Касбу ҳунар ва тиҷорат дар даврони Темур ва Темуриён

Нақша:

1. Дар даврони Темур ва Темуриён ба дараҷаи баланди тараққиёт

расидани касбу ҳунар:

а) бофандагӣ;

б) коғазбарорӣ (беҳтарин коғаз дар ҷаҳон);

в) кулолгарӣ ва коркарди маъдан;

2. Ривоҷу равнақи муносибатҳои молию пулӣ дар аҳди Темуриён.

Замони ҳукмронии амир Темур ба иқтисодиёти бисёр шаҳрҳои Мовароуннаҳр таъсири мусбат расонидааст. Барқарор гардидани ҳокимияти нерӯманд онҳоро аз ҳуҷумҳои муттасили ҳокимони ҳамсоя, ҷангҳои дохилӣ ва сулолавй, бедодгариҳои амалдорон наҷот медиҳад. Ҳамаи ин ба тараққиёти саноати косибй, тиҷорати дохилӣ ва берунй мусоидат намуданд.

Дар ин давра ҳам мисли солҳои пешин бофандагй яке аз соҳаҳои асоситарини ҳунармандӣ ба ҳисоб мерафт. Матоҳои ҳархелаи одцй ва қимматбаҳо истеҳсол карда мешуданд.

Афзудани талабот ба матоъҳои қимматбаҳо хислати хоси охири асри Х1У — ибтидои асри ХУ буд. Барои доираи танги харидорон газворҳои махсусан қимматбаҳо тайёр карда мешуданд. Бахмал паҳншудатарин матоъи либосҳои идонаи асилзодагон будааст.

Дар ахди Темур ва Темуриён аз байни матоъҳои қимматбаҳо кимхоб (матои шоҳии гулдор), ки хеле маҳину зебо буд, ҷои махсусро ишғол мекард. Хилъатҳое, ки (яктак, хилъат, халат, ҷома) аз ин матоъ дӯхта мешуданд, одатан ба амирон ва сафироне, ки ба дарбори Темуру Темуриён ташриф меоварданд, пешкаш мешуданд.

Қисми асосии истеҳсоли матои серистеъмолро газвори пахтагй, аз ҷумла суфи хом, яъне «карбос» ташкил менамуд, ки аз он асосан сару либоси ҳаррӯзаи одамони оддӣ тайёр карда мешуданд. Умуман, дар ин давра афзудани навъҳои гуногуни матоъ ба чашм мерасид.

Дар Самарқанд байни ҳунарҳо тайёркунии қоғази хатнависй ҷои асосиро ишгол мекард. Дар айни ҳол қогаз ҳам мисли маснуоти саноати бофандагӣ моли содиротй ба мамлакатҳои дигар ҳисоб мешуд.

Дар охири асри Х1У ва асри ХУ Самарқанд чун маркази асосии истеҳсоли қоғази хатнависӣ дар тамоми мамолики Шарқ боқй монда буд.

«Дар ҷаҳон беҳтарин қогаз дар Самарқанд истеҳсол карда мешавад», — навиштааст Заҳируддин Муҳаммад Бобур. Қоғаз яке аз молҳои асосии содиротии ин шаҳр ба кишварҳо ва вилоятҳои дигар будааст. Масалан, муаррихе навиштааст, ки молҳои зерин аз Самарқанд ба хориҷи кишвар содир мешаванд: қоғаз, мармари сабз, чӯбу тах^ай сохтмон, ранги сафед ва себ (яъне қоғаз дар ҷои аввал).

Дар ҳар давру замон Мовароуннаҳр маркази. муҳими саноати кулолгарӣ буд ва дар ахди амир Темур ва Темуриён ҳам ин соҳа байни ҳунарҳо яке аз ҷойҳои асосиро ишғол менамуд.

Барои тайёр кардани маснуоти сафолй гили (лойи) маҳаллӣ, аз ҷумла атрофи Самарқанд истифода мешуд, ки сифати хеле баланд доштааст. Дар воқеъ сафири Испания Клавихо навишта буд, ки гили ин ҷо дар олам аз ҳама беҳтарин гил ҳисоб мешавад.

