Барҳам хӯрдани давлатҳои темурӣ ва ба сари ҳокимият омадани сулолаи Шайбониён
Нақша:
- Мухтасар дар бораи саҳронишинони Дашти Қипчоқ ва ҷамоаи ©нҳо.
- Ҳуҷуми бузурги саҳронишинон бо сардории Муҳаммади Шайбонӣ шш забт гардидани давлати осиёимиёнагии Темуриён.
- Хуросонро ишғол кардани Шайбонихон ва комилан аз байн рафтани сулолаи Темуриён.
Дашти Қипчоқ, ки масоҳати бузурги байни дарёҳои Иртиш ва Уралро фаро мегирифт, аз қадим макони сукунати қабилаҳои туркзабон буд. Дар асри XIII ин ҷойҳоро муғулҳо забт кардаанд. Истилогарони мугул оҳиста-оҳиста бо қабилаҳои туркони маҳаллӣ омезиш ёфта забони онҳоро қабул мекунанд.
Ин туркони маҳаллӣ ва қабилаҳои муғулии забонашон туркгардидабаъдан дар манбаъҳои таърихӣ бо номи ӯзбекон машҳӯр мегарданд. Узбекони бодиянишин ба Осиёи Миёна омада номи худро ба халқи ӯзбек, ки кайҳо ташаккул ёфта буд, медиҳанд ва ба онҳо омезиш меёбанд.
Дар охирҳои қарни ХУ ва ибтидои қарни ХУ1 ӯзбекҳои бодиянишин бо сарварии пешвои хеш Муҳаммад Шайбонихон мамолики Темуриёнро забт намуданд. Давлат ва сулолаи нав бо номи таъсискунандаи худ-Шайбонӣ машҳур гардид. Шайбонихон Аслан аз хонадони Чингизхон буд. Бобои ӯ Абдулхайрхон дар нимаи аввали асри ХУ давлати пуриқтидори кучманчиён ташкил намуд. Қавму тоифаҳои туркзабони муттаҳидкардаи ӯ аз аслу насабҳои гуногун иборат буданд. Онҳо дар дашту саҳроҳои беканоре, ки аз поёноби дарёи Сир то Сибир рафта мерасид, сукунат доштанд. Вале ин иттиҳодияи бавуҷудовардаи Абдулхайрхон заминаи иқтисодй надошт ва бо зӯри силоҳ вуҷуд мекард. Ин буд, ки вай пояҳои худро устувор карда натавониста, ба зудӣ пас аз фавти Абдулхайрхон аз по афтод.
Шайбонихон хост таҷрибаи бобояшро такрор намояд, вале дар ибтидо кораш барор нагирифт. Ҷангу талошҳо бо дигар Чингизиёни ҷоҳталаб ва ихтиёрхоҳ гоҳ ба фоида ва гоҳ ба зарари ӯ анҷом меёфт. Бояд гуфт, ки дар ин муборизаҳо борҳо аз ёрию дастгирии Темуриён баҳраманд гардида буд.
Воқеан дар он замон душмани ашаддии Темуриён дар қисмати Шимоли мамлакат «могулҳо» ба шумор мерафтанд, ки Тошкандро маркази худ ихтиёр карда буданд6. Онҳо чандин бор ҳатто ба ноҳияҳои Мовароуннаҳри Марказӣ ҳамла намуда, молҳоро толон ва аҳолиро тороҷ мекарданд. Темуриён Щайбонихонро ба муқобили могулҳо истифода карданй шуданд. Лекин Шайбонихон иттифоқчии бад баромад. Ӯ фақат аз паи манфиати худ шуда, аксаран хилофи ваъдаи худ амал мекард, гоҳ тарафи Темуриёнро мегирифт ва гоҳ тарафи могулҳоро. Ҳар замон ба мулкҳои ину он ҳуҷумҳои горатгарона менамуд. Ниҳоят ӯ чунин шаҳрҳои истеҳкомӣ, мисли Утрор, Сайрам ва Яссаро ба тасарруфи худ дароварда, ҳамқавмони худро даъват кард ва дастаи қавии аскарӣ созмон дода, бо мугулҳо муоҳида баст ва соли 1499 ба истилои Мовароуннаҳр шурӯъ намуд. Аввал ӯ пойтахти Темуриёни Осиёи Миёна шаҳри Самарқандро ба муҳосира гирифт. Вақте ки волии Бухоро бо қӯшуни худ ба тарафи Самарқанд равона шуд, Шайбонихон аз муҳосира даст кашида ба муқобили ӯ шитофт ва дар роҳ ӯро торумор намуда, ба сӯи Бухорои заифгардида ҳаракат кард. Аз муҳосира ҳатто се рӯз нагузашта аъёну ашроф ва рӯҳониён шаҳрро ба вай таслим намуданд.
