Ба сари қудрат омадани сулолаи Ҷониён (Аштархониён)

Нақша:

  1. Вазъи сиёсии Осиёи Миёна баъди вафоти Абдуллохон (1598).
  2. Ба сари ҳокимият омадани Аштархониён ва ё Ҷониён.
  3. Таъмини нисбатан устувори ҳокимияти хонӣ дар давраи ҳукмронии Имомқулихон (1611-1642).
  4. Кашмакашҳо барои ҳокимият дар аҳди ворисони Имомқулихон ва оқибатҳои он.

Соли1598 Абдуллохони П вафот кард ва ба ҷои ӯ писараш Абдулмӯъмин ба тахт нишаст. Лекин дере нагузашта, худи ҳамон сол вай аз тарафи нӯкари зархариди як гурӯҳ феодалони зидди ҳукумати марказӣ кушта шуд. Охирин намояндаи сулолаи Шайбониён Пирмуҳуммадхони П ба зудӣ дар ҷангу низоъҳои байнихудӣ ҳалою гардид.

Сафавиён, Хевагиҳо ва казоқҳо аз задухӯрдҳои миёни Шайбониён фавран истифода намуданд. Подшоҳи сафавй шоҳ Аббоси 1 қисмати зиёди Хуросон ва ҳатто Хиротро забт кард. Балх ҳам дар доираи таъсири давлати Сафавиён қарор дошт. Қазоқҳо чанд шаҳр, аз ҷумла калонтарин мулки Шайбониён Тошкентро ба даст дароварданд. Хоразм, ки Абдуллохони П бо сад машаққат ба зери итоати худ давроварда буд, дубора истиклолият ёфт. Аъён ва ашрофи феодалӣ маснади хониро ба Ҷонмуҳаммад султон (Ҷонибек-султон) пешниҳод намуданд, ки аз авлоди ҳамон Чингизиёне буд, ки пас аз пароканда шудани давлати Олтин Урда дар Аштархон ҳукумати хонӣ ташкил дода буданд. Вақте ки Астрахан (1556) ба Россия ҳамроҳ карда шуд, Ҷонибек гурехта ба назди Шайбониён омад ва хоҳари Абдуллохони Шайбониро ба занй гирифт.

Ҷонибек-султон пешниҳоди аъёну ашрофро рад карда ба маснади салтанат писари калони хеш Динмуҳаммадро тавсия намуд. Аммо Динмуҳаммад, ки он вақт дар Абевард ва Нисо ҳукмронй мекард, ҳанӯз фурсати ба Бухоро омаданро наёфта, ба ҳуҷуми лашкари Эрон дучор гардид ва дар ҷанг кушта шуд. Бинобар ин ба ҷои ӯ бародараш Боқимуҳаммад (1599-1605) ба тахт нишаст.

Ягона муваффақияти дар ҳаёти сиёсии мамлакатт ба даст овардаи Ҷониёни аввал ин буд, ки онҳо ҳокимияти худро дар Балх дубора барқарор намуданд. Дигар ҳамаи кӯшишҳои онон дар бобати барҳам додани низоъҳои дохилӣ ва муборизаи зидди бодиянишинон натиҷаи дилхоҳе набахшид. Дар соли 1605 Боқимуҳаммад вафот карда, ба ҷои ӯ бародараш Валимуҳаммад (1605-1611) ҳукмрон гардид. Чун ӯ ба маишат дода шуда буд, аз ӯхдаи идораи мамлакат баромада натавонист. Аъёну ашроф ба зудӣ аз вай рӯ гардониданд ва рӯзе ҳангоми дар дашти Қаршӣ машгули шикор буданаш тахти хониро ба писари Динмуҳаммадхон Имомкулиҳон (1611-1642) муносиб диданд. Вақте ки Валимуҳаммадҳон аз воқеа хабардор гардид, аз Мовароунннаҳр фирор карда, дар назди подшоҳи Сафавй паноҳ бурд. Шоҳ Аббос ӯро хуш пазироӣ намуда, боқувваи зиёде дубора ба Мовароуннаҳр равона кард. Аммо дар муҳориба лашкари Эрон шикаст хӯрда, худи Валимуҳаммадхон асир афтод ва бо фатвои уламо кушта шуд.

Ба Имомқулихон.муяссар гардид, ки ҳудуди давлати худро васеътар намояд: ӯ бар_зидди қазоқҳо лашкар кашида, Тошкентро бо зӯрӣ тасарруф намуд. У бо бодиянишинони дигар — қароқалпоқҳо ва қалмиқҳо, ки торафт ба сарҳади Ҷониён наздик мешуданд, низ бомуваффақият муборйза бурд. Имомқулихон ҳамчунин тавонист, кӣ мувақкатан бошад ҳам, ҷангу низоъҳои байнихудии феодалонро боздорад. Муаррихони он замон давраи аҳди ҳукмронии Имомқулихонро ҳамчун давраи гӯё пур аз рафоҳият ва осоиши мамлакат тавсиф кардаанд. Агарчи ин тавсифот муболигаомез намояд ҳам, дар он асоси ҳақиқат вуҷуд дорад. Сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд, Ки дар замони Имомқулихон ҳатто баъзе корҳои объёрӣ анҷом дода шудааст.

