҳрух амалан ду давлати мустақил: яке давлати худи Шоҳрух (Хуросон бо марказаш Ҳирот) ва дигаре давлати Улуғбек (Мовароуннаҳр бо марказаш Самарқанд) ба вуҷуд омад. Дуруст аст, ки Улугбек вассали Шоҳрух ҳисоб мешуд, вале бо вуҷуди ин ӯ аз номи худ тангаҳо бароварда, дар ҷангҳо мустақилона баромад мекард. Масалан, Улугбек соли 1414 ҳокими Фаргона — Аҳмад ва соли 1425 амирони мугулро мағлуб сохта ҳокими мутлақи Мовароуннаҳр шуд. Лекин минбаъд пирӯзиҳои ҷангӣ ба Улугбек насиб нагардиданд.

Яке аз муҳимтарин тадбироти Улугбек ин ислоҳоти пулии соли 1428-и ӯ буд, ки дар бобати ба низом даровардани муомилоти пулӣ ва тиҷорат нақши муҳим бозидааст. Ё ин ки дар аҳди Улуғбек андози замин назар ба дигар давраҳо мӯътадил будааст.

Улуғбек толиби илму адаб ва фарҳанг буд, аз адабиёт хуб бохабар буд, забонҳои туркй, тоҷикӣ ва арабиро ба хубй медонист ва худ ба туркиву тоҷикӣ шеър ҳам мегуфт, оид ба илми мусиқй панҷ рисола таълиф намуда, ба илми тиб рағбати зиёде доштааст.

Бо вуҷуди он ки ӯ қариб дар ҳамаи соҳаҳои илму Фан маълумоти мукаммалеро соҳиб гардида буд, аз ҳама зиёдтар риёзиёт ва алахусус илми нуҷумро дӯст медошт ва бештари вақти худро ба ин илмҳо сарф менамуд.

Улугбек маъруфтарин мунаҷҷимон ва риёзидонҳои он замонро ба Самарқанд ҷамъ карда, расадхонаи беҳтарини он айёмро бунёд намуд. Бо амри ӯ дар Самарқанд, Бухоро, Кеш ва Ғиждувон биноҳои боҳашамат, аз ҷумла мадрасаҳо сохта шудаанд.

Мутаассифона, саргарми илмҳои дунявӣ гардидани Улуғбек зиддияти байни ӯ ва аҳли таассубро тезу тундтар мегардонад. Маҳз бо иғво ва ташвиқи рӯҳониёни иртиҷоӣ Улугбек моҳи октябри соли 1449 бо фармони писараш Абдулатиф кушта мешавад. Сипас, баъди шаш моҳ ӯ ҳам аз ҷониби сӯиқасдкунандагони ҳарбӣ ба қатл расонида шуд. Баъд аз ин якчанд габаддулотҳои дарборӣ ба амал омаданд. Оқибат ҳокимият дар Мовароуннаҳр ба дасти Абӯсаид (1451-1469) ва дар Хуросон Абулқосим Бобур (наберагони Шоҳрух) гузашт. Вале кӯшиши ҳар яки ин ҳокимон барои соҳиб шудан ба тамоми мероси Шоҳрух бе натиҷа анҷом меёбад.

Пас аз фавти Абулқосим Бобур (1456) Абӯсаид тамоми Мовароуннаҳру Хуросонро муттаҳид намуда, то соли 1468 салтанат ронд. Дар замони ҳукмронии ӯ таъсири дарвешияи иртиҷоӣ бо сардории феодали хеле калон Хоҷа Аҳрор пурзӯр мегардад.

Вале низоъҳои бахгаихудии хонадони темуриҳо хомӯш намегардид, муборизаи шадид барои ҳокимияти олӣ ҳамоно идома дошт. Дар натиҷа, соли 1469 ҳокимият дар Мовароуннаҳр ба дасти писари Абӯсаид Аҳмад (1469-1494) гузашт ва дар Хуросон бошад, ҳукмронии дигари темурӣ — Султон Хусайн Бойқаро (1469-1507) барқарор гардид «а ӯ ҳокимияти қавии худро барқарор карда, қариб 40 сол салтанат ронд.

Инак, аз нав дуҳокимиятй ташкил ёфт, ки оқибат ба пурра барҳам хӯрдани давлати бунёдкардаи Темур оварда расонид.

472
Нет комментариев. Ваш будет первым!