Инқилоби фарҳангӣ дар шароити Тоҷикистон

Зарурияти инқилоби фарҳангӣ. Чуноне дар боби гузашта таъкид гардид, дигаргуниҳо дар ҳаёти фарҳангии Иттиҳодӣ Шӯравӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон ҳанӯз баробари бунёди тартиботи Шӯравӣ, дар ҳудуди Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ бошад, аз миёнаи солҳои 20-уми асри гузашта оғоз гардида буд. Аммо аз соли 1929 сар карда дар сиёсати ҳизби коммунистӣ дар соҳаи фарҳанг низ дигаргунии ҷиддӣ ба амал омад. Дар ин сол агар дар соҳаи кишоварзӣ барои саросар ба колхозҳо ҷалб намудани деҳқонони миёнаҳол ва ҳамчун синф нест кардани кулакҳо сар карда бошанд, дар соҳаи фарҳанг, дар ҳудуди ҷумҳурӣ барои саросар бастани мактабҳои низоми таълимашон кӯҳна шурӯъ карданд. Зеро, то ин давр дар ҳудуди ҷумҳурӣ чунин мактабҳо бо мактабҳои низоми таълимашон нав-шӯравӣ баробар амал мекарданд. Гарчанде фаъолияти мадрасаҳо ҳамон вақт ҳам аллакай хело маҳдуд, аксар баста шуда буданд, акнун, аз соли 1929, барои саросар бастани масҷиду мадрасаҳо оғоз бахшида, бо мақсади ҷамъияти сотсиалистӣ мутобиқ намудани тафаккури муллою мударрисҳо, яъне барои аз сари нав «тарбия» намудани онҳо шурӯъ карданд. Ин ҳама чорабиниҳо аз хусуси оғози тадбиқи вазифаҳои инқилоби фарҳангӣ далолат медод.

Инқилоби фарҳангӣ, чуноне қайд гардид, яке аз вазифаҳои асосии сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ ба ҳисоб мерафт. Барои он инқилоб фарҳангӣ мегуфтанд, ки мувофиқи он мебоист дигаргуниҳои ҷиддӣ – инқилобӣ дар тафаккури одамон ба вуҷуд оварда мешуд. Мутасаддиён чунин сиёсат мегуфтанд, ки ғалабаи инқилоби иҷтимоӣ – сотсиалистӣ ҷамъиятро дигар карда, сохти кӯҳна ва синфи собиқ ҳукумронро сарнагун намуд, аммо тафаккури одамон мисли пештара боқӣ монд. Акнун бояд аз тафаккури одамон ҳар чизеро, ки ба ҷамъияти сотсиалистӣ ва назарияи коммунистӣ мувофиқ нест, бояд барҳам дода шавад. Ин вазифаро мебоист инқилоби фарҳангӣ, ки тамоми ҳаёти маънавии одамонро фаро мегирифт, иҷро мекард. Бо ҳамин сабаб инқилоби фарҳангиро қисми таркибии дигаргуниҳои сотсиалистӣ, табадуллоти куллӣ дар инкишофи ҳаёти маънавии ҷамъият ҳисоб мекарданд.

Инқилоби фарҳангӣ танҳо маҳви бесаводӣ ё худ инкишофи илму фарҳанг нест. Балки ин масъалаҳо дар ин давр танҳо ҷузъиёти инқилоби фарҳангиро ташкил медоданд. Амалӣ гардонидани вазифаҳои ин инқилоб тақдири ҳамаи қисмҳои аҳолӣ, ҳам бесаводон ва ҳам саводноконро дар бар мегирифт. Яъне, дар маъракаи иҷроиши вазифаҳои инқилоби фарҳангӣ бесаводон мувофиқи талаботи замони нав ва назарияи коммунистӣ бояд саводнок карда мешуданд, онҳое, ки саводи кӯҳна доштанд (аз ҷумла моллою мударрисҳо) бояд аз сари нав «тарбия» карда шуда, аз тафаккури онҳо ҳар чизе, ки ба ҷамъияти кӯҳна — феодалӣ ё капиталистӣ хос буд, барҳам дода мешуд.

Хулоса, дар натиҷаи гузаронидани инқилоби фарҳангӣ бояд дар мамлакат низоми нави маорифи халқ ба вуҷуд меомад, ба ҷои табақаи кӯҳнаи зиёӣ, табақаи нав – зиёии ҷамъияти сотсиалистӣ ташаккул меёфт, ки онҳо махсусан бо таълимоти марксистӣ – ленинӣ бештар мусаллаҳ бошанд, адабиёт ва санъати сотсиалистӣ бунёд мегардид, нашъунамои илми шӯравӣ, ташаккули шаҳрванди шӯравӣ, ки бояд бо ахлоқи коммунистӣ ва ҷаҳонбинии атеистӣ мусаллаҳ бошанд ва ғайраҳо фароҳам мерасид.

Дар Тоҷикистон, чун дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ инқилоби фарҳангӣ аз ташкил ва инкишофи мактабу маорифи барои ҷамъитяи нав хос, маҳви бесаводӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангӣ ва ғайра оғоз гардид.

