Сабабҳои гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна ва аввалин пешниҳодҳо оиди ин масъала

Сабабҳои гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллӣ. 30 декабри соли 1922 Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС-СССР) бунёд гардид. Ҳамон вақт ба ин ҳайат 4 ҷумҳурӣ: Федератсияи Русия (РСФСР), ҷумҳуриҳои Украина, Белорусия ва Федератсияи Закавказя (ЗСФСР) шомил буданд. Дар сарзамини Осиёи Миёна ҳамон лаҳза се ҷумҳурӣ: Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиолистии Туркистон (дар ҳайати Федератсияи Русия) ва ҷумҳуриҳои мустақили халқии Шӯравии Бухоро ва Хоразм вуҷуд доштанд. Ҷумҳурии Туркистон ба воситаи Федератсияи Русия ба ҳайати ИҶШС дохил мешуд. Ҷумҳуриҳои Бухоро ва Хоразм ба он шомил набуданд. Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ҳам, чун дар Русия, ҳизби коммунистӣ ягона ҳизби ҳукмрон ба ҳисоб мерафт. Мақсаду мароми ҳамаи ин ҳизбҳо, чун ҳизби коммунистии (болшевикии) Русия бунёди ҷамъияти сотсиалистӣ буд.

Барои сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ дар шароити Осиёи Миёна пеш аз ҳама ҳал намудани масъалаи миллӣ зарур шуморида мешуд. Ҳалли масъалаи миллӣ бошад, чуноне асосгузори ҳизби болшевикии Русия ва сарвари Ҳокимияти Шӯравӣ В.И. Ленин тавсия ва асоснок намуда буд, ин ба ҳамаи миллатҳои собиқ мазлуми империяи Русия додани ҳуқуқи худмуайянкунии миллӣ, то ин ки онҳо озодона шакли давлатдории миллии худро бунёд намоянд, ба ҳисоб мерафт.

Ҷумҳуриҳои Туркистон, Бухоро ва Хоразм дар навбати худ ҷумҳуриҳои миллӣ набуда, балки ҷумҳуриҳои гуногунмиллӣ, ё худ сермиллат ба шумор мерафтанд. Аниқтараш номи онҳо ифодакунандаи номи ягон миллате набуд. Чунончӣ: дар ҳудуди ҷумҳурии Туркистон – ӯзбекҳо, тоҷикҳо, қирғизҳо, туркманҳо, қазоқҳо; дар ҷумҳурии Бухоро – тоҷикҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо; дар ҷумҳурии Хоразм – ӯзбекҳо, туркманҳо, ва ғайра асрҳо боз зиндагӣ карда, талхию ширинии замонро бо ҳам чашидаанд. Аммо бо сабаби он ки ҳамаи он халқҳо зинаи тараққиёти ҷамъияти капиталистиро пурра аз сар нагузаронидаанд, бинобар ин онҳо ҳанӯз то ба дараҷаи миллат ташаккул наёфта буданд. Махсусан худшиносии миллии тоҷикон нисбатан ба дараҷаи паст буд. Яъне он солҳо тоҷиконро бештар на аз рӯи миллат ва ҳатто забон, балки аз рӯи маҳал: бухороӣ, самарқандӣ, хуҷандӣ, намангонӣ, фарғонагӣ, тошкандӣ, кӯлобӣ, қаротегинӣ, ҳисорӣ ва ғайра фарқ мекарданд. Мардуми туркнажод бошанд ҳанӯз нишонаҳои қавмӣ-қабилавиро ба монанди: лақайҳо, қунғуротҳо, барлосҳо, манғитҳо, қарлуғҳо, кенагасҳо, галдирҳо ва ғайра нигоҳ медоштанд. Ҳамаи онҳо мафҳуми «миллат»-ро мансубият ба дин медонистанд.

Бо ҳамин сабабҳо дар ҳудуди Осиёи Миёна ва ҳатто берун аз он ҳам то ба ин давр намояндагони тоҷикон ва ӯзбекҳо ҳеҷ гоҳ масъалаи бунёди давлатдории миллии худро нагузоштаанд. Баръакс, дар байни онҳо андешаҳои: “истиқлолияти Туркистон”, “аз нав барқарор намудани хонигарии Қӯқанд”, “истиқлолияти ҳақиқии Бухоро” ва ғайраҳо вуҷуд доштанд. Дар замони мустамликавӣ дар ҳаракатҳои миллию озодихоҳонаи халқҳои тоҷику ӯзбек маҳз ҳамин майлонҳоро пай бурдан мумкин аст. Вале талабу кӯшишҳои қазоқҳо ва туркманҳо барои истиқлолият то андозае ба талаби бунёди давлатдории миллӣ наздик буд.