Аз ҳамон рӯзе ки Имомқулихон аз давлатдорй даст кашид, бародараш Надирмуҳаммадхон (1642-1645) ба тахт нишаст, вазъият тагйир ёфт. Надирмуҳаммадхон аъён ва ашрофи феодалии қабилавиро ба худ ҷалб карда натавонист. Рӯз аз рӯз муносибати байни ӯ ва намояндагони бонуфузи табақаи ҳоким бадтар гардид. Ба ин сабаб ҳукмронии Надирмуҳаммадхон дер давом накард. Аъён ва ашрофи феодалй, ки аз сиёсати пешгирифтаи ӯ норозӣ буданд, ба муқобили вай сӯиқасд карда. Ба тахти салтанат писараш Абдулазизхонро (1645-1680) нишонданд.

Надирмуҳаммадхон маҷбур шуд, ки бо мансаби ҳокими Балх қаноат кунад. Аммо дар ин ҷо ҳам мавқеи худро мустаҳкам карда натавонист. Дигар писарони Надирмуҳаммад, ки гоҳ тарафи падар ва гоҳ тарафи бародарро мегирифтаанд, худаашон низ ба талоши ҳокимият ва мулк ҳамроҳ шуданд. Дар натиҷаи ҷангҳои пай дар пай Балх, ки аз ободтарин вилоятҳои мамлакат ба шумор мерафт, ба харобй рӯ овард. Надирмуҳаммад чун дид, ки бо кувваи худ коре карда наметавонад, барои кӯмак ба ҳукмрони сулолаи Темуриёни Ҳинд Шоҳиҷаҳон муроҷиат кард ва ӯ хоҳиши Надирмуҳаммадро дарҳол қабул кард. Бо сардории писаронаш Аврангзеб ва Муродбахш аскари зиёдеро ба Балх фиристод. Надирмуҳаммад аз ҳақиқати масъала бохабар шуда, фавран фирор намуд. Истилогарон Балхро ишгол намуда, мудцати ду сол тамоми сарвати ин вилоятро тороҷ карданд. Ниҳоят, Абдулазизхон бо тайёрии зиёд ба муқобили лашкари Ҳинд бархоста, дар натиҷаи муҳорибаҳои шадид галаба ба даст давровард.

Дере. нагузшта, бо ёрии. Аббоси П Балх брз ба дасти Надирмуҳаммад гузашт. Абдулазизхон бар зидди падаараш бо бародараш Субҳонқулихон забон як карда, ӯро ба муқобили падараш фиристонд. Субҳонқулӣ Балхро ба зудй ишгол кард (1651). Надирмуҳаммад ночор ҳаҷҷи Маккаро интихоб кард, вале дар роҳ вафот кард.

Надирмуҳаммад писаронаш (Абдулазиз ва Субҳонқулихон) боз ба ҳам дарафтоданд. Аз нав Балхи тоҷикон ба арсаи ситезаҳои хунини аштархониҳо мубаддал шуд. Абдулазизхон қӯшуни навро бар зидди Субҳонқулихон равона намуд, то ки Балхро ба тасарруфи худ дароварад. Вале ин ба ӯ муяссар нашуд. Субҳонқулихон муқобилияти сахт нишон дода, Балхро дар дасти худ нигоҳ дошт. Абдулазизхон бо бародараш созиш намуда, Субҳонқулихонро вориси тахт ва волии Балх эътироф намуд.

Ҳокимони Хева аз ҳамаи ин ҷангу ҷидолҳои дохилии сулолаи Ҷога; н ба манфиати худ истифода намуданд. Онҳо чандин маротиба ба I^ҳияҳои марказии Мовароунннаҳр ҳуҷум карда, тороҷгариҳо содир карданд. Ҳатто то Бухоро расида, боре як қисмати шаҳрро гирифтанд. Фақат мардонагй ва далерии аҳолй, ки асосан тоҷикон буданд, имкон дод, ки шаҳр аз душман тоза карда шавад.

Субҳонқулихон чунин вазъиятро фурсати муносиб (мусоид) дарёфта ҳокимиятро ба даст даровард, яъне тахтро соҳиб шуд ва подшоҳи Бухорову Балх гардид (1680-1702). Дар ахди салтанати Субҳонқулихон вазъияти душвори мавҷуда на фақат аз баййн нарафт, балки бадтар гардид. Тохтутози Хевагиҳо ҳамоно давом мекард.онҳо ҳатто Самарқандро забт карданд ва аъёну ашрофи шаҳр хони Хеваро ба расмият шинохтанд, ки ба иввази он Субхонқулихон бераҳмона аҳолии Самарқандро, ки асосан тоҷикон будаанд, хонахароб намуд. Ниҳоят Субҳонқулихон фаҳмид, ки то дар Хева қоимақоми худро нанишонад. Тохтутози хевагиҳо тамом нахоҳад шуд. Бинобар ин бо ҳар роҳ аъёну ашрофи Ховаро ба тарафи худ кашида, оқибат муваффақ гардид, ки Хева ҳукмронии ӯро эътироф намояд.