Дар чунин лаҳзаҳои такдирсоз ҳам, ки мамлакатро хатари ҷидцй таҳдид мекард, ашрофи Самарқанд ва шоҳзодагони темурӣ тамоман саргарми нифоқу низоъҳои байни худй буданд. Гуруҳи саршохаи Темуриёни Осиёи Миёна Султон Алиро тарафдорӣ менамуданд, гурӯҳи дигар хешованди вай — Бобурро ба Самарканд даъват намуда, таслими шаҳрро ба ӯ ваъда медоданд. Ҳангоми Самарқандро муҳосира намудани Шайбонихон ин низоъҳо боз ҳам қувват кард (гирифт). Баъзе намояндагони хеле бонуфузи рӯҳониён ҳисси навмедй ва кайфияти мағлубиятро падид меоварданд.
Султон Алй дар ҳамин ҷо хиёнатро гумон бурда, аз дигарон пештар бо як гурӯҳ рикобдорони худ ба қароргоҳи Шайбонихон равона шуд. Ашрофи Самарқанд аз ин воқиф гардида, бо тӯҳфаву инъомҳои зиёде ба ҳузури Шайбонихон омада, сари таъзим фуруд оварданд. Ҳамин тавр, соли 1500 Самарқанд бе ҷанг ба дасти Шайбонихон гузашт.
Аммо ин муваффақияти аввалин, ки ба зудй ва осонй ба даст омада буд, бақое наёфт. Як қисми ашрофи Бухоро ва Самарқанд тарафдори барқарор намудани ҳокимияти Темуриён буд. Акнун ҳарифи асосии шайбонихон шоҳзодаи ҷавони темурӣ Бобур гардид. Қароргоҳи Шайбонихон дар ҳаволии Самарқанд буд. Аъёну ашрофе, ки пинҳонӣ бо Бобур мукотиба доштанд, ба рӯи ӯ дарвозаи шаҳрро кушоданд ва ӯро подшоҳ эълон карданд. Вале дар муҳорибаи кушоди соҳили
6 Бо истилоҳи «мугулҳо» як дониста нашавад, зеро ин халқест, ки дар асри ХУ1 дар баъзе ноҳияҳои Осиёи Миёна зиндагй мекард ва дар адабиёти гарбу русӣ бо номи «могилы» машҳур буд.
Зарафшон, ки дар моҳи апрели соли 1501 ба вуқӯъ омад, Бобур шикаст хӯрд ва ба Самарқанд ақиб нишас! ва онро Шайбонихон ба муҳосира гирйфт. Рӯзҳои муҳосира тӯл кашид. Мардум ба маҳрумиятҳои зиёде дучор гардиданд. Дар шаҳри муҳосирашуда гуруснагӣ ҳукмфармоӣ мекард. Кор ба ҷое расид, ки бенавоён ва мӯҳтоҷон гӯшти сагу харро мехӯрдагй шуданд. Бобур барои кӯмак ба ҳокимони гуногун муроҷиат намуд, вале имдоде нарасид. Барои онҳо манфиати умум бегона буд, ҳар яки онҳо нақшаи худро доштанд. Хусусан кӯтоҳандешии сардори Темуриёни Хуросон Султон Ҳусайн, ки на фақат дасти ёрӣ дароз накард, балки ҳатто ба Шайбонихон чоплусй намуд, Бобурро дар ҳайрат гузошт.
