Вазъи сиёсии Осиёи Миёна баъди вафоти Шайбонихон ва замони Абдуллохони П

Нақша:

  1. Муборизаи хунини байни Муҳаммад Шайбонихон ва шоҳи Эрон Исмоили 1 ва оқибатҳои он.
  2. Ҳуҷуми Бобур ва муваффақиятҳои ӯ.
  3. Шикасти Бобур ва сабабҳои он.
  4. Сиёсати «ҷамъоварии мулкҳо» аз ҷониби Абдуллохони Шайбонӣ.

Дар мамлакати паҳновари Шайбонихон чанд сол сулҳу осоиш ҳукмфармо гардид. Вале дар соли 1510 якбора аз ду самт — ҳам аз Шимолу Шарқ ва ҳам аз Ҷанубу Ғарб ин оромӣ халалдор карда шуд. Саҳронишинони қазоқ, бо могулҳо як шуда дар наздикии дарёи Сир ба давлати Шайбониён зарбаи ҳалокатовар расонида буданд. Дар айни замон подшоҳи Эрон Исмоили 1 аз Ғарб ба тарафи Хуросон лашкар кашид. Вай яке аз паси дигаре шаҳрҳои Хуросонро ишгол карда, фотеҳона ба сӯи Ҳирот ҳаракат намуд.

Исмоили 1 аслан аз хонаводаи суфияи шаҳри Ардабил буд. Чун аз байни шайхони ин хонадон Сафиуддини Исҳоқ ба «порсоӣ» ном бароварда буд, тамоми авлоди ӯ ва аъзои тариқати дарвешия ба худ номи сафавиро гирифта пас аз қадам гузоштан ба арсаи сиёсат бо унвони сулолаи Сафавиён шӯҳрат ёфтанд. Дар асри ХУ пуштибони асосии ин сулола тоифаҳои бодиянишини турк буданд, ки дар вилояти Озарбойҷони Эрон зиндагй мекарданд. Онҳоро ба озарй қизилбош -сурхсар меномиданд, зеро сарбозони бодиянишин ба хотири 12 имоми шиа саллаи 12 рахи аргувонӣ доштаро ба сари худ мебастанд. Ин тоифаҳо ҳам аз ҷиҳати маънавй ва ҳам аз ҷиҳати сиёсй тобеи шайхони сафавӣ буданд.

Яке аз намояндагони шайхони сафавӣ Исмоили 1 Табрезро забт карда, онро пойтахти худ қарор дод ва дар соли 1501 унвони шоҳаншоҳи Эронро ба худ гирифт. Қизилбошҳо бо сардории Исмоили Сафавӣ дар як муддати кӯтоҳ қисматҳои гарбии Эронро ба таҳти тасарруфи худ дароварданд.

Инак, ду давлат — Шайбониён ва Сафавиён дар ҳамсоягии якдигар қарор доштанд. Вале дар байни онҳо аз сулҳу салоҳ асаре набуд. Сарони ин ду салтанат ба мақсадҳои сиёсии худ ранги мазҳабӣ медоданд: Шайбонихон дар қаламрави худ ба муқобили шиаҳо мубориза мебурд, дар сурате, ки Исмоил ва қизилбошҳо шиаҳои мутаассиб буданд.

Шайбонихон барои зарба задан ба шоҳ Исмоил қалъаи Марвро такягоҳ интихоб менамояд. Сипас кӯшуни худро ба он ҷо ақиб кашид ва фавран аз қувваҳои ҳарбии ҳамқавмонаш кӯмак хоста, худ ба мустаҳкам кардани қалъаи шаҳр машгул гардид. Шоҳ Исмоил аз ин воқиф гардида, ба зудй худро ба.Марв расонид. Азбасқи қалъаи Марвро бо ҷанг фатҳ кардан хеле душвор буд, шоҳ Исмоил фиребе ба кор бурда, қувваи худро аз муҳосира гирифт ва чунон вонамуд кард, ки гӯё ақибнишинй мекунад. Шайбонихон ин ^ор саҳви барои сарлашкари корозмуда авфнопазире содир намуд. У ба ин ҳиллаи шоҳ Исмоил фирефта шуда, аз қалъа берун баромад ва бо андак қуввае вайро таъқиб кард. Дар натиҷа ба иҳотаи душман афтода, тамоми сарбозонашро талаф дод ва худ дар майдони ҷанг кушта шуд. Исмоил аз косахонаи сари Муҳаммад Шайбонихон барои худ ҷоми шароб сохт.

