Энеолит ва асри биринҷ дар дигар минтақаҳои Осиёи Миёна
Ҷануби Туркманистон. Дар охири ҳазорсолаи V п.м. ба Туркманистони Ҷанубӣ, ба доманаҳои кӯҳи Копетдоғ аз Эрони Марказӣ ва Шимолӣ қабилаҳое омаданд, ки маданияти хос ва пешрафта доштанд. Ин маданиятро аз номи аввалин деҳкадаи тадқиқшуда Анау номидаанд. Қабилаҳои омада нахустин шуда дар Осиёи Миёна аз мис сохтани асбобу олот, дар сохтмон истифода бурдани хишти хом, бо тартиби муайян сохтани деҳа ва шаҳракҳо, чархи кулолгарӣ ва ҳунари бофандагиро ҷорӣ намуданд. Ихтирои хумдонҳои дутабақа, кӯрраҳои фулузгудозӣ ва устохонаҳо навоварии муҳим буд.
Машғулияти асосии онҳо зироаткории обёришаванда ва чорводории хонагӣ-девлохӣ (айлоқӣ) буд. Дар ин давра аввалин иншоотҳои оддии обёрикунӣ ва обанборҳои хурд сохта мешаванд. Зироати асосӣ ҷав ва гандум буд. Буз, гӯсфанд ва говро парвариш мекарданд. Анагуиҳо чандин шаҳру шаҳрак сохтанд, ки хеле обод буданд. Дар нимаи дуюми ҳазорсолаи II п.м. шаҳрҳои ҷануби Туркманистон рӯ ба харобӣ мениҳанд.
Воҳаи Марғинону Бохтар. Дар нимаи дуюми ҳазорсолаи II п.м. дар воҳаи Марғинон (Марв) ва Бохтари Ғарбӣ дар натиҷаи тағйир ёфтани иқлим барои кишоварзии обёришаванда ва чорводорӣ шароити мусоид фароҳам меояд. Аҳолии ин минтақа босуръат афзуда дар ин ҷо зиёда аз 200 шаҳру шаҳрак (Гонур, Ҷарқутан ва ғайра) бунёд карда мешавад, ки маданияти ба худ хос ва хеле пешрафта доштанд. Дар Тоголок, Дашлӣ ва Ҷарқутан маъбадҳои бошукӯҳи оташ кушода шуданд, ки бо дини зардуштӣ ва Авесто алоқаманд мебошанд. Соҳаҳои гуногуни ҳунармандӣ — фулузгудозӣ, кулолгарӣ, мисгарӣ, заргарӣ, мӯҳрсозӣ, санъати тасвирӣ инкишоф ёфта буданд.
Хоразм. Дар асри XV п.м. дар Хоразм ориёиҳои аз ҷануби Урал омада ва бо аҳолии маҳаллӣ омехта шуда, зиндагӣ мекарданд. Осори онҳо дар Тозабоғоб ва дигар мавзеъҳо ёфт шудаанд. Онҳо бештар бо зироаткории обёришаванда ва чорводории мавсимӣ машғул буданд. Дар заминканҳои каппамонанд зиндагӣ мекарданд. Устохонаҳои мисгарӣ ва биринҷгудозӣ доштанд.
Бухоро. Дар воҳаи Бухоро дар нимаи аввали ҳазорсолаи II п.м. қабилаҳои саҳронишин, ки бо сокинони Саразм ва Бохтару Марв қаробат доштанд, зиндагӣ мекарданд. Осори онҳо дар мавзеъи Замонбобо кашф шудааст. Ин қабилаҳо дар заминканҳои каппагӣ зиндагӣ мекарданд, таги зарфҳояшон тухмшакл буд, аксарияташ дастӣ ва камаш дар чархи кулолӣ сохта шудаанд.