Инкишофи бунёди мактабҳои шӯравӣ. Дар шароити Тоҷикистон, дар давраи нави дигаргунсозиҳои фарҳангӣ, мисли нимаи дуюми солҳои 20-уми асри ХХ бунёди мактабҳои шӯравӣ ва ба онҳо ҷалб намудани наврасон, маҳви бесаводӣ, бо омӯзгорон ва маводҳои таълимӣ таъмин намудани мактабҳо, аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб мерафтанд. Вобаста ба ин самт анҷумани XYI ҳизби коммунистии (болщевикии) Уммумиттифоқи (соли 1930) дар доираи Иттифоқ вазифаи маълумотнокии ҳатмии ибтидоӣ ва таълими политехникиро гузошта буд. 14-августи он сол ҳукумати Иттифоқ махсус «Дар бораи таълими ҳатмии ибтидоӣ» қарор қабул намуд. 24 сентябр кумитаи марказии ҳизби коммунистии (болшевикии) Тоҷикистон, 11 октиябри он сол ҳукумати Тоҷикистон масъалаи таълими ҳатмии ибтидоиро дар шароити ҷумҳурӣ муҳокима намуда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Мувофиқи декрети 11 октябри соли 1930 қабул намудаи ҳукумати ҷумҳурӣ маълумотнокии умумии ҳатмии ибтидоӣ ҷорӣ гардид.

Феврали соли 1931 Кумита оид ба таълими умумии ибтидоӣ таъсис дода шуд. Акнун бо таълим фаро гирифтани наврасони мактабӣ аз фаъолияти ҳамин кумита сахт вобастагӣ дошт. Табиист, ки амали ин вазифа аз таъсиси мактабҳои нав сахт вобастагӣ дошт. Шумораи мактабҳо сол аз сол зиёд мешуд. Вале барои мактабҳои нав бинои мувафиқ набуд, аксари онҳо дар кибиткаҳо фаъолият мекарданд. Аз ҷумла соли 1934 дар ҷумҳурӣ 2343 адад мактабҳои ибтидоӣ (яъне, то синфи 4-ум) дар кибиткаҳои ҷой гирифта буданд. Ҳамагӣ бинои 187 мактабҳои ибтидоӣ мувофиқи нақша сохта шудаанду халос. Ҳатто 27 адад мактабҳои миёнаи нопурра ҳам дар кибиткаҳо ҷойгир буданд. Танҳо бинои 8 мактабҳои миёнаи нопурра мувофиқи талаботи ҳамон замон буданд. Аз 7 адад мактабҳои миёна бинои танҳо 3 ададашон ҷавобгӯи талабот буданду халос. Маҳз чунин ҳолат сабаб шуд, ки 28-уми июли соли 1934 Бюрои Осиёимиёнагии кумитаи марказии ҳизби коммунистии (болшевикии) Умумииттифоқ «Дар бораи вазифаҳои навбатии сохтмони мактабҳо дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна» қарор қабул кард. Мувофиқи он қарор таълими ибтидоиро идома дода, дар як вақт бояд ба таълими 7-сола мегузаштанд. Барои амалии ин қарор дар шароити ҷумҳурӣ пеш аз ҳама ба сохтмони мактабҳо диққати ҷиддӣ дода мешуд. Ба ҳамин мақсад аз фонди Иттифоқ маблағи хеле зиёд ҷудо карда шуд. Умуман соли 1938 харҷи соҳаи маорифи ҷумҳурӣ нисбат ба соли таҳсили 1929-1930 беш аз 103 маротиба зиёд гардид. Дар нитиҷа танҳо солҳои 1938-1940 дар Тоҷикистон 80 бинои мактаби нав, барои 19200 ҷойи нишаст сохта шуд.

Вале новобаста аз чорабиниҳои зиёд барои мактабҳо омӯзгорони соҳибмаълумот намерасиданд. Чунончӣ, дар миёнаи солҳои 30-ум аз миқдори умумии 4532 нафар омӯзгорони ҷумҳурӣ, 3348 нафарашон маълумоти ибтидоӣ, 425 нафарашон маълумоти миёнаи нопурра, 385 нафарашон маълумати миёна ва ҳамагӣ 79 нафарашон маълумаоти олӣ доштанду халос. 295 нафари «омӯзгорон» ҳатто маълумоти ибтидоӣ ҳам надоштанд.

Мувофиқи қарори ҳукумати Иттифоқ аз моҳи марти соли 1938 дар мактабҳои ҷумҳуриҳои миллӣ омӯхтани забони русӣ ба тарзи ҳатми ҷорӣ гардид. Дар мактабҳои ғайритоҷикии ҷумҳурӣ омӯзиши забони тоҷикӣ ҷорӣ карда шуд. Худи ҳамон сол барои бо омӯзгорони забони русӣ таъмин намудани мактабҳо аз Федератсияи Русия 368 нафар омӯзгорон даъват карда шуданд.

Албатта, бо адабиётҳои таълимӣ таъмин намудани мактабҳо яке аз масъалаҳои душвортарин, вале хеле муҳим ба ҳисоб мерафт. Дар ин соҳа ҳам пешравӣ дида мешуд. Чунончӣ, агар соли таҳсили 1928-1929 ҳамагӣ 55 номгӯй китобҳои дарсӣ ва адабиётҳои методӣ, ба миқдори умумии 300 ҳазор нусха нашр карда бошанд, пас соли 1939 он ба 92 номгӯй, бо миқдори умумии 2300 ҳазор нусха расидааст. Он солҳо қариб 50%-и адабиётҳои зарурӣ дар нашрияҳои шаҳрҳои Ленинград, қисман дар Самарқанд, Симферопал ва Москва нашр гардида, ба ҷумҳурии мо фиристода мешуданд. Зеро, иқтидори нашриёти давлатии Тоҷикистон барои нашри ҳамаи адабиётҳои зарурӣ намерасид. Солҳои 1940-1941 дар худи ҷумҳурӣ 36 номгӯй китобҳои дарсӣ ва 40 номгӯи маводҳои таълимию методӣ нашр гардидаанд.