Шоҳ Исмоил ба мукобили Шайбониён на фақат бо силоҳ мубориза бурд, балки тамоми тадбироти дипломатии худро ба кор андохт. У бозмондагони хонадони Темуриро ба ҳар роҳ ташвиқ менамуд, ки барои мулки падару бобоёни худ талош варзанд. Дар ҳоле ки намояндагони бонуфузи сулолаи Шайбониён ба ҳалли масъалаи вориси тахти салтанат саргарм буданд, Темуриён Фаргонаро ишгол намуданд. Бобур, ки то ин вақт мавқеи худро дар Кобул мустаҳкам карда буд, фавран бо роҳи Кундуз ба сӯи Хисор ҳаракат кард. Муҳорибаи ҳалкунандаи Пули Сангин дар дарёи Вахш (дар он ҷое, ки ҳоло нерӯгоҳи барқии Норак сохта шудааст) бо галабаи Бобур анҷом ёфт. Тамоми ноҳияҳои марказии Мовароуннаҳр бидуни ҷанг ба таҳти тасарруфи ӯ даромаданд. Худи султонҳои шайбонӣ ҳам аз муқовимат даст кашида, шаҳрҳои Самаркднд, Бухоро, Каршӣ ва гайраро ба ихтиёри Бобур вогузоштанд.

Ғалабаи ба осонӣ даст омада, Бобурро рӯҳбаланд ва дар айни замон як дараҷа фориғбол ҳам намуд. Бобур ва наздикони ӯ, ҳатто сарбозонаш ҳам ба базму зиёфат ва айшу ишрат машгул шуданд. Ин ҳама маблаги зиёдеро талаб мекард ва Бобур барои пайдо кардани он аз ҳеҷ чиз рӯй намегардонид. Кӯшуни чандинҳазорнафараи Бобур, ки таъминоти он аз ҳисоби аҳолӣ муқаррар гардида буд, тамоми чизу чораи мардумро ба горат бурд. Махсусан дастаҳои қизилбош, ки шоҳ Исмоил ба кӯмаки Бобур фиристода буд, боиси норозигии аҳолӣ мегардиданд. Кайфияти шиапарастии Бобур ва инро рӯйирост намоиш додани ӯ ба онҳо ҳеҷ маъқул набуд.

Табақаҳои васеи Бухоро ва Самарқанд ба сари кор омадани Бобур ва пирӯзиҳои ӯро бо хушнудӣ истиқбол карда буданд. Вале ним сол ҳам нагузашта, вай аз чунин пуштипаноҳи муқтадир маҳрум гардид. Баҳори соли 1512 бародарзодаи Шайбонихон ҷавони хеле гаюр ва шуҷоъ Убайдулло султон бо қӯшуни на чандон калон ба Бухоро ҳамла овард ва ба ҳайрати ҳамзамонони худ дар набарди шадид ба қӯшуни миқдоран чандин маротиба зиёди Бобур ғалабаи қатъӣ ба даст даровард.

Бобур ба Хисор фирор кард. Тирамоҳи ҳамон сол, вақте ки қӯшуни сершумори қизилбош ба ёрии ӯ расид, барои дубора ба даст даровардани Мовароуннаҳр охирин кӯшиши. худро ба кор бурд. Қувваҳои аскарии ӯ дар хоки Мовароуннаҳр чун мӯру малах ҳаракат мекарданд, гӯё ки ба ин сарзамин офати табий рӯ оварда бошад. Онҳо ба ҳар ҷое, ки пой мегузоштанд, сокинонашро аз дами теғ мегузарониданд. Ниҳоят дар назди Гиждувон ба Убайдулло султон муяссар гардид, ки қизилбошҳоро комилан торумор намояд.

