Васеъ шудани марзи аморати Бухоро дар солҳои 70-80-уми асри XIX

Нақша:

  1. Вазъи мулкҳои шарқии аморат ва ҳуҷуми аввали амир Музаффар ба водии Ҳисор,
  2. Ҳуҷуми дуюми қӯшунҳои амир ба водии Ҳисор ва таслим намудани Ҳисор, Кӯлоб, Балҷувон ва водии Вахш,
  3. Забти Қаротегин ва Дарвоз. Тобеи Ҳукумати амирӣ гардидани мулкҳои Бухорои Шарқӣо

Бояд қайд намуд, ки дар сарзамини аморат мулкҳое ба монанди Шаҳрисабз, Китоб, Бойсун, Деҳнав, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, кӯлоб ва гайра буданд, ки ҳокимони онҳо худро мустақил ҳисобида ба ҳукумати амирӣ сар намефароварданд. Мулки Қӯргонтеппа бошад он лаҳза макони кашмакашй гардида, тобеи гоҳ Қундуз, гоҳ Кӯлобу Балҷувон ва гоҳ тобеи Ҳисор мешуд. Амирони Мангитияи Бухоро низ барои тобеи худ гардонидани ин мулкҳо, аз ҷумла ба муқобили Шаҳрисабзу Китоб борҳо ҳуҷум карда хуни зиёд резондаанд.

Амир Музаффарро бемуваффақиятии амалиётҳои ҷангии 1866 ба муқобили қӯшунҳои рус ором нагузошт. Ӯ мехост, ки ҷои мулкҳои аз даст додаашро (яъне Хуҷанд, Уротепппа, Нов, Ҷиззах ва гайраро) аз ҳисоби мулкҳои Бухорои Шарқӣ пур кунад. Бо ҳамин сабаб вай аллакай охири ҳамон сол ба сӯи водии Ҳисор лашкар кашид. Албатта муваффақияти ин ҳуҷум аз бисёр ҷиҳат ба мавқеи ҳокимони Китобу Шаҳрисабз вобастагй дошт. Зеро ҳамон лаҳза ҳокимони Шаҳрисабз Ҳакимбек ва Китоб Ҷӯрабек низ майли ба амири Бухоро итоат карданро надоштанд. Вале он дар пеши ҳуҷуми қӯшунҳои рус хусумати худро нисбат ба амир як сӯ гузошта, бо мақсади зарба задан ба душмани асосӣ — қушунҳои ҳукумати подшоҳии рус муваққатӣ бошад ҳам, бо амир якҷоя амал карданро зарур мешумориданд. Бо ҳамин мақсад онҳо ба амир Музаффар изҳори итоат намуданд. Амир ба садоқати онҳо боварӣ надошт. Лекин ба ҳар ҳол ин дафъа садоқати рӯякии ин ҳокимонро истифода бурданй шуд.

Инак, амир Музаффар охири соли 1866 ва аввали соли 1867 сарзамини Қаршӣ ва шаҳрисабзро ба такягоҳи қушунҳои худ табдил дода, ба сӯи водии Ҳисор ҳуҷум кард.

Баробари огоҳӣ аз ин ҳаракати амир дар маҳалҳои Бойсун ва Деҳнав бо ташаббуси ҳокими Ҳисор Абдукарим додхоҳ дастаҳои ихтиёрии ин мулкҳо ҷамъ омаданд. Дар байни онҳо қувваи асосиро ҳисориҳо ташкил медоданд ва бо ҳамин сабаб ҳамаи он қувваҳои зидди амирӣ чун «ҳисориҳо» ном бурда мешавад. Бо даъвати Абдулкарим ҳокими Кӯлобу Балҷувон Сарахон ҳам, ки баромадаш аз қабилаи қатағани Кӯлоб буд, ҳамчун иттифоқчӣ бо қушуни худ ба майдони муҳориба ҳозир шуд.

Мувофиқи баъзе маълумотҳо муҳосираи қалъаи Деҳнав,, ки асосан аз тарафи ҳисориҳо мудофиа карда мешуд, шаш рӯз давом кардааст. Баъди забти он аскарони амир тамоми муҳофизони қалъаро қатл ва худи онро ба хок яксон намудааст. Сипас сарбозони амир ба самти Шарк ба дохили водии Ҳисор ҳаракат карданд. Онҳо қалъаҳои Регар, Қаротоғ, Файзобод ва гайраро низ ба хок яксон карданд. Абдулкарим додхоҳ бошад ба назди иттифоқчии худ ҳокими Кӯлобу Балҷувон -Сарахон гурехт. Вале Сарахон барои ҳифзи мансаб ва ҷони худ Абдулкаримро ҳабс намуда, ба ихтиёри амир супорид ва тамоми гуноҳро ба гардани ӯ бор карда, бо ин мансаб ва ҷони худро нигоҳ дошт. Амир Абдулкаримро бо тамоми авлодаш ба қатл расонд.

Амир Музаффар баъди ин галабаҳо дар Бойсун, Деҳнав, Ҳисор ва Файзобод аз ҷумлаи содиқони худ ҳокимони навро таъин карда, аввали соли 1867 ба Бухоро баргашт. Зеро чуноне таъкид карда шуд, бо сабаби дар назди ӯ сари таслим фаровардани Сарахон ба сӯи Кӯлоб ҳаракат карданро зарур нашуморид. Чунин ҳолат амирро то андозае хотирҷамъ ҳам карда буд. У боварӣ дошт, ки ҳокимони боқимондаи Бухорои Шарқӣ дигар саркашй накарда, дар итоати вай боқӣ хоҳанд бимонд.