Соли 1939 анҷумани ХYIII ҳизби коммунистии (болщевикии) Умумииттифоқӣ дар доираи Иттифоқ масъалаи ҷорӣ намудани маълумоти умумии 7 соларо дар деҳот ва 10 соларо дар шаҳр гузошт. Дар солҳои таълими 1940-1941 дар Тоҷикистон 2628 мактабҳои умумитаълимии рӯзона ва 161 адад мактабҳои умумитаълимии шабона амал мекарданд. Дар мактабҳои рӯзона 303,5 ҳазор нафар ва дар мактабҳои шабона 11,8 ҳазор нафар толибилмон таҳсил менамуданд. Аз ин ҳисоб дар мактабҳои ибтидоӣ – 212,6 ҳазор нафар, дар синфҳои 4-8 ҳамагӣ 101 ҳазор нафар, дар синфҳои 9-10 бошад ҳамагӣ 1,7 ҳазор нафар таҳсил мекарданд. Шумораи омӯзгорон ба 13,3 ҳазор нафар росида буд. Ин дар ҳақиқат пешравии хело ҷиддӣ буд.

Ҳамин тавр дар Тоҷикистон ҳам дар самти инқилоби фарҳангӣ дар солҳои 30-уми асри ХХ муваффақиятҳои назаррас ба даст даровардаанд. Агар аз соли 1930 ба таълими умумии ҳатмии ибтидоӣ, аз соли 1934 ба таълими умумии ҳатмии 7-сола гузашта бошанд, пас аз соли 1939, ба тамоми душвориҳо нигоҳ накарда, қадамҳои нисбатан ҷиддитар барои маълумоти миёна низ гузошта шуд.

Идомаи маҳви бесаводӣ. Маҳз маҳви бесаводӣ яке аз вазифаҳои асосии Инқилоби фарҳангӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳарчанд иҷроиши ин вазифа ҳам солҳои 20-ӯми асри ХХ оғоз шудааст, вале солҳои 30-ум ба ин масъала бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Аз ҷумла аввали солҳои 30-ум дар ҷумҳурӣ комиссияи фавқулодда оид ба мубориза бо бесаводӣ ва ҷамъияти «Нест бод бесаводӣ!» таъсис ёфт. Вазифаи асосии онҳо барои калонсолон таъсиси мактабҳои маҳви бесаводӣ буд.

Агар шумораи мактабҳои маҳви бесаводӣ дар соли таҳсили 1929-1930 ҳамагӣ 1111 ададро ташкил намояд, пас соли 1930-1931, яъне дар як сол шумораи онҳо ба 2104 адад расид, ё худ қариб ду баробар зиёд шуд. Шумораи талабагони он мактабҳо соли таҳсил 1929-1930 ҳамагӣ 26248 нафар, соли таҳсили 1930-1931 бошад ба 63120 нафар, ё худ қариб 2,5 баробар афзудаанд. Аллакай дар ҳамин давр, барои маҳви бесаводӣ дар байни занҳо низ диққати ҷиддӣ доданд. Чунончӣ, дар байни онҳое, ки дар соли таҳсил 1931-1932 дар мактабҳои маҳви бесаводӣ мехонданд 113659 нафарашон мард ва 22317 нафарашон занҳо буданд. Ҳал он ки соли 1926 ҳамагӣ 8 нафар занҳо ба чунин мактабҳо сафарбар шуда буданду халос. Соли таҳсил 1933-1934 шумораи занҳо дар мактабҳои маҳви бесаводӣ, нисбат ба соли таҳсили 1931-1932 ду баробар зиёд шуд.

Таҳсил дар мактабҳои маҳви бесаводӣ сараввал 3 моҳ буд. Маълум шуд, ки чунин мӯҳлат барои саводнокӣ кифоя нест. Бинобар ин соли таҳсили 1939-1940 ба таълими 7-8 моҳа шурӯъ карданд.

Тайёр намудани кадрҳои дорои маълумоти миёнаи махсус. Дар солҳои инқилоби фарҳангӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон, махсусан соҳаи маориф нарасидани кадрҳо, пеш аз ҳама омӯзгорон эҳсос карда мешуд. Мехостанд чунин норасоиро ба воситаи таълим дар ҳар гунна техникумҳо, омӯзишгоҳҳо ва курсҳо ҳал намоянд.

То 1 июни соли 1930 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 3 техникуми омӯзгорӣ ва 2 техникуми кишоварзӣ фаъолият мекарданд. Инчунин Донишкадаи маорифи Тоҷикистон (онро «Тоҷикинпрос» меномиданд), ки дар шаҳри Тошкент буд, барои Тоҷикистон кадр тайёр мекард. Дар маркази ҳамаи округҳои ҷумҳурӣ низ курсҳои муаллимтайёркунӣ амал мекарданд. Умуман, дар ҳамаи 5 адад техникумҳо – 1700 нафар донишҷӯён ва дар курсҳои муаллимтайёркунӣ – 350 нафар ҷавонон таҳсил мекарданд. Таҳсил дар техникумҳо 3 сола буд. Ба ғайр аз инҳо боз техникумҳои омӯзгории тоҷикии шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд ва Тошкент низ барои Тоҷикистон кадр тайёр намуда, мефиристоданд.