Дар иктнсодиёти давлатҳои Осиёи Миёнагии асрҳои Х1У-ХУ коркарда маъдан нақши калон мебозидааст. Металлистони баландихтисос ва гулдаст аз мисс, қӯргошим, пӯлод, оҳан ва гайра маснуоти ҳар хела тайёр мекарданд, ки талабгорони сершумор. доштанд.

Хулоса, дар даврони амир Темур ва Темуриён касбу ҳунар ба дараҷаи баланди тараққиёти он замон расида будааст ва косибону ҳунармандони гулдаст бештар тоҷикон будаанд.

Рӯйдоди ҷолиби диққати ҳаёти иқтисодии садаи ХУ дараҷаи баланди инкишофи касбу ҳунар ва тиҷорати пули дохилӣ будааст. Манбаъҳо шаҳодат медиҳанд, ки умуман дар асри ХУ ва хусусан дар чоряки чоруми он ва чоряки аввали асри ХУ1 муносибатҳои молию пулӣ ба авҷи тараққиёти худ расидааст. Афзоиши истеҳсоли умумии мол ва алалхусус молҳои сермасриф хусусиятҳои хоси ҳамин давра будааст. Маҳз дар ҳамон айём табақаҳои васеи аҳолии шаҳр ва як қисми аҳолии деҳаҳо, пеш аз ҳама деҳаҳои назди шаҳрӣ ба гирдоби муносибатҳои молию пулй кашида шуда буданд.

Ба қавли муҳаққиқи намоёни сиккаҳои Осиёи Миёна Давидович Е.А. ҳеҷ вақт на давраҳои пешин ва на давраҳои пасин, ҳатто то давраи истилои Осиёи Миёна аз ҷониби Россия истеҳсоли молй, тиҷорати пулӣ ва дараҷаи ба робитаи молию пулй ҷалб шудани доираҳои васеи аҳолӣ ба андозаи он вақта нарасида будааст.

Дар таърихи асрҳои миёнаи Осиёи Марказй марҳалаи баландтарини ривоҷу равнақёбии муносибатҳои молию пулй ба замони ҳукмронии Темуриён рост меояд. Таърихи муомилоти пулии замони Темуриён асосан чор давраро дар бар мегирад:

  • Давраи аввал ба сиёсати пулии худи амир Темур (1370-1405) марбут аст;
  • Давраи дуюм баъди марги Темур оғоз ёфта, то ислоҳоти пулии Улуғбек (1428) давом кард;
  • Ислоҳоти Улуғбек оғози марҳилаи нави сиёсати пулй гашта, то солҳои 60-уми асрҳои ХУ-ро дар бар мегирад;
  • Давраи чорум аз солҳои 60-ум то сукути давлати Темуриён (1501)давомёфт.

Дар давраи ҳукмронии Темур сиккаҳо аз се навъи фулузот: тилло, нуқра ва мис зарб зада мешуданд. Дар сарчашмаҳо ва адабиёти таърихй сиккаҳои тиллоӣ «динор», «танга» ва «ашрафӣ» ном бурда мешаванд.

Дар сиёсати пули Темур барориш ва муомилоти сиккаҳои нуқрагӣ ҷои асосиро ишғол менамуд. Воҳидҳои сиккаҳои нуқрагии калон, танга ё тангача ва сиккаҳои хурди нуқрагӣ мирӣ номида мешуданд. Вазни танга 6,4 граммм ва вазни мирӣ 1,62 граммм муайян гашта бошад ҳам, вале он ба таври қатъӣ риоя карда намешуд. Дар бисёр ҳолат сиккаҳои баровардашуда аз вазни муайянгашта камтар буданд. Қиматнокии сиккаҳои нуқрагӣ аз рӯи вазни онҳо ба ҳисоб гирифта мешуд. Масалан, 1 танга баробари 4 мирӣ қиммат дошт. Ҳамчунин сиккаҳои нуқрагини вазнашон 12,4 граммм (ду тангагӣ), 9,2 граммм (якуним танга), 2,8 гармм (нимтанга) қариб 0,5 граммм (сеяки мирӣ) бароварда мешуд. Дар муомилот чунин сиккаҳо нақши муҳим надоштаанд, зеро онҳо ниҳоят кам бароварда мешудаанд.