Солҳои 1868-1870 барои амир Музаффар чуноне аллакай ишора шуд, хеле душвор буд. Аз ҷумла, танҳо соли 1868 соли шикастхӯрӣ аз қӯшунҳои рус дар муҳорибаҳои Чупонато ва Зирабулоқ, имзои шартномаи барояш вазнин бо Россия5 ниҳоят исёни писараш Абдумаликтӯра ва гайраҳо ба ҳисоб меравад.

Ҳангоми шӯриши Абдумаликтӯра яж қатор ҳокимон аз итоати амир саркашӣ намуда буданд, аз ҷумла Сарахон аз ӯ рӯ гардонида ба исёнгарон майл карда буд. Ҳокими нави Ҳисор ҳам ҳамин гуна мавқеъро ишғол кард.

Инак, амир Музаффар соли 1870 баъди он Ки қушунҳои рус шӯриши Абдумаликтӯраро пахш карда Китоб ва шаҳрисабзро тобеи ӯ (яъне амир) намуданд боз ба сӯи водии Ҳисор лашкар кашид. Ҳамроҳи вай қушбегй Яъқуббек ҳам буд. Дар ин сафари ҳарбй сарбозони амир дастаҳои ҳарбии беки Шеробод Остонақулбий ва ҳокими нави Деҳнав Улуғбекро шикаст дода ба Ҳисор наздик шуданд. Дар ин сарзамин 15 рӯз ҷанг давом кардааст. Шумораи танҳо қатлшудагон ба панҷ ҳазор нафар расида води Ҳисор ба харобазор табдил ёфтааст.

Бедодгариҳои Музаффар дар водии Ҳисор тарсу ваҳми ҳокими Кӯлобу Балҷувон Сарахонро хеле зиёд намуд. Он лаҳза дар зери итоати ӯ водии Вахш — мулкҳои Қӯрғонтеппаю Қабодиён низ буданд. Амир худи ҳамон соли 1870 ба муқобили Сарахон ба сӯи Кӯлоб дастаҳои махсусро бо сарварии қушбегӣ Яъқуббек фиристод. Сарахон бошад, боварии комил дошт, ки барои муқобилият қуввааш кифоягӣ намекунад ва ҳангоми маглубият саломат нахоҳад монд. Бинобар ин ӯ аз муқобилиятнишондиҳӣ даст кашида, барои халосии ҷони худ ба мулки Афгон гурехт. Дар натиҷа Яъқуббек бе ягон муҳориба Кӯлоб, Балҷувон, Қӯргонтеппа ва Қубодиёнро ба зери тасарруфи ҳукумати амирӣ даровард.

Амалиёти минбаъдаи қӯшунҳои амирӣ барои забти Қаротегину Дарвоз нигаронида шуда буд. Амир Музаффар бо дастгирии саркардаҳои ҳарбии рус соли 1877 ҳокими Қаротегин Саидхонро аз Қаротегин ба Бухоро даъват карда, ба Қаротегин чун ҳоким Худойназар атолуқро фиристод. Дар натиҷаи ин амалиёт Қаротегин бе ҷанг пурра ба қатори мулкҳои Бухоро дохил карда шуд.

Баъди ҳалли тақцири Қаротегин масъалаи Дарвоз ба миён омад. Иҷроиши он ба зиммаи беки Қаротегин Худойназар гузошта шуд. У соли 1877 ба сӯи Дарвоз бори аввал лашкар кашид, вале шикастт хӯрд. Худойназари маккор бо роҳи фиреб шоҳи Дарвоз Сироҷиддинхонро гӯё барои мулоқот боа мир Музаффархон ба Шаҳрисабз фиристода, дар он ҷо ба асорат гирифтор намуд.

Чунин маккории Худойназар газаби мардуми Дарвозро боз ҳам зиёдтар намуд ва онҳо ин дафъа ҳам ба ӯ муқобилияти сахт нишон дода, қушуни якунимҳазорнафараашро торумор карданд. Амир Музаффар ба Дарвоз қувваи зиёдеро фиристод. Ба ин қуваҳо боз Худойназар сарварӣ мекард. Ниҳоят онҳо соли 1878 қалъаи хеле мустаҳками Кафтархонава баъд Қалъаи Хумбро забт намуданд. Бо ҳамин мулки Дарвоз ҳам ба қисми таркибии аморати Бухоро табдил ёфт.

Ҳамин тавр дар муддати солҳои 1866-1878 мулкҳои ниммустақили Бухорои Шарқӣ (ба ғайр аз мулкҳои кӯҳии Бадахшон) тобеи ҳукумати амирии Бухоро гардид. Барои осон гардонидани идоракунии мулкҳои Бухорои Шарқӣ он ба бекигариҳои зерин: Балҷувон, Бойсун, Дарвоз, Деҳнав, Кӯлоб, Шеробод, Юрчӣ, Ҳисор, Каротегин, Қубодиён ва Қӯрғонтеппа тақсим карда шуд. Ҳар кадоми ин бекигариҳо аз ҷумлаи шахсони ба амир наздик ва содиқ ҳокими худро дошт.

424
Нет комментариев. Ваш будет первым!