Ҳамин тавр ба миён омадани масъалаи бунёди давлатдории миллии тоҷикон ва ӯзбекҳо натиҷаи талаби худи ин халқҳо набуда, балки натиҷаи сиёсати миллии ҳизби коммунистии (болшевикии) Русия ба ҳисоб меравад. Дар Осиёи Миёна маҳз бо талабу ташаббуси онҳо, бо мақсади тезонидани сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ масъалаи тақсимоти ҳудуди миллӣ ба миён гузошта шуд. Ҳизбҳои коммунистии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна бошанд, оиди ин масъала, асосан иҷрокунандагони дастур ва талабу дархостҳои сарварони ҳизби коммунистии (болшевикии) Русия, Ҳокимияти Шӯравӣ ва фиристодагони онҳо буданд.

Аввалин пешниҳодҳо оиди тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна. Мутасаддиёни ҳизби коммунистии (болшевикии) Русия, махсусан онҳое, ки бо масъалаи Осиёи Миёна машғул буданд, ҳанӯз солҳои 1920-1921 ба хулосае омада буданд, ки дар шароити ин кишвар ҳалли ҷиддии масъалаи миллӣ бе гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллӣ ғайриимкон аст. Дар натиҷа маҳз аз тарафи онҳо аввалин пешниҳодҳо оиди тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна ҳанӯз пеш аз марзбандии соли 1924 ба миён омад. Чунончӣ, 15 январи соли 1920 Турккомиссия «Дар барои аз рӯи нишонаҳои миллӣ ба се ҷумҳуриҳои алоҳида тақсим намудани Туркистон» фишурдаеро қабул намуд. Албатта ин ҷо танҳо ташкил намудани ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистонро дар назар доштанд. Вале ҳамон лаҳза қайд карда шуд, ки ҳалли амалии ин фишурда ҳанӯз масъалаи рӯзмарра намебошад.

Бояд таъкид кард, ки аз рӯзҳои аввал ва минбаъд ҳам сарриштаи ҳар гуна масъала оиди тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар ихтиёри мутасаддиёни ҲК(б) Русия ва Ҳокимияти Шӯравӣ буд. Маҳз онҳо муайян мекарданд, ки дар ин сарзамин кадом халқҳо муқимӣ мебошанду, кадоме ҳуқуқи ташкили ҷумҳурии миллии худро доранд. Аз ҷумла, 8 марти соли 1920 Кумитаи Марказии ин ҳизб «Низомнома дар бораи мухторияти Туркистон»-ро қабул кард, ки мувофиқи он аҳолии асосии ин ҷумҳурӣ танҳо туркманҳо, ӯзбекҳо ва қирғизҳо ҳисоб шуда, тоҷикон, ба тарзи умумӣ, ба ҳайати миллатҳои хурд дохил карда мешуд. Ё худ, дар радиограммаи котиби Кумитаи Иҷроияи Марказии (КИМ) Федератсияи Русия Н.Н. Крестинский ба номи сарварони Турккомиссия ва КИМ Туркистон (соли 1920) низ гуфта мешуд: «Туркистон ҳамчун ҷумҳурии мухторӣ шинохта мешавад ва мардуми асосии он: туркманҳо, ӯзбекҳо ва қиргизҳо мебошанд».

В.И. Ленин низ ба масъалаи тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна дахолат намуда, ҳанӯз 13 июни соли 1920 дар қайдҳои худ дар лоиҳаи қарори КМ оиди вазифаҳои ҲК(б) Русия дар Туркистон, зарурияти тартиб додани харитаи Туркистонро «бо тақсим намудан ба Ӯзбекия, Кирғизия ва Туркмения» таъкид карда, тавсия намуд, ки махсусан шартҳои муттаҳидшавӣ ё худ ҷудошавии ин се қисмро аз ҳар ҷиҳат омӯзанд. Инчунин мувофиқи яке аз мактубҳои КМ ҲК(б) Русия аз 12 августи соли 1920 ҳамаи ташкилотҳои ҳизби коммунистии Туркистонро таъкид шудааст, ки «халқҳои муқимии Туркистон ӯзбекҳо, қиргизҳо ва туркманҳо ба ҳисоб мераванд. Ҳокимияти Шӯравӣ бояд ба оммаи меҳнаткаши ин халқҳо такя кунад». Аксари амалдорони ҳизбию шӯравии марказ, дар аввал Федератсияи Русия ва баъд Иттифоқ, ки дар Осиёи Миёна бо гузаронидани сиёсати миллӣ кордор буданд, маҳз дар ҳамин гуна мавқеъ меистоданд.

