Итиходи минбаъдаи қӯшунҳои рус дар солҳои 70-80 асри XIX

Нақша:

  1. Эъломияи Искандаркӯл ва ҳуҷуми қӯшунҳои рус ба мукобиля хонигарии Хева.
  2. Барҳам дода шудани хонигарии Хӯқанд ва ба ҷои он ташкил ёфтани вилояти Фарғона.
  3. Аз ҷоииби қӯшунҳои рус забт гардидани сарзамини қабилаҳои туркман.

Баробари ба ихтиёри Россия гузаштани Самарқанд, ҳукуматдоронк рус тасмим мегиранд, ки мулкҳои болооби Зарафшон, Ки аҳолиаш тоҷикон буданд, ба Россия ҳамроҳ намоянд. Бо ин мақсад, баҳори соли 1870 бо сардории генерал Абрамов Эъзомияи (экспедитсня)-и Искандаркӯл ташкил карда мешавад.

Сафари эъзомия 25-уми апрели соли 1870 аз Самарқанд сар шуд. Моҳи август шаҳри Панҷакент бе муҳорибаи ҷиддӣ ба ихтиёри қӯшуни рус гузашт. Вале дар деҳаҳои Панҷрӯд, Даштӣ, Кулолӣ, Фалгар, Мастчоҳ ва ғайра ҷаыгҳои шадид ба амал омаданд. Дар ин амалиёт бисёр деҳаҳоро бо ҳукми Абрамов ба хок яксон намуданд (Ҳотамов Н.Б.)

Моҳи июни соли 1870 эъзомия амалиёти худро ба охир расонид. Аз хисоби мулкҳои ниммустақили қуҳистонии болооби Зарафшон «Туманҳои кӯҳистонй» ташкил ёфт ва он ба музофоти Зарафшон (ҳукумати подшоҳй аз ҳисоби Самарқанд, Каттақӯргон ва дигар мулкҳои Зарафшони аз аморати Бухоро забт намудааш музофоти Зарафшонро бунёд намуда, генерал Абрамовро сардори он таъин намуд) ҳамроҳ карда шуд.

Дар эъзомияи Искандаркӯл як қатор олимон: табиатшинос Фелдченко, геолог Мишенков, нақшабардор (баъдтар арбоби намоёни ҳарбию сиёсӣ) Соболев ва дигарон дохил буданд. Бо ташаббуси ин дошппмандон барои тадқиқи захираҳои табии болооби Зарафшон кадамҳои аввалин ва муҳими илмӣ гузошта шуд.

Минбаъд амалиёти кӯшунҳои рус барои забт кардани хонигарии Хева нигаронида мешавад. Миёнаҳои моҳи майи соли 1873 қӯшунҳои подшоҳй амалиёти ҷангиро сар мекунанд. 29 май барои шаҳри Хева чаягхои сахгтарин ба вуқӯъ омад. Хони Хева Савд Муҳаммад Раҳими П аз тарс гурехта, бо ишораи таслим аз Кауфман сулҳ талабид. 12 июн бо фармони Кайфман амалиёти ҷангй дар қаламрави хонигарии Хева вть гардид. 12-уми августи ҳамон сол байни Россияю Хева шартнома шыээ гардид, ки мувофиқи он Хева тобем Россия гардида, боад чун товони ҷанг ба хазинаи подшоҳӣ 2 млн. 200 ҳазор сӯм медод. Аз заминҳои хонигарӣ соҳилҳои рости дарёи Ому ба ихтиёри Россия гузашт.

Ҳангоми ҳуҷуми қӯшунҳои рус ба муқобили хони Хева амири Бухоро Музаффар на танҳо ин амалиётро тарафдорӣ кард, балки ба қӯшунҳои рус кӯмаки амалӣ расонид. Чунин рафтори нисбат ба Россия содиқонаи амир ба амалдорони ҳукумати подшоҳӣ хеле маъқул гардид, бинобар ҳамин ҳам ҳукумати подшоҳӣ маҳз садоқати амирро нисбат ба худ ба инобат гирифта, ба ивази он мулкҳое, ки аз ҳисоби аморат ба ихтиёри Россия гузашта буданд, заминҳои ҷорҷӯйро аз ихтиёри хони Хева гирифта, ба ихтиёри амири Бухоро дод.

Баъди тобеи Россияи подшоҳӣ гардидани хонигарии Қӯқанд аҳволи халқ боз ҳам бадтар шуд. Аз ин ҷост, ки соли 1873 шӯриши калонтарине, сар шуд, ки он то соли 1876 давом кард. Баҳонаи асосии шӯриш зиёд ситонидани закот. Яъне андоз аз чорво ба ҳисоб мерафт. Дар шӯриш ӯзбекҳо, тоҷикҳо ва қиргизҳо фаъолона иштирок доштанд.

7-уми августи соли 1875 Кауфман ба муқобили шӯришчиён қувваи бузурге гузошт, ки бо мағлубияти эшон анҷом ёфт.

19-уми феврали соли 1876 бо розигии подшоҳи Россия Александри П, бо супориши генерал-губернатори Туркистон Кауфман хонигарии Хӯқанд барҳам дода шуд. Ба ҷои он дар ҳайати генерал-губернатори Туркистон боз як вилояти нав — Фаргона ташкил ёфт. Губернатори ҳарбии вилоят генерал Скобелев таъин гардид.

Ҳамин тавр, шӯриши калонтарини мардуми водии Фарғона шикаст хӯрд. Он аз ҷиҳати характери худ халқӣ буда, дар аввал асосан ба муқобили зулму истибдоди хонигарӣ ва минбаъд ба муқобили ниятҳои мустамликадоронаи ҳукумати подшоҳй нигаронида шуда буд. Хукуматдорони подшоҳй натиҷаи онро ба фоидаи Россия ҳал намуданд.

Дар сиёсати забткоронаи ҳукумати подшоҳӣ дар Осиёи Миёна баъди ҳалли тақдири хонигарии Хӯқанд масъалаи забти сарзамини қабилаҳои туркман ба миён омад. Қӯшунҳои рус бо сардории генерал Скобелев 18-уми январи соли 1881 Ашқободро забт намуданд. Забти қисматҳои боқимондаи сарзаминҳои туркман то соли 1885 давом кард. 18-уми Марти ҳамон сол қӯшунҳои рус нуқтаи охирон Кӯшкаро ишгол намуданд.

Ҳамин тавр, сарзамини қабилаҳои туркман ҳам аз тарафи қувваҳои ҳарбин Россияи подшоҳй истило карда шуд. 26-уми декабри соли 1897 вилояти Моварои Каспӣ (Закаспия) аз ҷиҳати идоракунӣ ба ихтиёри генерал — губернатори Туркистон гузашт.

323
Нет комментариев. Ваш будет первым!