Суғд. Дар поёноби Зарафшон ва Қашқадарё дар нимаи дуюм ва охири ҳазорсолаи II п.м. ориёиҳои саҳронишини андроновӣ зиндагӣ мекарданд. Дар ин ҷо 30 ёдгории онҳо кашф шудааст. Машғулияти асосиашон чорводорӣ ва каму беш зироаткорӣ буд. Зарфҳояшон нақшҳои ҳандасавии қолабӣ – морак, секунҷа ва ғайра доранд. Дар Самарқанд низ дар асри XII – XI п.м. ҳамин қабилаҳо зиндагӣ мекарданд.
Пайдоиши падаршоҳӣ. Ихтирои биринҷгудозӣ ва аз биринҷ сохтани асбобу олоти меҳнат боиси инкишоф ёфтани зироаткорӣ ва васеъ шудани майдонҳои кишт гардид. Барои пеш бурдани зироаткорӣ қувваи зиёд лозим буд ва аз ин рӯ онро мардҳо иҷро мекарданд. Зироаткорӣ ба соҳаи асосии иқтисодиёт табдил ёфт. Машғулияти занҳо, ки аз ғундоштани гиёҳҳои худрӯй иборат буд, аҳмияти худро гум кард. Ба мардҳо гузаштани мавқеъи асосӣ дар иқтисодиёт мавқеъи иҷтимоии онҳоро низ баланд бардошт. Ҳамзамон никоҳи яккаҷуфтӣ ва оилаҳои хурду калоне пайдо шуданд, ки дар онҳо мардҳо сардор ба шумор мерафтанд ва авлод аз рӯи падар муайян карда мешуд ва занҳо ба авлоди мардҳо мегузаштанд. Дар натиҷаи ин тағйиротҳо сохти иҷтимоии модаршоҳӣ аз байн рафта, ҷои онро сохти падаршоҳӣ гирифт.
Тақсимоти якуми калони ҷамъиятии меҳнат. Дар натиҷаи мукаммал шудани асбобу олоти меҳнат ва инкишоф ёфтани малакаи хоҷагидорӣ дар асри биринҷ шумораи аҳолӣ зиёд шуда, талабот ба озуқаворӣ меафзояд. Барои бо миқдори зарурии озуқа таъмин кардани аҳолӣ зиёд кардани заминҳои кишт, мукаммалтар намудани воситаҳо ва усулҳои истеҳсолот зарур буд. Ҳамаи ин махсусгардонии соҳаҳои гуногуни хоҷагтдориро талаб мекард. Яъне гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ бояд бо як соҳаи хоҷагӣ машғул мешуданд. Дар баробари ин шароити табии минтақаҳои гуногун барои инкишофи соҳаи муайяни хоҷагӣ мувофиқ буданд. Водиҳо барои инкишофи зироаткории обёришаванда ва доманакӯҳҳо барои кишти лалмӣ мувофиқ буданд. Дашту биёбонҳо барои чорводории мутаҳаррик, яъне кӯчӣ мутобиқ буданд. Бинобар сабабҳои номбаршуда дар асри биринҷ тақсимоти якуми калони ҷамъиятии меҳнат ба амал омада, зироаткорӣ аз чорводорӣ ҷудо шуд. Сокинони водиҳо, доманакӯҳҳо ва кӯҳистони Осиёи Миёна бо зироаткорӣ ва сокинони дашту биёбонҳои шимоли ин минтақа бо чорводории кӯчӣ машғул шуданд. Дар хоҷагии зироаткорон чорводорӣ низ боқӣ монд, аммо он аҳмияти дуюмдараҷа ва хусусияти хонагӣ – девлохӣ (айлоқӣ) дошт.
Махсусшавии ин ду соҳаи асосии кишоварзӣ боиси афзудани маҳсулнокии меҳнат ва баланд шудани некуаҳволии ҷомеъа гардид. Байни зироаткорони муқимнишин ва кӯчманчиёни чорводор доду гирифти доимӣ ва мутақобилан фоидаовар вуҷуд дошт. Кӯчманчиён аз шаҳрҳо маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва ҳунармандӣ, кишоварзон аз кӯчманчиён ашёи хом мехариданд.