Қатлу куштори ваҳшиёнаи мардум аз ҷониби қизилбошҳо сабаб шуд, ки аҳолии маҳаллӣ ба атрофии Шайбониён муттаҳид гардида, нисбат ба онҳо ҳусни таваҷҷӯҳ ва нисбат ба Бобур ҳисси нафрат пайдо кунанд.

Дере нагузашта Шайбониён ҳамаи вилоятҳои Осиёи Миёна: Тошкент, Фаргона, Ҳисор ва гайраро аз сари нав ба зери тасарруфи худ гирифтанд. Мувофиқи одати шайбониён шахси аз ҳама калонсоли хонадон бояд сардори давлат мешуд. Ба ҳамин сабаб, пас аз он югдар соли 1512 ҳамаи муддаиёни салтанат аз Осиёи Миёна ронда шуданд, ба сари ҳокимият на ин ки Убайдуллохон — обрӯмандтарин намояндаи хонадони Шайбонӣ, балки Кӯчкунчихон омад, ки обрӯву эътибори казоӣ надошт, дар ҳукуматдорй шахси беҳунаре буд. Баъди ӯ писараш Абӯсаидхон ҳукмрон гардид ва фақат пас аз ин Убайдуллохон (1533-1539) имкони ба тахт нишастанро пайдо намуд.

Ҳанӯз дар ахди Шайбонихон давлат ба амлок, яъне мулкҳои хоса тақсим шуда буд. Акнун ин тақсимот боз ҳам расмитар гардида, мулкҳо тамоман ба ихтиёри намояндагони хонадони салтанатӣ гузаштанд. Соҳибони амлок дар корҳои дохилии қаламрави худ истиқлолияти комил доштанд. Онҳо акнун метавонистанд мулкҳоро ба фарзандонашон мерос гузоранд. Амлок фақат дар натиҷаи нифоқи байнихудӣ гоҳо аз даст ба даст мегузашт. Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Балх, Ҳисор ва амсоли инҳо амлоки калонтарин ҳисоб мешуданд. Соҳибони ин мулкҳо дар вақтҳои гуногун ҳукмрони мамлакат ҳам гардидаанд. Аз ҳама бештар ин маснад ба ҳокимони Самарқанд насиб гардидааст. Аз соли 1560 Бухоро мустақиман пойтахти давлати Шайбониён гардид.

Се чоряки аввали аср давлати Шайбониён як давлати амлокй буд, ки онро яке аз соҳибони мулк, сарфи назар аз иқтидор ва эътибори худ, бо номи хон ва хоқон идора менамуд. Ба вай унвонҳои олӣ медоданд, хутбаро ба номи вай мехонданд ва дар сиккаҳо номашро сабт мекарданд. Ин қоида то солҳои 40-и асри ХУ1 давом намуд, баъдтар баъзе амлоқдорон гоҳо сиккаҳоро ҳатто бо номи худ мебаровардагӣ шуданд, Ки ин маънои на фақат исман, балки амалан ҳам соҳибихтиёр гардидани онҳоро дошт. Дар аҳди се ҳукмронии аввал Кӯчкунчихон,

Абӯсаидхон ва Убайдуллохон) вазъи дохилии давлат нисбатан оромтар ва шароити хоҷагидорӣ мусоидтар буд.

Аз солҳои 40-уми асри ХУ1 ҷангу низоъҳои феодалй як ҳодисаи муқаррарй гардид. Оташи нифоқ аввал дар байни амлокдорони калон фурӯзон шуда, баъд амлокдорони хурдро ҳам фаро гирифт: яке гами муҳофизати мулки худро мехӯрд, дигаре дар фикри тасарруфи мулки нав буд. Ҷангҳои байнихудӣ хеле авҷ гирифт. Баъзе султонҳои Шайбонӣ на фақат сардори давлатро эътироф намекарданд, балки бо ӯ ва тарафдоронаш меҷангиданд. Оқибат ду гурӯҳи асосии мухолифи якдигар ба вуҷуд омад: хонадони амлокдорони тошкандӣ бо сардории хоқон Наврӯз — Аҳмадхон ва гурӯҳе, ки дар сари он Абдулло — султони ҷавон меистод, ки дар охири охирон пирӯзӣ насиби ин гурӯҳ мегардад. (Абдулло султон писари ҳокими Миёнқол Искандархон буд. Маркази ин вилоят шаҳри Кармина буд. Вилояти Миёнқол дар байни Самарқанд ва Бухоро воқеъ гардида буд.)