Баъди ба итмомрасии маъракаҳои Хеваро ба тарафи худ кашида, оқибат муваффақ гардид, ки Хева ҳукмронии ӯро эътироф намояд. Ин дар тамоми давраи ҳукмронии Субҳонқулихон ягона муваффақияти ба назар намоёни сиёсатмадории ӯ мебошад. Вай дар дигар ҳамаи корҳои боқимондаи давлатдорӣ (мамлакатдорӣ) ба чизе комёб шуда натавонист.

Низоъҳои байнихудии феодалй хомӯш намегашт. Ҳоло сарони тоифаҳои ӯзбек беш аз беш қувват мегирифтанд. Худи Субҳонқулихон ҳам дар бисёр мавридҳо нуфузи баъзеи онҳоро балакд мебардошт. Чунончи, вақте ки писараш Сиддиқмуҳаммад худро дар Балх мустақил эълон карда, ба ин ваҷх бо амри падараш ба қатл расид, ӯ ҳукумати Балхро, ки дер боз мулки ворисони салтанат ҳисоб.мешуд, ба яке аз мирони қабилаи юз супорид.

Субҳонқулихон муқобиляти феодалони маҳаллиро бартараф карда натавонист. Ҷангҳои мунтазаме, ки ӯ мебурд, боиси холй шудани хазинаи давлат ва қувват гарифтани зулму истисмори оммаи меҳнаткаш мегардиданд. Барои ҷангҳои дохилии зидди феодалони саркаш сармояи зиёде лозим буд ва аз ин рӯ Субҳонқулихон пешакй аз аҳолӣ ситонидани андози ҳафтсоларо талаб кард. Дар вазъияти онвақтаи мамлакат ҷорй шудани ин усули андоз барои аҳолӣ ниҳоят дараҷа вазнин буд. Ришвахӯрӣ ва сӯиистифодаҳое, ки амалдорони ҳукумати хонӣ дар вақти ҷамъоварии андоз мекарданд, халқи меҳнатиро боз ҳам бештар қашшоқу бенаво менамуд.

Дар давраи салтанати кӯтоҳмуддати Убайдуллохон (1702-1711) муборизаи байни ҳукумати марказӣ ва феодалон хеле шиддат ёфт. Убайдуллохон охирин кас аз хонадони салтанатии Ҷониён буд, ки дар роҳи маҳдуд намудани худсариҳои феодалон ва пурқувват кардани хокимияти марказӣ саъю кӯшиши зиёде ба харҷ додаст. Ба Убайдуллохон аз Субҳонқулихон вазъияти сахте ба мерос монд. Амирон-сардорони тоифаҳои ӯзбек худро тамоман соҳибихтиёр ҳис мекарданд. Аксари амирон ба ҳамқабилаҳои худ такя карда, ҳокимияти марказиро тамоман ба эътибор намегнрифтанд. Онҳо байни худ хусумат мепарвариданд, гурӯҳҳо ташкил медоданд, баъзан ошкоро ҳокимияти хони Бухороро эътироф намекарданд.

Воқеан ҳам вазъияти Убайдуллохон бисёр мураккаб буд ва ҳар гоҳ ба вай лозим меомад, ки барои ҳалли мушкилот тадбирҳои гуногун андешад. У кӯшиш мекард, ки байни амирон мухолифат пайдо шавад ва онҳо бо ҳам ҷангида. Якдигарро заиф гардонанд. Инчунин вай тадбиротеро пешбинй карда будааст. Ки аз як тараф ба мустаҳкам сохтани пояҳои иқтисодии даавлати ӯ ва аз тарафи дигар ба роҳи аз ҷиҳати иқтисодӣ ва сиёсӣ заиф гардонидани амирон нигаронида шудаанд. Муноссибати Убайдуллохон бо амирон душманона ва муборизаҳояш бо онҳо рӯйирост ва ошкоро буд.

Душманӣ то дараҷае расид, ки ҳангоми яке аз сӯйиқасдҳо дар соли 1711 Убайдуллохон кушта ва дарбори хонӣ тороҷ карда шуд. Пас аз ҳалокати Убайдуллохон бародараш Абулфайзхон (1711-1747) ба тахт нишаст. Дар замони ин охирин намояндаи сулолаи Ҷониён давлати хонӣ ба қисмҳои мустақили ҷудогона тақсим мегардад.

911
Нет комментариев. Ваш будет первым!