Соли 1931 заруриятро ба инобат гирифта боз дар 10 марказҳои ноҳиявӣ – Ховалинг, Ҳоит, Мӯъминобод, Кангурт, Нов, Файзобод, Ҷиргатол (охирин таълим бо забони қирғизӣ) ва ғайраҳо курсҳои муаллимтайёркунӣ кушода шуданд. Таҳсил дар чунин курсҳо яксола буд ва соли 1933 онҳо ба таҳсили дусола табдил дода шуданд.

Аз соли таҳсили 1934-1935 техникумҳои таҳсили ғоибонаи омӯзгорӣ ба вуҷуд омаданд. Маҳз нарасидани омӯзгорон зарурияти дар соли таҳсили 1930-1940 дар Сталинобод ва Ленинобод кушодани донишкадаҳои дусолаи муаллимтайёркуниро ба миён овард. Дар ҷумҳурӣ инчунин дар дигар соҳаҳо ҳам техникумҳо, ба монанди техникумҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмон, кооперативӣ, молияю иқтисод, мусиқӣ – театрӣ ва ғайраҳо вуҷуд доштанд. Умуман дар соли таҳсили 1940 – 1941 дар ҷумҳурӣ 30 адад муассисаҳои миёнаи таълимӣ фаъолият мекарданд ва дар онҳо 5919 нафар ҷавонон таълим мегирифтанд.

Макотиби олӣ. Пешрафти ҷамъият кадрҳои зиёди соҳиби маълумоти олиро талаб мекард. Зеро, мутахассисони дорои маълумоти олӣ, ки дар ҷумҳуриҳои бародар, маҳз барои ҷумҳурии мо тайёр карда фиристода мешуданд, хеле нокифоя буданд. Бинобар ин зарурияти дар худи ҷумҳури таъсис додани макотибҳои олӣ ба миён омад.

1 сентябри соли 1931 дар шаҳри Сталинобод аввалин макотиби олӣ дар Тоҷикистон – Донишкадаи омӯзгорӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Донишкада ҳамон сол аз 4 факулта – таърих, забон ва адабиёт, педагогика ва биология иборат буд. Соли 1935 ба онҳо факлтаи ҷуғуррофия низ илова гардид. Ҳамон давр дар донишкада 4 нафар профессорон, 8 нафар дотсентҳо, 6 нафар ассистентҳо, яъне ҳамагӣ 28 нафар омӯзгорон фаъолият мекарданд. Таҳсил дар донишкада сесола буд.

Соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд низ Донишкадаи омӯзгорӣ ташкил карда шуд. Он аз ду факулта – физикаю риёзӣ ва табиатшиносӣ иборат буд. Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон соли 1934 дар шаҳри Хуҷанд, дар асоси Пажуишгоҳи илмӣ тадқиқотии сабзавоту мева, ки ҳанӯз соли 1931 бунёд гардида буд, ташкил ёфт. Ин донишкада ҳамон вақт аз ду факулта – аграномӣ ва сабзавоту мева иборат буд. Соли 1944 донишкада ба шаҳри Сталинобод кӯчонида шуд.

Донишкадаи тиббии Тоҷикистон соли 1939 дар шаҳри Сталинобод бунёд гардид. Дар ташкили ин донишкада Донишкадаи дуюми таббии шаҳри Москва аз ҳар ҷиҳат кӯмаки амалӣ расонид. Донишкада дар соли аввал 123 нафар донишҷӯ қабл кард, ки ҳамагӣ 7 нафарашон маҳаллӣ буданд.

Соли 1936 дар назди Комиссирияти маорифи Тоҷикистон Комиссияи олии аттестатсионӣ доир ба додани дараҷа ва унвони илмӣ ташкил карда шуд. Худи ҳамон сол дар назди Донишкадаи омӯзгории Сталинобод аввалин дар ҷумҳурӣ аспирантура, аз рӯи ихтисосҳои – забон ва адабиёти тоҷик, таърихи умумӣ ва таърихи Тоҷикистон, ҷуғуррофия ва педагогика ташкил карда шуд. Дар солҳои 30-ум аз ҷумлаи кадрҳои маҳаллӣ аввалин номзадҳои илм: таърихшиносон З.Ш. Раҷабов ва А.М. Баҳоваддинов, филологҳо Б. Ниёзмуҳаммадов ва О.Ҷалолов сабзида расиданд. Минбаъд онҳо олимони номи ҷумҳурӣ — акдемикҳо гардиданд.

Аввали соли 1941 дар хоҷагии халқи Тоҷикистон 10,5 ҳазор нафар мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи махсус кор мекарданд.

Гузаштан ба ҳуруфи криллиасосӣ. Миёнаи солҳои 30-уми асри ХХ маълум шуд, ки амалӣ гардонидани инқилоби сотсиалистӣ дар тамоми ҷаҳон, яъне инқилоби пай дар пай, ё худ «пермаментӣ» ғайриимкон аст. Чуноне дар боби гузашта таъкид шуд, яке аз мақсадҳои асосии гузаштан ба ҳуруфи лотинӣ маҳз ҳамин буд. Ба ғайр аз ин вазъи ҷаҳон ҳам хело тағйир ёфт. Баробари ба сари ҳокимият омадани фашистон дар Италия (соли 1922) ва махсусан Олимон (соли 1933) хавфи ҷанги нави ҷаҳонӣ зиёдтар шуд.

