Ҳуҷуми катъии кушунҳои рус ба Осиёи Миёна ва оқибатҳои он

Нақша:

  1. Нахустин муҳорибаҳои байни Россия ва аморати Бухоро.
  2. Аз ҷониби русҳо забт гардидани Хуҷанд, Уротеппа ва Ҷиззах.
  3. Муҳорибаҳои охирини Россия ва Бухоро. Шартномаи 23 июни еоли 1868 ва моҳияти он.

Дар соли 1864 ҳуҷуми қатъии қӯшунҳои подшоҳӣ ба Осиёи Миёна сар мешавад. Дар моҳи сентябри ҳамон сол Чимкент забт гардид. сипас қӯшуни подшоҳӣ ба тарафи Тошкент ҳаракат кард ва дар моҳи апрели соли 1865 ба ишғол намудани қалъаи Ниёзбек муваффақ гардид. ин қалъа дар соҳили дарёи Чирчиқ бино ёфта, барои мудофиаи Тошкент роли калон мебозид. Илова бар ин саргаҳи оби дохили шаҳр низ дар наздикии ҳамин қалъа воқеъ шуда буд. Дар ҳамлаи сахт ва ҷангҳои шадиди кӯчагй 17 июни соли 1865 яке аз калонтарин шаҳрҳои Осиёи Миёна сукут кард.

Аввалин маротиба задухӯрди қӯшунҳои рус ва амири Бухоро Музаффар 8 маи соли 1866 дар дашти Дилварзин, дар роҳи Ҷиззах ва Хуҷанд ба вуқӯъ пайваст ва ғалаба насиби русҳо гардид. Қайд кардан лозим аст, ки фармондеҳи қӯшуни рус Романовский пас аз ин шикасти қӯшуни Музаффар ба сӯи Бухоро ҳаракат накарда, Хуҷанд (24 май) қалъан Нов (28 май) ва Уротеппаро (2 октябр) забт намуд, чунки ин маҳалҳо аҳамняти калони стратегии ҳарбӣ дошта, дар саргаҳи роҳи водии Фарғона воқеъ гардида буданд.

Романовский ба ин васила паҳлӯи чапи худро мустаҳкам намуда, тамоми қувваҳои худро ба муқобнли душмани асосй — амир Музаффар равона сохт. Амир Музаффар ба ҷанги зидди Россия омодагии дуруст надошт.

18 октябри соли 1866 қӯшуни подшоҳӣ пас аз муҳосираи чандвақта қалъаи Ҷиззахро тасарруф кард ва мавқеи худро дар хоки аморати Бухоро устувор гардонида, ба дуввумин шаҳри бузурги он шаҳри бостонии тоҷикон — Самарқанд таҳдид намуд.

Дар аввали соли 1868 ҳукмрони Хӯқанд Худоёрхон ба ҳукумати подшоҳӣ муоҳидан сулҳ баста, ба империяи Россия тобеъ гардидани худро эътироф намуд. Дар худи ҳамон сол (1868) пас аз тобеъ гардидани Хӯқанд аскарони рус таҳти фармондеҳии генерал Кауфман ба тарафи яке аз калонтарин ва қадимтарин шаҳри Осиёи Миёна -Самарқанд ҳаракат намуд ва такдири он ҳал гардид, яъне аскарони руссарбозони амирро торумор намуда, 2-юми майи соли 1868 ба Самарқанд дохил шуданд.

Аз по афтодани Самарқанд дар байни сарбозон ва доираҳои ҳукмрони Бухоро парешонй ба амал овард. Кауфман роҳи пойтахти аморат — шаҳри бухороро пеш гирифт ва охирин шаҳри калони дар сари роҳи пойтахт воқеъгардидаи Каттақӯргонро ишгол кард. Амир Музаффар охирин қувваҳои худро ҷамъ намуда дар баландии Зирабулоқ мавқеъ ишиол намуд.

Дар моҳи июни соли 1868 аскарони рус дубора ба сарбозони амири бухоро зарбаи қатъӣ расониданд. Амир Музаффар пас аз маглубияти назди Зирабулоқ имконияти муқобилиятро тамоман аз даст дод ва бо таклифи сулҳ ба назди генерал Кауфман элчӣ фиристод ва худаш ба Бухоро рафта, дар интизори ҷавоб нишаст.

Ҳамин тариқ, дар зарфи солҳои 1864-1868 ду давлати Осиёи Миёна — хони Хӯканд ва аморати Бухоро ба мағлубият дучор гардиданд.

Генерал Каӯфман таклифи амир Музаффарро доир ба сулҳ қабул намуд ва 23-юми июни соли 1868 сулҳнома имзо карда шуд, ки он дар таърих бо номи сулҳномаи Зирабулоқ маълум аст.

Тибқи ин сулҳнома як қисми аморати Бухоро (Хуханд, Нов, Уротеппа, Ҷиззах, Самарқанд, Каттақӯрғон ва иайра), ки қӯшунҳои рус забт карда буданд ба Россия гузашт. Бухоро аз ҳуқуқи боихтиёри худ муносибат кардан бо давлатҳои хориҷӣ маҳрум гардид. Амир Музаффар маҷбур шуд, ки ба Россия 500 ҳазор суми русй товони ҷанг диҳад. Тоҷирони рус метавонистанд дар тамоми қаламрави аморат озодона фаъолият намоянд ва гайра. Аморати Бухоро ба вассали фармонбардори ҳукумати подшоҳй мубаддал гардид.

428
Нет комментариев. Ваш будет первым!