Кашфи мисгудозӣ

Энеолит давраи таърихиеро меноманд, ки дар он одамони ибтидоӣ бори аввал бо фулуз — маъдани мис шинос шуданд, аммо олоти сангӣ дар зиндагии онҳо чун пештара мақоми асосиро ишғол мекард. Онҳо пораҳои хурди маъдани мисро аз рӯи замин ҷамъ карда, бо усули хушккӯби зеварҳои хурд ва асбоби корӣ месохтанд. Аммо мис нарм буда, ҷои сангро гирифта наметавонист. Аз тарафи дигар одамон ҳанӯз истеҳсоли маъдани мис ва гудохтани онро намедонистанд, яъне имконият надоштанд, ки онро васеъ истифода баранд.

Дар байни сангҳое, ки аз онҳо оташдон месохтанд маъдани мис низ меафтид ва аз гармии оташ об мешуд. Одамони ибтидоӣ ин ҳодисаро мушоҳида карда, гудохтани мисро ёд гирифтанд ва аввалин кӯрраҳои оддиро сохтанд. Қадимтарин асбобҳои аз миси гудохта сохта шуда, дар ҳазорсолаҳои VII–VI п.м. дар Осиёи Хурд пайдо шуданд. Кашфи фулузгудозӣ барои аз ҳолати ибтидоӣ баромадан ва рӯ ба тараққиёти басуръат ниҳодани ҷамъияти инсонӣ такони бузурге дод. Асбобҳои фулузӣ бартарии зиёд дошта, ба зуди ҷои асбобҳои сангиро ишғол карданд.

Кашфи биринҷ. Биринҷ аз омехтаи мис (75-90%) ва қалъагӣ (25-10%) ҳосил карда мешавад. Биринҷ нисбат ба мис чандин маротиба сахттар буда, барои сохтани асбобҳои корӣ мувофиқтар аст. Аввалин асбобҳои биринҷӣ дар Кавказ дар ҳазорсолаҳои V – IV п.м. пайдо шуда буданд. Аммо ба таври васеъ истеҳсол ва коркарди биринҷ дар Осиёи Миёна, Эрон, Шарқи Наздик ва Аврупо ба ҳазорсолаи III п.м. рост меояд.

262
Нет комментариев. Ваш будет первым!