Соли 1935 раёсати кумитаи иҷроияи марказии (КИМ) ИҶШС (СССР) натиҷаи фаъолияти кумитаи марказии Умумииттифоқии ҳуруфи навро (яъне лотиниро) муҳокима намуда, ба хулосае омад, ки тадбири бо умеди инқилоби пай дар пайи ҷаҳонӣ, гузаштан ба ҳуруфи лотиниасос хато будааст. Бинобар ин 7 марти соли 1937 халқҳои ғайрируси қисмҳои шимоли Русияро, ки ба ҳуруфи лотинӣ гузаронида буданд, аз сари нав ба ҳуруфи криллӣ шимол намуданд. Зеро, онҳо пеш аз гузаштан ба лотинӣ ҳуруфи криллиро қабул карда буданд.

Соли 1938 бо ташаббуси кумитаи марказии ҳизби комммунистии (болшевикии) Тоҷикистон ҷамъомади ҷумҳуриявӣ даъват карда шуд ва дар он масъалаи гузаштан ба ҳуруфи криллиасосро пешниҳод намуда, розигии ҳозиринро гирифтанд. Албатта Тоҷикистон ҳамон лаҳза наметавонист аз сари нав ба ҳуруфи арабиасоси худ баргардад. Зеро, гузаштан ба ҳуруфи криллиасосро яке аз чораҳои муҳимтарини мустаҳкам намудани Иттиҳоди Шӯравӣ меҳисобанд.

20 ноябри соли 1939 кумитаи марказии ҳизби коммунистии (болшевикии) Умумииттифоқӣ дар асоси талаби кумитаи марказии ҳизби коммунистии (болшевткии) Тоҷикистон (аз 14 майи соли 1939), дар бораи аз ҳуруфи лотиниасос ба ҳуруфи криллиасос гузаронидани ҳуруфи тоҷикӣ розигӣ дод. Барои омода намудани ҳуруфи нави криллиасоси тоҷикӣ бо сарварии раиси Шӯрои коммисарони халқии ҷумҳурӣ М. Қурбонов комиссияи махсус ташкил карда шуд. Ниҳоят, 21 майи соли 1940 Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон дар бораи аз ҳуруфи лотиниасос ба крилиасос гузаронидани ҳуруфи тоҷикӣ қонун қабул кард. Мувофиқи ин қонун давраи гузариш ба ҳуруфи криллиасос бояд 1 сентябри соли 1941 ба итмом мерасид.

Ҳамин тавр дар Тоҷикистон солҳои 1938-1939 масъалаи гузаштан ба ҳуруфи криллиасосро ба миён гузошта, соли 1940 барои амалии он аллакай шурӯъ намуданд.

Матбуот. Соли 1930 дар Тоҷикистон 5-рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва як рӯзномаи округӣ, инчунин маҷаллаи «Роҳбари дониш» нашр мегардид. Рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ: «Тоҷикистони сурх» (рӯзномаи «Бедории тоҷик» аз 8 ноябри соли 1928 чунин номгузорӣ шуда буд), «Коммунист Таджикистана» (рӯзномаи «Советский Таджикистан», ки аввалин шуморааш 7 ноябри соли 1925 баромада буд, соли 1930 чунин номро гирифт), «Кизил Тожикистан», «Деҳқони камбағал» ва «Ҷавонони Тоҷикистон» ба ҳисоб мерафтанд.

Дар охири солҳои 30-юми асри ХХ дар ҷумҳурӣ 9 номгӯй рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, 58 номгӯй рӯзномаҳои ноҳиявӣ, 4 номгӯй маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ нашр мегардиданд.

Радио. Агар дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ бори аввал 23 ноябри соли 1924 овози радио садо дода бошад, пас дар Тошкент – моҳи марти соли 1927, дар Душанбе – 10 апрели соли 1930 садо додааст. Зарурият ва аҳамияти радиоро барои шароити кӯҳистони Тоҷикистон ба назар гирифта, нуқтаҳои онро зуд хеле зиёд намуданд. Дар натиҷа, миёнаи соли 1940 дар ҳудуди ҷумҳурӣ аллакай 42 нуқтаҳои шунавоии радио фаъолият мекарданд. Аз 65 марказҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии ҷумҳурӣ 47 марказҳо бо нуқтаҳои радиошуновоӣ фаро гирифта шуда буданд.

Муассисаҳои маданӣ-равшаннамоӣ. Дар аввали солҳои 30-ум дар ҳудуди ҷумҳурӣ 11 адад китобхона вуҷуд дошт. Дар натиҷаи пеш гирифтани сиёсати маҳви бесаводӣ ва баланд бардоштани дараҷаи саводнокӣ шумораи китобхонаҳо низ афзуданд. 1 январи соли 1933 дар шаҳри Сталинобод китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ кушода шуд. Шумораи умумии китобхонаҳо соли 1940 ба 401 адад расид, ки аксари онҳо дар деҳот ҷой гирифта буданд.

