Палеолит

Палеолити аввал (800-200 ҳазор сол пеш аз милод). Давраи аз ҳама қадими асри сангро палеолити аввал меноманд. Дар Осиёи Миёна ин давра 800- 200 ҳазор сол пеш аз замони моро дар бар мегирад. Дар ин давра намудҳои хоси олоти сангӣ ва усули коркард ва истеҳсоли онҳо вуҷуд доштанд. Дар Осиёи Миёна қадимтарин бошишгоҳи ин давра Кулдара мебошад. Он дар ноҳияи Ховалинги Тоҷикистон ҷойгир буда, аз ҷониби бостоншиноси шинохтаи тоҷикистонӣ В.А. Ранов кашф шудааст.

Аз ин бошишгоҳ маснуот ва олоти сангии хеле оддӣ ёфт шуданд. Онҳо оддӣ бошанд ҳам қадимтарин далели дар Осиёи Миёна пайдо шудани одами ибтидоӣ мебошанд. Дар наздикии бошишгоҳ устухонпораҳои ҳайвонҳои бузургҷӯсса ва хурд — филҳои қадим, каркадан, уштур, юз, шағол, гург ёфт шудаанд.

Дар ҷануби Тоҷикистон боз се бошишгоҳҳои калон — Қаратов, Лоҳутӣ (500 ҳ.с.п.м.), Оби Мазор (390-410 ҳ.с.п.м.) ва 29 мавзеъи бозёфти олоти сангӣ, аз ҷумла Хонақои Ховалинг, Қарамайдони Файзобод ба палеолити аввал мансуб мебошанд.

Дар бошишгоҳи Қаратов (Ёвон) 1000 маснуот ва олоти сангӣ ёфт шудааст. Олоти асосӣ чопперҳо ва чоппингҳо (сангобиҳои кулулаи аз як тарафашон шикаста теғадор шуда) буданд. Онҳоро барои бурридан, тарошидан, харошидан, кӯфтан ва ғайра истифода мебурданд. Машғулияти асосии сокинони ин бошишгоҳҳо шикор ва гиёҳғундорӣ буд. Одамони давраи аввали палеолитро олимон питекантроп номидаанд, ки маънояш «одами ростроҳгарданда» мебошад.

Палеолити миёна (200-35 ҳазор сол пеш аз милод). Дар ин давра намудҳои нав ва мукаммалтари асбобу афзори сангӣ — корд, белча, нӯги найза, синон пайдо мешаванд. Дар водиҳо ва кӯҳистони Осиёи Миёна як қатор бошишгоҳҳо ва ғорҳои ин давра кашф шудаанд. Қадимтарин бошишгоҳи ин давра дар Тоҷикистон Хонақои III дар Ховалинг мебошад, ки умри 200 ҳазорсола дорад. Аз он кордчаҳо ва белчаҳои сангӣ ва олоти дигар ёфт шудааст.

Ғори Оғзикичики Данғара (60-40 ҳ.с.п.м.) муҳимтарин ёдгории ин давра дар Осиёи Миёна мебошад. Дар қабатҳои мадании он 10 ҳазор маснуоти сангӣ, оташдонҳо, устухонҳои 17 намуд ҳайвонҳо (гусфанд, буз, асп, хар, оҳу, гург, гуроз, хирс, ҷайра, қашқалдоқ, каркадан ва ғайра) ва 12 ҳазор пораи устухони сангпушти даштӣ, боқимондаҳои растаниҳо (бед, арча, санҷид, санавбар) ёфт шудаанд.

Дар ғори Оғзикичик дар дохили ду нимҳалқа сар ва шохҳои бузи куҳӣ ҷойгиранд. Дар гирди он маросими ибодат сурат мегирифт. Ин аввалин нишонаҳои эътиқодоти динӣ мебошанд.