Тақсимоти дуюми калони ҷамъиятии меҳнат. Ихтирои мис ва биринҷгудозӣ барои инкишофи ҳунармандӣ заминаи боэътимод гузошт. Дар ибтидо бинобар кам ва оддӣ будани маҳсулоти ҳунармандӣ бо ин кор кишоварзон машғул мешуданд ва ин машғулияти иловагӣ ва амалан ройгони онҳо ба нафъи ҷамоат буд. Аммо бо мурури замон намуд ва миқдори маҳсулоти ҳунармандӣ афзуда, истифодаи усулҳои нав ва нисбатан мураккаб ва малакаи баланди соҳавиро талаб мекард ва зарурате ба миён омад, ки бо ин кор одамони махсус машғул шаванд. Дар натиҷа тақсимоти дуюми калони ҷамъиятии меҳнат ба амал омада, ҳунармандӣ аз зироаткорӣ ва чорводорӣ ҷудо шуд. Акнун ҳунармандон танҳо бо касби худ машғул буданд. Дар сохти иҷтимоӣ низ тағйирот ба вуҷуд омад ва ҳунармандон ҳамчун табақаи мустақил арзи вуҷуд намуданд. Гуфтаҳои болоро бозёфтҳои бостоншиносӣ тасдиқ менамоянд. Масалан, дар шаҳркадаи Саразм, ки ба ҳазорсолаҳои IV-III п.м. тааллуқ дорад 150 намуд маҳсулоти гуногуни ҳунармандӣ, аз ҷумла шумораи зиёди асбобу олоти меҳнат, аслиҳа ва ороишоти биринҷӣ, устохонаҳои биринҷгудозӣ, дажғол, хумдонҳо ва дигар осори ҳунармандӣ ёфт шудаанд. Дар шаҳрҳои воҳаи Марғинон ва Бохтари ғарбӣ, ки ба ҳазорсолаи II п.м. тааллуқ доранд низ шумораи зиёди асбобу олоти биринҷӣ, ороишот, мӯҳрҳо ва ғайра ёфт шудаанд. Дар Осиёи Миёна дар гӯрҳои ориёиҳои саҳронишини андроновӣ низ шумораи зиёди асбобу ашёҳои биринҷӣ ёфт шудаанд. Аён аст, ки ин миқдор асбобу ашёи гуногуннамуд ва баландсифатро танҳо устоҳои касбӣ метавонистанд созанд. Дар асоси санаи мавҷудияти ёдгориҳои номбаршуда гуфтан мумкин аст, ки тақсимоти дуюми калони ҷамъиятии меҳнат дар ҳудуди ҳазорсолаи II п.м. ба амал омада буд.
Оғози асри оҳан. Ихтирои оҳангудозӣ ва пайдо шудани оҳангарӣ дар ҳаёти инсоният падидаи бениҳоят муҳим буд. Оҳан нисбат ба мис ва биринҷ даҳо маротиба мустаҳкамтар буда, барои сохтани асбобу олоти меҳнат хеле мувофиқ буд. Ба ғайр аз ин маъдани оҳан дар табиат нисбат ба мис хеле зиёдтар дучор мешавад ва ин имконият медод, ки он дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла кишоварзӣ, сохтмон, аслиҳасозӣ, нақлиёт, рӯзгор ва ғайра васеъ истифода бурда шавад. Намудҳои нав ва баландсифати асбобу олоти корӣ пайдо шуда ба тараққиёти иқтисодиёт такони калон доданд. Ҳамчунин намудҳои нави ҷангафзорҳо сохта шуданд, ки қобилияти мудофиавии кишварҳоро зиёд намуданд. Ихтирои оҳан ва ба таври васеъ истифода бурдани он дар Осиёи Миёна дар аввали ҳазорсолаи I п.м. ба амал омад.