Авҷи туркпарастӣ. Ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки дар доираи сиёсатмадорони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна аз бунёди тартиботи Шӯравӣ то маҳви иғвои Анварпошо (тобистони соли 1922) ақидаи туркпарастӣ (пантуркизм) ҳукмфармо буд. Чуноне дар бобҳои гузашта таъкид кардем, ақидаи туркпарастӣ ба зудӣ дар байни намояндагони буржуазияи миллии халқҳои туркзабон ва зиёиёни онҳо ҳамовозӣ пайдо намуд. На танҳо худи мамлакати Туркия, балки Қрим ва Поволже ҳам аз нуқтаҳои манбаъвии паҳнгардии ин ақида ба ҳисоб мерафтанд. Аз ҳамин нуқтаҳо, махсусан аз худи Туркия, ба воситаи он талабагоне, ки дар ин мулкҳо таҳсил мекарданд ва ба воситаи матбуоти даврӣ ақидаи туркпарастӣ ба Осиёи Миёна ҳам паҳн гардид. Фоҷиаовар он аст, ки дар он солҳо на танҳо аз ҷумлаи намояндагони халқҳои туркзабони ин кишвар, балки аз ҷумлаи тоҷикон низ бисёре ба ҳомиён ва ташвиқгарони ин ақида табдил ёфтаанд.

Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали мавҷудияти тартиботи Шӯравӣ, баробари аз тарафи болшевикон ба миён гузоштани масъалаи худмуайянкунии миллатҳо, туркпарастон низ бо тамоми қувват ба ҳаракат даромаданд. Онҳо, ки дар байни амалдорони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, зиёиёни миллӣ ва ғайра ҳомиёни зиёд доштанд, акнун дар ин сарзамин на танҳо ба корҳои ташвиқу тарғиб, балки баҳри амалии ақидаҳои худ шурӯъ намуданд.

Дар замони мавҷудияти ҷумҳуриҳои Туркистону Бухоро яке аз самтҳои асосии муборизаи туркпарастон ба муқобили эътирофи мавҷудияти тоҷикон равона гардида буд. Бинобар ин дар ин ҷумҳуриҳо бе ягон калавиш маҳз мавҷудияти тоҷикон чун миллат ва ё худ халқияти мустақил инкор карда мешуд. Андешаи ғайриилмии «аслан туркнажод будани тоҷикон» гӯё дарёфтҳои нави «илмӣ» ба ҳисоб мерафт. Чунончӣ, пӯшида нест, ки яке аз шахсони асосии дар маъракаи марзбандии ҳудуди миллии Осиёи Миёна аз аввал то ба охир фаъолона ширкат варзида — Ф. Хоҷаев, раиси Шӯрои Нозирони Халқии ЧХШ Бухоро мебошад. Вай, чуноне дар боби гузашта қайд кардем, бунёдгузори ҳизби чавонбухориёни инкилобчӣ (аввали соли 1920) ва яке аз фаъолони сарнагун сохтани тартиботи амирии Бухоро ба ҳисоб меравад. Маҳз ӯ барномаи ҳизби бунёдкардаашро тартиб додааст, ки онро 14 июли соли 1920 конфронси он ҳизб маъқул шуморид. Дар муқаддимаи он барнома чунин таъкид мешавад: «қабилаҳои туркиро, аз ҷумла: кенагасҳо, манғитҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо ва тоҷикҳо, ки асрҳо боз дар сарзамини Бухоро зиндагӣ мекунанд», ташкил медиҳанд. Яъне, он лаҳза на танҳо Ф. Хоҷаев, балки дигар сарвару аъзоёни ҳукуматии чӣ Бухоро ва чӣ Туркистон аксаран ақидаи ягона доштанд, ки «тоҷикон аслан турканд». Дар ин асос баъзеашон тавсия мекарданд, ки «тоҷиконро бояд ба асл — мансубияти турк баргадонем». Минбаъд ҳамин Ф. Хоҷаев, ки сарвари ҳукумати ҷумҳурии Бухоро гардид, бо ҳамфикронаш барои туркгардонидани тоҷикон тамоми имкониятҳоро фароҳам овард. Худи Ф. Хоҷаев яке аз он тоҷиконе буд, ки аз мансубияти миллии худ даст кашида, сараввал ба туркпарасти ашаддӣ ва сипас ба ӯзбекпарасти ҷанговар табдил ёфтааст.

Ҳамин тавр дар сарзамини Осиёи Миёна мувофиқи нақшаи ҳизби болшевикӣ масъалаи тақсимоти ҳудуди миллии кишвар, агарчанде барои он ҳанӯз шароитҳои объективию субъективӣ фароҳам нарасида буд, ба миён гузошта шуд. Барои амалии ин тадбир аввалин пешниҳодҳо низ ба амал омаданд, ки дар ҳамаи онҳо маҳз мавҷудияти тоҷикон, чун миллати мустақил ба инобат гирифта намешуд.


719
Нет комментариев. Ваш будет первым!