Бошишгоҳҳои ин давра боз дар 20 мавзеъҳои дигари ҷануби Тоҷикистон ёфт шудаанд. Дар Тоҷикистони Шимолӣ ба ин давра бошишгоҳи Ҷарқутан (назди Шаҳристон), Гургдара ва 31 мавзеъ дар байни Хуҷанду Конибодом мансубанд.

Одами неандерталӣ. Одамони ибтидоиеро, ки дар давраи палеолити миёна зиндагӣ мекарданд дар илм неандертал меноманд. Он аз номи мавзеъе дар Олмон гирифта шудааст, ки устухонҳои ин одами ибтидоӣ бори нахуст дар он ҷо ёфт шуда буданд. Неандертал аз нигоҳи физиологӣ нисбат ба пешгузаштаи худ питекантроп хеле пеш рафта буд. Ҳаҷми мағзи сари ӯ ба дараҷаи мағзи сари одамони имрӯза расида, қадаш 1,55 – 1,65 м ва дарозии умраш 30 сол, баъзан то 50 сол буд. Неандерталҳо пешгузаштагони бевоситаи одамони имрӯза буданд. Дар Осиёи Миёна ягона ёдгорие, ки дар он устухонҳои одами неандерталӣ ёфт шудаанд ин ғори Тешиктош дар кӯҳҳои Бойсун, наздикии шаҳри Термиз мебошад, ки ба ҳазорсолаҳои 50 — 40 пеш аз милод тааллуқ дорад. Онро бостоншиноси маъруфи шӯравӣ А. П. Окладников с. 1939 кашф кардааст. Дар ғор гӯри писарбачаи 8-9 солаи неандерталӣ, 2859 маснуот ва олоти сангӣ ёфт шуданд. Дар гирди ҷасад шохҳои бузи кӯҳӣ гузошта шудаанд, ки бо маросими динӣ ва парастиш алоқаманд мебошанд.

Одами неандерталӣ ба воситаи соиш додан ҳосил кардани оташро ёд гирифт. Ин дастоварди муҳим имконият дод, ки одамони ибтидоӣ оташро барои гарм кардани манзил ва пухтани хӯрок васеъ истифода баранд. Истеъмоли хӯроки пухта умри одамони ибтидоиро нисбатан дароз карда, инкишофи ҷисмонӣ ва ақлонии онҳоро беҳтар гардонд.

Инкишофи шикорчигӣ. Дар ин давра дар баробари ҷамъоварии гиёҳҳои худрӯй шикор яке аз манбаъҳои асосии ба даст овардани ғизо буд. Одамони ибтидоӣ дастҷамъона ҳайвонҳоро ҳай карда ба ҷариҳо ва чоҳҳо афтонда мекуштанд ва гӯшти онҳоро истеъмол мекарданд. Дар ин давра найза ва синони нӯгашон сангӣ ихтироъ карда шуданд. Ин дастоварди муҳим буда, шикорро осонтар ва сермаҳсултар гардонд. Неандерталҳо ҳайвонҳои гуногунро ба мисли буз, гусфанди кӯҳӣ, хирс, оҳу, барзагов, гург ва гавазнҳои бузургҷуссаи шимолӣ, паланг, кабк, кафтар, мурғобӣ ва баъзе ҳайвонҳои дигарро шикор мекарданд. Бошандагони лаби баҳрҳои Каспӣ (Хазар) ва Арал бо моҳидорӣ машғул буданд.

Дар Палеолити миёна тақсимоти меҳнат байни зану мард ба амал омад – занҳо ба кори хона ва ҷамъоварии гиёҳҳо, мардҳо бо шикор машғул буданд.