Дар тӯли ҳукмронии Темуриён вазни танга якчанд маротиба тагйир ёфтааст. Агар дар аҳди Темур танга 6,4 грамммро ташкил медода бошад, пас дар давраи ҳукмронии Шоҳрух (1405-1447) вазни танга се маротиба то 6 грамм, 5,6 грамм ва 5,2 грамм кам карда шуд. Аз нимаи дуюми асри ХУ вазни танга ба 4,8 гармм расида буд. Гарчанде ки вазни танга тағйир меёфт, лекин баландии он нигоҳ дошта мешуд. Ва таркиби он аз 96-98% нуқраи холис иборат буд.

Дар аҳди Темур барориши сиккаҳои мисӣ назар ба сиккаҳои нуқрагй хеле кам ба роҳ монда шуда буд. Сиккаҳои мисй асосан дар Самарқанд зарб зада мешуданд.

Яке аз хусусиятҳои асосии марҳалаҳои минбаъда дар он зуҳур меёбад, ки барориши сиккаҳои тиллоӣ ва нуқрагй кам мегардад. Масалан, то ба ҳол ба сиккашиносон якчанд тангаҳои тиллоии Шоҳрух ва Султон Ҳусейн маълуманду халос. Дар сиёсати пулии ворисони Темур баръакс барориш ва муомилоти сиккаҳои мисй нақши муҳимтаре пайдо намуда буд. Хусусан, дар чоряки аввали асри ХУ доираи барориши сиккаҳои мисӣ ниҳоят васеъ гашта, дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Андиҷон, Шоҳрухия, Қаршй, Тирмиз, Шаҳрисабз, Утрор зарб зада мешуданд. Вале дар маҳалҳои зарб зада мешуда тартиби ягонаи сиккасозӣ ба инобат гирифта намешуд ва он боиси монеа ва мушкилиҳои зиёди муомилоти пулӣ ва тиҷоратӣ гашта буд.

Аз нав ба низоми муайян даровардани муомилоти пулӣ ва тиҷоратй ба саъю кӯшиши Улуғбек (1400-1449) алоқаманд аст. Улуғбек (сЛ428) баҳри пешгирии мамониатҳо ва худсариҳои ҳокимони маҳаллӣ, ки дар сикказанй ва муомилот ба миён оварда буданд, ислоҳоти пулӣ гузаронид, ки мақсад аз он ба низом даровардани муомилоти пулӣ, мисӣ ва тиҷорат буд.

Ба. ин васила ба Улуғбек муяссар гашт, ки низоми дурусти муомилоти пулй ва молиро дар саросари мамлакат ҷорӣ намояд. Ин ислоҳот дар такомули муносибатҳои молию пулӣ ва пешрафти иқтисодиёти кишвар нақши босазое гузошта боиси он гашт, ки низоми пулӣ муддати якчанд даҳсолаҳои минбаъда дар қаламрави Мовароуннаҳр устувор нигоҳ дошта шавад.

Аз ибтидои солҳои 70-уми асри ХУ гардиши умумидавлатии сиккаҳои мисӣ тамоман вайрон гашта, ҳокимони маҳаллӣ аз нав ташаббусро ба дасти худ гирифта бо салоҳдиди худ сикка мезаданд, ки мақсад аз он ҳар чй бештар фоида ба даст даровардан буд. Маҳз ба ҳамин сабаб якчанд ноҳияҳои мамлакат ба бӯҳронҳои шадиди муомилоти пулй гирифтор гашта, вазъи иҷтимоию иқтисодиро ниҳоят ноустувор месохтанд.

448
Нет комментариев. Ваш будет первым!