Сабабҳо ва оғози сар даровардани қӯшунҳои рус ба Осиёи Миёна
Нақша:
- Вазъи умумии мулкҳои Осиёи Миёна дар арафаи ҳуҷуми қӯшунҳои рус.
- Сабабҳои асосии аз тарафи Россия забт карда шудани Осиёи Миёна.
- Кӯшишҳои Россияи подшоҳӣ барои забти Осиёи Миёна дар миёнаи асри XIX.
Дар миёнаи асри XIX дар сарзамини Осиёи Миёна ба гайр аз се давлатҳои мустақил: аморати Бухоро, хонигариҳои Хӯқанд ва Хева, боз як қатор мулкҳои ниммустақил, ба монанди Шаҳрисабз, Китоб, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Кӯлоб ва ғайра вуҷуд доштанд. Онҳо дар арафаи ҳуҷуми қӯшунҳои рус дар зинаи тараққиёти муносибатҳои феодалй буданд. Дар байни онҳобештар душманӣ ҳукмфармо буд. Хусусан ҷангҳои беохири байни аморати Бухорою хонагирии Хӯқанд боиси харобиҳои зиёди мулкҳои ҳарду тараф мегардидаанд.
Бо сабаби ҷангҳои беохири байни аморати Бухорою хонигарии Хӯқанд ҳар бор мардуми Уротеппаю Хуҷанд ва Нову Ҷиззах зарари зиёд медиданд. Танҳо дар зарфи 65 соли аввалн асри XIX онҳо ба Ӯротеппа қариб 50 маротиба лашкар кашидаанд.
Хулоса, дар лаҳзаҳои ҳуҷуми қӯшунҳои рус ба Осиёи Миёна дар ин сарзамин нооромй, ҷангу ҷидолҳо, иқтисодиёти қафомондаю харобгардида ҳукмрон буд. Вазнинии чунин вазъият бештар ба дӯши мардуми бечора меафтод. Онҳо зиндагии қашшоқона доштанд.
Аз охирҳои соли 40 ва авваалҳои солҳои 50-уми асри XIX ба мулкҳои Осиёи Миёна ҳуҷуми қӯшунҳои Росеияи тэдшоҳй сар мешавад, ки барои он сабабҳои зерин вуҷуд доштанд: якум, подшодони рус дер боз, аниқтараш аз замони Пётри 1 яият доштанд, ки Осиёи Миёнаро ба тасарруфи худ дароранд. Бо ин мақсад, соли 1717 Пётри 1 ба муқобили хони Хева нахустин ҳуҷуми ҳарбй, вале бебарор ташюш карда буд. Минбаъд Россия то миёнаи асри XIX асосан бо сабабҳои мураккабии муносибаташ дар Ғарб имконияти ғасби Осиёи Миёнаро надошт.
Дуюм, дар Россия бо бекор карда шудани ҳуқуқи крепостноӣ (1861) барои инкишофи муносибатҳои капиталистӣ имконияти васеъ кушода шуд. Дар он махсусан саноати бофандагӣ тараққӣ кард, ки он вобастаи ашёи хом — пахтаи америкоӣ буд. Вале бо сабаби ҷанги гражданй дар ИМА (солҳои 1861-1865) барои Россия аз ин мулк низ овардани пахта мураккаб гардид. дар натиҷа қисме аз фаббрикаҳои бофандагии Россия аз набудани пахта фаъолияти худро боздоштанд. Бинобар ҳамин ҳам ҳукуматдорони рус то ин ки норозигии саноатчиён ба вуҷуд наояд, мехостанд Осиёи Миёнаро ба зери нуфузи худ дароварда, онро ба макони ашёи хом, яъне паҳта табдил диҳанд.
Сеюм, барои саноатчиёни рус бозори нави молфурӯгаӣ зарур буд. Ин гуна бозорро Россия дар қитъаи Европаи Ғарбй ба даст дароварда наметавонист. Аниктараш маҳсулоти саноатии Россия дар бозорҳои мамлакатҳои Ғарб рақобат карда наметавонист.
Аз ин рӯ ҳомиёни саноати бофандагй ният доштанд, ки ҳар чй зудтар Осиёи Миёнаро ба бозори фурӯши моли худ табдил диҳанд.
Чаҳорум, маълум, ки Россияи подшоҳӣ дар ҷанги Қрим (1853-1856) шармандавор шикаст хӯрд ва сулҳи Париж бар зарари он буд. Бинобар ин ҳукуматдорони рус мехостанд Осиёи Миёнаро забт карда, ба сарҳади Ҳиндустон — мустамликаи Англия наздик шуда, бо ин яке аз аъзоёни асосии зидди Россиягй, аниқтараш сарвари он — Англияро барои бекор кардани шартҳои вазнини сулҳи Париж моил гардонад.
Панҷум, »укумати подшоҳии рус, ки бо шикаст хӯрдан дар ҷанги Қрим хеле 6; обрӯ шуда, боиси коста шудани нуфузаш дар байни табақаҳои ҳукмрони мамлакат гардида буд, ният дошт бо ба зери тасарруфи худ даровардани Осиёи Миёна обрӯяшро ақалан дар дохили мамлакат аз сари нав барқарор намояд.
Тавре ки зикр гардид, ҳукумати подшоҳӣ охири солҳои 40 ва гьвали 50-ум ҳучуми харбиро ба муқобили Осиёи Миёна сар кард.
Соли 1847 кӯшунҳои рус аз самти Оренбург ҳаракат карда ба соҳилҳои бахри Арал расиданд ва дар резишгоҳи дарёи Сир истеҳкоми Раим (ҳозира қалъаи Арал)-ро бино карданд. Соли 1853 генерал-губери&тори Оренбург Перовский баъди муҳосираи 22 рӯза қалъаи Оқыичит (ҳозира Қизил-Ӯрда)-ро забт намуд (28 июли соли 1853).
Содҳои 1850-1854 қисми дигари қӯшунҳои рус аз ҷанубу шарқ (аз Се »шш. латинск) ҳаракат карда, води Залийро гирифтанд ва соли 1854 ба а«ҳри Вг.рный (Алмаатои ҳозира) асос гузоштанд.
Вале мпнбаъд, бо сабабҳои авҷ гирифтани кризиси Шарқ, ки боиси сщш&тъ ҷанги Қрим гардвд, амалиёти ҷашй дар Осиёи Миёна аз тарафи ҳарбиёни рус дар ҳар ду самт ҳам мавқуф гузошта шуд.