Дар солҳои 30-ум мақоми клубҳо махсусан афзуд. Зеро, дар назди онҳо маҳфилҳои гуногун, аз ҷумла маҳви бесаводӣ, фаъолияти бадеӣ, китобхона ва ғайраҳо мавҷуд буданд. Барои занҳо клубҳои махсус вуҷуд дошт. Клубҳо дар назди заводу фабрикаҳо, колхозу совхозҳо, дар шаҳру шаҳрчаҳо, маркази ноҳияҳо, деҳаҳои калон, ҳатто дар сохтмонҳо бунёд карда мешуданд. Дар клубҳо ҳар гуна вохӯриҳо, консертҳо, намоиши филмҳо ташкил карда мешуданд. Агар миқдори клубҳо соли 1927 дар ҷумҳурӣ 32 адад бошанд, пас соли 1940 миқдори онҳо ба 512 адад расид, ки 434 адади онҳо дар деҳот ҷойгир шуда буданд.

Бо мақсади ташвиқ намудани дастовардҳои ҷамъияти Шӯравӣ, майлу хоҳиши анъанавии мардумро нисбати чойхонаҳо ба назар гирифта, чойхонаҳои замонавӣ бунёд менамуданд, ки онҳо ба худ номи «чойхонаҳои сурх»-ро гирифтаанд. Дар ин гуна чойхонаҳо ғайр аз чойнӯшӣ, сиёсати ҳизб ва ҳукуматро ташвиқ мекарданд, лаҳзаи саволу ҷавоб ташкил менамуданд, ташвиқотҳои атеистӣ мебурданд. Албатта ин гуна чойхонаҳо дар баробари шоҳмоту шашка, бо маводҳои ташвиқотӣ – рӯзномаю маҷаллаҳо ва нуқтаҳои радиошунавонӣ таъмин буданд. Баъзе аз ин чойхонаҳо бо ташаббуси худ газетаи деворӣ мебароварданд. Охири солҳои 30-ум дар ҷумҳурӣ миқдори чойхонаҳои сурх ба 529 адад расида буд.

Барои тарбияи насли наврас ташкили осорхонаҳо (музейҳо) зарур ҳисобида шуд. Соли 1931 дар ҳудуди ҷумҳурӣ аввалин осорхона дар шаҳри Хуҷанд, дар масчиди Шайх Муслиҳиддин кушода шуд. Моҳи марти соли 1934 дар бораи дар Сталинобод ташкил намудани Осорхонаи давлатӣ қарор қабул гардид.Минбаъд ин осорхона ба инъикосгари асосии ҳаёти гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷик табдил ёфт.

Дар солҳои 30-ум барои корҳои ташвиқотию тарғиботӣ аз намоиши филмҳо ҳам ба тарзи васеъ истифода бурданд. Соли 1929 дар Сталинобод аввалин кинотеатр, ки хусусӣ буд, ба фаъолият шурӯъ кард. Соли 1932 бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ «Кинои тоҷик» («Тоҷиккино») ташкил карда шуд, ки вазифаи он на танҳо намоиши филмҳо, балки сохтмони кинотеатрҳо низ ба ҳисоб мерафт. Апрели соли 1938 дар ҷумҳурӣ 38 адад кинотеатрҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ фаъолият мекарданд.

Адабиёт. Дар солҳои 30-уми асри ХХ адабиёт аллакай пурра дар зери назорати ҳизби коммунистӣ гузашта буд. Аз ходимони адабӣ талаб мекарданд, ки тарғибгари сиёсати ҳизб ва дастовардҳои ҷамъияти сотсиалистӣ бошанд. Аммо қисме аз эҷодкорони ин самт хоҳиши дар зери назорати ҳизб буданро надоштанд. Январи соли 1931 ин қисми эҷодкорон, дар зери таъсири Ассотсиатсияи нависандагони пролетарии Русия, ки ҳанӯз соли 1925 ташкил ёфта буд, ташкилоти худро бо номи Бюрои ташкилии ассотсиатсияи Тоҷикистонии нависандагони пролетариро ташкил намуданд. Мақсади асосии ин бюро маҳдуд намудани таъсири ҳизб нисбат ба фаъолияти эҷодии нависандагон буд. Роҳбарияти ҳизби коммунистӣ бо чунин мавқеи бюро розӣ шуда наметавонист.

Апрели соли 1932 кумитаи марказии ҳизби коммунистии (болшевикии) Умумииттифоқӣ қарор кард, ки ассотсиатсияҳои нависандагонро барҳам дода, ба ҷои онҳо танҳо аз ҷумлаи нависандагони тарафдори сиёсати ҳизби коммунистӣ ва Ҳукумати Шӯравӣ Иттифоқи нависандагонро бунёд намоянд. Он нависандагоне, ки сиёсати Ҳукумати Шӯравиро дастгирӣ намекунанд ба он Иттифоқ қабул карда намешуданд ва онҳо инчунин ҳақ надоштанд, ки мастақилона дигар ташкилоте бунёд намоянд. Умуман ин гуна нависандагонро «унсурҳои бегона» номида, таъқиб менамуданд.

Аз соли 1932 нашри маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» шурӯъ гардид. Дар он асару мақолаҳои он нависандагонеро чоп мекарданд, ки дар онҳо аз ҳаёти бунёдкунандагони ҷамъияти сотсиалистӣ сухан меравад.

Моҳи майи соли 1934 анҷумани нахустини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барпо гардид, ки он иттифоқро аз ҷиҳати ташкилӣ ташаккул дод. Аввалин раиси Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ С. Носиров, раиси фахрии раёсати Иттифоқ А. Лоҳутӣ интихоб гардиданд. Бунёди ин иттифоқ барои тарбияи насли ҷавони шоиру нависандагон мақоми муҳиме бозид.