Абдулло султон як қатор муваффақиятҳои ҳарбӣ ва сиёсӣ ба даст даровард. Сипас писарони Наврӯз Аҳмадхонро аз Самарқанд ронда, соли 1557 Бухороро тасарруф намуд. Пас падарашро аз Кармина ба Бухоро хонд ва дар соли 1560 ӯро сардори давлат эълон кард. Амалан бошад, зимоми ҳокимиятро Абдулло дар дасти худ нигоҳ медошт.

Абдулло собиткддамона ба кори минбаъдаи «ҷамъ кардани мулкҳои хоса» икдом намуд. Соли 1573 Балх, соли 1574 Ҳисор, соли 1578 Самарқанд ва ниҳоят соли 1582 Тошкентро ба таҳти тасарруфи худ даровард. Соли 1583 баъди вафоти падар Абдулло (ки бо номи Абдуллои П маъруф гардидааст) ҳукмрони мамлакати шайбониҳо эълон гардид.

Ӯ дар байни хоқонҳои Шайбонй ягона касе буд, ки дар муборизаи зидди худсариҳои соҳибони мулк муваффақ шуда, давлати то як андоза мутамарказ ба вуҷуд оварда тавонист. Вале Абдуллохон бо ин ҳама қаноат накарда, орзуи ба қаламрави худ баргардонидани ҳамаи он мулкҳоеро, ки замоне сарсилсилаи ин хонадон Муҳаммад Шайбонихон фатҳ карда буд, дар дил мепарварид. Дар ҳақиқат ҳам, бар хилофи пешгузаштагони бетолиаш. Ӯ дар ин роҳ пирӯзиҳои намоён ба даст овард. Дар соли 1584 ӯ бадахшонро забт кард. Соли 1588 Ҳирот ва пас бисёр шаҳрҳои дигари Хуросон ба тасарруфи Абдуллохон даромаданд. Фатҳи Хоразм қувват ва вақти зиёдеро талаб кард: ӯро лозим омад, ки се маротиба ба он ҷониб лашкар кашад. Ниҳоят соли 1595 каму беш дар ин ҷо ҳокимияти худро барқарор месозад.

Ба анҷом расидани ҷангҳои байнихудй ва ба дараҷаи муайян марказият ёфтани давлат барои ба ҳолати муқаррарӣ даровардани ҳаёти хоҷагӣ баъзе заминаҳои мусоид фароҳам намуд. Дар нақлу ривоятҳои халкӣ таъмиру бинокориҳои зиёде аз қабили сохтмони иншоотҳои обёрӣ, роҳҳо, сардобаҳо, пулхо, корвонсаройҳо, биноҳои тиҷоратӣ ва амсоли инҳо ба номи ӯ марбут гардиданд. Ин нақлу ривоятҳо асоси воқеӣ доранд. Абдуллохони П ба масъалаҳои тиҷорати дохилӣ ва хориҷй диққати махсус медод. Инро ободонии роҳҳои корвонгард ва умуман беҳтар намудани шароити тиҷорат, ки дар аҳди ӯ ба вуқӯъ пайвастаанд, собит менамояд. Дар ин бобат ислоҳоти пули ӯ, вазифа ва натиҷаҳои объективии он хеле ҷолиби таваҷҷӯҳ мебошанд. Абдуллохони П бо Ҳиндустон, Туркия, Европаи Шарқӣ робитаҳои хуби иқтисодӣ ва тиҷоратй барпо намуд.

374
Нет комментариев. Ваш будет первым!