Палеолити охир (35-12 ҳазор сол пеш аз милод). Дар палеолити охир шумораи бошишгоҳҳо дар Осиёи Миёна хеле коҳиш меёбад. Сабаби ин дар номусоидии иқлим буд. Дар байни ҳазорсолаҳои 25-15 пеш аз милод дар курраи замин охирин яхбандӣ рух медиҳад. Дар Осиёи Миёна ҷангалзорҳо ба биёбону дашт табдил ёфта, иқлим хунуктар, зимистон хунуки сахт мешавад, хоктӯфонҳо ва гардшинӣ зиёд мешавад. Ҳамаи ин тағйиротҳои табии одамони ибтидоиро маҷбур месозад, ки ин минтақаҳоро тарк намоянд. Баъди ба охир расидани яхбандӣ ва муътадил шудани иқлим дар байни ҳазорсолаҳои 14-10 афзоиши босуръати аҳолӣ ба амал меояд.

Дар ин давра ташаккулёбии дурударози табии инсон (эволютсия) ба охир расида, ҷои неандерталро одами оқил (ҳомо сапиенс) мегирад. Дар илм онро «одамони кроманён» меноманд, чунки бори аввал устухонҳои ин намуди одам дар бошишгоҳи Кроманёни Франсия ёфт шуда буданд. Одами кроманён аз рӯи сифатҳои ҷисмонӣ ва имконоти ақлонӣ аз одами имрӯза фарқ надошт.

Дар ин давра одамони ибтидоӣ сохтани хонаҳои одии каппамонандро ёд гирифтанд. Сохти иҷтимоӣ низ пеш рафт, ба ҷои тӯдаҳои ибтидоӣ авлоди модаршоҳӣ ташаккул меёбад. Ғундоштани гиёҳҳои худрӯй дар хоҷагӣ мавқеъи муҳимро ишғол мекард ва ба ин кор занҳо машғул буданд. Алоқаҳои ҷинсӣ хусусияти гурӯҳӣ доштанд, як гурӯҳ мардон шавҳарҳои як гурӯҳ занҳо буданд ва бинобар ин мансубияти фарзандон аз рӯи модар муайян карда мешуд. Ин гуна авлодҳоро модаршоҳӣ меноманд ва дар онҳо занҳо мавқеи асосиро ишғол мекарданд.

Баробари такомули хоҷагидорӣ ва сохти иҷтимоӣ тафаккур ва шуурнокии одамони ибтидоӣ низ инкишоф меёбад. Дар палеолити охир нахустин намудҳои санъати тасвирӣ- пайкара созӣ, мусаввараҳои ғорӣ ва ақоиди динӣ пайдо мешаванд.

Дар ҷануби Тоҷикистон се бошишгоҳи ин давра кашф шудааст, ки ба ҳазорсолаҳои 30-14 мансубанд – Шуғнов дар Ховалинг, Харкуш дар Ҳисор ва Чилондара дар Данғара. Муҳимтарини онҳо бошишгоҳи Шуғнов мебошад. Он дар баландии 2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, баландтарин бошишгоҳи палеолитӣ дар ҷаҳон мебошад. Дар натиҷаи ҳафриёт аз қабатҳои он 4700 маснуоти сангӣ, аз ҷумла варақаҳои махрутшакли калон ва нуклеусҳои махрутшакл, варақаҳои секунҷа ва баргмонанди калон, варақаҳои хурд ва калони кордмонанд ёфт шуданд. Онҳо аз санги самоқи сабзча ва кабудча, оҳаксанги чахмоқдор ва варақсанги чахмоқдор сохта шудаанд. Ин маснуотро ба дастаҳои чӯбӣ ва ё устухонӣ васл карда, олот ва яроқи гуногун месохтанд. Кроманёнҳои Шуғнов аспҳои ваҳшӣ, барзагов, говҳои ёбоӣ (бизон), гӯсфанд, буз, суғур ва ғайраро шикор мекарданд. Осори манзил ёфт нашудааст. Шуғнов бошишгоҳи мавсимӣ – тобистона буд. Аксари олоти палеолити охири Тоҷикистон бо баҳри Миёназамин ва Аврупо ва баъзе бозёфтҳои қисмати шарқӣ бо Сибир алоқаманд мебошанд.

985
Нет комментариев. Ваш будет первым!