Дар солҳои 30-юм дар қатори С.Айнӣ ва А. Лоҳутӣ, ба ҳайати шоирону нависандагони Тоҷикистон М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, А. Деҳотӣ, М. Миршакар, Р. Ҷамил, Ҳ. Юсуфӣ ва дигарон ҳамроҳ шуданд. Чунин асарҳои С.Айнӣ, ба монанди романҳои «Дохунда» (соли 1930), «Ғуломон» (соли 1934 бо забони ӯзбекӣ ва соли 1935 бо забони тоҷикӣ), повестҳои «Мактаби кӯҳна» (соли 1935), «Ҷаллодони Бухоро» (соли 1937, бо тағйироту иловаҳо) ва «Марги судхӯр» (соли 1939), дар шакли китобҳои алоҳида дастраси хонандагон шуданд. Шеърҳои хонданибоби А. Лоҳутӣ бо номи «Тоҷ ва байрақ» (соли 1935), «Кӯпрук аз болои дарёи Вахш» (соли 1935), «Дар соҳили дарёи Днепр» (соли 1936) ва ғайраҳо ба хонандагон пешкаш шуданд. Соли 1932 аввалин маҷмӯаи шеър, очерк ва ҳикояҳои М. Турсунзода бо номи «Байроқи зафар» нашр гардид. Соли 1937 аввалин достони ӯ бо номи «Хазон ва баҳор» ба табъ расид.

Санъат. Аввали солҳои 30-юм дар ҷумҳурӣ ягона театри касбӣ – театри давлатии Тоҷикистон, ки ҳанӯз 7 ноябри соли 1929 таъсис ёфта буд, фаъолияти худро пурзӯр намуд. Ҳангоми таъсис ҳайати кормандони театр аз 11 нафар иборат буд. Минбаъд ҳам ягона мутахассиси маълумоти касбидоштаи он режиссер Х. Маҳмудов ба ҳисоб мерафт. Бо ҳамин сабаб театр сараввал бештар намоишҳои як ё дупардагӣ омода мекард. Дар ҳамон солҳо ин театр намоишномаҳои «Колтакдорони сурх»-и С. Улуғзода, «Исён»-и Д. Фурманов, «Отелло»-и В. Шекпир ва ғайраҳоро намоиш дод. Театр соли 1933 ба номи А. Лоҳутӣ гузошта шуд.

Соли 1932 дар Хуҷанд, соли 1936 дар Кӯлоб ва Хоруғ театрҳои мусиқӣ – драмавӣ, соли 1937 театри давлатии драмавии русии Тоҷикистон дар шаҳри Сталинобод, соли 1938 театри русӣ дар Ленинобод ва флармонияи давлатии Тоҷикистон дар Сталинобод таъсис ёфтанд. Соли 1935 дар асоси ансамбили мусиқинавозони театри ба номи А.Лоҳутӣ, Театри мусиқавии Тоҷикистон таъсис ёфт. Соли 1940 дар асоси ин театри мусикӣ Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик таъсис ёфт ва он ки баъдтар, соли 1954 номи С.Айниро гирифт. Ба ғайр аз ҳамаи инҳо, солҳои 30-ум боз дар як қатор ноҳияҳо, аз ҷумла дар Конибодом, Нов, Ашт, Уротеппа, Панҷакент ва Қӯрғонтеппа низ театрҳои шаҳрию ноҳиявӣ бунёд гардиданд.

Дар солҳои 30-аввали 40-ум ташкилотҳои рассомон ва бастакорони Тоҷикистон низ аз ҷиҳати ташкилӣ таъсис ёфтанд. Аз ҷумла ноябри соли 1933 Иттифоқи рассомон ва соли 1940 Иттифоқи бастакорон бунёд гардиданд.

Кино. Кинои тоҷик, ки соли 1930 таъсис ёфтааст, аввалин филмҳои он ҳуҷҷатӣ, ё худ кӯтоҳҳаҷм буданд. Аз ҷумла соли 1932 аллакай 24 шумораи киножурнали «Тоҷикистони Шӯравӣ» намоиш дода шуд. 20 сентябри соли 1932 аввалин филми бадеии ба навор гирифтаи он, бо номи «Вақте ки амирон мемиранд» намоиш дода шуд. Худи ҳамон сол трести «кинои тоҷик» ба «Тоҷикфилм» табдил ёфт. Аввалин филми овоздор низ киножурнали «Тоҷикистони Шӯравӣ» буд. Аввалин филми овоздори бадеӣ аз тарафи «Тоҷикфилм» соли 1939, бо номи «Боғ» ба навор гирифта шуд.

Даҳҳаи фарҳанги тоҷик дар ш.Москва. Шаҳри Москва пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Бинобар ин дар ин шаҳр гузаронидани даҳҳаи фарҳанги тоҷик як муваффақияти хеле бузург ҳисоб карда мешуд. Маҳз бо мақсади нишон додани дастовардҳои эҷодкорони тоҷик, моҳи апрели соли 1941 дар ин шаҳр даҳҳаи эҷодкорони миллии Тоҷикистон ташкил гардид. Дар он намоишҳои театрӣ, асарҳои рассомон, ҳунарҳои мардумӣ, вохӯриҳо бо шоирону нависандагон барпо карда шуд. Натиҷааш барои эҷодкорони тоҷик хело хотирмон буд. Ҳунарманди театри давлатии драмавии Тоҷикистон М. Қосимов унвони Ҳунарманди халқии ИҶШС (СССР), худи театр бо ордени Байроқи Сурхи меҳнат, театри апера ва балет бо ордени Ленин, флармония давлатӣ – бо ордени Байроқи Сурхи меҳнат мукофотонида шуданд. Умуман қариб 90 нафар иштирокчиёни даҳҳа бо ордену медалҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.