Сокинони шаҳр, сарбозон ва ҳатто наздикони Бобур ба қаҳтӣ ва гуруснагӣ тоб наёварда, ба ҳар сӯ фирор мекарданд. Ниҳоят, худи Бобур ҳам роҳи гурезро пеш гирифт. Шаҳри пойтахтии Самарқанд дубора ва тамоман ба дасти Шайбонихон даромад. Ин ҳодиса соли 1501 рӯйдод.
Муддате чанд Шайбонихон барои аз хатар эмин намудани ақибгоҳи худ чораҳои лозимӣ дида, пас ба истилои мулкҳои чанубии Темуриён камар баст. Дар вилояти хеле калоне, ки марказаш Ҳисор буд, Хусравшоҳ идора мекард. Шоҳзодагони темурӣ дар ин лаҳзаи душвор барои кӯмак ва пуштибонй ба Хусравшоҳ рӯ оварданд, чунки ӯ бо сарватмандӣ ва иқтидори ҳарбӣ шӯҳрат ёфта буд. Вале ӯ нисбат ба вазъияти мавҷуда нодонӣ ва нофаҳмии тамом зоҳир намуд; ба ҷои муттаҳид шудан бо Темуриён ва ё лоақал кӯмак расонидан ба онҳо, ки борҳо илтимосаш карда буданд, аз тарси даъвоҳои онҳо роҳи макру фиребро пеш гирифт ва дар натиҷа комилан дар ҳолати чудоӣ ва танҳой монда, аз аввалин хабари ҳаракати қӯшуни Шайбонихон ба Ҳисор буздилона фирор кард. Қаламрави ӯ, ки ноҳияҳои Ҷанубии Тоҷикистон, қисмати Шимолии Афгонистон ва Ҷанубии Узбекистонро фаро мегирифт, ба осонӣ ба таҳти тасарруфи Шайбонихон даромад. Дере нагузашта, соли1505 Хоразм ҳам аз тарафи қӯшунҳои Шайбониён ишгол карда шуд.
Навбати забти пойтахти дигари Темуриён — Ҳирот расид. Султон Ҳусайн фақат акнун то чӣ андоза ҷиддӣ будани хатари таҳдид карда истодаро дарк намуда, бо қувваи асосии худ ба муқобили Шайбонихон равона шуд. Вале ӯ, ки пир ва бемор буд, дар роҳ вафот намуд. дар байни асилзодагони темурӣ низоъу нифоқ ба амал омад. Дар натиҷа ду писари Султон Ҳусайнро ба тахт нишонданд, ки онҳоро ду гурӯҳи ашрофи соҳибнуфуз пуштибонӣ мекарданд.
Шайбонихон аз ин дигар шароити мувофиқро орзу ҳам карда наметавонист. Ин буд, ки Бобур навиштааст: «Ин амрест гариб: ҳеҷ гоҳ касе нашунидааст, ки дар як мулк ду подшоҳ якҷоя ҳукмронй кунанд».
То ҷамъ кардани қӯшун, то тамом шудани баҳсу мунозираи наздикони ду подшоҳ, ки ба як қарор омада наметавонистанд, Шайбонихон Балхро забт намуда, ба хоқ яксон кард ва зуд ба тарафи Ҳирот раҳсипор гардид. У дар наздикии шаҳр қӯшуни хуб ба ҷанг омодашудаи темурирр маглуб намуд.
Бисёр амирону амалдорон аз майдони ҷанг ва баъзеҳо аз шаҳр гурезон шуданд. Ҳар ду подшоҳ ҳам — яке ба Ғарб ва дигаре ба Шарқ фирор карданд. Рӯҳониёни олимақом ва аъёну ашроф бо ҳам машварат намуда, ба Шайбонихон хати таслим ва итоат фиристоданд. Сипас дар як муддати кӯтоҳ шаҳру вилоятҳои боқимонда то худи Астаробод забт карда шуд. Дар тамоми шаҳрҳои калони собиқ темурӣ — Самарқанд, Бухоро, Марв, Балх, Ҳирот, Машҳад, Нишопур, Тӯс, Астаробод ва гайра пулҳои нуқрагинро ба номи фотеҳи нав сикка заданд. Шайбонихон ҳам ба ин аҳамияти бузурги сиёсӣ медод, зеро ин амр маънии расман ба сари тахти подшоҳӣ омадани ӯро дошт.