Илм. Пешравии иқтисодиёти ҷумҳурӣ аллакай солҳои 30 – ум масъалаи аз ҷиҳати илмӣ асоснок намудани самтҳои асосии онро ба миён гузошт. Маҳз бо ҳамин мақсад пажуишгоҳҳои илмӣ – тадқиқотӣ дар соҳаҳои саноат, иқтисодиёт, нақлиёти автомобилӣ, тиб, кишоварзӣ, тоҷикшиносӣ ва ғайраҳо бунёд гардидаанд. Аз ҷумла дар назди Пажуҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии давлатии Тоҷикистон ҷамъияти таърихшиносон ва шарқшиносон мавҷуд буд. Соли 1930 дар назди Пажуҳишгоҳ кумитаи бостоншиносон таъсис ёфт. Бо мақсади бо самтҳои муайян равона кардан ва мунтаззам пеш бурдани илм 17 марти соли 1932 Базаи Тоҷикистонии Академики илмҳои ИҶШС таъсис ёфт, ки он аз се сектор — биологӣ, геологию геохимикӣ ва таъриху лингвистӣ (забоншиносӣ) иборат буд. Фаъолияти базаро олимони машҳури Шӯравӣ, академик С.Ф.Олденбург, ҳамчун раис, профессор Н.И. Горбунов (ҷонишини раис), ҳамчун раиси база аз соли 1934 А.А. Рихтер, солҳои 1934-1935- А.Е. Ферсман, аз соли 1935 Е.Н. Павловский сарварӣ намуданд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти база ин ташкил намудани тадқиқотҳои эъзомии (экспедитсионии) Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Дар назди раёсати база комиссияи тадқиқотҳои эъзомӣ, бо роҳбарии Н.П. Горбунов ташкил карда шуд. Мақсади ин эъзомия омӯхтани қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Аввалин эъзомия тобистони соли 1932 бо номи эъзомияи комплексии Тоҷикистону Помир таъсис дода шуд, ки он аз 72 отряд ва 237 нафар кормандони илмӣ иборат буд. Ба он олимон аз шаҳрҳои Москваю Ленинград ҳам сафарбар шуда буданд. Фаъолияти он Эъзомия 6 моҳ давом кард.

Соли 1941 Базаи Тоҷикистонии АИ ИҶШС ба Шӯъбаи он табдил дода шуд. Ҳамон вақт шӯъба аз 4 пажуҳишгоҳ, 1 лабараторияи илмӣ, 4 стансияҳои илмӣ, 2 боғи ботаникӣ, китобхонаи илмӣ ва расадхона иборат буд.

Ҳамин тавр дар солҳои 30-ӯми асри ХХ барои пешравии минбаъдаи соҳаҳои гуногуни илм дар Тоҷикистон заминаҳои мусоид муҳайё гардид.

Оқибатҳои инқилоби фарҳангӣ дар шароити Тоҷикистон. Чуноне аз далелҳои овардашуда ошкор гардид, бо мақсади амалӣ намудани вазифаҳои инқилоби фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ асосан аз ҳисоби хазинаи давлат ба саросар саводнок намудани мардум гузоштанд, мактабҳои зиёд бунёд намуданд, техникуму омӯзишгоҳҳо ва донишкадаҳо, театрҳои касбӣ кушоданд, ба нашри рӯзномаю маҷаллаҳо ва китобҳо шурӯъ карданд, ба тадқиқи илмии ин сарзамин ибтидо гузаштанд ва ғайраҳо. Ин ҳама оқибатҳои мусбат мебошад. Аммо ин ҳама корҳои наҷиб дар як вақт бо бастани масҷиду мадрасаҳо, нест кардани китобҳои қадима, ки гӯё ҳамаи онҳо характери динӣ доштаанд, ҳабс ва бадарға намудани муллою мударисҳо, маҳдуд ва ниҳоят манъ намудани чорабинии динӣ ва анъанаҳои миллӣ, ба монанди ҷашнҳои Наврӯз, иди Рамазон, иди Қурбон ва ғайраҳо мегузаштанд. Чунин чорабиниҳои замони инқилоби фарҳангӣ оқибатҳои манфии он ба ҳисоб меравад.


Калидвожаҳо: Тоҷикон дар давраи дигаргунсозиҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии солҳои 1929 – 1941, Точикон дар давраи дигаргунсозихои сиёси, ичтимоию иктисоди ва фархангии солхои 1929 – 1941, Инкилоби фарханги дар шароити Точикистон, Зарурияти инкилоби фарханги, Инкишофи бунёди мактабхои шурави, Идомаи махви бесаводи, Макотиби оли, Таъсиси Донишкадаи омузгори, Аввалин мактаби оли, Аввалин мактабхои оли дар Точикистон, Аввалин донишгоҳи Тоҷикистон, Аввалин донишгохи Точикистон, Гузаштан ба хуруфи криллиасоси, Даххаи фарханги точик дар ш. Москва, Дахаи фарханги точик дар шахри Москва.

474
Нет комментариев. Ваш будет первым!